МАТНИ СУХАНРОНИИ РАИСИ ҶУМҲУРИТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сиёсат 16.01.2009 22:22

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2008-ум ва вазифаҳо барои соли 2009

Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо хуб медонед, ки дар соли 2008-ум мардуми Тоҷикистон бо чӣ гуна душвориву мушкилот дучор гардида буд.

Вале бо вуҷуди сардии шадиду тӯлонии зимистон, бӯҳрони энергетикӣ, камобӣ, хушксолӣ, болоравии нархҳои маводи ғизоӣ ва бар замми ин, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар кишварамон пешрафти муайяни иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуд, ки ин пеш аз ҳама дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасониҳо, гардиши савдои хориҷӣ ва сармоягузориҳо ба назар мерасад.

Дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар, таҳияи саривақтӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳо афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин карда шуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2007-ум 8 фоиз зиёд гардид ва сатҳи таваррум ба андозаи 11,8 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Мо метавонистем ба нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баландтар ноил гардем, вале дар натиҷаи таъсири омилҳои манфие, ки дар боло зикр шуданд, ҳаҷми истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти саноативу кишоварзӣ коҳиш ёфта, ба иқтисоди кишвар ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ расид.

Инчунин бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ, ки узви ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, таъсири манфии худро расонид. Он пеш аз ҳама дар паст рафтани нархи ҷаҳонии алюминий ва пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии мо мебошанд, зоҳир гардид.

Дар чунин шароит, яъне дар айёме, ки иқтисодиёти кишварамон аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ зарар мебинад, мо бояд сиёсати оқилонаро пеш гирифта, доир ба пешгирӣ ва бартараф сохтани оқибатҳои ногувори он чораҳои зарурӣ андешем.

Бинобар ин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллӣ зарур аст, ки бо дарназардошти тамоюлҳои бозори ҷаҳонӣ оид ба пешгирии таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ барномаи чорабиниҳои махсусро таҳия карда, мавриди татбиқ қарор диҳанд.

Ҳамчунин ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба афзоиш додани захираҳои дохилии молиявӣ ва таъсис додани фонди устуворсозии рушди иқтисодиёт тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳоро оид ба боздошти болоравии сатҳи таваррум таъмин намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон татбиқи сиёсати пулиро дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати андозу буҷет таъмин намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди ҷалби амонатҳо, ки захираи муҳими сармоягузории дохилӣ мебошанд, инчунин ба содда намудани тартиби ҳуҷҷатгузорӣ дар мавриди пешниҳоди қарзҳо диққати махсус диҳад.

Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба хотири таъмини нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум камбудиву норасоиҳои мавҷударо бартараф карда, фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди кишварро пурзӯр гардонад.

Аз таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бармеояд, ки ба афзоиши бештари маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъзе монеаҳо, хусусан 4 фоиз кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва 16 фоиз кам шудани ҳаҷми солонаи истеҳсоли пахта, инчунин сатҳи пасти истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ расониданд.

Бо вуҷуди афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ масъалаҳои кам будани ҳаҷми содироти молу маҳсулот, касри манфии миёни содироту воридот, ки аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ қариб 40 фоизро ташкил карда, ба тавозуни пардохти кишвар таъсир мерасонад, боиси нигаронӣ мебошанд.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва Бонки миллӣ зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ба эътидол овардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ дар хусуси таъмин кардани рушди босуръати ташкилоту корхонаҳои содиркунандаи молу маҳсулот ва диверсификатсияи содирот чораҳои муассир андешанд.

Илова бар ин, бояд Ҳукумати мамлакат бо мақсади дар бозорҳои беруна мавқеъ пайдо кардани молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон доир ба дастгирии мақсадноки истеҳсолкунандагони ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Хотирнишон месозам, ки дар соли 2009-ум татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ - Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо дарназардошти оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ сурат хоҳад гирифт.

Мувофиқи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2009 афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд на камтар аз 7 фоиз таъмин гардида, меъёри таваррум дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шавад.

Барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан мо бояд пеш аз ҳама бо роҳи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз тариқи дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан соҳибкории бахши истеҳсолӣ, ҷорӣ кардани шаклҳои нави қарздиҳӣ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои ғайрибонкӣ афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо, ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ пешрафти босуръати соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллиро таъмин намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли гузашта ба буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 5 миллиарду 300 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо вуҷуди 106 фоиз иҷро шудани даромади умумии буҷет нақшаи 4 намуди андоз таъмин нагардид.

Инчунин масъалаи бақияпулиҳо аз андоз, яъне қарздорӣ аз пардохти давлатӣ ҳанӯз пурра ҳалли худро наёфтааст ва баръакс сол то сол афзуда истодааст. Дар айни ҳол ҳаҷми умумии қарз аз андозҳо ва пардохтҳо дар мамлакат 506 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли гузашта 120 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо вуҷуди аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ дастгирӣ гардидани буҷетҳои маҳаллӣ, яъне бо ин мақсад ҳамчун маблағи бебозгашт ҷудо карда шудани 222 миллион сомонӣ ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Қубодиён, Носири Хусрав, Мастчоҳ ва шаҳри Ваҳдат нақшаҳои солонаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллиро пурра таъмин карда натавонистанд.

Ҳамзамон бо ин, соли 2008 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ ба маблағи 96 миллион сомонӣ зарари молиявӣ, инчунин ба маблағи 17 миллион сомонӣ рӯйпӯш намудани андозҳоро ошкор намудааст.

Аз ин рӯ, бояд Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмин намудани иҷрои буҷети давлатӣ, пурра ба буҷет ворид кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ғайр аз ин, мақомоти зикршуда бояд механизми нави ҷамъоварии бақияпулиҳои андозро таҳия карда, вобаста ба он лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба фаъолияти худ дар самти мубориза бар зидди тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, сӯйистифода аз мансаб ва тамаъҷӯӣ тақвият бахшад.

Соли ҷорӣ қисми даромади умумии буҷети давлатӣ ба андозаи 6 миллиарду 8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли 2008-ум 34 фоиз зиёд мебошад.

Аз буҷети имсола 35 фоизи маблағ барои рушди иқтисоди воқеӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва нақбҳо равона карда мешавад. Маблағгузории давлатии соҳаҳои зикршуда соли ҷорӣ қариб ду баробар зиёд мегардад.

Дар буҷети соли 2009-ум инчунин ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ низ афзалият дода шудааст. Бо дарназардошти хароҷоти хоҷагиҳои манзиливу коммуналӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба соли 2008-ум якуним баробар зиёд хоҳад гашт.

Дар соҳаи бонкӣ бошад, бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии ғайрибонкӣ дар амалӣ намудани сиёсати қатъии пулӣ, роҳ надодан ба болоравии сатҳи таваррум ва таъмини устувории қобилияти харидории пули миллӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар ин самт инчунин амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба афзудани сармоя, ҷалби инвеститсияҳо ва истифодаи он барои рушди бахши воқеии иқтисод зарур шуморида мешавад. Бояд дар масъалаи ба гардиши бонкӣ ҷалб намудани маблағҳои молиявии зиёде, ки то ҳол аз он берун мемонанд, чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Соли гузашта аз ҷониби бонкҳои мамлакат ба бахши соҳибкории хурду миёна ба андозаи 1 миллиарду 612 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод карда шуданд, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 57 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи мизоҷоне, ки дар ин давра қарз гирифтаанд, беш аз 9 ҳазор нафар афзуда, ба 166 ҳазор расидаанд, вале ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам кофӣ нестанд.

Бо мақсади таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки соли ҷорӣ низ ҳаҷм ва теъдоди қарзҳои пешниҳодшавандаро бахусус барои ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиёд намоянд. Дар ин самт ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда таҷдиди назар карда шавад.

Бо мақсади рушд ва вусъати соҳибкорӣ мо ба муддати ду сол ба ҳамаи намудҳои тафтишу санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон намудем ва барои инкишофи бахши хусусӣ дар қонунгузории амалкунанда имтиёзҳои зиёд муқаррар кардем.

Дар навбати худ соҳибкорон низ вазифадоранд, ки ӯҳдадориҳои худро дар назди давлат, бахусус доир ба ардохти андозҳо пурра ва сари вақт иҷро намоянд.

Дар бобати таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти калон дорад. Ҳоло дар кишварамон 51 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 5 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати маблағгузории 12 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ созишномаҳои навро ба имзо расонид, ки маблағи умумии онҳо 540 миллион сомонӣ буда, 315 миллион сомонии он қарзҳои бебозгашт мебошанд.

Вале таъкид бояд кард, ки азхудкунии саривақтии маблағҳои ҷудошуда, иҷрои босифати корҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва идоракунии самараноки татбиқи лоиҳаҳо ҳанӯз пурра таъмин карда намешавад.

Бинобар ин, бояд марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ба фаъолияти худ тақвият бахшанд. Инчунин ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки доир ба ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ чораҳои зарурӣ андешад.

Дар соли сипаришуда дар кишварамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2007-ум коҳиш ёфт. Он асосан дар ширкатҳои “Алюминийи Тоҷик”, “Барқи Тоҷик”, Ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиксемент” ва корхонаҳои пахтатозакунӣ ба амал омад.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат зарур аст, ки сатҳи иҷрои барномаҳои рушди соҳаҳои ҷудогонаи саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, саноати сабук, коркарди пурраи нахи пахтаро ҳамаҷониба таҳлил намуда, доир ба истеҳсоли маҳсулоти барои содирот таъиншуда чораҳои муассир андешанд.

Инчунин Вазорати энергетика ва саноат ҷиҳати рушди саноати масолеҳи сохтмон Барномаи рушди истеҳсоли маводи сохтмонро барои давраи то соли 2015 таҳия карда, то охири нимсолаи аввали соли 2009 ба баррасии Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Боиси ташвиш аст, ки соли гузашта аз 781 корхонаи саноатӣ беш аз 230 ададаш ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам карда, 97 корхона умуман фаъолият накардааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ, ба Вазорати энергетика ва саноат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки доир ба бартараф намудани камбудиву мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешад.

Солҳои охир корҳои сохтмон дар иншооти муҳими гидроэнергетикӣ ва хатҳои интиқоли барқ вусъат ёфта истодаанд. Дар ин замина соли гузашта се агрегати нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба кор андохта шуда, сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 идома дорад.

Инчунин 27 нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд ва шумораи умумии онҳо ба 139 адад расонида шуд.

Сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати Лолазор-Хатлон ба итмом расида, бунёди хатти интиқоли барқи Ҷануб – Шимол то охири соли 2009-ум ба анҷом хоҳад расид.

Соли гузашта аз буҷети давлатӣ барои идома додани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 145 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд. Дар соли 2009-ум маблағгузории он 4 маротиба зиёд карда мешавад.

Дар айни ҳол дар соҳаи энергетика бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ нӯҳ лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо беш аз 1 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои нав масъалаҳои вобаста ба ҳолати техникии нерӯгоҳҳои амалкунанда набояд аз мадди назар дур бошанд. Алалхусус ҳолати кунунии нерӯгоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва силсилаи нерӯгоҳҳои Вахш ташвишовар мебошад, ки ба таҷдид ва тармим эҳтиёҷ доранд.

Бинобар ин, ба вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати азхудкунии пурра ва самараноки маблағҳои барои сохтмон ва барқарорсозии иншооти энергетикӣ ҷудогардида чораҳои қатъӣ андешида, масъалаи маблағгузории барномаи таҷдиди нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум ва силсилаи нерӯгоҳҳои Вахшро ҳаллу фасл намоянд.

Инчунин бояд Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати «Барқи Тоҷик» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дар бораи анҷом додани таҳияи асосноксозии техникиву иқтисодии сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Нуробод-1» ва «Нуробод-2» дар дарёи Оби Хингоб ва ба сӯзишвории алтернативӣ гузаронидани марказҳои мавҷудаи барқу гармидиҳӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин бо истифода аз имкониятҳои молиявии соҳибкорони ватанӣ ба раванди татбиқи барномаҳои дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020 тақвият бахшанд.

Соли гузашта дар натиҷаи хушксоливу камобӣ ва коҳиш ёфтани захираи об истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварамон нисбат ба соли 2007-ум 1 миллиарду 230 миллион киловатт-соат кам гардид.

Талафоти нерӯи барқ соли гузашта 13,9 фоиз ва гази табиӣ 7,2 фоизро ташкил намуд.

Ҷамъоварии маблағи барқ ва гази истифодашуда дар соли 2008-ум дар мамлакат мутаносибан 85 ва 96 фоиз таъмин карда шуд, ки ин ҳолат вазъи молиявии Ширкати “Барқи Тоҷик” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз”-ро то андозае мушкил гардонид.

(Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ хароҷоти истифодаи якмоҳаи нерӯи барқ бо дарназардошти тарифи соли ҷорӣ ба ҳар оила дар як моҳ ба ҳисоби миёна ба 16 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба хароҷоти як муштарии ширкати телефони мобилӣ (21 сомонӣ) камтар мебошад. Даромади ҳамаи ширкатҳои алоқаи мобилии кишвар соли 2007 492 миллион сомонӣ ва соли 2008 836 миллион сомониро ташкил кардааст).

Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати "Барқи Тоҷик" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикгаз" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар соли ҷорӣ камбудиҳои дар ин самт мавҷударо пурра бартараф намуда, бо мақсади ба меъёр ва одати доимӣ табдил додани истифодаи сарфакоронаи барқу газ ва умуман захираҳои энергетикӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд. Мақомоти мазкур дар баробари таъмин кардани ҷамъоварии пурраи ҳаққи барқу газ ва гармӣ ҳамчунин корҳои таблиғотиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намоянд.

Аҳолии кишвар бояд амиқан дарк намояд, ки бе пардохти саривақтӣ ва пурраи ҳаққи барқу газ ва гармии истифодашуда дар ҳолати мӯътадили корӣ нигоҳ доштани иншооти истеҳсолкунанда, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ аз имкон берун аст.

Ба вазоратҳои энергетика ва саноат, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таҷдиди Корхонаи “Тоҷикгаз”-ро таъмин намуда, бо мақсади беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ нақшаи инфиродии таҷдиди Ширкати “Барқи Тоҷик” -ро дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дар доираи татбиқи ҳадафи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат мо ҳоло бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Шоҳон – Зиғар ва Шкев – Зиғар, Душанбе - Чанак, Душанбе – Саритош, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва Шаршарро идома дода истодаем.

Бо истифода аз маблағҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақбҳо, 93 пул ва ба андозаи 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру тармим гардида истодаанд.

Ҳамчунин солҳои наздик ба азнавсозии роҳҳои мошингарди Қӯрғонтеппа – Панҷ, Душанбе – Турсунзода, Душанбе – Данғара ва сохтмони нақби Чормағзак шурӯъ хоҳем кард.

Дар баробари ин, мо бояд инфраструктураи нақлиётро низ нав карда, бо мақсади ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон роҳҳои мошингарди кишварро ба стандарҳои ҷаҳонӣ мутобиқ созем.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки дар навбати аввал доир ба рушди инфраструктураи шоҳроҳҳое, ки мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебароранд ва ҷорӣ намудани механизмҳои худмаблағгузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳамзамон бо ин, бояд сохтмони роҳҳои автомобилгарде, ки шимолу ҷануб ва ғарбу шарқи Тоҷикистонро бо ҳам мепайванданд, ба анҷом расонида шавад.

Ҳамчунин ба рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ низ такони ҷиддӣ бахшидан зарур аст. Вобаста ба ин, ба мо лозим аст, ки инфраструктураи фурудгоҳҳо ва соҳаи ҳавопаймоиро ба талаботи иқтисодиёти миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ созем.

Барои ба вуҷуд овардани рақобати солим дар соҳаи мазкур ва аз тариқи он баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ, таъмини амният ва паст гардонидани арзиши хизматрасонӣ бояд шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Бо дарназардошти ин вазифаҳо бояд нақшаи инфиродии таҷдиди Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» амалӣ карда, фаъолияти он тақвият бахшида шавад.

Ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” зарур аст, ки бо мақсади ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани фурудгоҳи шаҳри Душанбе бунёди азнавсозии терминали онро то соли 2011-ум таъмин намоянд.

Сатҳи хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан низ бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонида, вазъи бору мусофиркашонӣ беҳтар ва тарифҳои онҳо воқеӣ карда шаванд.

Аз ин рӯ, бояд вазоратҳои нақлиёт ва коммуникатсия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади рушди минбаъдаи роҳи оҳани мамлакат нақшаи таҷдиди Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро таҳия карда, дар нимсолаи дуюми соли 2009 ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон бо ин, Агентии сохтмон ва меъморӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмон, вусъати корҳои лоиҳакашӣ бо дарназардошти хусусиятҳои меъмории миллӣ ва ба корҳои сохтмон ҳарчи бештар ҷалб кардани мутахассисону коргарони маҳаллӣ чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Рушди соҳаи кишоварзӣ, ки татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мо, яъне ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз он вобаста аст, самти афзалиятноки фаъолияти мо мебошад.

Дар соли 2008 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 7 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007-ум 572 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Соли гузашта дар назди кормандони соҳа вобаста ба ҳифзи амнияти озуқавории мардум вазифаҳои мушаххас гузошта шуда буданд. Бо мақсади иҷрои онҳо дар майдони 109 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд.

Бо вуҷуди он, ки кишоварзони мо дар баъзе бахшҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд, истеҳсоли яке аз зироатҳои асосӣ, яъне пахта дар мамлакатамон сол ба сол кам мегардад.

Сабаби асосии паст будани нишондиҳандаҳои соҳаи пахтакорӣ ба талаботи имрӯза мувофиқ набудани тарзи маблағгузории он, коҳиш ёфтани ҳавасмандии пахтакорон, паст будани сифати тухмӣ, фарсуда гардидани техника ва корношоямии шабакаҳои обёрӣ мебошад.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои зикршуда мо механизми нави маблағгузории соҳаро ҷорӣ карда, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ташкил кардем.

Вале соли гузашта бо вуҷуди аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, бонкҳо ва сармоягузорон ба андозаи беш аз 370 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидани соҳаи пахтакорӣ дар мамлакат ҳамагӣ 350 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд ва ҳосилнокии ҳар гектар замин 14,7 сентнериро ташкил намуд, ки ин хеле ташвишовар мебошад.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Академияи илмҳои кишоварзӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки сабабҳо ва омилҳои коҳиш ёфтани ҳосилнокии майдонҳои кишти пахта ва масъалаҳои вобаста ба пахтакориро ба таври дақиқ омӯхта, доир ба рушди он тадбирҳои муассир андешанд.

Яке аз проблемаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзӣ сол ба сол бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо мебошад. Ҳоло дар қаламрави кишвар вазъи мелиоративии зиёда аз 40 ҳазор гектар замин ғайриқаноатбахш мебошад.

Ба хотири рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионӣ, идоракунии захираҳои обӣ ва обёрии заминҳо 14 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо қариб 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2008-ум аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар маҷмӯъ 376 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Вобаста ба ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ пурзӯр карда, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошавандаро таъмин намоянд.

Ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода кардани шабакаҳои обрасонӣ ва таъмини истифодабарандагон бо об пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ омили асосӣ мебошад.

Вале аз маълумот бармеояд, ки пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли 2008-ум ҳамагӣ 27 фоизро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи баҳисобгирии заминҳои маҳалҳои аҳолинишин муайян гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо 11 ҳазору 650 гектар замин, аз ҷумла 6 ҳазору 900 гектар заминҳои корами обӣ ғайриқонунӣ барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар тақсим карда дода шудаанд.

Ғайр аз ин, дар натиҷаи аз кор баромадани иншооти обрасонӣ солҳои охир беш аз 41 ҳазор гектар замини корами обӣ ҳамчун замини лалмӣ истифода бурда мешавад.

Аз ин рӯ, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти зикршудаи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди устувори он дар соли 2009-ум иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:

1. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар бораи истифодаи мақсадноки қарзҳое, ки тавассути бонкҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод карда мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад;

- бо мақсади дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ намудани навъҳои серҳосили зироатҳои ғалладона, пахта, ҷуворимакка, сабзавот, картошка, хӯроки чорво ва бо тухмии хушсифати ин зироатҳо таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳар се моҳ гузориш пешниҳод намояд;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади истифодаи самараноки замин ҳаҷми умумии майдонҳои кишти такрориро дар қаламрави мамлакат ба 160 ҳазор гектар расонида, дар бораи вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо кушодани мағозаҳои фурӯши нуриҳои маъданӣ ва тухмии зироатҳои серҳосил тадбирҳо андешад;

- якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар бораи беҳтар гардонидани фаъолияти марказҳои мавҷудаи хизматрасонии техникӣ ва таъсиси марказҳои нав чораҷӯӣ намояд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об:

- бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идораи соҳа ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои об проблемаҳои мавҷударо ҳаматарафа баррасӣ карда, доир ба таҷдиди сохтори идораи соҳа пешниҳод манзур намоянд;

- якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ чораҳои иловагӣ андешанд;

- дар асоси барномаҳои қабулшуда ва бо ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ беҳбудии вазъи мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои навро таъмин созанд.

3. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

4. Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба тақсимоти ғайриқонунии заминҳои корам, ба ҳолати аввала баргардонидани онҳо, аз гардиш берун мондани заминҳо ва истифодаи самараноки маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионии дар соҳаи кишоварзӣ татбиқшаванда тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои инкишофи илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро бе рушди ин соҳаҳо ва тайёр намудани мутахассисони шоиста дар ҷаҳони пуртазоди муосир ба муваффақият ноил шудан ғайриимкон аст.

Ин аст, ки дар солҳои охир Ҳукумат ба хотири инкишофи соҳаҳои зикршуда маблағҳои зиёдеро равона мекунад.

Чунончи, агар соли 2000-ум маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф ҷудогардида ҳамагӣ 42 миллион сомониро ташкил карда бошанд, пас дар соли 2009 бо дарназардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳа 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин дар муқоиса бо соли гузашта 65 фоиз зиёд мебошад.

То имрӯз Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба андозаи 68 фоиз иҷро гардида, дар кишвар бунёди даҳҳо муассисаи нави таълимӣ ва таъмиру таҷдиди аксари мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ анҷом дода шудааст.

Дар муассисаҳои таълимии кишвар сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати хонандагону донишҷӯён нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардида бошад ҳам, дараҷаи маърифатнокӣ ва малакаву маҳорати хонандагону донишҷӯён ва ҳатто қисме аз омӯзгорон ҳанӯз ҳам ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошад.

Сабабҳои асосии дар сатҳи паст қарор доштани раванди таълиму тарбия ва донишандӯзии шогирдон номукаммалии нақшаю барномаҳои таълимӣ, ба талаботи стандартҳои таълим мутобиқ набудани заминаи моддию техникӣ, нарасидани китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, кадрҳои баландихтисос, мавҷудияти як қатор норасоиҳо дар бобати бо ҷои кор таъмин кардани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, бо усули кӯҳна гузаронидани машғулиятҳо, мазмун ва сифати онҳо, ҳолати азхудкунии хонандагон ва сифати пасти кори маъмурияти муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки якҷо бо роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор барои баланд бурдани сифати таълиму тарбия, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа, ба кор ҷалб намудан ва ҳавасмандгардонии муаллимони ҷавон, ҳамчунин ташкили муассисаҳои хусусии таълими мактабӣ ва томактабӣ бо риояи усулҳои стандартии таълим, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва таҳсилоти шартномавӣ барои беҳбудии вазъи таълиму тарбия чораҳои зарурӣ андешад.

Ғайр аз ин, Вазорати маориф вазифадор аст, ки сатҳу сифати таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи ҳамагонӣ ва олиро баланд бардошта, тарбияи мутахассисон ва коршиносони лаёқатманди ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро ба роҳ монад ва истифодаи ҳама гуна имконияту захираҳои моддиву техникӣ ва маънавиву зеҳниро барои болоравии сатҳи маърифати наврасону ҷавонон равона созад.

Имрӯз пешрафти кишварҳои мутаммаддин аз дараҷаи истифодаи ғояҳои наву замонавӣ, технологияи пешқадам, кашфиёти инноватсионӣ, пайванди амиқи илм ва истеҳсолот ва тафаккури рақобатпазири илмиву иттилоотӣ, ҳамчунин тарбияи ҷавонони лаёқатманд ва соҳибмаърифату навовар муайян мегардад.

Аз ин рӯ, пешбурди соҳаи илму маориф самти афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, проблемаҳои соҳаҳои илм ва инкишофи он дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дорад. Мувофиқи дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат барои корҳои илмию тадқиқотии муассисаҳои илмӣ тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар бобати муайян намудани эҳтиёҷи муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ба маблағҳои буҷетӣ, махсусан интихоб ва пешбарии мавзӯъҳо барои аз экспертизаи давлатӣ гузаштан корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.

Ба муассисаҳои илмӣ зарур аст, ки дар баробари маблағгузории давлатӣ ба масъалаи ҷалби маблағҳои инвеститсиониву грантӣ, дархостиву барномавӣ ва дигар намудҳои фаъолият диққати ҷиддӣ дода, бо ин мақсад низоми кори худро барои иҷрои дархости корхонаю муассисаҳои гуногунсамти соҳаи саноат, аз ҷумла металлургияи ранга, гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, нафту кимиё, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаи кишоварзӣ ва бозори истеъмолии ватанию хориҷӣ мувофиқ гардонанд.

Дар ҳама давру замонҳо ҷаҳду талош ба хотири ҳифз ва таъмини беҳдошти саломатии аҳолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули миллати солим яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳар як давлат ба шумор меравад.

Ба ибораи дигар, сармоягузорӣ дар ин самт кафолати боэътимоди рушди ҷомеа буда, нодида гирифтани масъалаҳои мубрами соҳа маънои сарфи назар кардан аз ояндаи миллату кишварро дорад.

Дар буҷети давлатии соли 2008 барои рушди соҳаи тандурустӣ 260 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Дар соли 2009 бошад, барои соҳа 396 миллион сомонӣ ё нисбат ба соли 2008-ум 52,7 фоиз зиёд маблағ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари маблағҳои давлатӣ барои пешрафти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла барои беҳбудии шароити беморхонаю дармонгоҳҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, гузаштан ба усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ маблағҳои қарзӣ ва грантҳо низ истифода мешаванд.

Имрӯз дар доираи татбиқи 30 лоиҳаи инвеститсионӣ, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 400 миллион сомонӣ мебошад, шароити муассисаҳои тандурустӣ ба эътидол оварда шуда истодааст.

Вале дар баробари ин бояд қайд кард, ки маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ ҷудошуда самаранок истифода карда намешаванд. Чунин ҳолат беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигаргунсозии сифати татбиқи онҳоро талаб менамояд.

Бешубҳа, дар сурати татбиқи босамари лоиҳаҳои мазкур сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, вазъи саломатии мардум ба ҳадди назаррас беҳтар мегардад.

Бо вуҷуди дастовардҳои муайян дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб дар кишвар имрӯз зиёда аз сеюним ҳазор нафар мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ намерасанд.

Бо мақсади идома додани ислоҳот, танзими расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ва таъмини дастрасии он ба аҳолӣ, хусусан ба аҳолии камбизоат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009» қабул карда шуд.

Дар маҷмӯъ татбиқи барномаҳои соҳаи тандурустӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, таъмиру таҷдиди мақсадноки муассисаҳои тиббиву профилактикӣ, ташхису табобати замонавии беморон, воридоти таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории босифат беҳбудиро тақозо мекунад.

Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ вазифадор аст, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар намуда, барои ҷорӣ намудани усулҳои замонавии табобат, беҳбудии шароит ва корҳои ташхисиву табобатии муассисаҳои тандурустии давлативу хусусӣ, татбиқи саривақтӣ ва босифати барномаҳои ин соҳа, сарфи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар соли 2008 барои рушди соҳаи фарҳанг ва татбиқи барномаҳое, ки ба ислоҳоти соҳа равона карда шудаанд, 150 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд. Вале бо вуҷуди баъзе пешравиҳо вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ва фаъолияти ҳадафманди онҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ташаккули эҳсоси худшиносиву ватанпарастии мардум то ҳанӯз кофӣ нест.

Ҳар сол теъдоди зиёди китобҳои дарсӣ дар хориҷи кишвар ба табъ мерасанд, ҳол он ки имконияти дар дохили ҷумҳурӣ бо нархи нисбатан арзон нашр кардани китобҳо мавҷуд аст.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 91 муассисаи таълимии фарҳанг ва санъат фаъолият дорад, ки онҳо дар маҷмӯъ ба беҳтар намудани сатҳи замонавии таълиму тарбия ниёз доранд.

Вазъи корхонаю муассисаҳои табъу нашр ва матбааҳои давлатӣ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад ва ба Вазорати фарҳанг зарур аст, ки доир ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда тадбирҳо андешад.

Солҳои охир афзун гардидани иқтидори пахши телевизиону радио, афзоиши барномаҳо ва ҳаҷми онҳо, ташкили низоми бисёршабакавии пахш, ки имконияти интихоб ва рақобати нисбатан озоди барномаҳои радиову телевизионро доранд, ба мушоҳида мерасанд.

Дар ин давра дар баробари муассисаи давлатии телевизиони “Сафина”, телевизиони “Баҳористон” боз як шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи фарҳангии радиои Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуданд, ки боиси афзудани нерӯи иттилоотии кишвар мегарданд.

Вале бояд зикр намуд, ки сатҳи асарҳои адабиву ҳунарӣ, консертҳову намоишномаҳо чи дар саҳнаи театр ва чи дар шабакаҳои телевизиону радио ба набзи замон ҳамоҳанг нест, барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, маърифати худшиносиву худогоҳии мардум, тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва фарҳанги давлатдории миллӣ чандон мусоидат наменамоянд.

Вазъи моддию техникии телевизион ва радиошунавонӣ имрӯз ҳам беҳбудиро талаб мекунад. Таҷдиди техникии нуқтаҳои хизматрасонии соҳа, пахши амиқ ва саривақтии ҳодисаю воқеаҳое, ки бешубҳа, нуфузу эътибори барномаҳои телевизиону радиоро боло бардошта метавонад, аз ҷумлаи корҳои муҳим дар ин самт ба шумор мераванд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, Кумитаи телевизион ва радио зарур аст, ки барои аз байн бурдани ин камбудиҳо ва беҳбуд бахшидан ба фаъолияти ҳамаи шабакаҳо, инчунин фарогирии бештари минтақаҳои кишвар бо барномаҳои телевизион ва радио тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дӯстони азиз!

Дар баробари баррасии масъалаҳои зикршудаи бахшҳои иҷтимоӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои эҳтиёҷманд ва камбизоати аҳолӣ, бахусус собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва пиронсолон дар давраи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади танзими бозори меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ ва Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Инчунин бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини рушди минбаъдаи низоми таълими касбии калонсолон, аз ҷумла бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод ба кор шурӯъ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо қариб сад ҳазор ҷои нави корӣ ташкил карда шуд. Масъалаи бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани қувваи қобили меҳнат дар шароити вусъат ёфтани бӯҳрони молиявӣ мушкилотест, ки ҳаллу фасли он ҳам ба Ҳукумати Тоҷикистон, ҳам ба сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳам ба бахши хусусӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ вобаста аст.

Солҳои охир дар заминаи вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди як силсила иншооти энергетикиву коммуникатсионӣ, барқарорсозии инфраструктураи истеҳсоливу иҷтимоӣ, сохтмон ва саноати ватанӣ ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам оварда шуданд, ки онҳо дар маҷмӯъ метавонанд, қисми аҳолии аз муҳоҷирати меҳнатӣ бозгаштаро бо ҷои кор фаро гирад.

Вале ин тадбирҳо дар шароити вусъатёбии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳанӯз каманд.

Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдор, бахусус вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, Агентии сохтмон ва меъморӣ супориш дода мешавад, ки барои вусъати сохтмонҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ, роҳсозӣ ва коммуникатсия, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолии давлатӣ, хусусӣ ва соҳибкорӣ, густариши истеҳсолоти кишоварзӣ ва истеҳсолу коркарди ашёи хоми ватанӣ мусоидат намуда, ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.

Ҳалли саривақтии ин масъалаҳо агар аз як тараф ба ҳаллу фасли оқилонаи масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ба вусъатёбии марҳалаи созандагӣ ва бунёдкорӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Илова бар ин, муҳоҷирони меҳнатии соҳибтахассус метавонанд дар заминаи маблағҳои вориднамудаашон ба соҳаи соҳибкории хурд ва миёна рӯ оварда, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

То имрӯз бо дарназардошти танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ зиёда аз 40 созишнома ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қисми зиёди онҳо қабул карда шудаанд.

Мутаассифона, қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон бо айби корфармоён аз доираҳои ҳуқуқӣ берун монда, аз сабаби воридшавии ғайриқонунӣ аз кафолатҳои иҷтимоӣ бебаҳраанд.

Дар чунин ҳолатҳо онҳо ба осонӣ ба меҳнати иҷборӣ гирифтор шуда, қурбони сӯйистеъмоли ғайриқонунӣ ва фишори одамон шуда, ба зери таъсири сохторҳои ҷиноятӣ меафтанд.

Таъсис додани Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии кишвар яке аз иқдомҳои навбатии Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи танзими давлатии раванди муҳоҷират мебошад, ки бояд фаъолияти он дар давраи бӯҳрони молиявӣ ҷоннок карда шавад.

Дар шароити кунунӣ, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ба як омили таркибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии онҳо тадбирҳои самарабахш андешанд ва ба ин васила ба кору зиндагии мӯътадили онҳо мусоидат намоянд.

Дар робита ба ин, мехоҳам бори дигар ба соҳибкорон ва ба ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллат муроҷиат намоям, ки ба хотири паст гардонидани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо роҳи сармоягузорӣ, воридоти технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсис додани корхонаҳои саноатӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва кору хизматрасониҳо барои дар дохили кишвар бештар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаи худ мусоидат намоянд.

Дӯстони азиз!

Ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт аз вазъи суботи иҷтимоӣ, тартибу низоми ҷамъиятӣ, риояи қонуният ва таъмини волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвар вобаста мебошад.

Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин мушкилоту норасоиҳои онҳоро дар вақтҳои наздик дар ҷаласаи махсуси Шӯрои амнияти кишвар ба таври муфассал баррасӣ намоем.

Доир ба масъалаҳои гузошташуда мехоҳам таъкид намоям, ки ҳаллу фасли онҳо ва бартараф кардани камбудиву мушкилоте, ки монеи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии кишварамон ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум мегарданд, пеш аз ҳама вазифаи мо, яъне дар ин толор нишастагон мебошад.

Мову шумо – аъзои Ҳукумат, роҳбарони ташкилоту идораҳои марказӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадорем, ки дар ин давраи бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ва шароити ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масъулияти дучанд кор кунем ва кӯшиш намоем, ки иқтисоди миллиамон ва мардуми кишварамонро аз чунин вазъи душвор бо зарари ҳарчи камтар берун барем.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як масъалаи дигар низ ҷалб намоям, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ илова ба истифодаи оқилонаву сарфакоронаи барқу газ, об ва замин, хусусан заминҳои обӣ, инчунин риояи ҳатмии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини рӯз мебошад.

Роҳбарону масъулони ҳамаи зинаҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки дар ин бобат пеш аз ҳама худашон намунаи ибрат бошанд ва ҳам мардумро ба сарфаю сариштакорӣ ва риояи қонун ҳидоят намоянд.

Ҳар кадоми мову шумо - кормандони мақомоти давлатӣ дар ин давраи ҳассос бояд ҳамдаму ҳамнафаси халқ бошем, рисолати инсонӣ, нангу номус ва масъулияти фарзандии худро дар назди Ватан ва давлати соҳибистиқлоламон дарк намоем, ғайрату ташкилотчигӣ, ҳунару маҳорати идоракуниву коргузорӣ ва ташаббусҳои нек зоҳир намоем, нерӯи созандаи ҳамаи табақаҳои аҳолиро ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон раҳнамоӣ созем ва ҳамеша дар андешаи беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардуми худ бошем.

Ҳар кадоми мо бояд саъю талош намоем, ки натиҷаҳои соли 2009 аз соли 2008-ум беҳтар бошанд.

Фаромӯш набояд кард, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз ба мову шумо бо эътимод ва умедҳои нек менигаранд ва интизоранд, ки мо ҳарчи зудтар мушкилоти дар назди давлати соҳибистиқлоламон мавҷударо бартараф карда, барои зиндагии шоистаи онҳо шароити заруриро фароҳам меорем.

Мо ӯҳдадорем, ки дар роҳи иҷрои аҳдамон, яъне дар давоми чор-панҷ сол таъмин кардани татбиқи ҳадафҳои стратегиамон, бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таҳкими нерӯи иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон донишу таҷриба ва қуввату ғайрати худро дареғ надорем.

Ҳамзамон бо ин, бори дигар таъкид месозам, ки дар соли 2011-ум 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил хоҳем кард ва то ин санаи бузурги миллиамон мо бояд корҳои зиёдро ба анҷом расонем.

Чунонки дар паёми табрикии худ ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ба мардуми шарифи кишвар таъкид намудам, аз оғози соли нави 2009-ум тамоми кору фаъолияти ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва ҳар як иқдоми бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон ба номи бистумин солгарди истиқлолияти давлатиамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва шукуфоии сарзамини куҳанбунёдамон анҷом дода хоҳад шуд.

Дар доираи ин ҳадаф ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ва ҳар кадоми мо бояд бо дарки баланди масъулият дар назди давлату миллати худ вазифаи ба зиммадоштаамонро содиқона, бо дасту дили пок, нерӯи тоза, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои дучанд иҷро карда, маҳорату малакаи худро сарфи корҳои созандагиву ободкорӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми шарафманди Тоҷикистон намоем.

Ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзумандам.

Ташаккур!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97