ИСТЕЪФО Истеъфои президент дар Покистон

Истеъфои ғайри маъмул

Дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ё ҷаҳони саввумӣ истеъфо калимаи луғатномавӣ буда камтар дар ҳаёти амалии сиёсӣ дида мешавад. Шояд аз ҳамин лиҳоз бошад, ки истеъфои генерал Мушарраф аз мақоми райёсатиҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи бисёреро ба худ ҷалб намуд ва ба хабари дараҷаи яки расонаҳои хабарии ҷаҳон табдил ёфт.

Аз сӯйи дигар вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон як мақоми бештар ташрифотӣ мебошад ва вазифаи калидиро дар ҳукумати Покистон нахуствазир иҷро мекунад, аммо президентии генерал Мушарраф аз он лиҳоз аҳамият дошт, ки ӯ як чеҳраи низомии нодир аз тариқи кудато ва ё табаддулоти низомии бехун дар соли 1999 ба ин вазифа расида буд ва тақрибан зимоми ҳамаи умури кишварро дар ихтиёр дошт. Воқеан ҳам ҷойи таъаҷҷуб аст, ки генерале, ки тақрибан бо қиммати ҷонаш ба ин маснад расид бо додани истеъфо курсии ҳукумату давлатро тарк гуфт. Ин як таҳаввули ғайри муқаррарӣ дар ҳаёти сиёсии як кишвари ҷаҳони сеюмие чун Покистон аст. Аз лиҳози равиши солими рақобатҳову муборизаҳои сиёсӣ, вақти аз қудрат канор рафтани генерал Мушарраф фаро расида буд ва истеъфои ӯ ҷавобгӯй ба дархости мардум ва аҳзоби сиёсии мухолифаш буд, ки бояд истеъфо медод. Маҳбубият ва пояи эҳтироми мардумии Мушарраф вақте дучори тазалзул шуд, ки Масҷиди Сурх (Лол масҷид)-ро дар қалби Исломобод мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод ва дигар додгустари олии Покистонро аз вазифааш ба хотири адами имзои машруъияти райъпурсиаш аз вазифа сабукдӯш намуд. Мутобиқи қонуни асосии Покистон як нафар наметавонад ҳам раҳбари низомӣ бошад ва ҳам Президенти кишвар. Генерал Мушарраф дар пайи гузаронидани як райпурсӣ хост ин номумкинро мумкин намояд, аммо додгустари олӣ инро қабул накард ва ба машруъияташ имзо нагузошт, ки дар натиҷа аз вазифааш маҳрум шуд. Вале додгустари олӣ таслим шудан дар баробари "қазои заминӣ"-ро тарҷиҳ надод ва муборизаи қонунии худро идома дода билохира баъди талошҳои зиёде муваффақият насиби ӯ шуд. Ӯ дубора ба курсияш нишасту генерал Мушарраф аз курсияш рафт.

Пухтагии демократия дар Покистон

Достони ба қудрат расидани генерал Мушарраф ва аз мансабаш истеъфо додани ӯ баёнгари пухтагии демократия дар Покистон мебошад. Мухтасари қисса ин аст, ки соли 1999 генерал Мушарраф ҳангоми баргашт аз сафари хидматӣ аз Срилонко(Шри-Ланка) ҳавопаймояш иҷозати фуруд омадан дар фурудгоҳи Карочиро наёфт дар ҳоле, ки маводи сӯхти ҳавопаймо хеле кам монда буд ва ба ҷуз фурудгоҳҳои наздиктарин дар ҷойи дигар фуруд омада наметавонист.

Аз ҳаво Парвиз Мушарраф бо генералҳои ҳамҳалқааш кудатои низомиро ташкил намуда бе резонидани хун табаддулоти муваффақеро амалӣ намуд ва нахуствазир Муҳаммад Навоз Шариф аз симати садри аъзамӣ барканор шуд. Генерал Мушарраф баъди ба курсии қудрат такя задан тасмим гирифт Навоз Шарифро бадарға намояд ва ӯ солҳои тӯлониро дар Арабистони Саудӣ дар табъид ба сар бурд. Ин тақдир ҳамчунон насиби собиқсарвазири дигарӣ Беназир Буту низ шуд, вале ӯ на дар Арабистон, балки дар Бритониё дар табъид зиндагӣ кард. Аммо ҳизбҳои сиёсии ҳам Навоз Шариф - ҳизби Лигаи мусулмонҳо ҷиноҳи Навоз ва ҳам ҳизби мардумии Покистон бо раҳбарии марҳума Буту фаъолиятҳои худро дар дохили кишварашон идома доданд ва ҳаргиз дучори манъи фаъолият нашуданд. Гузашти айём ва таҳаввулоти сиёсӣ соли гузашта ин раҳбарони сиёсии сегонаи Покистонро боз сари мизи музокирот нишонд ва тасмим гирифтанд дар ояндаи Покистон ҳама саҳим бошанд. Дар замоне, ки ҳанӯз ҳам генерал Мушарраф дар сари қудрат буд ин лидерони табъидӣ вориди сарзамини худ шуданд ва ба фаъолиятҳо ва рақобатҳои сиёсии худ идома доданд. Мардум,ҷунбишҳо ва аҳзоби аз ҳукми артиш ба сутуҳомада баъди талошҳои тӯлонӣ оқибат интихоботи парлумониро дар моҳи феврали соли ҷорӣ баргузор карданд, ки дар он аксарияти курсиҳоро аҳзоби мухолиф ба даст овард ва ҳамин гуна доираи қудратро барои генералҳо ва дар раъси он Парвиз Мушарраф тангтар намуданд ва билохира талошҳои онҳо ба натиҷа расид. Парвиз Мушарраф истеъфо дод. Вақте як раисҷумҳур ва ё як мақоми дорои қудрату маснад дар баробари норозигиҳо истеъфо медиҳад ин баёнгари як ҳақиқати бузург аст ва он ҳақиқат ин аст, ки ҳукумат аз мардум метарсад ва ин бузургтарин шохисаи демократия ҳаст ва нузҷу пухтагии мардумсолориро ба намоиш мегузорад. Баръакси ҳукуматҳои тоталитарӣ ва диктаторӣ, ки дар он мардум аз ҳукумат метарсанд.

Сарнавишти Мушарраф баъд аз истеъфо

Як саволи бисёр муҳим ин аст, ки сарнавишти генерали машҳури покистонӣ баъди истеъфо чӣ хоҳад шуд? Мухолифони Мушарраф сару садоҳо баланд мекунанд, ки бояд ӯ ба хотири амалҳои ношоями худ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Албатта эътирози мухолифин, ки ҳамакнун садои ҳукумат метавонад бошад, амри наве нест. Аз вакқти ба қудрат расидани Мушарраф эътирозҳои зиёде шунида мешуд. Ин, ки Мушарраф диктатор ҳаст ва ҳукумати демократиро аз байн бурд ва иттиҳомоте аз ин қабил.

То навишта шудани ин матлаб ҳеч хабару овозае роҷеъ ба хориҷ рафтани Мушарраф ва ё паноҳ бурданаш ба кишварҳои хориҷӣ вуҷуд надорад ва ин, ки Мушаррафро бо горду бо ташрифоти расмӣ аз қасри зебои мармарин баъди истеъфо гуселониданд метавонад фарзия дар дохили кишвараш мондану ба фаъолиятҳои низомӣ идома додани Парвиз Мушаррафро тақвият намояд.

Зоҳиран ба истеъфо рафтани Мушарраф метавонад то ҳадде оташи хашму интиқомҷӯии мухолифинашро пасттар намояд. Аз суйи дигар генерал Мушарраф пайваста изҳор медорад, ки ҳеҷ далели хурдтарине алайҳи ӯ вуҷуд надорад ва дар ҳар муҳокимаву доварие инро метавонад исбот намояд. Парвиз Мушарраф инро пайваста бо қотеъият мегӯяд.

Ин, ки шахси Мушарраф фосид нест ва аз қудрат ба хотири манофеъи шахсияаш истифода набурдааст низ метавонад қуввати дили президенти ба истеъфо рафта бошад. Мушарраф муътақид аст, ки тасмимҳои қотеъе, ки ҳангоми дар раъси ҳукумат қарор доштанаш гирифтааст барои Покистон будааст.

Асосан шахси Парвиз Мушарраф ҳамчун генерали даст ба сиёсат зада баъди ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар сатҳи ҷаҳон матраҳ ва маъруф шуд.

Мушарраф ва қудрат дар Покистон

Ба қудрат расидани генерал Парвиз Мушарраф, гарчанде раванди демократияро дар Покистон хатчадор намуд, вале бешак як таконе барои Покистон буд. Генерал Мушарраф дар ҳассостарин марҳилаи сиёсӣ барои кишвараш зимоми қудратро ба даст гирифт ва ба таъбири худи ӯ "кишварашро аз вартаи ҳалокат наҷот дод".

Бешубҳа Ҳукуматро дар сарзамини паҳноваре мисли Покистон ва бо ҷамъияти 150 000 000 ба даст овардан барои ҳиҷ гурӯҳу ҳизбе саҳлу осон нест. Худи генерал Мушарраф бо хатари аз даст додани ҷонаш рӯбарӯ шуд то бо генералҳои ҳамҳалқааш табаддулоти давлатӣ карда қудратро ба даст гирифт.

Ҳанӯз 2 сол аз ҳукмравоии нисбатан ором нагузашта буд, ки вазъият сахт тағйир ёфт ва генералҳои покистонӣ бо тасмимгириҳои мушкиле мувоҷеҳ шуданд.

11 сентябри соли 2001 баъди он, ки маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар ИМА мавриди ҳамлаи маргталабона қарор гирифт телефони қасри раисҷумҳури Покистон занг зад ва бо бардоштани гӯшӣ Президент Мушарраф худро дар баробари саволе басо мушкил дид. Аз он тарафи хатти телефон оқои Буш меистод ва саволаш ин буд, ки "Ту бо моӣ, ё бо даҳшатгарон"?

Парвиз Мушарраф риски бузургеро ба ӯҳда гирифта бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар набард алайҳи террор ҳамсаф гардид. Ба ҳаракати Толибон пушт гардонд ва аҳзобу гурӯҳҳои ҷиҳодӣ мисли: "Лашкари Таййиба" , "Ал-Бадр", "Ҳаракат-ул-Муҷоҳиддин", "Ҷайши Муҳаммад" ва дигаронро дар дохили Покистон мамнӯъ қарор дод ва афроди мансуб ба онҳоро боздошт кард. Марзҳои худро бо Афғонистон таҳким бахшид ва тақрибан 500 нафар аз аъзои гурӯҳи Толибон ва Ал-Қоидаро дар Покистон дастгир намуда ба ИМА таслим дод. Бо ин корнамоиҳо генерал Мушарраф борҳо мавриди таҳсини Кохи сафед қарор гирифт ва кӯмакҳои зиёдеро ба иқтисоди кишвараш ҷалб кард. Артиши Покистон аз лиҳози низомӣ дастгирӣ ёфт ва Мушарраф ба баланд бардоштани сатҳи таълим ва тарбия низ аҳамияти хос дод. Ӯ дар кишвараш сиёсати мавсум ба "enlighten moderation-миёнаравии рӯшанфикрона"- ро пиёда кард ва дар сарзамине, ки бар асоси идеологияи исломӣ бунёд шудааст шиори: "саб се пеҳле Покистон" - "пеш аз ҳама Покистон"-ро сар дод. Исломгароёни Покистонӣ ба ғазаб омада дар муқобил шиори "саб се пеҳле Ислом-пеш аз ҳама Ислом"- ро баланд бардошта алайҳи сиёсатҳои Парвиз Мушарраф нидо баланд карданд.

Генерал Мушарраф бо ин корҳо мехост мисли Мустафо Камол Отатурк Покистонро ба Туркия табдил диҳад ва аз он як кишвари дунявӣ бо "исломи мӯътадил" бисозад. Вале натиҷаҳои кор воруна шуд ва дар Покистон ифротгароӣ авҷ гирифт ва Толибонизм доман паҳн кард.

Ҳукумати бе Мушарраф ва толибонизм дар Покистон

Таҷрибаи низомиёни даст ба сиёсатзада дар тӯли наздик ба як даҳаи гузашта ин воқеъиятро дар Покистон рӯйи об овард, ки саркӯбӣ ва муборизаи бераҳми низомӣ алайҳи гурӯҳҳои тундравӣ мазҳабии Покистон на ба нобудӣ, балки ба айёр шудани онҳо оварда мерасонад. Дар замони ҳукумати Беназир Бутуи марҳум Толибон меъморӣ шуданд ва ба далели ҳимояту баъзе имтиёзҳо танҳо дар он сӯйи марзи Покистон даст ба фаъолиятҳои низомӣ заданд ва аморати исломиеро дар Афғонистони муҷовир бунёд карданд, ки умри зиёде надид.

Аммо баъди сиёсатҳои омехта ба зӯргӯиву қудратнамоии низомиёнаи Мушарраф теша ба решаи Покистон хурд ва ин мамлакат дар чоҳи кандааш худаш афтид. Яъне толибонизм дар дохили Покистон даст ба фаъолиятҳои низомӣ зад ва ҳатто наздик омад шаҳри Пишовар маркази музофоти Шимол Шарқии Покистонро ба тасарруфи худ дарорад. Толибони Покистон ҳам акнун дар сангарҳои худ зери роҳбарии Байтуллоҳ Меҳсуд мусаллаҳанд ва бояд мунтазир шуд то равшан шавад, ки ҳукумати бе Мушаррафи Покистон аз чӣ равишу бархурде бо онҳо кор мегирад ва бо ин чолиши дараҷаи аввали амниятии худ чигуна бархурд мекунад? Албатта ҳукумати эътилофии навин, ки аксаран аз неруҳои демократхоҳ иборат буд, акнун аз дарди сари низомиён халос шудааст.Ҳукумати бе Мушаррафро лозим аст аввал дар интихоби раисҷумҳур ва шояд ҳам интихоби дубораи нахуствазир аз ҳикмат кор бигирад ва баъдан бо роҳҳои муносибтаре бо мушкилӣ толибонизм, ки ором-ором ба як неруи маҳорношудание табдил ёфтааст, бархурд намояд. Маҳз дар чунин ҳолат Покистон метавонад ояндаи беҳтареро барои худ таъмин намояд ва бо ҳамсояҳои худ равобити тиҷоративу бозаргонияшро густариш диҳад.


Саъдӣ ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97