ҲОКИМИЯТИ СУДИИ ФР ЭЪТИРОФ КАРД: "РУСИЯ БАРОИ РУСҲОСТ"

Сиёсат 23.09.2009 15:31

ва даъват ба қатли ғайрирусҳоро қонунӣ гардонд

ТОҶИККУШӢ МАЙДААВБОШИСТ?

Акнун мо метавонем умед бандем, ки қотилони шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия ҳадалимкон танҳо барои содир кардани майдаавбошӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд. Аммо онҳоеро, ки ҳаммеҳанони моро дар Русия латукӯбу ғорат мекунанд, агар кор ҳамин хел идома ёбад, русҳо ҳатто бо ордену медалҳо "Барои хизмат дар назди ватан" қадр менамоянд.

Нахустин таҷриба дар охири моҳи августи соли равон дар Сантк-Петербург гузаронида шуд. Ташхиси судӣ дар Русия муайян кард, ки шиорҳои "Русия барои русҳо" ва "Хачро (ин варианти бисёр дорад; "чурка", "сиёҳ", "сиёҳк… ва ғ.) бикуш" шиорҳои миллатгароёна намебошанд. Дар асоси хулосаи ташхис Комитети тафтишот тафтиши ҳодисаи то нимҷон латукӯб гардидани Тоҳир Каримов - мактаббачаи петербургиро рад кард, зеро таркиби ҷиноят вобаста ба экстремизму ксенофобияро пайдо накард.

14-уми феврали соли 2009 хонандаи синфи 9 шаҳри Петербург Каримов ҳамроҳи дӯсташ Сулаймон Рамазонов ба мактаб барои ширкат дар ҷашни Валентинаи муқаддас мерафтанд. Ба онҳо як гурӯҳи 25-30 нафараи скинхедҳои навраси рус ҳамла оварданд. "Онҳо шиор сар медоданд: "Хачро бикуш", "Сиёҳро бизан, хачро бизан", "Русия барои русҳост". Онҳо Каримовро бо пойафзорҳои наълдор мезаданд.

Чунон ки Рамазонов қисса мекунад, як ҳолат ӯ тавонист тӯдаро рахна карда, худро ба болои дӯсташ партояд ва дод зад, ки ӯ мурдааст. Танҳо баъди ин ҳамлагарон рафтанд. Ташхиси давлатии судӣ мушаххас кард, ки мағзи сари ӯ сахт осеби дидааст. Каримов чанд моҳ дар ҳолати кома (беҳушӣ) буд, аммо ӯ зинда монд.

Тавре "Газета.ру" хабар медиҳад, парвандаи Каримов аз Комитети тафтишот ба Сарраёсати тафтишоти вилояти РКД-и вилояти Санкт-Петербург фиристода шуд. Коршиноси Маркази ташхиси судии округи шимолу ғарб Елена Кирюхина хулоса кардааст, ки ибораи "Русия барои русҳо" "барои ангехтани низоъи байнимиллатҳо ва ё паст задании шаъну шарафи инсонҳо аз рӯи миллият равона нагардида аст".

Чунон ки дар хулосаи Комитети тафтишоти прокуратура дар бораи ирсоли парванда ба ниҳоди дигар омадааст, "сабаби ин ибораҳо муноқишаи Андрияновҳо бо Каримовҳо гардидааст", бинобар ин, ҳаракатҳои Андриянов, Панин, Воробёв, Коробчук ва гурӯҳе, ки шахсияташон маълум нагардид, "хислати ксенофобӣ надоштанд".

Аз рӯи нишондодҳои бархе шоҳидон Андриянов Александр (шоҳидон ӯро Мореман меноманд), ӯ ба дӯстонаш шикоят мекард, ки "дасташ дард мекунад", зеро ба ӯ "ду хачик ҳамла кардаанд". Ва Андриянов Андрей (хурдӣ) садо кард, ки "биёед ҷангкунӣ равем". Муфаттишони СКП аз таҳқиқи ин парванда сар тофтанд, зеро ба андешаи онҳо таркиби ҷиноят вуҷуд надорад.

Ҳамин тариқ, парванда дар бораи латукӯби мактаббача аз рӯи нафрату миллатгароӣ ба парвандаи одии ҷанҷоли ду наврас мубаддал гардид. Чунон ки Динзе шарҳ додааст, тафтишот парвандаро ҳамчун кӯшиши ба қатл расондани инсон рад кард, зеро ба хулосае омад, ки ҳамлагарон метавонистанд кори Каримовро халос кунанд, аммо худашон латукӯби ӯро қатъ намуданд. Аз ин рӯ, онҳо хоҳиши куштани ӯро дар сар надоштаанд.

Коршиноси Маркази ташхиси судӣ Елена Кирюхина, ки барояш "Газета.ру" занг зад, иброз дошт, ки чунин парвандаро дар хотир надорад. Ва ӯ бо баҳонаи он ки "хеле машғул аст" дигар сӯҳбат кардан нахост.

Дар таҳлили 10 саҳифагии худ Кирюхина ба хулоса меояд, ки даъвати "хачикҳоро куштан" метавонад "бо танз садо дода бошад, на ҷиддӣ. Дар ҳар сурат, калимаи "хач" имкон дорад объекти таҷовузро ифода кунад, на миллиятро, - ҳисоб мекунад ӯ. Роҳбари муассисаи ғайридавлатии Маркази ташхиси судии шаҳри Маскав Василий Костюченки низ ба ин бовар аст, ки шиори "Хачикро зан" барои кушодани парвандаи ҷиноятӣ кифоя нест.

"ТАНҲО ЯК НАФАР?"

Аммо шаҳрвандони моро ҳамеша ба қатл мерасонанду маъюб мекунанд. Ин ҷо танҳо чанд далели пурсарусадоро меорем. Шаби 31-уми август як тӯдаи русҳои маст, ки бо трубаҳои металлӣ ва чӯбҳо муҷаҳҳаз буданд, ба 3 коргари тоҷик дар шаҳри Волхов, кӯчаи Коммунарҳо ҳамла карданд. Дар натиҷа Фаридун Эмомови 26-сола ваҳшиёна ба қатл расид. Бародари ӯ, ки ҳамроҳаш буд, бо ҷароҳатҳои вазнини зиёд сару бадан ба беморхона оварда шуд. Ҳоло вазъияти ӯро вазнин шуморидаанд. Бародарон Эмомовҳо, ки аз кор бармегаштанд, ба гурӯҳи ношиносе рӯ ба рӯ омаданд. Онҳо ба сӯи шаҳрвандони тоҷик ҳақоратҳои қабеҳ мефиристоданд. Баъди ҷанҷоли лафзӣ ҳарду ҷониб даст ба гиребон шуданд ва оқибат Фаридун Эмомов ба қатл расиду яке аз бародарони ӯ сахт латукӯб гардид. Бародари сеюм аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Дар бораи вокуниши ҳукуматдорон ва пайёмадҳо барои қотилон аз рӯи "Газета СПб" метавон хулоса кард. Русҳо дар он қатли навбатии як нафар сиёҳро чунин шарҳ додаанд: "Офарин волховиҳо!!!", "Волохов шаҳри қаҳрамон!", "Офарин славянҳо", "Дар Питер қадам мезанаму мебинам, ки ҳар нафари дуюм ҳайвон аст", "Як зиштрӯ кам шуд", "Танҳо як нафар?".

Дар Подмоскве 6 нафар қатл гардид. 2-юми майи соли 2009 соати 19 дар яке аз хонаҳои шахсии шаҳри Клини вилояти Маскав ҷасади 6 нафар, соҳибхоназан, фарзанди 10-солаи ӯ, додарарӯси соҳибхоназан, ҳамчунин шаҳрвандони Украин, Узбакистон ва Тоҷикистон пайдо гардиданд.

Дар ин бора "Интерфаск" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст. Дар хабар омадааст, ки 5 нафарро гулӯяшонро буридаанду як нафари дигарро раги дасташро.

ҚАТЛИ НАВБАТӢ ДАР ЗАМИНАИ МИЛЛАТГАРОӢ

Шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 19-уми апрели соли 2009 аз ҷониби шахсони номаълум дар шимоли Маскав кушта шудааст. Чунон ки РИА "Новости" иттилоъ медиҳад, куштор дар заминаи миллатгароӣ сурат гирифтааст. "Дар кӯчаи Яблочково (стансияи метрои Тимирязев) дар назди хонаи №49 се нафар ба шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар яке аз ширкатҳои бузурги сохтмонӣ кор мекард, бо корд се зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонданд" - хабар додааст манбаъи оҷонсӣ.

"ФАРОҒАТИ АБАДӢ"

Тавре Интерфакс иттилоъ додааст, дар парки "Садовники" дар кӯчаи Миллионшики ҷасади як марди 45-сола, ки шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, пайдо гардидааст. "Муқаррар гардидааст, ки марги ӯ дар натиҷаи се зарби корд ба гардан ва ҳамчунин латукӯби зиёд фаро расидааст"-хабар медиҳад Интерфакс.

ҒУЛОМДОРОНИ РУС 40 ТОҶИКРО ҒУЛОМ КАРДАНД

Милисаи Ростов 40 нафар шаҳрванди тоҷикро, ки муддати зиёде дар яке аз корхонаҳои ахлотпартоӣ аз ҷониби ғуломдорони маҳаллӣ барои кор фармудан нигоҳ медоштанд, озод карданд. Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки онҳоро дар ибтидо ба Маскав ва сипас аз онҷо ба Ростов оварда будаанд. "Корфармоён шаҳрвандони тоҷикро бо нархи аз 5 то 7 ҳазор харида будаанд, ҳуҷҷатҳояшонро гирифтанд ва онҳо аслан танҳо ба ивази хӯрок хӯрдан дар партобгоҳҳо кор мекарданд" - шарҳ додаанд дар РКД-и вилояти Ростов.

Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ростови лаби Дон ба қайд гирифта шуда буданд. Онҳо дар баракҳо зиндагӣ мекарданд. Дар худи ҳамон партобгоҳ ошхонаашон воқеъ буд. "Ба ғайр аз ин як бинои ба масҷид монанд низ сохта шуда буд" - гуфтаанд намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ.

ТАРКИШ ДАР КОМБИНАТ

Таркиш дар қаламрави комбинати кимиёии ноҳияи Шатураи вилояти Маскав рух дод. Аз зери бинои тахрибшуда як ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон пайдо гардид, иттилоъ додаас як манбаъ аз ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи вилоят. Чунон ки РИА "Новости" хабар додааст, таркиш дар қаламрави беназорати "Комбинати кимиёии Рошал рух додааст, ки он дар кӯчаи Косякови шаҳри Рошал, ноҳияи Шатура воқеъ мебошад.

МИЛИСАИ МАСКАВ ХОБГОҲИ

ТОҶИКОНРО ҒОРАТ КАРД

Ин мисоли он аст, ки милисаи рус, ки бояд шаҳрвандонро ҳимоят кунад, на шаҳрвандонро гӯр кунад, махсусан донишҷӯёни хориҷиро, чӣ гуна фаъолият мебарад. Ҳодиса моҳи июни соли 2006 сурат гирифтааст, аммо ҳалли бояду шояди худро пайдо накардааст. Шахсоне, ки худро кормандони милиса муаррифӣ кардаанд, донишҷӯёни тоҷики Институти давлатии идораро воқеъ дар хиёбони Рязан сахт латукӯбу ғорат намуданд. Тоҷиконро бо калиди баллонҳо заданд.

7-уми июн соати 20.00 дари яке аз утоқҳои хобгоҳро марди либоси мулкӣ дар тан дошта тақ- тақ зад. Дарро донишҷӯи тоҷик кушод. Ин мард худро корманди милиса муаррифӣ намуда, кадом шаҳодатномаеро нишон дод. Аз паси ӯ ба хона шаш нафари дигар зада даромаданд ва бо калиди баллон, тасма ва лагад донишҷӯёни тоҷикро латукӯб намуданд. Ҳамаи ҷабрдидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

"Ҳангоми латукӯб нохост телефони мобилии яке аз донишҷӯён афтид. Онро кадоме аз ҳамлагарон бардошта ва аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд" - хабар додаанд ба ИТАР-ТАСС дар прокуратураи шаҳри Маскав. Тибқи иттилои "Газета.ру" касоне, ки донишҷӯёнро латукӯб карда буданд, ҳангоми ворид шудан ба хобгоҳ ба комендант шаҳодатномаҳои худро нишон дода буданд. Вақти латукӯби донишҷӯён онҳо ҳақорату дашном медоданд. Донишҷӯён муқовимат накарданд.

Дар натиҷаи чунин фаъолияти милисаҳо 5 донишҷӯ дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Милисаҳо телефонҳои мобилӣ ва пулҳоро гирифта, таҳдид кардаанд, ки онҳо хомӯш бошанд.

Дар РКД-и округи Ҷанубу шарқӣ ба "Эхо Москвы" изҳор доштанд, ки на милисаҳо, балки баракс, донишҷӯён онҳоро латукӯб кардаанд". Гӯё онҳо барои хотима додан ба низоъ миёни донишҷӯён омада бошанд.

ЛАГЕРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Боз як далели тамоман нав, ки дар чӣ гуна шароити ғайриинсонӣ ҳамватанони мо қутти лоямути худро дар Русия пайдо мекунанд. Корфармоёни рус муҳоҷиронро бо камоли майл ба кор гирифта, барояшон ягон шароит муҳайё намекунанд.

Дар яке аз ҷангалҳои Подмоскове бошишгоҳи ғайриқонунии муҳоҷирони корӣ пайдо гардид, иттилоъ дод ИТАР-ТАСС 4-уми сентябри соли равон бо истинод ба нишасти матбуотии Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Маскав Виталий Стрелтсов. Тибқи гуфтаҳои ӯ кормандони Хадамоти муҳоҷират ҳамроҳ бо маъмурияти ноҳияи Митиши ва милисаҳо рейди махсус гузаронда, дар натиҷаи он лагери ғайриқонунии муҳоҷиронро пайдо карданд. Ин муҳоҷирон дар ҷангали наздикии бозори Лесополе зиндагӣ мекарданд. Хонаҳои истиқоматиашон аз фанеру тахта сохта шуда буд. Дар ҳар як чунин хона 6-8 нафар зиндагӣ мекарданд. "Дар натиҷаи рейд беш аз 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт гардида, ба шӯъбаи милиса оварда шуданд. Онҳо баъдан ба боздоштгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ фиристода мешаванд" - афзуда аст манбаъ.

Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки сокинони лагер хоҷагии ёрирсони худро доштанд. Дар кӯл мурғобӣ парвариш мекарданду дар гармхонаҳо сабзаҷот. "Хатти барқ аз бозор кашида шуда буд. Ин лагер дар ҷои мушкилгузар ва дуртар аз дигар лагерҳо воқеъ буд" - мегӯядд Стрелтсов.

Стрелтсов ҳамчуни зикр кардааст, ки ҳукумати ноҳияи Митиши қарор баровардааст, ки лагер вайрон карда шавад. "Ҳоло дар лагер техникаи вазнин кор карда истодааст, то ки бошишгоҳи ғайриқонуниро нест кунад".

Хотиррасон мекунам, ки ин ҳама ҳодисаҳо замоне рух дода буданд, ки ба ифтихори Русия куштан иҷозат дода намешуд, ҳарчанд ки дар сатҳи олии ин кишвар нисбат ба он чашмпӯшӣ мекарданд. Акнун чӣ мешуда бошад, вақте ки ташхиси судӣ муайян кард, ки шиори "Русия барои русҳо" шиори миллатгароёна намебошад. Оё шумо инро тасаввур мекунед?!


Турко ДИКАЕВ
©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97