ПРЕЗИДЕНТИИ ЯКУМРИИ НАЗАРБОЕВ БАРОИ КИШВАРҲОИ ДИГАР ЧӢ ПАЁМЕ ДОРАД?

Сиёсат 26.09.2009 14:46

Дастовардҳои тайи солҳои охири ҷумҳурии Қазоқистон, бахусус дар соҳаи иқтисод хеле бузурганд ва коршиносони соҳа нишондиҳандаҳои иқтисоди Қазоқистонро беҳтарин натиҷа дар байни на танҳо давлатҳои собиқ лагери сотсиалистӣ, балки ҳатто берун аз он баҳогузорӣ мекунанд. Бешубҳа, дастовардҳои ин кишвар ба фаъолияти президенти он Н. Назарбоев хеле алоқаманд аст. Масалан, дар бахши рушди иқтисоди Қазоқистон ӯ воқеан тавонист, ки пеш аз ҳама фазои солими инвеститсиониро барои кишвараш эҷод намояд ва истифодаи мақсадноки сармояи бахусус хориҷиро ба роҳ монад.

Ин аст, ки имрӯз иқтисоди Қазоқистон ҳамчун иқтисоди ибратомӯз дар байни давлатҳои дигар гардид, таҷрибаи он аз тарафи марказҳои таҳлилии иқтисодӣ ва мутахассисони давлатҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар ин радиф, чуноне медонем, ҳатто шуда, ки иқтисоддонҳои маъруфи Русия дастовардҳои сиёсати иқтисодии Қазоқистонро муассиру ибратомӯз барои кишвари худ донистаанд. Дар навбати худ, дастовардҳои иқтисодии Қазоқистон тавонист дар маҷмӯъ сиёсати давлатии онро чун тарҳ (модел)-и лоиқи эътимоду эътироф дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд ва нигоҳи аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб созад. Аз ҷумла, аз Қазоқистон аз лиҳози арзишҳои демократӣ низ чун мамлакати басо пешрафтаву боҳадаф ном мебаранд ва бегумон, такрор мекунам, ҳамаи ин ба шахсияти Н. Назарбоев вобастагии ногусастание дорад. Гузашта аз ин аз рӯи инсоф мебуд, агар дарку эътироф мекардем, ки мавсуф дурустии ҳамон ҳикматеро, ки нақши шахсиятро яке аз омилҳои бағоят муҳими ҷараёни таърих медонад, дар симояш, тавассути зиндагияш, бо кору бораш басо қотеъона собит сохтааст. Бунёди шаҳри замонавии Остонаро низ, ки сохмонаш бо баҳонаи ниёз ба пойтахти нави Қазоқистон давом дорад, берун аз шахсияти Н. Назарбоев наметавон тасаввур кард. Ҳарчанд дар мавриди зарурият ва аҳамияти таъсиси ин шаҳр ҳатто дар дохили Қазоқистон баҳсу мунозираҳои доманадоре ҳанӯз низ дар авҷанд, гузашта аз ин баъзан сару садоҳое низ аз хусуси зодаи ғурури носолими инфиродии сиёсӣ донистани Остона баланд мешаванд, вале паҳлӯҳои ҳам сиёсиву ҳам иқтисодии масъала нирӯи эҳёгаронаи давлатдории миллии бародарони қазоқамонро, ки пойтахти ҷаддиди кишварашон таҷассумгари он аст, сарфи назар карда наметавонанд. Ҳатто шиносоии сатҳӣ бо Остонаву дастовардҳои он кофист, ки ба Назарбоеву ақлу хиради ӯ аҳсант хонему эҳтирому эътироф қоил бошем. Аҷаб не муҳаббати самимонаи ҷавобии мардуми Қазоқистон аст, ки ба хотири сипос раҳбарии умраи сиёсии кишварашонро дар шахсияти Н. Назарбоев дидан мехоҳанд.

Албатта, аз лиҳози одоб қазоват дар ин маврид ҳуқуқи мардуми Қазоқистон аст ва ҷуз ин мардум касе, ки мавзӯъро лоиқи андешарониҳои зарфияти ҷомеъадоштае медонад, ҳадшиносиро бояд ихтиёр кунад. Аз ин рӯ мулоҳизаҳои ман дар иртибот ба масъала фақат ду паҳлӯи онро метавонад фарогир бошад; яке назариявӣ ва дигаре аҳамияту оқибатҳои минтақаиву ҳатто ҷаҳонии тадбиқи иқдом. Меъёри нахуст далолат бар он аст, ки иқдом ба низоми демократӣ ва умуман, ба демократия ягон иртиботе надорад, зиёда аз ин ҳатто мӯҳтавои ин мафҳумҳоро халалдор мекунад. Ин ҷо мафҳумҳое аз қабили "халқ", "иродаи мардум", "аксари овозҳо", "раъйи аксар ва ё саросарии интихобкунандагон" ва амсоли онҳо хулосаи мазкурро инкор карда наметавонанд ва бубахшед, худсариҳои "шарқиёна"-и аслан таҳрифкунандаи моҳияти демократия, ки бо истифода аз ин мафҳумҳо шоҳу шоҳигарӣ эҷоду пардапӯш мешаваду мисолашон дар ҷаҳони муосир бадбахтона кам нест, падидаҳоеанд, басо шармовару лоиқи таассуф. Албатта, меъёрҳое чун "устувории идоракунӣ", "мӯҳлати такрории пайиҳамӣ", "рафъи эҳтимолияти таъсиси қудрати маъмурие, ки роҳбари деру абадипой бо истифода аз он демократияро ба расмияти бемағз табдил медиҳаду қудрати сиёсиро тасарруф мекунад", ҳамчунин авомили дигар дар эҷоди он низоме, ки демократия ё мардумсолориаш мехонем, аҳамияти муайянкунандаро соҳибанд. Вале бо иктифо аз посухи суоломези оммиёнае мехоҳам хулосарониро атрофи ин мавзӯъ маҳдуд созам; он чӣ гуна демократия будааст, ки як теъдоди бигзор саросарии интихобкунандагон ҳамаи наслҳои минбаъдаро аз ҳуқуқи интихоботи сарварашон то поён ёфтани умри "президент"-и раводидаи худашон маҳрум месозанд? Медонам, ки ҳуқуқи изҳори ақидаеро, ки ҳоло хоҳам гуфт, надорам, вале танҳо таваҷҷуҳ ба шахсияти Назарбоев Н., ҳурмату эҳтироми беандоза, ки ба ин шахс дорам, водорам мекунад, ки бигӯям: Назарбоев чизеро, ки дар арсаи сиёсату раҳбарӣ ва, умуман, дар арсаи зиндагӣ як фарди соҳиби нирӯи худодод тавонад собит созад, собит кардааст ва ин шахсият ягон ниёзе ба тамаллуқу ҳатто кӯшишҳои самимонаи атрофиёнаш, ки ба хотири парастиши шахсияташ сурат мегиранд, надорад. Баръакс, оҷизӣ аз истодагарӣ дар муқобили шаҳди назарфиребе, ки "қадршиноси"-и мавриди назар муаррифӣ мешавад, аслан хизмати хирсонаест ба Ӯ ва дастовардҳои ин шахсро, обрӯву эътибори таърихиашро коҳиш медиҳанд.

Оқибатҳои амали зикршуда барои таҷрибаи алалхусус минтақавии сиёсиву раҳбарӣ беасар нахоҳад монд ва итминон дорам, асаре хоҳад дошт манфӣ. Маъзарат мехоҳам, вале беҳуда намегӯянд, ки "ибрати номатлуб сирояткунанда аст" (дурной пример заразителен"). Мехостам, ки ҳама чизро бо ному таъбири худаш истифода кунем. Таҷрибаву назарияи демократия аслан дастоварди бузурги маърифативу фарҳангии Ғарб аст. Ва чизеро, ки бо баҳонаи вижагиҳои худамон ба он зам мекунем, ва то ҳадде, ки демократияи асилро шинохта намешавад, биёед бо исму таъбири худаш муаррифӣ кунем; шоҳигарӣ бигӯем, монархия биномем, меросбандии қавмиву аҷдодии сиёсӣ бихонем, вале на демократия. Лоақал ба хотири ҳурмату эҳтироми мардумоне, ки таҷрибаи таърихии ҳаёту мамоташон тавлидгари неъматест, ки зери мафҳуми "Демократия" гунҷоиш дорад.


Масъуд Собиров,
раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97