"ҶАНГИ ОБӢ" ОЁ ОН ИМКОНПАЗИР АСТ?!

Сиёсат 22.10.2009 02:33

"ПОЙГОҲИ НИЗОМИИ РУСИЯ" ҚИСМИ 2

10 сол қабл, дар соли 1999 санад дар бораи мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба тасвиб расид. Аз ҳарду ҷониб. Аммо худи пойгоҳ баъди 5 сол таъсис ёфт. Он замон дар атрофи он баҳсҳои пурсарусадое сурат гирифта буд (дар ин бора поёнтар сӯҳбат хоҳем кард). Аз ҳалли қазия ҳарду тараф розӣ ба назар мерасиданд. Тоҷикистон ба ҳар ҳол ҷуброни ночизеро барои ишғоли сарзамини худ аз ҷониби сохтори низомии давлати бегона соҳиб гардид. Русия ба ивази маблағи рамзӣ дар Осиёи Миёна ҳузури сиёсӣ ва низомӣ пайдо кард.

Аммо на қарори ҳукумати кишвар маро маҷбур кард, ки ин мақоларо таълиф намоям, ҳарчанд ҳамчун шаҳрванд дар он шакле, ки қарордод ба имзо расида буд, онро қабул надорам. Он вақт гӯё қазия барои ҳамеша ҳалли худро пайдо карда буд. Ба ҳар ҳол барои мо чунин тавзеҳ медоданд.

Вале ногаҳон, расо баъди 5 сол дар ВАО-и Тоҷикистон хабарҳо ба ин мазмун, ки "Гуфтушунидҳо доир ба мақоми пойгоҳи низомии дивизияи 201 идома мекунанд" пайдо шудан гирифтанд. Ин ҷо якеи онро иқтибос меорам. "Ба наздикӣ (аз сомонаи оҷонси иттилоотии "Азия-плюс" аз 12 сентябри соли 2009 гирифта шудааст) дар қароргоҳи ҳукуматӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста мулоқоти вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Хайруллоев ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо натиҷаи гуфтушунидро шарҳ намедиҳанд. Тибқи баъзе маълумотҳо доир ба пойгоҳи низомии дивизияи 201 ягон қарори усулӣ қабул нагардид. Тасмим гирифта шуд, ки гуфтушунидҳо доир ба масъалаҳои ташкиливу сохтории пойгоҳ идома меёбанд. Дар ҳамин ҳол, чунон ки гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории низомӣ -техникӣ, аз ҷумла тарбияи афсарони тоҷик дар мактабҳои олии низомии Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд".

Вазири мудофиаи Русия А. Сердюков ба Тоҷикистон бо сафари корӣ омад. Чунон ки Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни сафари роҳбари вазоратхонаи низомии Русия ӯ ният дошт, ки бо роҳбарони вазоратҳои мудофиа ва хориҷа мулоқот кунад. Дар Вазорати мудофиа иброз доштанд, ки А. Сердюков ба Тоҷикистон тибқи мувофиқатномае, ки ҳангоми сафари Д. Медведев, раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар охири июли соли равон ҳосил шуда буд, омадааст.

Манбаъи мазкур иттилоъ додааст, ки масъалаи асосии гуфтушунидҳо ворид кардани таъғирот ба қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия аз 16 октябри соли 2004 "Дар бораи ҳайат ва сохтори штатӣ ва ташкилии пойгоҳи низомии дивизияи 201 дар Тоҷикистон" буд. Ҳамчунон қарордоди байниҳукуматӣ "Дар бораи иншооти ғайриманқул, теъдод ва ҳудуди қитъаҳои замине, ки барои пойгоҳи низомии дивизияи 201 якум ҷудо шудааст ва мавқеи ҷойгиршавии онҳо дар ҶТ" мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гӯё қисми 2-юми филм зери унвони "Пойгоҳи низомии Русия" шурӯъ шудааст. Дар нақшҳо боз ҳамонҳоянд, боз ҳамон "300 миллион доллар".

Маълумот: Вақте ки моҳи октябри соли 2004 дивизияи 201 мақоми пойгоҳи 4-ми низомиро соҳиб шуд, ҳайати шахсиаш аз 7,5 ҳазор нафар иборат буд. Дар таркиби он се полк-полки 92 (дар шаҳри Душанбе), полки 149 (дар шаҳри Кӯлоб) ва полки 191 (дар шаҳри Қӯрғонтеппа) полки худгарди тӯпчӣ (дар шаҳри Душанбе), полки 1098 зенитиву ракетӣ фаъолият доштанд. Ҳамчунин дар Душанбе гурӯҳи 670-и ҳавопаймоии (иборат аз 5 Су-25) ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа дивизиони алоҳидаи БМ-21 "Град" мустақар буданд.

"ТОҶИКИСТОН ГУЗАРОНД…"

Бовар дорам, ки ҷанҷоли лафзӣ дар атрофи пойгоҳи низомӣ мисли 5 сол қабл такрор мешавад. Бинобар ин, баргаштан ба ақиб шавқовар аст. Охири моҳи феврали соли 2004 вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ба тамоми ҷаҳон бо боварӣ изҳор дошт: "Масъалаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон пурра ҳал шудааст. Танҳо ҷудо кардани замин мондаасту халос". Қабл аз ин изҳорот гуфтушунидҳо бо ҷониби Русия тӯлонӣ ва пуршӯр идома доштанд. Кадом коғазҳое имзо шуданд, ё ниятҳо ва ё қарордодҳо. Чунин менамуд, ки вазири мудофиаи Тоҷикистон ё коғази дигареро дида буд ё ӯро қасдан бо қарордоди сиёҳнавис шинос карда буданд. Ҳар чизе ҳам, ки буд ё не, ҳафтае аз изҳороти қатъии вазири мудофиа нагузашта буд, ки оҷонсиҳои иттилоотии дохиливу хориҷӣ ҳангома барпо карданд (бо дарназардошти изҳороти Хайруллоев). Ба ҳар навъ дар ин хабарҳо мафҳуми "нуқтаи муаллиқа" (мертвая точка) (мисли гуфтушуниди моҳи сентябри соли 2009) истифода мешуд.

Намояндаи олирутбаи Вазорати мудофиаи Русия, ки нахост номаш ифшо шавад, то андозае парда аз рӯи ин сир бардошт: "Ҷониби Тоҷикистон талаботеро пеш гузоштааст, ки барои Русия номақбул аст. Ба сифати шарти пешакии таъсиси пойгоҳи низомӣ Душанбе аз Маскав талаб дорад, ки қарзи давлатиро ба маблағи 300 милллион бубахшад (ана миллионҳо), ки он қарзи тиҷоративу иқтисодӣ ва низомӣ-техникӣ мебошад. Гузашта аз ин, ҷониби Тоҷикистон талаб дорад, ки барои фаъолияти комплекси нурӣ-электронии "Окно" дар Норак 50 миллион доллар дода шавад. Душанбе дар матни қарордоди таъсиси пойгоҳи низомӣ ибораҳоеро пешниҳод кардааст, ки Маскав онҳоро қабул карда наметавонад".

Масалан, "Президенти Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда ҳуқуқ дорад, роҳбарии дивизияи 201-уми Русияро ба ӯҳдаи худ бигирад ва онро барои ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистон истифода бубарад". Роҳбарияти Тоҷикистон ба ҳаде расидааст, ки тамоми силоҳҳо, техника ва иншооти инфрасохтории Русияро, ки дар ин ҷумҳурӣ мебошанд, аз они худ ҳисоб мекунанд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ба мо ҳатто иҷозат надод, ки панҷ Су-25-амонро аз Душанбе ба майдони ҳавоии Кант рӯзи ифтитоҳи пойгоҳ дар моҳи октябри соли гузашта интиқол бидиҳем. Дар натиҷа ба мо лозим омад, ки аз ҳазорҳо километр дуртар, аз дохили Русия ҳавопаймоҳои дигарро биорем.

Москва бо ин эътирозҳои Душанбе барои соҳиб шудани моликияти дивизияи 201 ва дигар қисмҳои низомии Русия розӣ шуданӣ нест, ҳатто агар роҳбарияти ин ҷумҳурӣ дар мавриди аз кишвар хориҷ кардани он қарор қабул кунад. Дар бораи таъсиси пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон Русия ҳанӯз дар соли 2001 (қарордод дар ин бора миёни Елтсину Раҳмон дар соли 1999 ба имзо расида буд) гуфта буданд. Дар соли 2003 президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳамтои тоҷики ӯ Э. Раҳмон аз таъсиси ин пойгоҳ ҷонибдорӣ кардааст. Аммо масъалаи таъсиси пойгоҳ то ҳол ҳал нашудааст".

"МИННАТДОРИИ САМИМӢ" БАРОИ

БОЗДОШТИ ЁҚУБ САЛИМОВ

Дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон он вақт аз додани ҳар гуна шарҳ даст кашиданд. Ин ҳеҷ гуна тафсир намехоҳад, зеро вазири мудофиа "масъалаи таъсиси пойгоҳро ҳал карда буд". Воқеан, масъалаи иҷорапулӣ, техникаи низомӣ ва силоҳҳо дар се соле, ки ин мавзӯъ байни ҷонибҳо баррасӣ мегардид, муҳокима нагардид. Он дар ВАО низ мамнӯъ буд. То он вақте ки сафири Русия дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ чанд мақолаи интиқодиро роҷеъ ба равобити номуайяну ғайришаффоф баррасӣ накард. Ӯ дар ин зимн андешаҳояшро чунин баён кард: "Дивизияи 201 ва гурӯҳи марзбонон дар асоси як қатор қарордодҳои байналмилалӣ инҷоянд… Дар асоси иҷораи ройгон… Тақсимоти моликияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1992 -1993 сурат гирифт. Ҳама ёд доранд, ки он айём вазъият дар Тоҷикистон чӣ гуна буд. Шӯрои Олии Тоҷикистон мустақиман аз роҳбарияти Русия хоҳиш кард, ки силоҳу муҳимотеро, ки бояд Тоҷикистон соҳиб мешуд, ҷудо накунад. Сарфи назар аз ин, ҳамаи чизе, ки дар дивизияи 201 вуҷуд дорад ва ба кишвар дар он вақт оварда шудааст; силоҳ, техникаи низомӣ, ва техникаи марзбонони Русия - ин ҳама моликияти ҶТ мебошад". Барои артиши "бараҳнаву пойлуч"-и тоҷик ин хабар албатта, тӯҳфаи тақдир буд. Мавзӯъи мазкурро баррасӣ накардан (ҳадди ақал дар шакли ҷуброни пулӣ - бахшидани қарз, аммо на ба Федератсия Русия, балки Иттиҳоди Шӯравӣ нобахшиданӣ буд). "Маскав талаботи Душанберо иҷро кард, аммо то ҳол дар иваз чизе нагирифтааст. Ва ҳеҷ замонат ҳам вуҷуд надорад, ки чизе мегирад. Дипломатия (+)-и Шарқ ҳамон хусусиятест, ки иҷрои ҳатмии ӯҳдадориҳоро пешбинӣ намекунад, аммо дар ваъда додан таҷрибаи ғанӣ дорад. Бинобар ин, истисно кардан нашояд, ки бо анҷоми гуфтушнид ҷониби Русия равшаниеро дар масъалаи пойгоҳи низомӣ намебинад. Вале дар ихтиёри худ "миннатдории самимӣ"-ро барои ёрдам дар боздошти "ҷинояткори хатарнок" доро мегардад. Инро рӯзномаи "Независимая газета" (боздошт ва баргардондани Ёқуб Салимов дар назар аст) навиштааст ва ҳоло чунин фарҷом наздик аст.

СЕНСАТСИЯ ДАР "АЗИЯ ПЛЮС"

Баъди тахминан як моҳи ин ҷанҷол ягон чизе ҷиддие ба чашм нарасид. Ва ногаҳон сенсатсияи нав пайдо шуд. 6 май дар бюллетени оҷонсии иттилооти "Азия-плюс" Игор Сатторов - он замон сардори департаменти иттилооти ВКХ ҶТ бо лаҳни шадид "овозаҳои пуч"-ро дар мавриди хориҷ кардани дивизияи 201 такзиб намуд. "Ин масъала дар миён набуд ва нест"-изҳор дошт ӯ. Тибқи иддаои мусоҳиби "АП" одамоне, ки чунин овозаҳоро паҳн мекунанд, кӯшиш доранд байни Тоҷикистону Русия рахна ворид намоянд. "Ҳол он ки на ҷониби Тоҷикистон ва на ҷониби Русия масъалаи хориҷ кардани дивизияи 201-ро нагузоштаанд, сарфи назар аз он ки кӣ инро мехоҳад, он берун карда намешавад". Доир ба масъалаи таъсиси қариб-ул-вуқӯъи пойгоҳи низомӣ дар заминаи дивизияи 201 сухан ронда, И Сатторов гуфт, ки танҳо маъсалаҳои техникӣ мондаанд ва онҳо низ марҳила ба марҳила тибқи барномаи қаблан тарҳрезишуда ҳал мешаванд".

Намояндаи ВКХ-ро муовини раиси комитети Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ доир ба ҳуқуқ, мудофиа ва амният Тӯхта Почомуллоев низ дастгирӣ кард, Вақте ки оҷонсии иттилоотӣ ба ӯ барои гарҳ муроҷиат кард, ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар рафти сафари вакилони порлумон ба Маскав масъалаи марҳила ба марҳила супоридани марзи Тоҷикистону Афғонистон аз марзбонони рус ба ҳамкасбони тоҷикашон баррасӣ гардид. "Дивизияи 201 ҳеҷ гоҳ бароварда намешавад" - хулоса кард мусоҳиби "АП" Тӯхта Почомуллоев.

БАҲС БА МАТБУОТИ РУСИЯ КӮЧ БАСТ

Худи ҳамон рӯз дар мусоҳиба бо оҷонси иттилоотии "Интерфакс" Сайидамир Зуҳуров, собиқ муовини сарвазир дар ин бора гуфт, ки як қатор маъсалаҳои вобаста ба ҳузури пойгоҳи низомии Русия бояд равшан шаванд. "Баъзе масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд илова шуда, ҷонибҳо онҳоро дида бароянд. Ин масъалаҳо ба пойгоҳи низомӣ дахл доранд, на ба равобити Русияву Тоҷикистон" - зикр кард ӯ.

Оҷонси иттилоотии РИА "Новости" ба баҳс ҳамроҳ шуда, ба сардори Ситоди Генералии Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Квашнин муроҷиат кард. Ва ӯ иддаоҳоро дар мавриди он ки гуфтушунид дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар бунбаст қарор гирифтааст, қатъиян рад намуд.

"Дар Тоҷикистон нақшаи якҷояи меъёрҳои ҳуқуқӣ таҳия гардида истодаанд",-гуфт ӯ. А Квашнин афзуд, ки аз Душанбе як қисми хизматчиёни низомии дивизияи 201 бароварда мешавад. "мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надорад, ҳама корҳо мусбат мусбат ҳал мешаванд",-хулоса намуд ва иттилоъ дод, ки ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи "Окно"-ро дар Норак дар шартнома дохил кардаанд.

ЗАХИРАҲОИ ОБӢ - ТАҲДИД БА АМНИЯТИ МО?!

Чунон ки мебинем решаи изҳороти Игор Сатторовро дар бораи овозаҳо на дар Тоҷикистон, балки дар хориҷ бояд ҷуст. Дар Тоҷикистон ҳама ҷонибдори таъсиси пойгоҳи низомӣ мебошанд, ҳарчанд дар шароити таъғирёфта садоҳо дар бораи "пардохт", "иҷорапулӣ", "бахшидани қарзҳо" баландтар мешаванд. Бархе кӯшишҳо самар доданд. Овозаҳо ҳарчанд ки аҷоиб менамояд, аз муовини котиби Шӯрои амнияти ФР Олег Чернов оғоз гардиданд, ки гуфта буд: "ҶТ, ки захираҳои бузурги об дорад, амнияташ бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ мешавад". Ба қавли О. Чернов: "Тоҷикистон дар сарҳади таҳдидҳои нав қарор гирифтааст (бо дар назардошти вазъияти кунунӣ дар Узбакистон ва мушкилоти ҳалношудаи Афғонистон, хотиррасон мекунам, ки сухан дар бораи соли 2004 аст). Бинобар ин, тамоми алоқаҳо ва мулоқотҳои дар доираи ду сохтори Тоҷикистону Русия зимни қабули ин ё он қарор муҳим мебошад".

Доир ба таъсиси пойгоҳи низомӣ посух гуфта, О.Чернов иброз дошт, ки "таъсиси онро гоми дуруст мешуморад". "Имрӯз ба ғайр аз терроризм ва экстремизм, боз як соҳаи дигар вуҷуд дорад, ки дар оянда барои амнияти кишвар хатар ба бор меорад - ин захираҳои обии Тоҷикистон мебошад".

СЕНСАТСИЯИ НАВБАТӢ

Русия дар мадди аввал муҳаббати зиёдро нисбат ба Тоҷикистон гузоштааст. Гӯё манфиатҳои геополитикиаш ба ин ҳеҷ дахл надоранд. Чунин шарҳро дар Тоҷикистон камтар мефаҳманд. Аммо сенсатсияи асосиро ҳарчанд аҷиб намояд ҳам раиси комитети корҳои хориҷии Шӯрои федератсия Михаил Маргелов ба вуҷуд овард. "Русия метавонад дар бораи баровардани дивизияи 201 аз Тоҷикистон қарор қабул кунад", - изҳор дошт ӯ дар радиои "Эхо Москвы". Гузашта аз ин, ӯ ончунон қотеъ буд, ки масъалаи хориҷ кардани артиши Русияро "хеле саривақтӣ" эълон дошта, хотиррасон кард, ки ҳукумати Тоҷикистон шартҳои барои Русия номақбул пешниҳод кардааст.

Имрӯз шароите ба вуҷуд омадааст, ки мавҷудияти қитъаоти калони низомии Русия дар хориҷа на ҳамеша дуруст аст, -қайд кард вакил. "Вақте ки зарурат пеш меояд, Русия метавонад пойгоҳҳои худро бибандад ё ифтитоҳ кунад". (иқтибосҳо аз шарҳҳои РБК.-Т.Д).

Дар ҳолати қабули қарор роҷеъ ба хориҷ кардани дивизияи 201-ум аз Тоҷикистон "дар порлумон баҳси ҷиддӣ баргузор мегардад",- зикр дошт раиси кумитаи Шӯрои федератсия. Оҷонсӣ зикр мекунад, ки вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муташанниҷ аст. Размандагони Афғонистон тахрибкориро ҳатто дар минтақаҳои нисбатан ором, ки зери назорати амрикоиҳо қарор доранд, идома медиҳанд. Пеши роҳи онҳоро дар мавриди густариш додани ҷиҳод ба "кишварҳои ҳамсоя" ҳузури дивизияи 201 -уми Русия дар Тоҷикистон мегирад. Имкон дорад, ки Русия баъдҳо аз хориҷ кардани артиши худ пушаймон шавад. Ба ғайр аз ин, аз даст додани пойгоҳи муҳими стратегӣ дар хориҷа дар ҳоле ки НАТО ва Иттиҳоди Урупо ба марзҳои Русия наздик мешаванд, аз лиҳози сиёсӣ манфиатбор нест. Чизе, ки нагӯед, ин ақибнишиниро мемонад, ки он дар арсаи ҷаҳонӣ ноаён намемонад. Чунин ба назар мерасад, ки ҷаноби Маркелов ба акси он бовар дорад,- мегӯяд зимни шарҳи худ РБК. Гумони ғолиб ин аст, ки (шарҳи дигареро пайдо кардан мушкил аст) ҳамин Изҳоротро Игор Сатторов дар назар дошт, вақте ки ӯ "овозаҳои пуч" дар атрофи пойгоҳи низомии Русияро инкор мекард.

ТАЛАБИ ҲАҚ

Он вақт ба мо 300 миллион доллари амрикоӣ надоданд. Ҳамчунон ки ба ихтиёри Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаву силоҳу муҳимотро, ки қонунан ба вай тааллуқ дошт (суханҳои сафири Русия дар Тоҷикистон ҷаноби М. Пешковро дар боло хонед) вонагузоштанд. Аммо як қисми техникаи вазнин баъди таъмир ва ранг кардан аз полкҳои дивизия дар Кӯлоб, Қӯрғонтеппа дар Афғонистон пайдо шуданд. Аз ҳисоби иҷрои қарордод миёни Русияву Тоҷикистон.

Ин техникаи вазнин барои худи мо хеле фоидаовар буд. Алалхусус агар пешгӯии О. Чернов рост барояду Узбакистон ба муқобили мо "ҷанги об"-ро сар кунад. Қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон тибқи муҳосиботи коршиносон 1200 танк дорад. Мо бо даҳҳо танке, ки дорем, ба чунин қувва чиро муқобил гузошта метавонем? Ва 300 миллион доллар ҳам барои модернизатсия ва муҷаҳҳаз гардондани Қувваҳои мусаллаҳи мо халал намерасонд. Дар ҳоле ки мо барои артиш имкон дорем танҳо 1,5% буҷаро масраф кунем. Хулоса, агар мо бидуни ишғоли як қисми сарзамини худ аз ҷониби артиши хориҷӣ зиста натавонем, бояд ҳадди ақал маблағ талаб кунем.


Турко ДИКАЕВ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97