БАҲСИ ДАРВОЗАИ КОММУНИКАТСИОНӢ ДУБОРА ШУРӮЪ ШУД

Сиёсат 06.02.2009 22:46

Ахиран, вазорати нақлиёт ва коммуникатсия гуфтааст, қасд дорад тамоми провайдери ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро дар ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» муттаҳид кунад. Бег Сабуров, масъули бахши коммуникатсия дар вазорати мазкур, зимни шарҳи ин мавзӯъ ба хабарнигори мо гуфт, ки ин тарҳ ба рақобати ширкатҳои мобилӣ халал намерасонад ва ҳеч монеъае ҳам дар фаъолияти онҳо нахоҳад шуд.

Аммо масъулини ширкатҳои мобилӣ аз ин тасмими мақомот изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки ин амал ба кори ширкатҳо халал ворид хоҳад кард. Бояд гуфт, ки чунин як тасмим аз сӯи мақомоти расмии давлат ҳанӯз дар соли 2006 гирифта шуда буд, ки он замон низ ширкатҳои мобилӣ онро қабул надоштанд ва дастгирӣ ҳам наёфт. Ва он замон бо мудохилаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин масъала ба нафъи ширкатҳои мобилӣ ҳал шуд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97