КГБ-и СССР, нируҳои демократӣ-миллӣ ё як амали худҷӯш?
КГБ БО ДАСТИ ОЛАМИ ҶИНОӢ
БАҲМАНМОҲРО ХУНИН КАРД
-Ба назари ман Баҳманмоҳи хунин вокуниши Ҳизби коммунисти Шӯравӣ ва КГБ-и собиқ дар баробари афзоиши фаъолияти нируҳои озодихоҳ дар қаламравии шӯравии собиқ буд.
Нируҳое амсоли Растохез, ки бо шиори худшиносии миллӣ вориди саҳнаи сиёсӣ шуданд ва дар байни мардум обрӯ пайдо намуданд. Дар он марҳила КГБ силсилаи амалиётро дар чанд манотиқи шӯравии собиқ аз ҷумла Тифлису Вилнюс ва Душанбе пиёда кард - шеваи ташкили бенизомӣ мухталиф буд, аммо ҳамагӣ як ҳадаф доштанд; бадном намудан ва аз саҳнаи сиёсӣ берун сохтани нируҳои озодихоҳ - асосан рӯшанфикрон. Албатта аз зовияи сиёсати бузург баҳманмоҳ як ҳалқаи кучаки барномаҳои тӯлонимуддати КГБ буд, ки солҳои минбаъда, дар марҳилаҳои мухталиф дар баъзе кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон амалӣ шуданд. Тоҷикистон ҳамчун минтақаи аз ҳама заъифу бемуттако, бебизоат ва пойбанди муборизаҳои қудратталабона дар дохили давлат, барои татбиқи тарҳи КГБ заминаҳои фароҳам дошт. Ман ин мавзӯъро каму беш пажӯҳиш кардаам ва иттилоъ дорам, ки чанд рӯз пеш аз шурӯъи бенизомиҳо олами ҷиноии пойтахт аз мақомоти амниятии Тоҷикистон дастури мушаххас гирифт, ки барои ташкили бенизомӣ чи гуна бояд фаъолият кунад... муҳим андохтани санги аввал ба девори шишагии Фурӯшгоҳи Марказӣ буд... таҳрики издиҳом дар чунин ҳолатҳо кори душвор нест.
Соҷидаи Мирзо,
шоҳиди воқеа