БҲУТТО Ё БУТУ?
Ҳич инсон дӯст намедорад, ки ном ё насабаш ғалат гирифта шавад ё ҳатто як ҳарфаш нодуруст навишта ё талаффуз гардад. Боре бо меҳмонони чинӣ ҳамсӯҳбат шудам, ки аз дасти ғалат гирифтани номашон ба худ номи русӣ интихоб намуда буданд. Гузашта аз ин дуруст талаффуз кардани ном амрест, ки таълимоти дини мубини Ислом ба он таъкид дорад. Пайғамбари Худо (с) ҳаргиз номи касеро каҷ намегирифт ва номҳоро тавре талаффуз мекард, ки соҳибном дӯст медошт онро ҳамон гуна бишнавад.
Масалан, агар Пайғамбари Худо(с) медонист, ки Аҳмадро Аҳмадҷон гуфта садо кунӣ хушаш меояд, ӯро ҳамеша Аҳмадҷон садо мекард, албатта ногуфта намонад, ки пасванди "ҷон" хоси тоҷикону мардумони аввом ва урдуву ҳиндизабонон аст ва дар байни арабҳо ин маъмул нест. Инро барои мисол овардам.
Номи Беназир пайваста дар кишвари мо дуруст талаффуз мешуду мешавад, вале номи хонаводагиаш ё насабаш, ки аз номи қабилааш гирифта шудааст, пайваста ғалат талаффуз мешавад. Асосан давлати мо дар ҳамсоякишварҳои наздике чун Афғонистону Покистону Ҳинд ҳич хабаргузорие надорад ва хабарҳои марбут ба ин минтақаву кишварҳоро аз тариқи расонаҳои дигар ва асосан русӣ ба даст меорад.
Монанди англисӣ урду ҳам ҳарфҳои бесадо дорад ва яке аз ин ҳарфҳо ҳарфи "ҳ- "-и урдуӣ ҳаст .
Номи хонаводагӣ ва ё насаби Беназир дар забони урду бо "ҳ" навишта мешавад - "Бҳуту-( )". Покистониҳо ин номро бо ҳуруфи англисӣ ин гуна менависанд: BHUTTO. Аммо ҳам худи покистониҳо ва ҳам англисҳо ин навиштаро мисли мо "БҲУТТО" намехонанд. Ин ғалат аз матбуоти русӣ ба матбуоти тоҷикӣ гузаштааст. Русҳо чун асосан аз матбуот ва хабаргузориҳои англисизабони Покистон истифода мекунанд, ин номро чунин хонданд: "Пхутто". Дар ҳоле, ки ҳарфи "О" дар англисӣ на ҳамеша "О" талаффуз мешавад. Вақте он дар охир омад, одатан "у" хонда мешавад. Ва ҳарфи "H"-и англисӣ баъди "B"-и англисӣ бесадо ҳаст ва талаффуз намешавад. Пас "BHUTTO" - бояд "БУТУ" хонда шавад на "БҲУТТО" ё "ПХУТТО".
ЁДБУДИ МАРГИ БЕНАЗИР БУТУ ДАР ПОКИСТОН
Дар шаҳрҳои умдаи Покистон аксҳои бузурги марҳума Беназир Буту гузошта шуда ва ҳазорон нафар аз ҳаводорони ин бонуи мақтули покистонӣ, ки соле қабл ба шакли мармузе кушта шуд, барои адои эҳтиром ба назди он меоянду шамъ меафрӯзанду дуъохонӣ мекунанд. Рӯзи шанбеи гузашта дар иҳотаи ҳазорон нафар пулис Осиф Алии Зардорӣ ба Гарӣ Худобахш деҳае, ки ҳамсараш дар он ба хок супурда шудааст, барои адои эҳтирому дуъохонӣ рафт.
Инчунин ҳафтаи гузашта ҳангоми сӯҳбат бо ҳаводорони Буту дар шаҳри Ландан, Осиф Алии Зардорӣ гуфт: "Ӯ (Беназир Буту-С.Ю.) умеди як Покистони орому осуда ва пешрафтаву мутараққиро барои мардуми Покистон бо худ дошт".
Зардорӣ, ки ҳукумати Мушаррафро дар қатли ҳамсараш гунаҳгор меҳисобад, дар идомаи сӯҳбаташ гуфт; "диктаторҳо ва қотилон тавонистаанд ӯро амалан аз байн баранд, вале андешаву ёди ӯро натавонистаанд аз дилҳо бизудоянд". Ҳукумати феълии Покистон 7 ҳазор нируи пулисро ба хотири таъмини амнияти ҳаводорони Буту дар маросими ёдбуди нахустин солгираи маргаш барои таъмини амнияти маросими ёдбуд гумошт.
ҲОЛНОМАИ МУХТАСАРИ БЕНАЗИР БУТУ
Беназир Буту (21 июни 1953- 27 декабри 2007) чеҳраи маъруфи сиёсат дар Покистон ва ҷаҳон асосан роҳбари Ҳизби мардумии Покистон ва баъдан ду бор нахуствазири Покистон (1988-1990; 1993-1996) буд.
Беназир фарзанди калонии волидайнаш буд, ки дар ҷануби Покистон дар як хонадони шиъамазҳаби покистонӣ ба дунё омад. Модари ӯ хонум Бегим Нусрат Буту иронӣ ва падараш Зулфиқор Алӣ Буту аз хонадони маъруфи сиёсӣ ва заминдори машҳури Покистон буд.
Хонаводаи Буту аз дидгоҳи мазҳабӣ шиъамазҳабанд, вале хонаводаи маъруф ба диндорӣ набуда, бештар ба дунявӣ маъруф будааст.
Хонум Буту дар синни 35 солагӣ дар соли 1988 ҳамчун сарвазири Покистон, ки мансаби калидӣ дар ҳукумати ин кишвар аст, савганд ёд намуд, вале 20 моҳ баъд аз вазифааш сабукдӯш шуд. Ӯ бори дуввум дар соли 1993 ба ин мансаб дубора интихоб гардид. Дар навбати дуввуми сарвазирӣ Беназир мисли дафъаи аввал ба иттиҳоми фасод (коррупсия) тавассути президенти вақти Покистон Форуқ Лайғорӣ барканор гардид.
Беназир Буту аз соли 1988 то 18 октябри соли 2007 дар табъид ба сар бурд ва билохира ҳангоми маъракаи пеш аз интихоботӣ дар шаҳри Ровалпиндии Покистон 2 ҳафта қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба шакли мармузе ба қатл расид.
БОНУИ ЗЕБО ВА ДУХТАРИ САРВАЗИР
Бешубҳа Беназир яке аз нодирбонувони покистонист, ки аз ҳама ҷиҳат бонуи муваффақе буд. Ӯ ҳам ҳусну зебоӣ дошт ва ҳам саводу дониш. Ҳусну зебоӣ дар ҳамаи ҷо харидор дорад ва дар кишвари Покистон бештар аз ҷоҳои дигар. Чун дар Покистон нисбати фойизи зебоӣ зиёд баланд нест, биноан як бонуи зебо метавонад хостгорҳои зиёде аз табақоти мухталифи ҷомеъа дошта бошад ва ҳатто ҳусну ҷамол барои як бону кофист, ки ба зиндагии хубу мураффаҳе бирасад.
Илова бар ин ӯ аз хонадони сарватманде бархоста буд ва мероси моливу дунёии падараш кофӣ буд, то ӯ фақат комронӣ кунаду зиндагияшро пеш барад, вале бо ин Беназир иктифо накард ва то ҳадди имкон кӯшиш кард то илму дониш биёмӯзад.
Заковати фавқулоддаи Беназир Буту ва талошу кӯшишҳояш буд то аз беҳтарин донишгоҳҳои маъруфи Амрикову Бритониё (Harvard's Radcliffe College-и ИМА ва Oxford-и Бритониё) на танҳо мадраки фориғуттаҳсилӣ ба даст биёрад, балки ин донишгоҳҳоро бо имтиёз хатм намояд.
Ҳангоми таҳсил Беназир дар мусобиқаҳои баҳсу мунозираӣ байни донишҷӯён дастболо мешуд ва нахустин донишҷӯдухтари осиёӣ буд, ки ба сарпарастии Иттиҳодияи Оксфорд интихоб шуд.
Баъди ин ҳама муваффақиятҳо бо сад умеду орзу ва бо диплому мадорики худ ба ватан баргашт ва нақшаи карерасозии худро кашида буд. Беназир мехост дар бахши сиёсати хориҷӣ истихдом шавад, чун ӯ асосан аз хонаводаи на танҳо заминдор, балки сиёсатмадор бархоста буд пас табиъӣ буд , ки дар ростои корҳои сиёсӣ гом бардоштан мехост. Таҳсилоти ӯ низ дар риштаҳои сиёсат ва қонун сурат гирифта буд. Аммо Беназир дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл.
Тасаввуроти зиндагии осуда ва карерасозӣ дар ҳаёти Беназири ҷавон ба зудӣ иваз шуд. Ҳодисае, ки ҳаёти Беназирро ба куллӣ тағйир дод ин аз қудрат барканор кардан ва ба дор овехтани падараш Зулфиқор Алӣ Буту буд.
Ин ҳодиса Беназирро на танҳо такони решаӣ дод, балки ӯро ба як муборизе табдил дод, ки то лаҳзаи охирини ҳаёт бо рӯҳияи инқилобӣ зиндагонӣ намуд.
Зулфиқор Алӣ Буту қиблагоҳи Беназир нахуствазири харизматикӣ буд, ки аз соли 1971 то соли 1977 қудратро дар Покистон ба даст дошт. Зулфиқор Алӣ Буту муттаҳам ба даст доштан дар қатли яке аз чеҳраҳои маъруфи ҳизбаш буд. Беназир дар ташкили роҳпаймоиҳо фаъолона иштирок намуд, то аз тариқи роҳпаймоӣ генерал Зиёулҳақро фишор биёрад ва иттиҳомот алайҳи падарашро бекор намояд.
Вале генерал Зиёулҳақ бо вуҷуди дархостҳои гуногун аз гӯшаву атроф ҳукми ба дор овехтанро иҷро намуд ва падари Беназир Бутуро ба дор овехт ва худи Беназирро ба ҳабси хонагӣ ва ҳамчунон ба маҳбаси дигаре дар биёбон равона кард, ки ҳаждаҳ моҳро дар ҳабсҳо ба сар бурд.
Ин таҳаввулот буд, ки Беназир ба истилоҳ сари номус омад ва боқимонда ҳаёти худро дар идома додани роҳи падараш бахшид. Ҳаёти Буту ба таъбири дигар баёнгари он аст, ки чӣ қадар як падар дар ҳаёт, зеҳният ва равони духтараш таъсир мегузорад. Бо ин, ки Зулфиқор Алӣ писар низ дошт, вале ин маҳз духтараш буд, ки роҳи ӯро на танҳо идома дод, балки дар ин роҳ ҷони худро низ нисор кард.
Баъди ба дор овехта шудани падар Беназир ба муборизаҳои худ алайҳи режими Зиёулҳақ, ки диктатори низомӣ буд, шиддат бахшид ва баъди ҳабсҳои хонагии ботакрор билохира дар соли 1981 равонаи маҳбас шуд.
Ӯ соли 1984 ба Британиё бадарға шуд ва баъди аз байн рафтани вазъияти низомӣ дар соли 1986 ба ватан баргашт. Бо анбӯҳи бузург ва бо маҳбубияти зиёде истиқбол шуд ва ба муборизаҳову талошҳои худ идома дод, то билохира дар соли 1988 генерал Зиё дар ҳодисаи садамаи ҳавопаймо кушта шуд ва дар моҳи декабри ҳамон сол Беназир дар синни 35 солагӣ ба олитарин қудрати сиёсӣ дар мамлакаташ интихоб шуд, яъне нахуствазири Покистон гардид.
БЕНАЗИР-МӮЪҶИЗАЕ ДАР ШАРҚ
Ба нахуствазирӣ расидани Беназир аз чанд лиҳоз ҳодисаи ғайриоддӣ буд. Аввал аз ин лиҳоз, ки ин кор дар кишваре ба вуқӯъ пайваст, ки дар асоси идеологияи Ислом бино шуда, аз ҳаракатҳои тундрави мазҳабӣ, ки ба ҳукмравоӣ ва ба қудрат расидани зан хушбин нестанд, холӣ нест ва аз сӯйи дигар Беназир нахустин зани мусулмон буд, ки ду бор ба маснади садриаъзамӣ расид.
Ин кор на танҳо дар дигар кишварҳои мусулмоннишин ба вуқӯъ напайвастааст, балки ҳатто дар кишварҳои ғарбӣ ҳам ин ҳодисаи нодир аст. Беназир бо ин талошу ба қудрат расиданҳояш ба ҷаҳониён фаҳмонид, ки як духтари таҳсилкардаи покистонӣ ва як духтари мусулмони шарқӣ ба чӣ корҳо қодир аст ва аз сӯи дигар дар Шарқ ҳам мӯъҷиаҳое метавонанд рух диҳанд, ки ғарбиён аз дидани он ангушти ҳайрат бигазанд. Ва ин ҳама ба дасти як зан. Як зани шарқӣ ва дар як кишвари рӯ ба рушди ҷаҳони севвумӣ ва дар як ҷомеаи суннатии мардсолор.
Ҳаёти Беназир ин ҳақиқати дигарро низ рӯйи об овард, ки ҷомеъаҳои шарқӣ ва мардсолор маҳз бо доштани шахсиятҳои қавӣ ва пуртаъсир омодаи тағйиранд ва тағйир дар ҷомеъаҳои шарқӣ ва суннатӣ мумкин аст ба дасти як зан сурат бигирад.
БЕНАЗИР ВА ФАРҲАНГИ ФОРСӢ
Беназир аз модари иронӣ ба дунё омада буд. Одатан дар Афғонистону Покистон вақте як духтари форсигӯ шавҳари паштун ё покистонӣ мекунад забони он хонадонро ба форсӣ тағйир медиҳад. Ва фарзандони он хонавода форсигӯ мешаванд.
Пас аз рӯйи ин қоидаи маъруф метавон ҳадс зад, ки Беназир форсӣ медонист, вале тамоми таҳсилоти ӯ ба забони англисӣ сурат гирифта буд ва забони асосие, ки бо он хоб медиду фикрронӣ менамуд ин забони роиҷ ва "боклос" дар Покистон яъне англисӣ буд.
Беназир чун бисёре аз сиёсатмадорону фарҳангиёни Покистон аз фарҳанги форсӣ огоҳӣ дошт ва шеърҳои Ҳофизи Шерозиро на танҳо ин, ки мехонд, балки ҳатто дар мақолаҳои сиёсияш дар рӯзномаҳои англисизабони покистонӣ бо байте аз Ҳофиз шурӯъ менамуд.
Дар таквини шахсияти Беназир на танҳо таҳсилоташ дар Ғарб, балки фарҳанги форсӣ низ нақши умда бозида буд.
НООМАДИ БАХТ ВА БУЗУРГТАРИН ИШТИБОҲИ СИЁСӢ
Одатан духтарони зебову боҳуш ва бодонишу ҳунарманд шавҳарони муносиб намеёбанд. Мутаасифона Беназир Буту низ аз ин қойидаи нонавишта истисно нашуд. Ӯ бо Осиф Алии Зардорӣ, яке аз шахсиятҳои тоҷири балуч издивоҷ намуд, вале баъдтар ҷавру ҷафои зиёде аз дасти шавҳараш кашид.
Беназир шавҳарашро аз дунёи тиҷорату бозаргонӣ ба дунёи худаш яъне дунёи сиёсат овард ва ин иштибоҳи бузурги Беназир дар ҳаёти сиёсиаш буд. Ду бор зарбаи иттиҳом ба фасоди молӣ маҳз аз тарафи шавҳараш ба Беназир расид. Осиф Алии Зардорӣ ба гирифтани ришват ва дуздидани 10 дарсади амволи давлат муттаҳам шуд ва лақаби «Ҷаноби 10%»-ро гирифт.
Бо иттиҳоми фасоди молӣ буд, ки соли 1996 аз маснади раёсати вузаро Беназир Буту тавассути президенти онвақтаи Покистон Форуқ Лайғорӣ барканор шуд. Аммо соли 1996 хабарҳои хуше ҳам дошт:
БЕНАЗИР ДАР КИТОБИ ГИННЕС
Номи Беназир Буту соли 1996 дар китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун "машҳуртарин сиёсатмадори ҷаҳон" сабт шуд. Инчунин дар ин сол маҷаллаи маъруфи "Times" ва маҷаллаи "Australian Magazine" рӯйхати 100 зани нерӯманди ҷаҳонро тартиб доданд, ки Беназир Буту яке аз онҳо буд. Беназир дар давоми зиндагонии худ мукофотҳои бешуморе ва унвонҳои фахрии зиёде ба даст овард.
ОСОРИ БЕНАЗИР
Беназир дар лобалои зиндагии пуршулуғи худ вақти таълифи китобро низ пайдо намуда аз худ ду асари машҳур яке "Дурнамои сиёсати хориҷӣ-1978" ва дигаре "Духтари машриқ-1989" -ро ба ёдгор гузошт. Иттилоъе низ дар даст аст, ки як китоби нави хотироти Беназир Буту ба нашр расидааст, ки дар он бисёре аз таҳаввулоти сиёсиро дар Покистон дар замони раёсати вузаро буданаш дарҷ кардааст.
МЕЪМОРИ ТОЛИБОН ВА ТАНҚИДГАРИ АМРИКО
Ҳаракати тундрави Толибон, ки боиси эҷоди ноамниҳои зиёд ва ба хоку хун кашидани Афғонистон баъди ишғоли Шӯравӣ шуд, асосан дар аҳди ҳукмравоии Беназир Буту меъморӣ шуда буд ва ҳангоми ба қудрат расидани Муҳаммад Навоз Шариф ба авҷи худ расид ва ҳангоми ба қудрат расидани Парвез Мушарраф ҳаракати Толибон ба шикаст мувоҷиҳ шуд.
Ҷолиб ин аст, ки Беназр бо вуҷуди як сиёсатмадори ғарбгаро буданаш қабл аз маргаш интиқоди шадиде аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико карда буд. Беназир Буту тайи яке аз изҳороташ гуфта буд, ки маҳз ҳимояти Амрико аз дикататорҳо боиси пайдо шудани тероризм мешавад.
МАРГИ МАРДОНАИ БЕНАЗИР
Бензир мардона мурд. Ва афсӯс, ки аз тири қотилоне, ки аз ҷинси мард буданд, ин бонуи диловар номардона кушта шуд. Ба хотири меъмории Толибон ва ба саҳна овардани онҳо, ки ҷафояшро на танҳо мардуми Афғонистон, балки ҳамсояи дар ба девори он мамлакати азизамон - Тоҷикистон низ кашидааст, Беназирро интиқод мекунам, аммо ба хотири баланд бардоштани симои зани мусулмони шарқиро дар ҷаҳон ӯро меситоям.Дигар аз ин ҷиҳат, ки то охирин лаҳза ба роҳу ормонҳои падараш содиқ монд ва дар роҳи пешгирифтааш ҷон нисор кард, боиси ситоиш аст. Оре, касе, ки дар роҳи ормонҳояш содиқона мемирад, мардона мемирад. Худо ӯро биёмурзад. Омин!
Саъдии ЮСУФӢ