Ҳадафи аслӣ аз таъсиси пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар кишварҳои ҳошияи Афғонистон масъулияти таъмину икмоли нируҳои амрикоӣ ва эътилофи байналмилалии зиди террор дар Афғонистон ҷиҳати мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва Толибон аст. Аммо пойгоҳи низомии нируҳои амрикоӣ дар Манаси Қирғизистон дар ҳоле баста хоҳад шуд, ки ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ин гурӯҳҳои террористӣ ва Толибон бештар фаъол шуда ва то дарвозаҳои Кобул пеш омадаанд.
Ва аз сӯи дигар ба гуфтаи коршиносони умур роҳҳои икмолотии нируҳои амрикоӣ тавассути Покистон бо гузашти ҳар рӯз хатарноктар мешаванд. Дар чунин вазъияте, баста шудани пойгоҳҳои нируҳои амрикоиро дар чанд росто аз ҷумла фаъол шудани бештари Русия дар минтақа қобили арзёбӣ медонанд. Аммо акнун суоли матраҳ ин аст, ки эътилофи байналмилалӣ ва Амрико дар воқеъ дар талош аст, роҳҳои дигаре барои мусоидат ва икмоли нируҳои зидди террор дар Афғонистон пайдо кунад. Ва ҳадаф аз сафари охирини генерали амрикоӣ Девид Петреус низ дар ду ҳафтаи пеш ба Тоҷикистон ҳосил кардани мувофиқаи Душанбе барои мусоидат ба интиқоли маводи зарурӣ барои ин нируҳо дар Афғонистон унвон шуда буд. Амре ки Тоҷикистон низ ба он мувофиқа кард ва мақомот гуфтанд ин мавод танҳо ғайри низомӣ хоҳад буд. Аммо акнун ин суол матраҳ мешавад, ки бо баста шудани пойгоҳи «Манас» оё кадоме аз кишварҳои дигари минтақа меҳмондори нируҳои амрикоӣ хоҳад шуд. Бархе аз таҳлилгарони Русия ангушти ишораро ҷониби Тоҷикистон ва ё боз ҳам Узбакистон дароз кардаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон, чун кишвари узви эътилофи байналмилалии зидди террор дар мавриди бастани пойгоҳи «Манас» вокунише накардаанд. Вале коршиносони тоҷик мегӯянд, Амрико ҳатман талош хоҳад кард, ки пойгоҳеро ҷойгузини «Манас» дар Тоҷикистон ё Узбакистон пайдо кунад. Қосимшоҳ Искандаров, мудири маркази мутолеъоти минтақаии Тоҷикистон бидуни доштани чунин пойгоҳе дар Осиёи марказӣ кори мубориза бо террор дар Афғонистонро барои нируҳои Амрико вазифаи сангине медонад.
Дар ҳамин ҳол Давлати Усмон, таҳлилгар ва вазири собиқ дар ҳукумати Тоҷикистон муътақид аст, ки Тоҷикистон метавонад ба Амрико дар ин марвид ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи кишварҳои минтақа аз соли 2001 ба ин сӯ ба ин моҷаро кашида шудаанд ва роҳи бозгашт надоранд.
Аммо дар ҳамин ҳол бархе ҳам мегӯянд, Тоҷикистон агар имконоте ҳам ба нируҳои амрикоӣ дода бошад, он интиқоли борҳои ғайри низомӣ мебошад. Ва аз сӯи дигар ба гуфтаи ин таҳлилгарон инкишофи баъдии воқеъаҳо, яъне музокира бар сари додани пойгоҳ ба амрикоиҳо аз ҳар ҷиҳат ба натиҷаи боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Маскав низ вобаста хоҳад буд. Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик агарчанд додани пойгоҳ ба Амрикоро кори номумкине намедонад, аммо мегӯяд ин иқдомест, ки ба ҳар ҳол фурсат мехоҳад. Ӯ мегӯяд, агар музокироти Маскав натиҷаи матлубе надиҳад, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷиаш ҳатман бознигарӣ хоҳад кард.
Аммо ба гуфтаи бархе дигар коршиносон ба ҳамон андозае, ки ҳузури нируҳои Амрико дар Афғонистон ба манзури мубориза бо терроризм зарур аст ва эътирофшуда, ба ҳамон андоза вуҷуди пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои ҳошияи Афғонистон низ мантиқист ва бояд эътироф шавад.
Раҳматкарими ДАВЛАТ,
«Озодӣ»