МОЕМ ОҶИЗУ НОТАВОН…

Ками дар кам иттифоқ меафтад, ки вокуниш ва нуқтаю назари ҳукумат оиди ин ё он масъалаи дохилию хориҷии мамлакат ба фикру андешаи тамоми мардуми кишвар мувофиқ афтад. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро оиди фоҷиаи мудҳиши Фаластин ифодагари иродаи кулли мардуми мусалмони Тоҷикистон метавон арзёбӣ кард. Ин изҳороти дафтари Ҳамрохон Зарифиро аз ҷониби дигар чун тақвият ва таҳкими ҷашнвораи Имоми Аъзам низ бояд донист.

Агар Худо накарда вазорати корҳои хориҷии кишвар оиди ин фоҷиаи мудҳишу нангини ба сари мусалмонон омадаи Фаластин хомуширо ихтиёр менамуд, дар он сурат ҷашнвораи Имоми Аъзам дар назари аҳли фаҳм аз иди "Харбуза"-ю "Чакан" чизи бештаре наменамуд.

Дар муносибатҳои байналмиллалии ҷаҳони муосир имрӯзҳо нақши мазҳаб хело муасир гардида, дар ҳалу фасли зиддият ва муноқишаҳои миёни давлатҳо ва иттиҳоди онҳо метавон онро омили (фактор) асосӣ ҳисобид. Фоҷиаи Фаластин худ далели ин даъвост. Пайравони динҳои калимӣ, насронӣ ва буддоию яҳудӣ аз рӯз то рӯз рушду густариш намудани дини ислом ба ҳарос афтода буҳрони мазҳабии адёни худро аз омилҳои дохилии мазҳаби худ надида, балки бо тассуби зиёди куркурона ҳамаи буҳрону таназули маънавии дину ҷомъеаи худро аз ислом дониста, душманию хусумати махфию ошкорои худро зидди ислом ҳамеша пиёда месозанд.Фоҷиаи Фаластин маҳсули маҳз ҳамин гуна сиёсати муғризона мебошад. Соли 1947 резолюсияи СММ дар бораи таъсиси давлатҳои Фаластин ва Исроил ба тазҳиб расида буд. Худи ҳамон сол давлати Исроил таъсис дода шуд, вале то ба имрӯз ин қарори СММ дар бораи ташкили давлати Фаластин амалӣ нагаридааст. Ба ҷои он ки ин созмони бонуфузи байналхалқӣ аз паи иҷрои қарори худ бошад, пайваста сиёсати зиддиисломиро пайгирӣ мекунад. Интервенсияи Амрико ва шариконаш ба Ироқ ва Авғонистон ва фишорҳои пайдарҳами онҳо ба Ирону Сурияву дигар мамлкатҳои мусалмоннишин аз ҷониби ин давлатҳои насронӣ хоҳу нохоҳ аз сиёсати зиддиисломии ин созмони дар зери таъсири сиёнизм монда ва аз юриши кайҳо оғозгардидаи салибӣ муқобили ислом дарак медиҳад.Ин созмони бонуфузи байналмиллалӣ ба ҷои он, ки ба рисолати худ таъмини сулҳу субот ва амният дар сайёра пайгирӣ дошта бошад, фаъолияти ҳамарӯзаи хешро дар тақсим намудани презрвативҳо дар давлатҳои камбағали Осиё ва Африқо мебинад. Воқеъа ва руйдодҳои хунини охири асри ХХ ва даҳаи аввали асри навин нишон медиҳанд, ки ин созмон таъсиру нуфзи пешинаи худро кайҳо аз даст додааст ва вақти таъсиси иниситути нави байналхалқӣ кайҳо фаро расидааст. Бояд бо назардошти омили муҳими дар боло овардашуда, яъне таъсиру нуфузи динҳо дар ҷаҳони муосир Созмони нави байналхалқие таъсис дода шавад ва бояд овози вето байни намояндагони ҳамаи динҳои бонуфуз бо таври баробар тақсим гардад. Демократия ва озодию адолати Ғарб то ҷоест, ки кор ба манфияти худи вай буда, он ҷое ки манфияти ислом оғоз мегардад ин арзишҳо ва ормонҳои инсонӣ фаромӯш шуда, ҷойгузини онҳо тиру туфанг ва ракетаҳо мегарданд. Шарқи мусалмонӣ дарк намуд, ки демократия ва озодии Ғарб ба ҷони кори он дар намехӯрад, аз паи тармими арзишҳои аслию зотии хеш гардида барои ташаккулу таккамули амалии онҳо пайваста сайъ мекунад ва ин ҳаракати худшиносию худсозии Шарқ ба Ғарб на он қадар писанду хуш меояд ва он қисми фаъол ва муборизи онро бо номҳои "террористон" ва "фундаменталистон" ном бурда дар тамоми олам бадном гардонида ҳамаи кирдорҳои зишту хунхоронаи худро бо ин васила руйпӯш мегардонад. Замони пуршиддатии ҷанги сарди Ғарб ба муқобили Ирон як нафар рӯзноманигори иронитабори бритонӣ аз тарафи хадомоти бехатарии Ирон бо ҷурми ҷосусӣ дасгир гардида буд. Барои наҷоти ин бону ҳамоно артиши Британия фармони омодабошро гирифта ба ҷанги зидди Ирон ба омодагӣ шуруъ намуд, зеро ин ҷо манфияти худи онҳо дар зери хатар буд. Дар Фаластин бошад хуни садҳо кудакону занону пирон рехта гардид ва барои пешгирии ин фоҷиаи нангини асри ХХ1 касе сари дупо намешавад. Исроилиёни таҷовузкор дар муқобили аҳолии бепушту панҳои Фаластин аз яроқи маргбори шимёвӣ низ истифода намуданд. Бинобар шоҳидии шахсони ин даҳшатро аз саргузаронида касони дар зери таъсири бомбаҳои исроилӣ монда, баъди як рӯз пусту гушташон аз бадан нобуд гардида, танҳо аз онҳо устухонҳояшон боқӣ мемондааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва пуштибонҳои онҳо бошанд ин фактро нодида гирифта бо баҳонаи яроқи ҳастаӣ (мавҷудияти онро то ҳол касе исбот накардааст) сарзамини ободи мусалмононро ба хок яксон намуда, ин хокро бо хуни ҳазорон-ҳазор мардуми бегуноҳи ироқӣ оғушта гардониданд.

Ҳамос бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ба сари қудрат наомадааст. Он бо райъи мардум дар интихобот пирӯз гардида буд. Мардуми Фаластин роҳи наҷотро аз дасти ҳукуматдорони фасодзадаи Фатҳ дар интихоби Ҳамос дида ва райъи худро ба он доданд. Чӣ тавре, ки дар боло ишора гардид ин тарзи интихоби демократӣ ба манфиати Ғарб ва шарикони сиёюнисташ дар нахӯрд, ҳамоно даст ба таҷовуз зада, мардуми осоиштаи Фаластинро барои баёни райъи худ зери бомбаҳои марговари шимёӣ кашиданд. Оё ин кирдори ваҳшиёнаро метавон мансуб ба ақли солим донист?! Рафтору кирдори аксар мамлакатҳои бо ном мутаммадини Ғарб нишон медиҳад, ки ТАЪРИХ барояшон на василаи сабақомӯзӣ балки аз як воситаи манманию бузургманишӣ ва дастбасиназаниҳо бештар чизе набудааст. Ин гуна касон фаромӯш намудаанд, ки кори ҷаҳони имрӯзаро наметавон дигар бо усулу тарзи македонӣ, наполионӣ, ҳитлерӣ ба манфияти давлату салтанати худ ҳалу фасл намуд. Фоҷеиаи ба сари халқи Фаластин омада нишон дод,ки то чӣ андоза филмҳои пур аз саҳнаҳои даҳшатбори ҷангу марги Галивуд дар мағзи аксари инсонҳо кори худро кардааст. Ба чашми бештари мардуми Сайёра амалиётҳои ҳарбии таҷовузкоронаи аскарони НАТО ва Исроил дар Ироқу Авғонистон ва Фаластин монанди саҳнаҳои филмҳои Голивуд як рангу яксон менамояд. Вагарна инсонҳо ба тақдири ҳамҷинси худ чунон бепарвоёна муносибат намекарданд. Ҳеҷ не мебоист фавҷ-фавҷ ба майдонҳо баромада ақлан ба таҷовузкорон лаънату нафрини худро хонда, ҳарчӣ хотима ва қатъ намудани таҷовузгариро талаб менамуданд.

Ҳангоми субҳи барвақт гузоштани нуқта ба ин мақола фаро мерасид ва дар ҳамин ҳангом овози муаззини масҷиди маҳалла баланд садо медод: "Аллоҳу акбар!, Аллоҳу акбар"!...

Оре,Худованд бузург аст, моем мусалмонон оҷизу нотавону кӯчак!


Неъмат НЕЪМАТЗОДА,
махсус барои
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97