БРАВО, ҶАНОБИ ОЛӢ! ХАЗОНРЕЗИ ИСЛОҲОТ

Сиёсат 26.10.2009 15:03

Ахиран, раиси ҷумҳури кишвар иддае аз вазиронро аз вазифаҳояшон барканор ва дар кишварҳои хориҷӣ сафир таъин кард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сафирони Тоҷикистон дар Туркманистон ва Белорусу Лаҳистонро аз симматҳояшон барканор кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ президент рӯзи 19 октябр Ғуломҷон Бобозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷоратро аз симматаш барканор ва сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъин кард. Дар пайи ҳамин таъинот ҳамчунин Фаррух Ҳамралиев аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод шуда, ҷойгузини Бобозода дар вазорати иқтисод шуд.

Тибқи фармони дигари раиси ҷумҳур Абдураҳими Ашӯр, вазири нақлиёт ва коммуникатсия, низ аз симматаш барканор шуд ва сафорати Тоҷикистон дар Туркманистонро ба ӯҳда гирифт. Олимҷон Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки то ҳоли ҳозир раиси Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон буд, вазири нақлиёт ва коммуникатсия таъин шуд. Қозидавлат Қоимдодов, ки сафири Тоҷикистон дар Туркманистон буд, вазифаи Амирхон Сафаровро дар намояндагии Тоҷикистон дар кишварҳои Белорус ва Лаҳистон ба дӯш гирифт. Бар асоси фармони дигари раиси ҷумҳур Нозимҷон Нидоев раиси Донишкадаи иқтисод ва Давлаталӣ Сайидов, ки пештар дар Ҷопон сафир буд, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуданд.

"ХИШОВА"-И БОСАМАРИ КАДРҲО

Дар Ҳукумати Ҷумҳурӣ мавсими "кӯчат" ва "хишова"-кунии кадрҳо шурӯъ гардид. Бори аввал аз иваз кардани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили дилхоҳро умедвор шудан мумкин аст. Ба вазифаи Вазири иқтисод ва савдо таъин шудани Фаррух Ҳамралиев дар мизони ислоҳот вазни палаи тарозуи самти мусбат бештар аст. Ӯ аз технологияи навтарини муҳосиботӣ, иқтисодӣ дурнамои равандҳои истеҳсолӣ, ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда бохабар аст. Муҳимаш ӯ дар мансаби баланд аз биниаш дуртарро мебинад. Маҳз бо заҳмати ӯ бозори сиёҳи хусусигардонӣ ба танзим даромад. Паҳлӯҳои заъфи Ҳамралиевро коршиносон хеле кам пайдо кардаанд. Вале табиист, ки иқтисод дар ҳамаи сохторҳои якаҳокимиятию демократӣ диктатураи томро мехоҳад. Дасти вазнини Рузвелт, Пиночет, Урхо, Кеконен, Косигин, Ден-Сяо Пин, Тургут Озал мамлакатҳояшонро аз ақибмондагӣ ба мақоми баланд бароварданд. Дар ҳамаи ин давлатҳо ба симмати вазирони молия ва иқтисод ашхоси диктатор кор мекарданд. Хулас, ба зеҳни закии Ҳамралиев мушти зарбазани идоравӣ лозим аст.

ИСЛОҲТАЛАБОН БА ҲУКУМАТ МЕОЯНД

Вазорати нақлиёт ахиран вазири ислоҳотхоҳ ва ояндабинро пайдо кард. Ин вазорати хеле муҳим ва дорои имкониятҳои бузург кайҳо боз ба Бобоев ниёз дошт. Аслан ба нақлиёт часпондани коммуникатсия имконияти рушди ҳар ду соҳаро маҳдуд мекунад. Чанд сол пеш дар мавриди инкишофи ин соҳа дар барномаи ҳизбии Олим Бобоев пешниҳодҳои ҷолиб буданд. Агар Олим Бобоев ислоҳотро аз ин нуқтаҳои барномааш шурӯъ кунад, фоидаи иқтисодии нақлиёт аз кисаи ҳаннотон ба ҷайби буҷа равон мегардад. Пеши чашми ҳамагон қариб 50 фоизи нақлиёт ба буҷа маблағ ворид намекунад.

ТОҶИКИСТОН ҶОПОН МЕШАВАД

Дар мавриди Давлатали Сайидов, раиси нави Кумитаи амвол ва сармоягузорӣ ҳаминро умедвор шудан мумкин аст, ки ӯ дар мамлакате чанд муддат зиндагӣ кардааст, ки бе нафту газ ва захираи тилло танҳо бо моликияти зеҳнӣ сеяки технологияи ҷаҳониро тавлид мекунад. Ҷопон имрӯз ягона давлатест, ки танҳо аз партов 36 намуди маҳсулоти бозоргир месозад. Таҷрибаи сармоягузории Ҷопон, ташкили шабакаҳои истеҳсолии автомобилӣ дар ҷаҳони рӯ ба инкишоф хеле фоидаовар аст. Шояд сарвари нави сармоягузорӣ ташкили истеҳсолоти Ҷопонро ҷорӣ кунад.

Сиёсати берунии Ҷумҳурӣ хеле муассир ба ҷаҳон муаррифӣ мешавад.

ВАЗИРСАФИРОН

Бо вуҷуди он ки аксари сафирони Тоҷикистон сафири касбӣ нестанд, дастовардҳо хубанд. Ба намояндаи салоҳиятдори ИДМ таъин шудани Қозидавлат Қоимдодов амри хуб аст. Ӯ бо Иттиҳоди бо занҷири Русия сахт басташуда, сиёсати Ҷумҳуриро муаррифӣ мекунад. Вале ҳанӯз ҳам аз вазир сохтани сафир таҷрибаи хуб нест. Ба қавли равоншод Чингиз Айтматов сафир рамзи бутуни як давлат дар даруни давлат аст, ки ин рамз аз ҳама беш ҷилои маънавӣ дошта бошад.

Дар маҷмӯъ таъғироти кадрии тирамоҳӣ, ки ҳоло идома дорад, оқилона ва манфиатбахш аст. Браво!


Наҷмиддини ШОҲИНБОД
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97