КӢ ЧӢ ГУФТ ВА КӢ МАНФИАТ БУРД?! Сафорати Русия хостори робитаҳои дуҷониба аст?

Сиёсат 07.02.2009 14:49

Чанде қабл бо ташаббуси Зафар Абдуллоев, раиси Анҷумани Медиа- Алянси Тоҷикистон дар мавзӯъи "Миллатбадбинӣ: Вокуниши сафорати Русия ва расонаҳои хабарии тоҷикзабон" бо ширкати муҳаррирони ду рӯзномаи тоҷикӣ -"Фараж" Хуршед Ниёзов ва "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода, хабарнигори махсуси РИА- Новости Лидия Исамова, ҳамчунин намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон, котиби аввали ин Сафорат Дмитрий Кабаев ва атташеи матбуотӣ Комил Магомедов Мизи гирд баргузор гардид.

Чуноне ҳамагон огаҳ ҳастанд пас аз куштори шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар Маскав миёни расонаҳои хабарии мустақили тоҷик ва Сафорати Русия дар кишвари мо як муноқишаи матбуотӣ ё ба истилоҳ "ҷанги идеологӣ" шурӯъ гардид. Хонандаи гиромӣ, мо тасмим гирифтем, ки фишурдаи сӯҳбати он Мизи гирдро, ки фикр мекунем аз аҳамият холӣ нест, пешкашат намоем.

Зафар Абдуллоев: Ширкатдорони гиромӣ, Шумо медонед, ки як навъ тезутундии хабарӣ дар муносибати Тоҷикистону Русия ба амал омад. Медиа Алянс қарор дод, ки ташаббус нишон дода, ҷонибҳои асосии муноқишаро гирди ҳам оварад ва назари эшонро сари мавзӯъи пешниҳодшуда муайян намояд. Савол ин аст, ки чаро чунин шуд ва ин муноқиша аз чӣ рӯ зад ва он ба чӣ оварда расонид?

Дмитрий Кабаев: Ман инро тезу тунд шудани муносибатҳо намешуморам, аммо далели куштори муҳоҷири тоҷик на танҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон, балки ба ҷомеаи Русия низ таъсир расонид. Зеро чунин куштори бераҳмона бори аввал рух дод. Фикр мекунам ин ҷо акнун дигар риштаи кор дар дасти мақомоти интизомии мост, то онҳо муайян созанд, ки дар ин куштор кӣ гунаҳгор аст. Гунаҳгорон бояд ёфта шаванд ва муҷозот гарданд, то чунин ҳодисаҳо дигар рух надиҳанд. То ҷое ман медонам, ҷониби Русия ба ҳалли ин қазия ҷиддӣ машғул аст. Гурӯҳи босалоҳияти тафтишотӣ минҷумла аз кормандони Хадамоти федеролии амният таъсис ёфтааст, зеро ин куштор ранги сиёсӣ гирифт. Фикр мекунам, натиҷаи дилхоҳи кори ин гурӯҳро бояд интизор шавем. Дар ҳамин ҳол мо ҳама журналистон ва кормандони мақомоти дипломатӣ ҳам бояд дар баррасӣ, инъикос ва шарҳу тафсири чунин рӯйдодҳо мунсифона ва беғараз муносибат бикунем. Дар ҳеч ҳолат набояд мо кӯшиши чаппа кардани он киштӣ ё сафинаеро, ки болояш ҳама нишастаем дошта бошем, зеро ҳамаи мо зиён мебинем, яъне мо аз якдигар вобастаем. Дар ҳоли имрӯз, ки бӯҳрони ҷаҳонӣ дарҳои моро мекӯбад, вазъият душвортар мешавад. Ба назари ман чунин менамояд, ки бе ягон гуна эҳсос сари ин масъала ҳарф занем.

Комил Магомедов: Ман танҳо ҳаминро мехоҳам илова кунам, ки шиддат гирифтани тундгуфторӣ дар расонаҳои хабарии Тоҷикистонро ду чиз сабаб шуд; аввалан ин қарори Владимир Путин барои 50 фисад коҳиш додани муҳоҷирони кор ва баъдан куштори ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов. Вобаста ба қарори сарвазир Путин ҳаминро бояд қайд кард, ки ин иқдом дар қиболи зуҳури бӯҳрони молӣ қабул шуд. Умуман бо ин иқдом Русия кӯшиш дорад, муҳоҷиратро коҳиш диҳад ва ба танзим оварад. Пас аз ин иқдом набояд воҳима барангехт. Ин қарорро кӯшиши ба тартиб даровардани бозори меҳнат, беҳтар кардани шароит зисти шаҳрвандони кишварамон, ки бо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ рӯ ба рӯ шудааст, ҳисоб бояд кард. Дар масъалаи дуюм, воқеан ҳам ин куштори даҳшатнок аст, бовар кунед мо ҳам чун ҷомеаи Тоҷикистон нигарон ҳастем. Ҳар як чунин куштор ё ягон фалокати дигар, ки бойиси фоҷеа мешавад, барои ман ҳам чун шумо мусибат аст. Мехостам ҳангоми муҳокимаи ин масоил умуман ҳама гуна проблемаву мушкилоти дар муносибати Тоҷикистону Русия ҷой дошта одоб риоя шавад. Вобаста ба нотаи эътирозии мо ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки сабаби ягонаи иншои он Нота ин пайдо шудани мавҷи мақолаҳои ҳангомавӣ ва таҳқирона, ки дар матбуоти Тоҷикистон ба нашр расиданд, мебошад. Ҳодисаҳои кушторро мисол оварда онҳоро чун роҳи пешгирифтаи ҳукумати Русия қаламдод намудан нодуруст аст. Журналистон мехоҳанд ин масъаларо муҳокима кунанд, ин ҳуқуқи онҳост. Аммо биёед роҳбарияти сиёсии Русияро таҳқир накунем.

Толибшоҳи Сайидзода: Қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия на танҳо мо рӯзноманигоронро, балки ҷомеаи моро нигарон кардааст. Масалан шумо мегӯед: "Тоҷикистон ин шарики стратегии мост". Мо хеле хурсанд ҳастем, ки чунин давлати абарқудрат моро шарики хеш меҳисобад. Аммо ман як чизро намефаҳмам, Гурҷистон бо Русия ҷангид, вале ягон гурҷиро дар Русия барои ин накуштанд. Украина қубурҳои газро ва роҳи интиқоли гази Русияро ба Аврупо баст ва ба буҷаи Русия қариб 2,5 миллиард доллар зарар овард, аммо ягон украиниро накуштанд, пас барои чӣ моро мекушанд? Президенти мо ба ҳамин мазмун ишора намуда буд: Чун мо заъиф ҳастем, ҳар чӣ хоҳанд бо мо раво мебинанд? Дар нотаи ирсол намудаи сафорати Русия омадааст, ҳашт ҳазор тоҷикистонӣ ҷиноят содир кардаанд. Барои ҷиноят содир кардан бояд одамро бикушанд? Тоҷик гуноҳ кард, ӯро зиндонӣ кунед. Бе ин ҳам ба қавле 50-60 ҳазор тоҷикистонӣ бо тӯҳмату бегуноҳ ё бо айбҳои сохта дар зиндонҳои Русия бандианд. Оё касе аз намояндагони сафорати Русия ба хонаи Салоҳиддин Азизов рафт? Шаҳрвандони шумо дар он ҷо ҳамдиёрони моро мекушанд, шумо бошед дар ин ҷо ҳам моро гунаҳгор мекунед.

Ҳам роҳбарияти мо ва ҳам худи мо аз сидқи дил мехоҳем, ки миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Аммо роҳбарияти шумо вазъиятро мушкил мекунад. Барои чӣ Дмитрий Рогозин, бадхоҳи рақами аввали тоҷикон намояндаи махсуси Русия дар НАТО аст? Ё Владимир Лукин, роҳбари Дафтари ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дар Русия ҳаммиллатони маро "ифлос" номид? Ҳар касе ки зидди тоҷик бошад, ба назари мо чунин менамояд, ки Путин дастгирӣ мекунад. Борис Елсин демократи ҳақиқӣ буд, Худо раҳматаш кунад. Ҳамин, ки Путин сари қудрат омад, мо ҳама дороии хешро додем; се полки русӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ягон кишвари дигар чунин нест. Маркази назорати кайҳонии "Окно", ки миллиардҳо маблағ арзиш дорад, мо "бародари калонӣ" гуфта ройгон додем. Аммо "бародарони хурдӣ"-ро бераҳмона мекушанд, алаккай 681 тобут омадааст. Вале дар ҳамин ҳол агар як нафар русро мисли Салоҳиддин дар Тоҷикистон мекуштанд, шумо тоҷиконро террорист меномидед ва вазири дифоъи Русия худаш бевосита амалиёти махсуси низомиро сарварӣ мекард. Агар ман ноҳақ бошам, пас маъзур доред!

Лидия Исамова: Ман бо бисёр андешаҳои Толибшоҳ розӣ нестам, набояд ҷиноятҳои алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби экстремистҳо ва скинхедҳо амалӣ шударо ба сатҳи сиёсати Русия баробар донист. Ин ба он монанд аст, ки фаъолияти "Ҳизбу -ут -таҳрир" ва "Салафия" ба сатҳи сиёсати давлатӣ баробар бошад. Ҳарчанд ин ҳаракатҳо дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ фаъолият доранд. Таъиноти сиёсиро ҳам набояд ба ин алоқаманд кард. Рогозин айни ҳол аз Русия хеле дур аст ва вақтҳои охир ба масъалаи муҳоҷирон дахл накардааст. Он чӣ Лукин гуфт, Худо худаш довари ҳақ аст, ин албатта барои намояндаи ҳифзи ҳуқуқи инсон зебанда нест, баръакс ӯ бояд инсонҳоро ҳифз кунад. Мо дар бораи миқдори куштори узбакҳо, қирғизҳо, молдаванҳо, украинҳо намегӯем, аммо ман медонам, ки миқдори онҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон камтар нест, ба ин масъала на чун сиёсати расмии Русия, балки чун зуҳуроти экстремистӣ бояд баҳо дод. Албатта ҳукумати Русия маблағгузорон ва пуштибонҳои ҳаракати фашистиро пайдо мекунад. Ба ин масъала бояд хадамоти амниятӣ машғул шавад, зеро ин ҷараён характери умумӣ гирифтааст. Масъалаи он ки мо пойгоҳи низомии Русияро ҷой додем он аст, ки давлати Тоҷикистон пеши Русия қарзи зиёд дошт ва бояд он қарзҳоро месупоридем, вале натавонистем. Ба ҳамин хотир шартномаи байни ҳукуматӣ буд дар ин масъалаҳо. "Окно" дар замони Шӯравӣ сохта шуда буд ва дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ пурра хароб гардид ва дивизияи 201- и Русия онро ҳифз карда буд. Фикр мекунам, худи ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад, ки дивизияи 201- ум бароварда шавад, зеро дар паҳлӯи мо Афғонистон ва экстремистҳое ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ вазъро ноором ва моро безобита мекунанд ва ин дивизия ба ҳайати нируҳои зудамали Созмони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дохил мешавад.

Ниёзов Хуршед: Аввалан як нуқтаро мехоҳам қайд намоям, ки ман муддати ду сол дар Русия будам ва он масъалаеро, ки ин ҷо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, шояд, каме аз дигарон беҳтар донам. Ба андешаи ман гунаҳгорӣ асосӣ дар ин масъала мансабдорони алоҳидаи баландмақоманд. Барои мисол, сардори РКД-и шаҳри Маскав дар яке аз мусоҳибаҳояш куштори се нафар- арманӣ, ҳинду ва тоҷикро шарҳ дода, дар мавриди қотилон чунин гуфт: "Охир онҳо ҳоло наврасанд, ин далели авбошӣ асту бас". Вақте инсонро мекушанд, магар ин авбошӣ аст? Хуршеда Султоноваи 9-соларо 21 корд заданд, магар ин авбошӣ аст? Метавон дар ин маврид беш аз 20 мисол овард. Ҳамаи ин ҷараён як сиёсати пешгирифтаи мансабдорони алоҳидаи Русия аст, сар карда аз Лукин, Рогозин то Лужкову Жириновский. Дар мо ҳам чунин як нафар буд. Аввалин раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шодмон Юсупов соли 1992 таҳдид карда буд, ки талабагони мактаби русиро гаравгон мегирад, вале худи ҷомеаи мо ӯро маҳкум кард. Тавре ман дар боло гуфтам, инро сиёсати пешгирифтаи мансабдорони баландмақоми рус меҳисобам. Аммо вақте сари Салоҳиддинро баъди суханони Путин дар мавриди ҷорӣ намудани квота барои муҳоҷирон буриданд, ҳар касе ки аз илми мантиқ бохабар аст, албатта дар ин масъала пайвандеро мебинад.

Зафар Абдуллоев: Дар Нотаи сафорати Русия омори ҷиноёти содиркардаи тоҷикон оварда шудааст. Дар ҳамин ҳол барои пешгирии ин ҷиноёт ҳукумати Русия чӣ корҳоро анҷом медиҳад? Ҳамчунин расонаҳои хабарии Тоҷикистон, то кадом андоза арқоми боэътимодро дар мавриди куштори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия истифода мебаранд?

Комил Магомедов: Соли 2007 ба Кодекси ҷиноятии Русия тағийроту иловаҳо дароварда шуд, ки тибқи он ҷавобгарӣ барои содир кардани ин гуна ҷиноятҳо вазнинтар мешавад. Дар ҳамаи сохторҳои қудратӣ гурӯҳи махсус алайҳи мубориза бо ин ҷиноятҳо таъсис дода шудааст.

Дмитрий Кабаев: Ҷиноят содир кардан аз рӯи хусусиятҳои миллатбадбинӣ ин ҷараёни наве дар Русия мебошад. Ин раванд дар давраи Шӯравӣ набуд, ин ҷиноятҳо якбора рӯ задаанд, ҳукуматдорон ҳанӯз намедонистанд, ки чи гуна бо он бархӯрд кунанд. Дар масъалаи қазияи Хуршеда Султонова эҳтимол дорад, ки қарори беадолатона ҳам ҳаст, зеро он падидаи нав аст. Ҳукуматдорони Русия оҳиста-оҳиста бархӯрди шадид нишон дода истодаанд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза омода карда шудаанд. Айни замон мавҷи мурофиаҳои судӣ нисбати миллатгароён дар ҳама ҷо сар шудааст. Фикр мекунам, ин раванд ривоҷ хоҳад ёфт.

Аз нуқтаи назари журналистӣ чунин гузоштани масъала, ки 600 тобут омад мувофиқ аст, бисёр гашти хуб. Ҳангомабарангезӣ гӯё, ки "дар Русия алайҳи тоҷикон ҷанг рафта истодааст". Мо бошем дар Русия гашту гузор карда намедонистем, ки дар он ҷо ҷанг будааст. Чунин эҳсос пайдо мешавад, ки дар ҳар кунҷи Русия гӯё скинхедҳо истода тоҷиконро интизор ҳастанд, то онҳоро ба қатл расонанд. Шумо ба Маскаву Санкт- Петербург биравед ва бубинед, ки чи тавр одамон дар он ҷо озод мегарданд. Бале, чунин раванди номатлуб дар шаҳрҳои калони Русия ҳаст ва чунин дастаҳои ҷинояткор амал мекунанд, аммо ин раванди умумӣ нест. Ин ҷо дар масълаи миқдори кушторҳо ҳам дақиқ будан лозим аст.

Комил Магомедов: Дар мавриди матбуоти Тоҷикистон ман як далели дигар дорам. Масалан, як рӯзномаи мустақили Тоҷикистон менависад: "Боз як куштор дар Русия", мақола чунин сар мешавад: "Дар ин рӯзҳо куштори навбатии се муҳоҷири тоҷик сурат гирифт." Дар матлаб бошад омадааст, ки онҳо дар сохтмон кор мекардаанд ва ба болояшон девор афтидааст, яъне онҳо дар натиҷаи беэҳтиётӣ ҳалок шудаанд, аммо ин ҳодиса ҳамчун як куштор маънидод шудааст. Ман мефаҳмам, ҳар фавт як фоҷеа аст, аммо биёед объективона бинависем.

Дар мавриди шарики стратегӣ, масалан ман қафқозӣ ҳастам, тоҷик нестам ва метавонам гӯям, ки миллатбадбинӣ на танҳо шуморо безобита кардааст, балки қурбонии ин гурӯҳи миллатгароён шаҳрвандони Русия ҳам мешаванд.

Толибшоҳи Сайидзода: Ман бо шумо розӣ нестам, ҷаноби Магомедов. Оё Шумо намедонед, ки дар бораи мо, яъне миллати тоҷик расонаҳои хабарии Русия чӣ мегӯянду чӣ менависанд? Танҳо таҳқиру тӯҳмат. Масалан, барномаи "Наша Раша" чӣ? Хуршеди Атовулло мегӯяд, ки шояд ин сиёсати пешгирифтаи мансабдорони алоҳидаи Русия бошад, ман бо ин андеша розӣ нестам. Вақте вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳорот медиҳад, ин мавқеи президенти кишвар аст. Агар нафарони наздик ба Путин масалан, Лужков, Рогозин, Лукин ва дигарон мавқеъашонро намоиш медиҳанд, маълум мешавад, ки ин хати сиёсии Путин аст.

Комил Магомедов: Аммо Рогозин ва Лукин вазири корҳои хориҷа нестанд.

Толибшоҳи Сайидзода: Охир Лужков ин ҳокими пойтахти Русия аст! 600 тобут дар як сол! Боз чӣ қадар лозим аст, то ки Путин ин ҳама кушторро боз дорад.

Комил Магомедов: Биистед. Ҳамаи онҳоро миллатгароён накуштаанд, аз куҷо ин маълумотҳоро гирифтаед, ин маълумоти дурӯғ аст. Шумо мегӯед, ки қисми зиёди дар Русия зиндонӣ буда, бо тӯҳмат нишастаанд, шумо маълумоти расмӣ, сарчашмаи боэътимоди маълумот доред? Шумо ҳатто намедонед, ки ин дуруст аст ё нодуруст? Ҳарчанд ин пурра нодуруст аст.

Толибшоҳи Сайидзода: Хуб, бигирем170-кушташуда. Агар ба миқдори аҳолӣ нигоҳ кунем барои Русия гӯё 50 ҳазор кушта шудааст. Мисоли дигар дар Екатеринбург Гаҷимирза Алмасови доғистонӣ боздошт шуд, ки танҳо дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, аммо расонаҳои иттилооти Русия тавре хабар медиҳанд, ки гӯё тоҷик боздошт шуда бошад.

Комил Магогмедов: Ман бо шумо розӣ ҳастам, ин гуна ҳодисаҳо ҳастанд. Аммо вақте мегӯед, ки тоҷиконро дар Русия тӯҳмат кардаанд, ба шумо касе ин ҳуқуқро надодааст.

Толибшоҳи Сайидзода: Ҳашт сол Буш, Бен Ладенро ҷӯст, Путин ҳашт сол скинхедҳоро меҷӯяд, вале на ӯ ёфту на ин. То замоне, ки тоҷик соҳиби силоҳи ҳастаӣ нашавад, моро хоҳанд кушт. Ман фикр мекунам ин кушторҳо дар Русия ба зудӣ анҷом нахоҳанд ёфт.

Лидия Исамова: Маъзарат мехоҳам, дар ҳама гӯшаи дунё куштор ҳаст, бо ҳар баҳонаву сабаб одам мекушанд, вале гуфтан лозим, ки бояд бомаи атомӣ дошта бошем, ин як назари қобили қабул нест.

Хуршед Ниёзов: Дар мавриди Нотаи эътирозӣ мехостам як нуқтаро қайд намоям. Дар он ҷо ишорае ҳаст, ки духтари русро таҷовуз кардаанд. Ҳарчанд исбот шуда буд, ки русдухтарро узбак таҷовуз карда буд, аммо тоҷикро куштанд. Мо як маводе дар даст дорем, ки дар он дар бораи таҷовуз ва куштори духтари 6-солаи тоҷик сухан меравад. Ҳатто дар Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва қумондонҳои пурқудрати саҳроӣ буданд, чунин ҳолатҳо рух надоданд.

Бубинед, такрор мекунем, ки Русия шарики стратегии мо аст. Муносибати байни Амрикову Ирон аз ин ҳарфҳои зебо дуртар аст. Аммо шумо дар ягон ҷо шунидаед, ки дар Амрико аз рӯи эҳсоси миллатбадбинӣ ягон ирониро кушта бошанд, ё алайҳи онҳо гурӯҳҳое фаъол бошад.

Ман фикр мекунам, ки масалан, ба ҷои пешниҳоди нота шумо метавонистед аз минбари мо истифода карда, вокуниши худро нисбати қатли тоҷикписар баён кунед.

Зафар Абдуллоев: Зикри он чизе, ки чанд маротиба дар ин ҷо гуфта шуд, яъне маводу мақолаҳои зидди тоҷикон гӯё, ки танҳо дар расонаҳои хабарии ғайридавлатии Русия пайдо мешаванд. Дар се моҳи охир ман дар Русия будам ва имконияти ҳар рӯз шинос шудан бо навиштаҳои аксари расонаҳои хабарии ин кишварро доштам. Метавон гуфт, ки танҳо се нашрияи Русия; "Новая газета", "Время новостей" ва маҷаллаи "The New Times" ("Новое время") ба таври мусбат ва холисона дар бораи мардикорон баҳо медиҳанд ва ё умуман ба ин мавзӯъ даст намезананд. Боқӣ аксари нашрияҳо ахбору маводи муғризона ва якҷонибаро нашр мекунанд. Ҳатто нашрияҳои маъруфи давлатие чун "Российская газета" ва ҳамчунин шабакаҳои телевизионие, амсоли РТР, ки шабакаи давлатист ва НТВ, ки аз ҷониби ширкати "Газпром" сарпарастӣ мешавад, аз ин истисно нестанд.

Саволи дигар чунин аст, ки дар Нотаи сафорат аз мақомоти кишвари мо даъват шуда буд, то ба нашрияҳои "Миллат", "Фараж", "СССР", "Нигоҳ", "ФК-Capital" таъсир расонанд. Дар ин бора журналистони мо чӣ фикр доранд? Ба ақидаи ҷониби Сафорат то чӣ андоза ин даъвати онҳо таъсирбахш аст ва чаро ба расонаҳои хабарии Русия низ чунин таъсиргузорӣ сурат намегирад?

Дмитрий Кабаев: Оё шумо медонед, ки сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳар моҳ ва баъзан вақт дар як моҳ ду маротиба ба мо нотаҳо менависад. Мо бори аввал аст, ки аз мақомоти тоҷик хоҳиш намудем то ба расонаҳои хабарӣ таъсир расонанд, пеш аз ин ҳеҷ гоҳ ин корро накарда будем.

Ин дафъа ба хулосае омадем, ки ҳамаи ин, яъне он навиштаҳои матбуоти тоҷик як навъ беэҳтиромӣ аст ва аз ин хеле мутаассир ҳам шудем. Мо озодии баёнро дар Тоҷикистон фишор наовардаем, не, асло ин тавр нест. Мо танҳо аз ҳукуматдорони тоҷик, аниқтараш аз журналистон даъват намудем, то ин ҳолати бе ин ҳам мушкилу фоҷиавиро боз пурташаннуҷтар нагардонанд.

Мо инро вазифаи худ донистем то ба ин роҳ алангаи ҷӯшонро хомӯш намоем.

Хуршед Ниёзов: Тавре ман гуфтам, дар ин бора фикр кардан зарур буд. Шумо метавонистед тамоми расонаҳои хабарии тоҷикзабонро ҷамъ намуда, мавқеъи худро муайян намоед ва медонистед, ки мо ҳам зидди скинхедҳо, зидди гуфтаҳои мақомдорони алоҳидаи ҳукумат ва ҳам зидди сиёсати Лужков ҳастем.

Дар ин проблема на шумо гунаҳгоред ва на мо. Бояд мо мушкилотро ин ҷо муайян намоем ва бар зидди чунин рӯйдодҳо оянда ҳам мубориза барем.

Комил Магомедов: Ман бо Хуршед бо он розӣ ҳастам, ки дар ин ҳолат масъулиятро бар дӯши ҳукумати Русия набояд бор кард, ин кори ҳарду ҷониб аст. Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон.

Дар мавриди нота, ман мефаҳмам, шояд шумо нуқтаи назари худро дошта бошед, метавонед дар бораи Русия фикру ақидаи худро иброз намоед. Аммо байни гуфтани нуқтаи назар, ки метавонад ҳатто ғайриобективона бошад ва байни таҳқир кардан фарқ аст.

Дар расонаҳои хабарии Русия муайян кардан душвор аст, ки ба нишони Тоҷикистон таҳқирҳои рӯйрост равон карда мешавад. Дар омади гап бояд бигӯям, ки аз ҷониби Зафар он амале буд, дағал ва беадабона.

Зафар Абдуллоев: Комил, Шумо чанд маротиба аст, ки имрӯз дар мавриди кадом як таҳқир ишора мекунед, аммо ягон мисоли мушаххасе наовардед.

Комил Магомедов: Таҳқир дар ҳаққи намояндаи расмии давлати хориҷа.

Зафар Абдуллоев: Мисоли дақиқ биоред.

Комил Магомедов: Чи гуна мисол? Худи мазмуни навиштаи Шумо моҳияти таҳқирро дорад.

Зафар Абдуллоев: Ҷавоб ба Светличний, ки "агар сикнхедҳои рус ногаҳон сари ӯро бибуранд, моро ҳам ба ҳоли ӯ раҳм меояд?"- ро дар назар доред?

Комил Магомедов: Бале. Зафар, охир мову шумо ҳамон оҳанги тамасхурро хуб медонем… Шумо худатон медонед, ки дар кадом жанр шумо онро навишта будед.

Зафар Абдуллоев:Ман ҳамчун баранда ва мизбони ду ҷониб ин ҷо набояд ба ин мубоҳиса дохил шавам, аммо модоме, ки сухан аз мавқеъи журналистиям меравад, маҷбур мешавам, ки якчанд сухан бигӯям. Дар мавриди он ки гӯё дар расонаҳои хабарии Русия дар бораи кишвари мо иттилооти ғайри объективӣ нест. Қариб тамоми сомонаҳои интернетии он ҷо сарварон ва мардуми кишварҳои Осиёи Миёнаро бадном мекунанд - Centrasia.ru, Forum.msk.ru ва дигарон, ки дар серверҳои ширкатҳои рус ҷо доранд. Хадамоти махсуси амниятии Русия дорои шӯъбаҳои махсуси мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноят ҳаст, ҳатто ҷиноёти зиддикайҳониро метавонанд пешгирӣ намоянд, аммо бар зидди он ҷинояткороне, ки ин ҷо аз аъмоли онҳо сӯҳбат мекунем, ягон чораи мушаххасе дида намешавад.

Ба шумо дер боз мегӯям, ки агар чунин шуморед, ки ман шуморо ё намояндаи сафорати Шуморо таҳқир кардаам, метавонед ба суд даъво пешниҳод намоед. Чун роҳбарияти кишвари мо ба муқобили он сомонаҳо намехоҳад кореро амалӣ гардонад, ин маънои онро надорад, ки фаъолияти он сайтҳо барояшон писанд аст.

Ман ба ҷаноби Светличний монанди он лаҳне, ки нотаи худро навишта буд, ҷавоб гардонидам. Ин шахс ҳиссиёти ман ва ҳиссиёти ҳамватанони маро таҳқир кард. Агар аз ҷониби вай нотаи изҳори таслият ва таассуф мебуд, мо ҳамон лаҳза онро нашр карда дастгирӣ менамудем, аммо мутаассифона чунин нашуд.

Комил Магомедов: Шумо фаҳмонда дода наметавонед, ки барои чӣ ин кор шуд. Дар он навиштаҳо ин хел набуд…

Зафар Абдуллоев: Дониста бошед, ки ягон ҷавоб ва маводи журналистони тоҷик эҳсоси миллатбадбинӣ надорад… Мо дар ин мизи мудавар кӯшиши муайян кардани сабабҳои проблемаи ба амал омадаро карда истодаем ва ба хулосае омадем, ки мансабдорони алоҳидаи ду кишвар барои ҳал намудани мушкилот кӯмак намерасонанд. Ана маълум мешавад, ки боз яке аз чунин ашхосро ошкор намудем- ин иҷрокунандаи вазифаи сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний, ки ба ҳал намудани проблема кӯмак намерасонад, балки барои аланга гирифтани он ёрӣ мекунад. Ана ҳамин гуна хулоса худ ба худ пайдо шуда истодааст.

Толибшоҳи Сайидзода: Нотаро, шояд, на як В. Светличний танҳо қабул кардааст. Ман бо Хуршед розӣ ҳастам, шумо метавонистед сармуҳаррирони "Фараж", "Миллат", "СССР", "Нигоҳ"-ро даъват карда мегуфтед, ки бачаҳо биёед якҷоя нишаста, чой нӯшида вазъиятро муҳокима намоем. Нота ҳам даркор намешуд, ҳамаи ин ба шумо 30 сомонӣ меафтид, яъне сари як пиёла чой шояд мо ба мувофиқа мерасидем. Аммо ба ҷойи ин шумо пахши Нота ва таҳдиди моро пеш гирифтед.

Комил Магомедов: Нуқтаи назари худро баён намоед, аммо иттилооти бардурӯғро додану таҳқир кардан лозим нест. Ана бигирем газетаи "Миллат"- ро, дар саҳифаи аввали он свастика (тамғаи фашистон), нишони давлати Русия ва Путин, нафари дуввуми Русия тасвир мешаванд, ин таҳқири рӯйрост аст, беэҳтиромӣ ба нишонаи давлатӣ аст. Ин моро ба навиштани нота таҳрик дод.

Толибшоҳи Сайидзода: Пас вақте ки матбуоти Русия каллаи харро дар сари тоҷик мегузоранд, ин барои мо қабул аст? Оё тоҷик хар аст? Ман дар бораи барномаи "Наша Раша" гуфта истодаам.

Лидия Исамова: ТНТ-ин шабакаи хусусӣ аст.

Толибшоҳи Сайидзода: "Миллат" чӣ, магар он нашрияи мустақил нест?

Хуршед Ниёзов: Мана ҳамин Хадамоти амниятии Русия тавонистанд, ки Шамил Басаевро бикушанд, Салман Радуевро дастгир намоянд, дар кадом як ғорҳое онҳоро пайдо карданд. Аммо барои чӣ бошад, ки ҳукумати Русия скинхедҳои свастики фашистӣ доштаро, ки дар зери бинияшон гашта истодаанд, дошта наметавонанд. Онҳо ҳар рӯз амалҳои манфури худро гузаронида истодаанд, намойиш барпо мекунанд, аммо ҳеҷ кас қудрати онҳоро ҷазо доданро надорад.

Комил Магомедов: Дар он ҷо наметавонанд, ки ҳар он касеро, ки мӯза дорад, ҳар он касе ки тоссар аст, дошта ҳабс кунанд. Бояд маълумоти исботкунандаро ҷамъ намуд. Мана шумо мегӯед: "Намехоҳед бо мо ҳамкорӣ намоед", вале инро чӣ гуна метавон фаҳмид, ки "СССР" барин газетаҳо фаъолияти худро аз танқид кардани беасоси Русия оғоз мекунанд.

Зафар Абдуллоев: Саволи охирин. Ба назари шумо чи сабақе метавон бардошт аз ин муноқишаҳо ва мубоҳисаҳо?

Дмитрий Кабаев: Чизи аз ҳама муҳим он аст, ки айни ҳол мо дар ин ҷо нишаста, масъаларо муҳокима карда истодаем. Муҳим он аст, ки ҳамдигарфаҳмӣ бикунем. Мо мехостем, ки матбуоти тоҷикзабон андешаву афкори зидди Русияро ривоҷ надиҳанд. Мо ба ин манфиатдор нестем, чӣ гунае ки набошад Тоҷикистон ба ҳар ҳол шарики стратегии мо аст. Мо инро дар он корҳое, ки амалӣ шудаанд, мебинем. Умедворем, ки ин якумин мулоқоти мо охирин нахоҳад шуд.

Албатта, мо бояд зуд-зуд бо ҳам вохӯрда маслиҳат бикунем, шояд ки мо дар ин масъала ба андозаи зарурӣ диққат надодаем.

Толибшоҳи Сайидзода: Чи тавре ки дар масали Крилов омадааст: "Пеши қудратманд ҳамеша камқувват гунаҳгор аст". Ман медонам Тоҷикистони ман давлати камқувват аст ва шумо ҳам гунаҳгор донистани моро идома медиҳед. То он даме ки як тоҷикро дар Русия мекушанду азият медиҳанд, мо ором намешинем ва дар ин бора менависему мегӯему масъалагузорӣ мекунем.

Дмитрий Кабаев: Албатта, ин ҳуқуқи шумо аст.

Лидия Исамова: Фикр мекунам ба сафорат лозим аст, ки ба вазорати хориҷа, вазорати иттилооти Русия муроҷиат намояд, барои он ки расонаҳои хабарии Русия ба таҳқири тоҷик ва тоҷикро чун симои таҷовузкор, ҷинояткор ва нашъаманду нашъаҷаллоб ҷилва додан хотима бахшанд.

Мо журналистони тоҷик ҳам бояд каме обективона бошем, барои он ки нашри чунин мавод оқибати хуб надорад. Мо ба ҳар ҳол аз Русия вобастагӣ дорем, дар бунбасти ҷуғрофӣ ҳастем.

Аз тарафи дигар вазорати хориҷа ва ҳукумати мо дар бораи он мардикорони кушта шудаамон қариб фикре намекунанд. Таҳқири тоҷики мо аз кишвари худамон оғоз мешавад, аз фурӯдгоҳ ва истгоҳи роҳи оҳани Душанбе, ки дар он ҷо масъулини ниҳодҳои марбута ба таҳқиру таҳдиди мо оғоз мекунанд. Ин бисёр бад аст, вақте ки тоҷикон ҳамдигарро таҳқир мекунанд ва муттаҳид нестанд.

Хуршед Ниёзов: Дар пайдошавии ин проблема чӣ тавре ки мо алакай дар рӯзномаи худ навишта будем, мансабдорони алоҳида ё гуфтан мумкин аст гурӯҳҳои алоҳида гунаҳгоранд. Мо мехоҳем, ки овози моро шунаванд. Агар овози мо шунида мешуд, мо он гуна сарлавҳаҳои фарёдкунандаро истифода намекардем. Фикр мекунам, ҳарду ҷониб якдигарфаҳмиро мехоҳанд. Аз ин хотир мо бояд аз тариқи нишастҳо ва муколама ҳар як рӯйдоду мушкилоте, ки пеш меояд ва дар ҳамбастагӣ муҳокима намоем.

Сӯҳбати Мизи гирд ба таври ихтисор нашр шудааст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97