ОЁ АБХОЗИСТОН ВА ОСЕТИЯИ ҶАНУБӢ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ШУДАНД?!ё чаро дигар истиқлолиятхоҳон хамӯш гаштанд?

Сиёсат 10.01.2009 14:24

КӢ БА КУҶО ҲАМЛА БУРД?

Чун дар соли 2008 ҷанги Гурҷистону Русия ва эътирофи расмии давлати Рус аз истиқлолияти Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва дар маҷмӯъ қазияи ҷануби Қафқоз аз воқеъоти муҳими сиёсӣ маҳсуб меёфт ва он то кунун муҳимияти хешро дар расонаҳои хабарии дунё ва гуфтугузорҳои давлатмардони ҷаҳон гум накардааст, хостем, ки мо ҳам дар ибтидои сол аз ин ҳодисаи фоҷеабор ёд карда чанд андешаи хешро ба хонандаи азизи нашрия пешниҳод намоем.

Дар анҷоми соли 2008 президенти Русия Дмитрий Медведев ҳангоми нишасти хабариаш бо се тан журналисти маъруфи рус ҳамлаи Гурҷистонро ба Осетияи ҷанубӣ фоҷиаи соли 2008- и Русия номид.

СЕПАРАТИЗМРО РУСИЯ ҲАЛ КАРД

Ба суоли он ки кӣ ба куҷо ҳамла кард, Гурҷистон ҳақ аст, ё Русия, оё аз итоати Гурҷистон баромадану як навъ зери султаи Русия мондани Абхозистону Осетияи ҷанубӣ магар мақоли "Аз борон гурехтану таги жола мондан"- ро ба хотир намеоварад ва ғайра пурсишҳо албатта ҷаноби вақт, ки хеле довари ҳақгӯст дер ё зуд посухи хешро хоҳад дод. Акнун як каме дуртар назар меандозем ба давроне, ки Русия дар дохили хеш гирифтори сепаратизми сиёсӣ буд, мисле, ки Гурҷистон ин мушкилотро дошт ва он гӯё акнун ҳал шуд. Ку бубинем давлатмардони рус бо чӣ тадобир ва бо чӣ баҳову хиради сиёсӣ мушкилоти ҷудоихоҳии ҷумҳуриҳои миллии зертобеъашонро ҳал кардаанд.

ҶУДОӢ АЗ РУСИЯРО ОРЗУ НАКУНЕД

Пас аз часпу талошҳо ва талаби соҳибистиқлолӣ намудани Чеченистон ва амалӣ намудани ин орзу ноком мондану барои ин идеяи олӣ ҷони хешро бохтани мардони шинохтаи чечен чун Ҷавҳар Дудаев, Аслон Масҳадов, Золимхон Яндарбиев ва Шомил Басаев аксар бар ин мӯътақид шуданд, ки дигар ҷумҳуриҳои миллии дар ҳайати Русия буда аз шикасти нируҳои муқовимати чеченӣ "сабақ гирифта", "хатои" эшонро ҳаргиз такрор нахоҳанд кард ва агар чунин нияте ҳам дошта бошанд ҳам барои ҳамеша орзуи бо сари худ буданро дар умқи дили хеш нигоҳ хоҳанд дошт. Зеро онҳо нек дарк карданд, ки барои амалӣ намудани орзуи соҳибистиқлол будан бо абарқудрате чун Русия панҷа нарм кардан як кори беҳуда ва хатарнок аст ва ҳам барои ба ин мақсад расидан қувваю имконоти онҳо кофӣ нест.

ФОҶИАИ ГЕНЕРАЛ ДУДАЕВ

Русия низ аз рӯзҳои аввали доди соҳибихтиёрӣ задани сарвари чеченҳо Ҷавҳар Дудаев, ҳавонаварди низомӣ ва генерали артиши Шӯравӣ аниқ дарк мекард, ки агар Чеченистон аз тобеияташ барояд, даъвогарони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҷумҳуриҳои миллӣ зиёд мешаванд. Ин аст, ки Русия бо тамоми қувва нишон дод, ки ҳар касе чунин "номаъқулӣ" мекунад, сазояш ҳамин аст ва бояд бидонад, ки бо кӣ сару кор дорад. Яъне ба дигар хоҳишмандони соҳибистиқлол будан гуфт, ки агар милтиқ доред, фаромӯш накунед, ки мо тонкҳо дорем ва агар шумо як ё ду миллион ҳастед, мо беш аз сад миллионем. Ба маънии дигар Русия барои дигар ҷумҳуриҳои зертобеъи хеш гуфт, ки "дидед, он мардеро, ки даъвои озодихоҳиаш ба чӣ анҷом ёфт ва оқибат худ ва ҷумла пайравону артишаш ба чӣ аҳвол гирифтор шуд…". Ва пӯшида нест, ки дигар истиқлолхоҳон низ чун ҳоли зори Чеченистон ва дар хуну хокистар нишондани ин сарзамини зеборо диданд, сахт тарсиданд ва нафаси хеш фурӯ бастанд.

"ВЕЛИКОРУС"

Мақомоти Кремлин барои ҳадафҳои "великорус"- ии худ ба Грознии сохтаи худашон ва ба табаъаи худ ҳам раҳму шафқат накарданд. Ва то кунун ҳамагон шоҳиди ҳолем, ки дигар овози ҳеҷ кадоме аз ҷумҳуриҳои тобеъи ин давлати абарқудрат, барои аз ҳайати он баромадан ва ҳатто дар ин мавзӯъ ошкоро ҳарф задан то кунун намебарояд. Шояд бо "ин қудрату тавоноиашон" ва дар ин ҷаҳони пуршӯр, чунин ҷумҳуриҳои камнуфусу камқувват дар ҳайати як давлати бузурге чун Русия буданашон ҳазор бор беҳтар аст, ки дар танҳоӣ. Зеро бе ташвишу саргардониҳои зиёдатӣ оромона рӯзгорашонро саришта мекунанд.

ХАЁЛОТИ ШИРИНИ ГУРҶИСТОН

Ҷумҳуриҳои мухтори Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ҳам умрест, ки аз як қудратхоҳи майдатар аз Русия, яъне Гурҷистон роҳи халосӣ меҷустанд ва соҳибистиқлол шуданро орзу мекарданд. Шояд ба умеди ҳамсояи зӯрашон Русия буданд, ки ҷонибашонро мегирад. Ҳамин тавр ҳам шуд, вале…

Гурҷистон хаёл кард, ки барқосо ҳуҷум карда, Осетияи ҷанубиро ғасб мекунаду пасон бо Русия забон меёбад. Ва марди аввали гурҷӣ онро интизор набуд, ки ғули ҳамсоя маҳз пайти муносиб ва баҳонаи мувофиқро меҷӯяд, то Гурҷистони саркаш ва рӯ ба НАТО овардаро "дарси тарбиявӣ" омӯзад ва аз ду кишвари зебояш ӯро маҳрум созад.

ЧАРО ГУРҶИСТОН АВВАЛ НАДИД

ҶОЙИ ХУД…

Дар ҳақиқат, Гурҷистон, ки нисбат ба Осетияи ҷанубӣ қудратмандтар аст, ба осонӣ ва талафоти ночиз дар давоми як шабонарӯз ливои хешро дар маркази ин ҷумҳурӣ шаҳри Схинвали барафрохт. Русия дар ҷавоб чӣ кор кард? Гурҷистонро ҳатто аз қаламрави қонунии худаш то дарвозаи Тифлис бо чангу чағона ва бо гулу гулдаста (хонда шавад, бо танку тӯп) "гусел" кард. Ва гуфташ, ки "аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ". Дар мавриди он ки кадом ҷониб ҳақ асту кадоме ноҳақ, имрӯз ҷойи хулосабарорӣ нест, зеро ҳанӯз мубоҳисаҳо сари ин қазия идома доранд ва коршиносону таҳлилгарони воқеъбин баъдтар албатта ҳақиқати ҳолро барои мо хоҳанд гуфт. Ҷонибҳои мухолиф чунин иддао доштанд: Гурҷиҳо мегӯянд, ки "Осетияи ҷанубӣ сарзамини Гурҷистон асту осетинҳо дар он ҷо "меҳмонанд". Осетинҳо бошанд, "ин сарзамини худамон аст ва дар зери итоати гурҷиҳо зистан намехоҳем" мегӯянд. Ана сабаби асосии ҷанг чӣ буд, талош барои соҳибӣ кардани "манзили бобоӣ"… Ва Абхозистон низ чун Осетияи ҷанубӣ даъвояш як аст…

ПУШТ БА ДЯДЯ ВАНЯ ВА РӮ БА МИСТЕР СЭМ

Русия бошад, ба қавле миссияи "сағерапарварӣ"-и худро иҷро карданӣ шуда ба ҳамсояи ҷанубии солҳо дар доманаш парвардаву ва акнун ғарбгарояш "дарси адаб" омӯхт, ки пушт гардондан аз дядя Ваня ва рӯ овардан ба сӯи мистер Сэм оқибат фоҷиабор анҷом хоҳад ёфт ва ҳам ба пуштибонони мағрибии Гурҷистон кор гирифтан аз нирӯ, ба хусус қувваи низомиро нишон дод ва исбот кард, ки зӯри минтақа кист. Ва дар як фурсати кӯтоҳ артиши саропо мусаллаҳи Гурҷистонро ба зону нишонд…

ПИРӮЗИИ АБХАЗҲО ВА ОСЕТИНҲО

Пас аз хомӯш шудани муноқишаҳо ва пойдории тинҷиву оромӣ дар ин минтақа, агар фарохтар назар андозем ва сари он баҳогузорӣ бикунем, ки аз он ҳама муноқиша ва ҳамалоти низомӣ "кӣ бохту кӣ бурд кард?", воқеият ба андешаи мо чунин аст, ки Гурҷистон бо ин саросемагӣ ва зӯр нишон доданаш, хеле чизро бой дод. Ғайри талафоти ҷониву молӣ ва низомӣ, аз ҳама зарари гӯшношунидаш-ду ҷумҳурии тобеъашро шояд барои якумрӣ аз даст дод. Ҳамин аст, натиҷаи осемасар қарор қабул кардану носанҷида тасмим гирифтан ва ба умеди хоҷагони беруна шудан. Агар сатҳӣ бингарем, гӯё Абхозистону Осетияи ҷанубӣ бурд карданд. Ҳатто мардуми ин ду ҷумҳурӣ пирӯзиашонро аз болои Гурҷистон чанд рӯзе бо хурсандиҳо таҷлил ҳам карданд. Онҳо хаёл карданд, ки комилан мустақил шудаанду чун дигар давлатҳои дар асл соҳибихтиёр ҳама давлатҳои ҷаҳон истиқлолашонро эътироф мекунанд ва роҳбаронашонро сарони дигар давлатҳо дар пояи расмияти баланд пазироӣ мекунанд, бехабар аз он ки аз дасти як зӯр халос шуда, ба доми зӯре дигар афтоданд.

ИСТИҚЛОЛЕ, КИ ТАНҲО РУСИЯ

ОНРО ЭЪТИРОФ КАРД

Шояд аҳволи ин ду ҷумҳурӣ аз ин пас беҳтар шавад, зеро Русия давлати абарқудрат асту имкониятҳо ва тавони молиявию сиёсиаш нисбати Гурҷистони майда аз ҳар ҷиҳат бештар. Аввалҳои хатми ин ҷанг нахуст Русия ин ду ҷумҳуриро ба расмият шинохт ва аз дигар давлатҳо хоҳиш намуд, ки ба ӯ пайравӣ бикунанд. Вале сабаб чӣ бошад, ки овози кам давлате ҷиҳати ҷонибдорӣ ба гӯш расид ва то имрӯз ҳам ҳеч кадом давлате соҳибитиқлолии Абхозистону Осетияи ҷанубиро эътироф накардааст, ба ҷуз Русия? Ин муаммомест, ки онро шояд танҳо сиёсатмадорони баландпояи Русия, Амрико ва Фаронсаву Инглистону Олмон… медонанд. Ба назари мо "бурди" бештари Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ин аст, ки онҳо аз ин пас дар канори Русия хешро осуда ва бехавфтару қудратмандтар эҳсос мекунанд. Гарчанде ба таври худ ин ду ҷумҳурӣ мустақиланд, вале аз рӯи воқеият ёрӣ ва мададе, ки Русия имрӯзҳо ба ин ду ҷумҳурии халосшуда мерасонад, қариб ҳамранг аст ба дигар ҷумҳуриву минтақаҳои тобеъаш. Пас, маълум мегардад, ки ин ду ҷумҳурӣ аз Гурҷистони камбағал халос шуданӣ будаанду ба ҳайати Русия даромаданӣ? Шояд мақсаду маромашон ин буд?...

РУСИЯ БУРД КАРД Ё БОХТ?

Русияи абарқудрат дар ин ҷанг аз бурд дида, бештар зарар дид. Магар талафоти шаҳрвандон ва низомиёнаш, мабла?ҳои фаровони масрафшуда ва сарфи ба по рост кардани иқтисоди ин ду ҷумҳурии ҷангзада, ки албатта маблағҳои кам набуданд, магар осон аст? Бурдаш танҳо дар ин аст, ки ду шарики бовафои дигар ёфту мавқеашро, ки дар ин минтақа хеле коста буд дубора дар Қафқоз мустаҳкам кард. Ва мақсади асосии ин давлати "шарикталаб" ҳам аз аввал ҳамин буд. Ба илова ҷаҳони муосир ва хусусан он давлатҳои пештоз рӯшантар диданд, ки бо Русияи абарқудрат шӯхӣ намешавад ва танҳо бо гапи хуб ва бо мусолиҳа метавон муносибат кард. Ва пас аз ин бубинед, ки ҳар давлати қудратталаб имрӯз бо Русия бо тамкину мулоиматӣ сӯҳбат мекунад. Ҳатто мақомоти баландпояи Русия борҳо иброз доштанд, ки агар Гурҷистон ба ин кор даст намезаду бо хушӣ бо онҳо дар мулоқот менишаст, аз ин ду ҷумҳурӣ халос намешуд.

ШАХҶАНГ

Умуман, ҷанг ба касеву ба ҳеч кишваре хушӣ ва ободӣ наовардааст ва боз бештар ба он давлатҳое, ки қудратманд нестанд. Ва дар ин радиф Гурҷистон мисоли тоза аст, ки бо Русия дар "шохҷанг" шуд.

Бозиҳои сиёсӣ аслан барои онанд, ки давлате аз болои давлати дигар ҳукмравоӣ бикунад, ки садсолаҳост ин бозӣ идома дорад. Ва бозиҳои сиёсӣ агар тезу тунд шаванд, ба бозиҳои хавфноктар ба ҷанг мубаддал мегарданд. Ва дар ин бозии хавфнок бошад, хоҳу нохоҳ тарафе ғолиб меояд, ки яроқу аслиҳаи бештар дораду онҳо дар миёни ҷомеъаи ҷаҳонӣ нуфузи бештаре касб кардаанд. Ва мақоле ҳам дар ин радиф беҳуда пайдо нашуда: "Хочешь мира, готовся к войне". Маъниаш: "Зӯр шав, ки зӯри дигар нахӯрадат".

ЗИНДА БОД СУЛҲ!

Мо бошем, мегӯем: Аз ҳама болотар сулҳ асту дӯстӣ ва ҳамраъйӣ бо тамоми миллату кишварҳои ҷаҳон, ки халқи тоҷик чунин ният дошту дорад. Шояд он рӯз дур нест, ки ин ду ҷумҳурии озодидӯст ва истиқлолхоҳ- Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ ҳам чун ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон шинохта ва эътироф гарданд?!...


Неъматулоҳи НУРУЛЛОҲ,
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97