Ҳамагӣ дар давоми ду ҳафта, беш аз 600 (шашсад!) фаластинӣ, ки ағлаби онҳо занону кӯдакони бегуноҳ буданд, дар ҳамлаи артиши Исроил ба навори Ғазза кушта шуданд. Наздик ба 3000 (се ҳазор!) ИНСОН бо гуноҳи он, ки фаластинӣ ва мусулмон буданд, дар пайи ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроил, ки аз роҳи ҳавову замин анҷом мегиранд, захмӣ гаштанд. Акнун аз ин сарзамини муқаддас, аз сарзамине, ки қадамҷойи паёмбарони поки Худованд Мӯсои Калимуллоҳ ва Исои Рӯҳуллоҳ (а) буд, бӯйи хуни тифлакон, модарон, дӯшизагон, бӯйи хуни бечорагон ва дигар азизони фарзанди ОДАМ меояд.
Дар ин сарзамини тамаддуновар акнун аз бемаданиятиву худкомагиву хирасарии як артиши ғосиб танҳо садои нолаи наврасон барои модару падару хоҳару бародару бобои азизаш, овози навҳаи ҷонгудози духтарони чашм ба роҳи дилдодагон, ки дигар мафқуду шаҳиданду оғӯшта ба хуну хок ва садои модари зоре, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш мебоист фарзандашро хонадор кунаду имрӯз онро тири сарбозони як лашкари ғаддор аз байни дӯстонаш дар наздикии хонааш ҷудо кард, ба гӯшҳо мерасаду ашки ҳар ИНСОНро, ки бо отифаи одамӣ зиндагӣ дорад, аз чашмонаш мерезонад.
ЧАРО?
Чаро чунин ҳолатҳо дар ин қарн, қарне, ки инсоният бо ақли пешрафтааш дар андешаи аз худ кардани сайёраи Миррих аст, рух медиҳанд? Чаро? Чаро муддаиёни дифоъ аз ҳуқуқи башар ҷилави ин беинсофиву ваҳшониятро намегиранд? Чаро ҳамаи инсонҳоро, ҳама ҳодисоти ҷаҳонро бо чашми ҳақиқатбин намебинанд? Магар фаластинӣ ИНСОН нест? Магар барои исроилӣ ҳамчун ЯҲУДӢ зистан равосту барои фаластинӣ МУСУЛМОН будану зистан гуноҳ аст? Чаро агар фаластинии бесилоҳ дифоъ аз марзу буми хеш намояд ТЕРРОРИСТ хонда мешаваду исроилии муҷаҳҳаз бо аслиҳаи навтарин ба хонаи фаластинӣ ҳамла бурда, аз кӯдаки гаҳвора то пири навадсолаи онро мекушад, ТЕРРОРИСТ нест?
ИСРОИЛ ЧӢ МЕХОҲАД?
Чаро Ҳамос аз муқовамат даст барнамедорад? Дар чанд даҳаи аввали қарни бистум ишғолгарии кишварҳои ғарбӣ, минҷумла, Инглистон дар Шарқ ҳамоно идома дошт ва сарзамини таърихии Фаластин, аниқтараш Исроили имрӯза ҳамроҳ бо бахше аз заминҳои наздимарзии Мисру Лубнону Урдун таҳти қаймумат (мандат) -и идораи англисҳо қарор гирифт. Ин сарзамин аз соли 1920 то соли 1948 таҳти қаймумати англисҳо буд ва дар соли барои фаластиниҳо номуборак ва сиёҳи 1948 дар хоки онҳо давлате зуҳур намуд, ки онро Лигаи миллатҳо (номи аввалаи СММ) Исроил ном ниҳод.
Маҳз аз ҳамон сол то имрӯз дар ин минтақа дигар оромӣ нест. Новобаста ба ин ки дар минтақа аз рӯзи зуҳури Исроил оромӣ нест, ин давлати ҳамагӣ 50 сола ягона кишвари дорои силоҳи атомӣ дар Ховари Миёна мебошад.
Ба ибораи дигар Исроил давлатест, ки дар Ховари Миёна аз лиҳози низомӣ нирӯмандтарин маҳсуб мешавад. Ин давлати ҷавонро мақомоти Кохи Сафед онгуна дӯст медоранд, ки агар як шаҳрванди яҳудитабори он кушта ё рабуда шавад, ҳампаймононашро ба по мехезонанд ва хоки қотилу гаравгонгирро бо ғирболе, ки торҳои тураш аз раги инсонҳои оҷизу нотавон бофта шудаанд, мебезанд. Аммо дар ин кишвар мардуме ҳам зиндагонӣ мекунанд, ки онҳоро фаластинӣ мегӯянд ва агар дар як ҳафта беш аз 300 нафари онҳо кушта шаванд, гӯиё ҳеҷ касе кушта нашудааст.
Муҷоҳиддини фаластинӣ ва ҷавонмардони қаҳрамони ин мардуми ташнаи истиқлолият беш аз шаст сол барои истиқлол мубориза мебаранд, аммо мутаасифона он барояшон то имрӯз муяссар нашудааст.
Ҳизбу ҷунбишҳои зиёди миллии озодихоҳӣ дар ин муддат рӯи кор омаданд, ки машҳуртарини онҳо Фатҳ ва Ҳаммос мебошанд. Нуфузи Фатҳ-ҳаракати озодибахши Фаластин бо даргузашти раҳбари фақиди он Ёсир Арафот дар миёни мардум суст шудан гирифт ва обрӯи Ҳаммос - ҳаракати муқовамати исломии Фаластин афзоиш ёфт. Дар давоми чанд соли охир, кор то ҷое расид, ки Ҳаммос дар интихоботи парлумонӣ райъи аксари мардумро ба даст овард ва Исроил эҳсос намуд, ки нуфузи Ҳаммос дар миёни мардуми озодихоҳ афзоянда аст ва бо дархости идораи Тел-авив ин ҳаракат ба рӯйхати созмонҳои терористии ҷаҳон дохил карда шуд. Вале давлати Исроил бо ин роҳ натавонист Ҳаммосро, ки дар асл ҳаракати мардумӣ барои ба даст овардани истиқлолият мебошад, ба ҷаҳониён ҳамчун СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТӢ муаррифӣ кунад. Дар ниҳояти кор мақомоти Тел-авив, дар ҳоле, ки дар саросари ҷаҳон омодагӣ ба таҷлили милоди Масеҳ идома дошт, ҳамлаҳои густардаи низомиро ба навори Ғазза роҳандозӣ намуд. Албатта иддаъои Исроил он аст, ки дар ин ҳамлаҳо низомиёни Ҳаммосро нобуд карданист. Аммо воқеъият дигар аст. Исроил на танҳо ҳаммосиҳоро, балки ҳамаи фаластиниҳоро ҳадаф қарор медиҳад, зеро онҳо ҷонибдори Ҳаммос буданд ва тарафдори он боқӣ мемонанд. Аз ҳамин рӯ артиши Исроил бо анҷом додани ҳамалоти ҳавоӣ "қаноат" накарда, низомиёни пиёдагарди худро барои қатли кӯдакону занон вориди навори Ғазза кард.
ДАРДИ ДИЛИ САРКОЗӢ
АЗ ҚАТЛИ ОММИ ФАЛАСТИНИҲО
Акнун пас аз он,ки мушоҳидаи қатли инсонҳои бегуноҳ дили Николя Саркозӣ президенти Фаронсаро ба дард овард, ҳамагӣ пай бурданд, ки ҳадафи асосии Исроил, тавсиаи қаламрави худ, ғасби заминҳо аз ҳисоби фаластиниён ва бунёди як давлати пурқуввати яҳудӣ дар сарзамини муқаддасу мубораки Фаластин аст.
Аз дигар ҷониб, Ҳаммос ва мардуми Фаластин пайваста кӯшиш бар он доранд, ки истиқлоли сиёсӣ ба даст биёранд ва бо ин роҳ битавонанд аз ғаму кулфати беш аз нимасра раҳо шаванд.
ҲАММОС ВА АЛ-ҚОЙИДА
Аз ҷанги нобаробари Исроил бо фаластиниҳо маълум мегардад, ки Ҳаммос нирӯи қавии низомӣ надорад ва пеш аз ин ҳам надоштааст. Далели ин гуфтаҳо кушта шудани беш аз шашсад фаластинӣ ва ҳамагӣ шаш исроилӣ мебошад. Агар Ҳаммос дар воқеъ ҳаракати терористӣ мебуд, албатта ба дохили шаҳрҳои асосии Исроил ба ҳар васила роҳ меёфт ва ин кишварро аз дохил бо ҳамлаҳои истишҳодӣ такон медод. Зеро фаластиниҳо аз ночорӣ анҷом додани амалиёти истишҳодӣ, яъне шаҳодаталабиро дигар барои худ раво медонанд. Агар Ҳаммос ба монанди созмони Ал-қойидаи Усома бин Лодан созмони террористӣ мебуд, биноҳои баландошёнаи Тел-авив ва Кнессет (парлумон)-и онро бо ҳавопаймоҳои худи Исроил ҳадаф қарор медод. Ё ба миқдори баробари кушташудагони фаластинӣ мардуми осоишта ва ё низомиёни исроилиро ба қатл мерасонид. Натиҷаи ду ҳафтаи ҳамлаи Исроил болои Ҳаммос наздик ба 600 фаластинии кушта ва ҳамагӣ 6 яҳудии ҷон бохта аст. Шаш куҷову шашсад куҷо?!
Вақте ба хисороти ҷанг менигарем мебинем, изҳороти ташвишомези мақомоти Тел-авив оид ба тавоноии низомии Ҳаммос бештар ҷанбаи таблиғотӣ ва воҳимаангезӣ доранд. Агар ҷанговарони Ҳамос дар ихтиёри худ масалан рокетҳои кӯтоҳпарвоз медоштанд, магар дар баробари ин ҳамлаҳои хунин хомӯш менишастанд? Дуруст аст, ки Ҳаммос рокетҳое бо номи "Ал-қассом" дар ихтиёр дорад. Вале дар ҳич расонаи хабарии ҷаҳон ахбори хисороти муҳлики ҷониби Исроил аз партоби мушакҳои Ҳаммос нашр намешаванд? Шояд ин бештар ба силоҳи ҳастаии Саддом Ҳусайн шабоҳат дошта бошад.
Дар ҳоле, ки ба ҷонибдории мардуми Фаластин дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳамойишҳои мардумӣ барпо мешавад, бархе ҳукуматҳо аз қабили ИМА ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроилро дар навори Ғазза дастгирӣ намуда, давлати яҳудиёнро ҳимоя мекунанд.
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗИЯИ ФАЛАСТИН
Ахиран Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронии худро аз шиддатёбии ҷанг дар Ғазза иброз дошт. Чанде пештар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории як ҳамойиш ҳамбастагӣ ва ҳамдилии худро ба мардуми мазлуми Фаластин изҳор дошта буд.
Аммо як чиз ҷойи таассуф дорад, ки инъикоси қазияи Фаластин дар расонаҳои хабарии кишвар, бахусус телевизиони расмӣ бо таъсир ва тарҷумаи хабарҳои телевизионҳои таблиғотии русӣ сурат мегирад. Мардуми мо то ҳол дидгоҳи хоси худ ба доғтарин қазияи ҷаҳон, ки даҳсолаҳо боз ҳалли худро намеёбад, надоранд. Мебояд дар расонаҳои хабариву иттилоотии кишвар чунин масоили мубрами умумибашарӣ ба таври густарда, аз дидгоҳи коршиносони ватанӣ баррасӣ шавад. Ин метавонад дар тавлиди дидгоҳи мустақили мардуми мо ба қазияи Фаластин нақши асосӣ бозад. Қарори маълум ҳеҷ як расонаи хабарии Тоҷикистон қудрати фиристодани хабарнигор ба нуқтаҳои доғе чун Фаластинро надоранд. Пас дар ин ҷо нақши коршиносони тоҷик метавонад гузинаи беҳтарин барои ин камбудӣ бошад.
Зоҳири ДАВЛАТ