Ҳоло толибон дуо мекунанд, то амрикоиҳо ба Афғонистон баргарданд

Мусоҳиба 17.12.2021 17:40

Мусоҳибаи ихтисосии Адолати Мирзо сардабири “Миллат” бо доктори илмҳои таърих, професссор, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа Қосимшо Искандаров

               Толибон кистанд, аз куҷо пайдо шудаанд? Пуштибони онҳо кӣ буд ва кӣ аст?

Як мушкили асосӣ дар ибтидои пайдоиши ҷунбиши «Толибон» посухи дуруст ёфтан ба ҳамин савол буд, зеро дар аввал ба дурустӣ касе инҳоро намешинохт. Кистанд, ҳадафи асосиашон чист? Аз тарафи кадом неруе ё созмону давлати бегонае баҳри чӣ аҳдофе сохта шудаанд ва кумак мешаванд. Сирри пешравиҳои бошитобашон дар чист?

Фаҳмиши ибтидоӣ дар бораи ҷунбиши “Толибон” соли 1994 ин буд, ки он гӯё як ҷунбиши худҷӯш аст ва давлати устод Бурҳониддин Раббонӣ хост онро ба мақсади овардани оромию субот бар зидди мухолифони давлат иcтифода кунад. Яъне Устод Раббонӣ дар аввал на танҳо ба рушди фаъолияти толибон мухолифат накард, балки ба онҳо кумаки молӣ намуд. Ҳамноми ӯ Мулло Раббонӣ, яке аз роҳбарони Толибон аз Қандаҳор ба Кобул омада, президентро муътақид сохт, ки ҷунбиши нав барои халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайримасъул, кушодани роҳҳо, таъмини амният ташкил мешавад ва ба ҳеҷ ваҷҳ иддаои ҳокимиятро надорад. Б. Раббонӣ ба гурӯҳҳои вобаста ба ҳизби Ҷамъияти исломӣ дар Қандаҳор дастур дод, ки ба толибон ёрӣ расонанд. Тибқи ҳамин нақша буд, ки ин ҷунбиш мебоист ҳамчун ҷунбиши худҷӯш ва афғонӣ бар зидди бесуботӣ, анархия ва фасод, бо пуштибонӣ аз ҳукумати Кобул амал мекард. Устод Бурҳониддин Раббонӣ дар мулоқот бо ҳайати тоҷикистонӣ дар Конфронси байналмилалии масъудшиносӣ дар Кобул, моҳи сентябри соли 2002, ки банда ҳам ҳузур доштам, инро эътироф кард ва гуфт: «Мо мутаассифона, толибонро дер шинохтем». То ки толибонро шинохтанд, онҳо ба дарвозаҳои Кобул расиданд. То он замон, яъне солҳои 1994-1996 давлат ба онҳо кумак мекард, ҳавопаймоҳои ҷангии давлат мавзеъҳои рақибони онҳоро бомбборон мекарданд. Маҳаллаи Чоросиёб, маркази фармондеҳии Гулбиддин Ҳикматёр, ки аз тарафи нерӯҳои давлатӣ ишғол гардид, ба ихтиёри толибон супорида шуд. Ҳатто дар 20 километрии Кобул техникаи ҷангии толибон аз тарафи мутахассисони давлат таъмир мешуд.

              Чӣ заминаҳое барои дар муддати кӯтоҳ шакл гирифтани ин ҷунбиш мавҷуд буд ва чаро як ҷунбиши тамоман ношинохта ба зудӣ пирӯз шуд?

Албатта чунин замина ва шароит барои зуҳури толибон вуҷуд дошт. Баъди сарнагун гардидани ҳукумати Наҷибулло ва ба сари қудрат омадани муҷоҳидон, як марҳилаи нави ҷанг, акнун байни гурӯҳҳо ё танзимҳои ҷиҳодӣ оғоз шуд. Дар натиҷаи ин заду бандҳо Афғонистон ба чандин маркази қудрат миёни гурӯҳҳо ва аҳзоби мухталиф тақсим шуда буд, ки ҳар яке даъвои бузургӣ дошт ва кӯшиш мекард, дар сиёсатгузориҳои худ аз давлат мустақил бошад. Вилоятҳои шимолӣ зери назорати «Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон» бо роҳбарии А. Р. Дӯстум қарор гирифтанд. Минтақаи ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ, бо 5 вилоят дар ихтиёри Муҳаммад Исмоилхон буд, ки бо вуҷуди вобастагиаш ба ҳизби «Ҷамъияти исломӣ»-и Б. Раббонӣ ва эътирофи давлат худро чандон пойбанди сиёсат ва дастурҳои ҳукумати марказӣ намедонист. Қисмати шарқии Афғонистон аз тарафи «Шӯрои ҷиҳодии Нангарҳор» ба раҳбарии Ҳоҷӣ Абдулқадир ва вилояти Қандаҳор ба дасти чандин танзимҳои ҷиҳодӣ идора мешуданд. Пойтахти кишвар ҳамчунон миёни гурӯҳҳои гуногун тақсим шуда буд. Ҳамин бесуботӣ, нооромию ноамнӣ ва қудрати силоҳ буд, ки қумандонони маҳаллӣ дар чулу чаповул, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номуси инсонҳо дасти боз доштанд. Қумандонони маҳаллӣ барои ба даст овардани пул ҳама чизро ба покистониҳо мефурӯхтанд. Ҳатто дарахтҳо бераҳмона бурида шуда, ба Покистон мерафт. Бо мардум ҳарчи мехостанд, мекарданд. Молу хонаҳои онҳоро базӯр мегирифтанд. Духтарону писарони ҷавонро ба мақсадҳои шаҳвонии худ мерабуданд. Дар роҳҳои рафтуомад сари ҳар қадам постҳои қумандонон ҷойгир буд, ки аз мардум боҷ мегирифтанд.

Ин вазият махсусан, дар Қандаҳор ғайри қобили таҳаммул буд ва дар чунин шароит, мардуми ба дод омадаро агар ҳаркасе ба қиём бар зидди фисқу фасод ва истибдод, ба хотиру назму тартибот ва халъи силоҳ даъват мекард, аз ӯ ҳимоят мекард. Дар ин замон шахсони зиёде дар пайи тағйири вазъ буданд. Муҷоҳиддини собиқ ҳам дар Қандаҳор сари ин масъала баҳс мекарданд. 

Аммо чаро маҳз Мулло Умар, ки он вақт чандон машҳур ҳам набуд, ҳатто як қумондони хурд ҳам шинохта намешуд?

Дар бораи ин ки чӣ гуна Мулло Умар тавонист, гурӯҳи хурди талабаҳоро бар зидди қумандонони бераҳми Қандаҳор бархезонад он вақт достонҳои зиёде бар сари забонҳо буд. Яке аз достонҳои эътимодноктарини онҳо чунинаст: «Дар баҳори соли 1994 сокинони маҳаллаи Сангсор (Мулло Умар муллои масҷиди он буд) барои шикоят аз як қумондон назди Мулло Умар омаданд. Онҳо изҳор доштанд, ки яке аз қумондонон ду духтари ҷавонро рабуда, сарҳояшонро тарошидааст ва пас аз бурдан, дар як пойгоҳи низомӣ мавриди таҷовуз қарор додаанд. Мулло Умар бо ҷамъоварии 30 нафар аз муридонаш, ки танҳо 16 нафарашон мусаллаҳ буданд ба пойгоҳи қумондони мазкур ҳамла намуда, пас аз озод кардани духтарон фармондеҳи ҷинояткорро дар милитанк ба дор овехтанд. Чанд моҳ баъд аз ин ҳодиса ду қумондони дигар дар Қандаҳор бар зидди якдигар қарор гирифтанд. Ин дафъа мавзуи аслӣ писарбачае буд, ки ҳар яке аз ин ду қумондон хоҳони он буданд. Дар ҷанге, ки байни онҳо дар гирифт, чандин нафар кушта шуданд. Гурӯҳи Мулло Умар писарбачаро озод кард ва пас аз он мардум бо иштиёқ аз ӯ хоҳиш намуданд, ки дар ҳалли дигар низоъҳо ҳам ба онҳо кумак кунад. Акнун Мулло Умар нақши «Робин Гудро» иҷро мекард, ки дар ҳар лаҳза барои кумак ба мардум, бо қумондонҳои зургӯ даргир мешуд. Ӯ ба ивази ин кумак ҳеҷ подош талаб намекард. Хостаи ӯ як чиз буд: ин ки барои эҷоди як низоми исломии ноб аз ӯ пайравӣ кунанд.

              Албатта, бо назардошти таҷрибаи мудохилоти хориҷиҳо ин шояд як тарафи ҳақиқат дар бораи зуҳури Толибон ва ё зоҳири қазия бошад?

Бешубҳа, вазъи бади Афғонистон ва ҷинояту хиёнатҳои фармондеҳон боиси бадбинии фазояндаи мардум нисбати гурӯҳҳои ҷиҳодӣ шуда буд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ гурӯҳи «синафарии Мулло Умар, ки нисфаш яроқ надоштааст» наметавонист, бидуни кумаки хориҷӣ, дар як муддати кӯтоҳ ба як нерӯи пуриқтидор мубаддал шавад. Бешубҳа, дар зуҳури ин ҷунбиш дар қатори омили дохилӣ омилҳои хориҷӣ нақши муҳим бозидаанд. Дар бисёр маврид дастҳои хориҷӣ кӯшидаанд то мухолифатҳои байни аҳзоб ва гурӯҳҳоро доман зананд, то гурӯҳ ё неруи қобили қабули онҳо аз имтиёзоти бештаре дар қудрат бархурдор бошад ва ё ҳукумате, ки қобили қабули онҳо нест, заъиф гардад. Бинобар ин, зуҳури толибонро ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон бидуни пайвастагии авомили дохилӣ ва хориҷӣ баррасӣ намуд.

Бешубҳа, Покистон дар раванди шаклгирӣ ва тақвияти толибон нақши умда дошт. Толибон аксаран дар Покистон ба воя расидаанд, дар мадориси динии ҳизби «Ҷамъият-ул-уламои ислом», дар Покистон хондаанд. Ин ҳизб аз ду ҷиноҳи асосӣ иборат буд, ки ба онҳо Мавлоно Фазл- ур-Раҳмон ва Мавлоно Самеъулҳақ роҳбарӣ мекарданд. Инҳо паштунанд ва дар миёни пуштунҳо ва балуҷҳо тарафдори зиёд дорад. Мавлоно Фазл-ур-Раҳмон бо нахуствазири онвақтаи Покистон – Беназир Бҳуто робитаи наздик дошт. Дар соли 1993 ҷиноҳи ӯ ба эътилофи интихоботии Беназир Бҳуто пайваст ва ин эътилоф пирӯз шуда, Беназир сарвазири Покистон шуд, ки дар рушди толибон ва ба як неруи пуриқтидор табдил ёфтани он нақши калон дошт. Мавлоно Фазл-ур-Раҳмон ин ҷунбиши дар ҳоли ташкилро ба Созмони истихборотии артиши Покистон (ISI) муаррифӣ кард.

Аммо чаро Покистон дар фикри тағйири гурӯҳи вобастаи худ дар Афғонистон шуд? Ба назар мерасад то он вақт асосан аз Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр пуштибонӣ менамуд?

Гап дар он аст, ки аз аҳзоби исломии тундрави Покистон ду ҳизби асосӣ бештарин ҳимоятро аз  муҷоҳиддини афғон ва дар маҷмуъ аз муҳоҷирони афғонӣ мекарданд. Яке «Ҷамоати исломӣ» ва дигаре «Ҷамъият-ул-уламои ислом» буданд. Дар солҳои ҷанг бо Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷуҳи Покистон ва баъзе кишварҳои арабӣ асосан ба аҳзоби пайрави «Ҷамоати исломӣ» ба мисли Ҳизби исломии Афғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, Ҷамъияти исломии Афғонистон, роҳбараш Бурҳониддин Раббонӣ, Иттиҳоди исломӣ барои озодии Афғонистон, бо роҳбарии Абдурраб Расули Сайёф ва ғайра равона шуда буд ва кумаки асосии низомӣ ҳам ба он ҳизбҳо расонида мешуд. Гарчанде Покистон асосан ба Г. Ҳикматёр такя мекард. Аммо баъд аз суқути Наҷибулло Г. Ҳикматёр дигар натавонист ҳадафҳои Покистонро бароварда кунад. Ӯ дар мубориза бо Ҷамъияти исломӣ ба роҳбарии Б. Раббонӣ ва фармондеҳии А. Масъуд шикаст хурд.

                Дар ин давра, ки Итгиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда буд, Покистон дар фикри ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва доду ситад ба кишварҳои Осиёи Марказй буд, вале ҷанги Афғонистон, ба ин халал мерасонд.

Стратегияи Покистон дар бунбаст қарор дошт. Оё ба пуштибонии Ҳикматёр идома диҳад ва ё ҷонибдории худро аз ҳукумати эътилофӣ бо роҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ эълон кунад. Бардошти ISI ин буд, ки ҳукумати ғайрипуштунӣ ҷавобгӯи манфиатҳои Покистон нест. Табиатан дар заминаи сиёсатгузориҳои Покистон дар иртиботи Афғонистон нақши артиши Покистонва ISI бузург буд. Дар артиши Покистон 20 фоизи кадрҳои олирутбаро пуштунҳо ташкил мекарданд. Артиш ва таблиғоти бунёдгароёни исломӣ дар даруни ISI омили таъинкунандаи пирӯзии паштунҳо буд. Баъди шикасти Ҳикматёр дар аввали соли 1994 Покистон дигар рағбати сармоягузорӣ ба ин нерӯи шикастхӯрдаро надошт ва дар фикри пайдо кардани нерӯи дигар буд.

Сарвазири Покистон Б. Бҳуто дар шароите, ки роҳи транзитӣ ба воситаи Кобул-Ҳайратон ба Осиёи Миёна баста буд, кӯшиш кард, аз тариқи Қандаҳор-Ҳирот-Туркманистон роҳи тиҷоратиро боз кунад. Аммо муҷоҳидони Қандаҳор ба мудохилаи Покистон зид буданд. Маҳз дар ҳамин давра Насрулло Бобур, вазири корҳои дохилии Покистон рӯи кор омад. Ӯ ба таври анъанавӣ бо хонаводаи Бҳуто наздик буд. Намояндагони  ISI ва Бобур бо гурӯҳи Мулло Умар диду боздидҳо карданд ва мӯътақид шуданд, ки сари онҳо метавон сармоягузорӣ кард. Ҳамин тавр, Мулло Умар бо ёрии Покистон дар атрофаш шиносҳои деринаашро, ба мисли Мулло Муҳаммад Ҳасан (ҳоло раисулвузарои ҳукумати дувуми Толибон), Мулло Ғафс, Мулло Муҳаммад Раббонӣ (аз касалии саратон даргузашт) ва Мулло Умар, ки асосан ҳама урузгониасл буданд, ҷамъ кард, ки онҳо баъдан муассиси ҷунбиши «Толибон» шинохта шудаанд. Аз ҳамон ибтидо Покистон вазоифи вобаста ба омӯзиши афрод, кумакҳои молӣ ва таъмини ҳама чизи заруриро ба ӯҳда гирифта буд. Ҷангиёни толибон аз ҷумлаи талабаҳои мадориси динии Покистон пурра мешуд. Роҳбарони ин ҷунбиш дар ҷалби ошкорои толибони мадориси динӣ ба ҷанг дар Афғонистон дасти боз доштанд. Ҳукумати Покистон на танҳо монеи сарбозгирӣ намешуд, балки бо хоҳишн роҳбарони толибон мадорисро мебаст, то ки онҳо барои ба ҷанг рафтан озод шаванд. Гузашта аз ин, садҳо нафар аз афсарони қушунҳои махсуси артиши Покистон дар сурати зарурӣ метавонистанд ба ҷабҳаи Афғонистон фиристода шаванд.

Аммо, бешубҳа, ин Покистон танҳо набуд, ки Толибонро таъсис дод ва кумак мекарду мекунад. Собиқ сарвазири Покистон Беназир Бҳуто тайи мусоҳибаи телевизионии худ, дар ҷавоб ба пурсиши хабарнигори Би-Би-Си, ки чаро Покистон аз ҳаракати иртиҷоии толибон ҳимоят мекунад, гуфт: «Покистон дар ин робита танҳо нест, нақшаи ин ҷунбиш аз англисҳост, сарпарастиашон ба дӯши Амрико, таъмини пулии он аз кишварҳои Халиҷ аст. Покистон танҳо омӯзиши ононро ба ӯҳда дошт».

 Идеологияи «Толибон» чист?

Албатта дар як ду сухан мушкил аст то ба таври бисёр оммафаҳм идеологияи Толибонро шарҳ дод. Ба ҳар сурат, ҳаминро бояд таъкид кунем, ки идеологияи Толибон як тафсири радикалӣ аз идеологияи мактаби Девбанд аст. Мактаб ё дорулулуми Девбанд дар наздикии шаҳриДеҳлӣ дар соли 1867 таъсис шудааст ва дар маҷмуъ дар он замон ҳамчун аксуламал ба сиёсати истеъмории Англия дар Ҳиндустон ба вуҷуд омада буд як ҷунбиши ислоҳталаб ва пешрав ҳисоб мешуд.

Девбандизм дар умум ба унвони як шохае аз мазҳаби суннии ҳанафӣ дониста мешавад ва аз ин ҷост, ки толибон дар мазҳаб ҳанафӣ ва дар ақида пайрави Мотуридӣ хонда мешаванд. Аммо як аслро бояд ба назар гирифт, ки ба ақидаи девбандиҳо пайравӣ аз як мазҳаби фиқҳӣ ё калом ба маънои пайравӣ аз тамоми усулу ақидаи он мазҳаб ва имоми он нест. Уламои Девбанд ба ивази тақлид аз мактаби фиқҳии ҳанафӣ тақлид аз мазоҳиби чоргонаи аҳли суннатро лозим ва зарурӣ медонанд. Аз ин ҷост, ки Толибон як тафсири радикалиро аз мактаби Девбанд гирифта, онро бо суннатҳои қабилавии худ омехта карданд, ки дар ҳеҷ ҷойи дунёи ислом назир надорад.

Нависанда ва рӯзноманигори покистонӣ Аҳмад Рашид дуруст навиштааст, ки «андешаи девбандӣ замоне барои ислоҳи ҷомеаи исломӣ ба вуҷуд омада буд, аммо вақте дар қомати Толибон даромад яке аз хашинтарин чеҳраҳои худро ба намоиш гузошт».

Гузашта аз он, дар давоми қариб 30 соли мавҷудияти Толибон идеологияи он дучори таҳаввули ҷиддӣ гардидааст. Имрӯз коршиносон ҳангоми муқоисаи Толибон бо ДИИШ ба ду нишона такя мекунанд ва аз рӯи онҳо ба Толибон бартарӣ медиҳанд. 1) Толибон ҳанафимазҳаб мебошанд ва 2) Толибон хилофатгаро нестанд. Яъне аҳдофи онҳо берун аз Афғонистон нест ва онҳо ҳамчун гурӯҳи миллӣ-озодихоҳӣ фақат дар пайи эҳёи Аморати исломии Афғонистон мебошанд. Мушкили асосӣ ҳам дар ҳамин аст, ки мо ба таври дуруст ба ақидаи онҳо сарфаҳм намеравем. Механизми қабули қарор ва баҳс дар бораи он, сохтори Толибон, махсусан фаъолияти роҳбари он махфӣ аст. Солҳо касе амиралмуъминин Мулло Умарро надида буд. Баъд аз ду соли фавташ эълон шуд, ки ӯ фавт карда будааст. Амиралмуъминини имрӯзаи онҳо - Мулло Ҳайбатуллоро ҳам касе намебинад. Фақат як акс аз ӯ дар расонаҳо сайру гашт дорад.

Ин дар ҳолест, ки ба назари мутахассисони исломшинос муҳимтарин асл дар андешаи сиёсии Девбандӣ ва дигар гурӯҳҳои бунёдгаро, аз ҷумла Толибон эҳёи асли Хилофат дар низоми сиёсии Ислом, ё баргашт ба низоми сиёсии садри ислом аст.

Толибон бо эътиқод ба асли Хилофат пеш аз дастёбӣ ба кадом пирӯзиии муҳим, пеш аз ҳама дар Қандаҳор маҷлисе оростанд ва Халифаи давлати эҳтимолии ояндаи худро таъин намуданд. Чуноне маълум аст аз ҳамон ибтидо раҳбарони «Толибон» сохтори сиёсии Афғонистони ояндаро дар шакли Хилофат медиданд. Онҳо таъкид мекарданд, ки «зарурати эҷоди шакли нави сохти сиёсӣ нест ва бояд меъёрҳои давраи паёмбар Муҳаммад ва хулафои Рошидин асос қарор дода шаванд ва мақсади ягонаи онҳо бозгашт ба «даврони тиллоии ислом» аст. Муҳаққиқин ба ин назаранд, ки мақсади ташкили Хилофат дар доираи Афғонистон маҳдуд намешуд. Рӯзномаи толибонии «Тулуи афғон», чопи Қандаҳор навишта буд: «Давлати исломӣ на аз рӯи асли миллию ҷуғрофиёӣ, балки аз рӯи асли идеологӣ ташкил мешавад. Аз ин рӯ, фарқияти забонӣ, нажодӣ, эътиқодоти динӣ, нишонаҳои ҷинсӣ наметавонанд доираи ин давлатро маҳдуд кунанд. "Орзуи ниҳоии мо, -навишта буд рӯзнома, - он аст, ки тамоми кишварҳои исломӣ дар ниҳояти кор дар як Хилофати ягона ва тақсимнашаванда муттаҳид шаванд».

Бояд зикр намуд, ки баъзе коршносон ақида доранд, ки модели Аморати исломӣ ва амир-ал-муминин, ки Толибон қабул карданд, баргирифта аз андешапардози созмони девбандии Ҳинд «Ҷамъият-ул- уламои Ҳинд» Абукаломи Озод аст. Маҳз Озод аввалин бор чунин модели Хилофатро дар шакли Аморати исломӣ пешниҳод намуда буд ва ҳизби «Ҷамъият ул уламои ислом»-и Покистон, ки ҳомии Толибон аст, аз «Ҷамъият-ул- уламои Ҳинд» ҷудо шуда буд.

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаи яке аз раҳбарони Толибон Мавлавӣ Инъомуллои Самангониро шунидед, ки мегуфт «амиралумини мо амиралмуминини тамоми мусулмонон аст, аммо Аморати исломӣ имрӯз азбаски қудрат ва имконот надорад, аз нигоҳи шаръӣ уҳдадор нест, ки кишварҳои дигари мусулмонии минтақаро ба байъати худ дарорад». Яъне мантиқан агар Аморати исломӣ чунин қудрат пайдо кунад, ин корро мекунад, ё аз назари шаръӣ уҳдадор ба чунин коре мешавад.

Нишонаи дигари тафаккури девбандӣ, аз ҷумла Толибонмухолифат ба баргузории ҳама гуна интихобот мебошад. Зеро интихобот, ба назари онҳо як тақлиди ғайри исломӣ мебошад. Муаллифи китоби «Мактаби Девбанд» Суҳайло Амон навиштааст, ки Уламои Девбандӣ бовар доранд, ки «дар паспардаи низоми ҷумҳурӣ фалсафае нуҳуфтааст, ки ба ҳеҷ унвон ба дин ҳамхонӣ ва ҳамсӯӣ надорад ва яке аз лавозими он қабул намудани низоми секулор аст. Онҳо муътақиданд, ки «ҷумҳурият ба аксарияти оро мақоми худоӣ дода аст ва ҳеҷ гуна тасмим ва ҳукми он рад намешавад. Ҳак дар тарафе аст, ки аксарияти оро бошад. Эътиқоди онҳо ба ин аст, ки райъи аксарияти мардуми авом ҳаргиз наметавонад меъёр қарор гирад. Зеро авом аксаран камсавод ё бесаводу ноогоҳ мебошад».

Девбандиҳо ҳукумати фардиро мавриди қабули ислом медонанд, ки аҳкоми ниҳоӣ то ҳадди зиёде дар ихтиёри халифа ва ё амир-ал-муъминин мебошад.

Мухолифат бо арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни Ғарб дар маҷмуъ яке аз шиорҳои асосии тамоми гурӯҳҳои исломӣ аст. Аммо Толибон дар фарқият аз дигар гурӯҳҳо маданияти ғарбиро ба таври мутлақ рад мекунанд ва инро асоси тафаккури худ қарор додаанд. Масалан, гурӯҳҳои ихвонӣ (Бародарони мусулмон) бо диди интиқодӣ ба арзишҳои фарҳангии Ғарб менигаранд ва зимни радди ҷанбаҳои манфии он аз қабули ҷанбаҳои мусбати он истиқбол мекунанд. Аммо толибон як мухолифати таассубомез нисбат ба навовариҳои фарҳангии ғарбӣ, ба мисли мусиқӣ, телевизион, наққошӣ, синамо ва ғайра доранд.

Бо вуҷуди ин, имрӯз мебинем, ки толибон дар мубориза бо нишонаҳои зоҳирии тамаддуни ғарбӣ дучори мушкилот ва зиддият шудааанд. Яъне онҳо, аз як тараф мухолифати ошкорои худро бо зоҳири фарҳанги ғарбӣ изҳор медоранд ва аз тарафи дигар ба таври васеъ дар фаъолиятҳои рӯзонаи худ амалан аз онҳо фоида меҷӯянд.

Толибонизм бунёдгароии ифротии даврони садри ислом ва миёнаро «давраи тиллоӣ» ва дур аз ҳар нав хато ҳисобида, доир ба тафсирҳои динии он давра эътиқоди сахт дорад. Иҷтиҳоду исбот дар ин мактаб ҷой надорад ва бефоида аст. Онҳо кӯшиши исботро қабул намекунанд.

Толибон хоҳони бозгашт ба асри қабл аз таҷаддуд ва тафсири сахтгирона аз мафҳумҳои динӣ дар умури иҷтимоӣ мебошанд.

Рафтори золимона ва сахтгиронаи онҳо бо занон ва навъи дидашон ба нақши иҷтимоӣ ва тарбиявии зан дар ҷомеа реша дар ҳамин руҳи салафигарии девбандии онҳо дорад, ки бо заруроти зиндагии имрӯза тамоман бегона аст.

                Артиши Шӯравӣ ва давлати вобастаи Маскав дар он солҳо бо муҷоҳиддин ҷанг мекарданд, акнун соли 1994 ҷойи онҳоро толибон гирифтанд. Ба ҳар сурат байни ин ду гурӯҳ тафовути асосӣ дар чист?

Чуноне дар боло ишора намудам, муҷоҳидони Афғонистон ба чандин ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ тақсим мешуданд. Роҳбарияти ҳафт ҳизби бузургтарини исломии суннӣ дар Покистон қарор дошт, ки онро бо номи «аҳзоби ҳафтгона» ҳам ном мебурданд. Инҳо боз ба аҳзоби суннатгаро ва бунёдгаро тақсим мешуданд.

Соли 1985 се ҳизби суннатгаро – Ҷабҳаи миллии наҷоти Афғонистон (С. Муҷаддадӣ), Ҳаркати инқилоби исломии Афғонистон (М.Н. Муҳаммадӣ), Маҳози миллии исломии Афғонистон (С. Гелонӣ) ва чор ҳизби бунёдгаро – Ҳизби исломии Афғонистон (Г. Ҳикматёр), Ҳизби исломии Афғонистон (Ю. Холис), Ҷамъияти исломии Афғонистон (Б.Раббонӣ) ва Иттиҳоди исломӣ барои озодии Афғонистон (А.Р. Сайёф) бо номи «Иттиҳоди исломии муҷоҳидини Афғонистон», бо нигоҳ доштани мустақилияти созмони худ, муттаҳид шуданд. Албатта вобаста бо имкониятҳои худ ҳамаи ин аҳзоб гурӯҳҳои мусаллаҳ доштанд ва дар мубориза бо қӯшунҳои шӯравӣ ва давлати коммунистии Кобул саҳм доштанд. Зимни ин, аҳзоби сунатгаро аз аҳзоби бунёдгаро ҳам аз нигоҳи аҳдофи сиёсӣ ва идеологӣ, ҳам аз нигоҳи таркиби иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи қавмӣ аз якдигар фақ доштанд. Ссозмонҳои суннатгаро он вақт тарафдори барқарор кардани ни  анъанавии шоҳӣ буданд. Аз нигоҳи таркиби иҷтимоӣ пайравони ин се ҳизб аз ҷумлаи руҳониёни анъанавӣ, муллоҳо, шогирдони мадориси диннии ғайридавлатӣ, хонҳо, мутанафизини қавмӣ ва сарони қабоил буданд.

Аз нигоҳи таркиби этникӣ пайравони ин се ҳизб қариб пурра паштунҳо буданд ва доираи нуфузашон қисматҳои ҷанубӣ ва ҷанубушарқии мамлакат буд. Фақат Ҳаракати инқилоби исломӣ, азбаски пайравонаш бештар аз мадориси динӣ баромада буданд ва роҳбари он- М.Н. Муҳаммадӣ замоне дар шимол кор карда буд, дар байни ӯзбекҳои шимол тарафдор дошт.

Бояд гуфт, ки Ҳаракати инқилоби исломӣ ягона ҳизбе буд, ки тафаккури девбандӣ дар он ҳоким буд ва пайравонаш пурра аз ҳамон мадрасаҳои девбандӣ фориғ шуда буданд. Сохтори ду ҳизби дигар, ки роҳбари яке аз онҳо пири тариқати Нақшбандия ва дигараш пири тариқати Қодирия буданд дар асоси муносиботи пиру мурид ташкил ёфта буд.

Чор ҳизби баъдӣ ҳамчун ҳизбҳои бунёдгаро машҳур буданд. Аз нигоҳи таркиби иҷтимоӣ ҳастаи ин чор ҳизбро намоядагони табақаи миёнаи шаҳрӣ муаллимон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ, низомиён, ҳунармандон, аҳли тиҷорат ва ғайра ташкил мекарданд. Аксари аъзои ин чор ҳизб, дар фарқият аз суннатгароҳо таҳсилкардаҳои мактабҳои давлатӣ буданд ва ҳадафашон ташкили давлати исломӣ буд.

 Ҳизбҳои бунёдгаро зери таъсири ҳизби бунёдгарои «Ихвон-ул- муслимин»-и Миср таъсис ёфта буданд, ки дар Покистон онро ҳизби «Ҷамоатиисломӣ» бо раҳбарии Мавдудӣ намояндагӣ мекард. Ҳизбҳои бунёдгаро, албатта ҳадафи ташкили низоми исломиро доранд, аммо  дар фарқият аз суннатгароҳо ҷонибдори интихобот ва аз тариқи интихобот расидан ба қудрат мебошанд.

Ҳашт ҳизби калонтари шиамазҳаб дар Эрон марказҳо доштанд ва аз тарафи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ роҳбарӣ ва ҳидоят мешуданд.

Ҳизбҳои бунёдгаро бо далоили мухталиф, чуноне дар боло ишора шуд, натавонистанд як давлати исломии мутамарказ  ва босубот ташкил диҳанд. Аз ин рӯ нерӯи нав ба майдон омад, ки асли онро шогирдони мадарасаҳои динии Покистон ташкил мекарданд, мадрасаҳое, ки вобастаи ҷиноҳҳои мухталифи ҳизби Ҷамъият-ул уламои ислом буданд. Ҳизбе ки тафаккури девбандӣ дар он ҳоким буд. Бояд гуфт, ки дар Покистон мувофиқи омори Вазорати омори ин кишвар дар соли 2012 дар ҳудуди 20 000 мактаби мазҳабӣ фаъол буд, ки 3 млн талаба дар онҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда буд ва аз ин макотиб 64 % девбандӣ буд. Як чизи дигар ҳам қобили зикр аст, ки дар ин омор фақат мактабҳои динии расман ба қайдгирифта дохил мешаванд. Ба ғайр аз ин ҳазорон мақтабҳои ғайрирасмии динӣ амал мекард, ки фарзандони муҳиҷирони афғон бештар дар ҳамин мактабҳо таҳсил мекарданд. Муҳити тарбиятӣ дар ин мадрасаҳо тавре буд, ки навҷавонон бо оилаҳои худ робита надоштанд. Гузашта аз ин, бисёре аз ин шогирдон ятим буданд. Онҳо насле буданд, ки дар зери хаймаҳои лагерҳои гурезагон дар Покистон ба воя расида буданд. Дар ин лагерҳо мактаб вуҷуд дошт ва дар онҳо илмҳои асриро низ дарс медоданд. Аммо баъзе хонаводаҳо фикр мекарданд таълимоти асрӣ боиси гумроҳии ҷавонон мегардад ва онҳоро аз дин дур мекунад. Сабаби дигаре, ки гурезаҳо фарзандони худро ба мадориси динӣ медоданд, ин масъалаи фақр буд. Дар мадориси динӣ ҳама чиз бепул буд. Кишварҳои пулдори Халиҷи Форс ба ин мадрасаҳо пули зиёд кумак мекарданд. Шогирдон дар ин мадорис робитаи каме бо хонаводаи худ доштанд. Аз лутфу меҳрубонии модар маҳрум буданд. Онҳо аз устод итоат кардан ва ба ӯ эҳтиром гузоштанро меомӯхтанд. Дар ин мадрасаҳо толибон мебоист салла (дастор) мебастанд, риш наметарошиданд. Дар муҳити онҳо зан, махсусан зани таҳсилкардаи шаҳрӣ ҳуқуқи дохил шудан надошт ва гузашта аз ин, мавҷуди хатарнок ҳисоб мешуд. Масалан дар мадрасаи Ҳаққония, ки онро Академияи ҷиҳод ҳам меноманд, низоми сахт ҷорӣ аст. Дар ин мадраса ба ғайр аз таълими улуми динӣ боз таълими низомӣ ҳам вуҷуд дорад ва толибон дар машқгоҳҳои низомӣ дарси ҷиҳодро ҳам меомӯзанд.

Албатта, нақши талабаҳои мадориси динӣ дар ҷунбиш хеле барҷаста буд, аммо ин ба он маъно нест, ки ҷунбиши «Толибон» танҳо аз толибҳо иборат буд . Таркиби толибон оҳиста-оҳиста аз нерӯҳо ва гурӯҳҳои мухталиф пурра мешуд. Аммо ҳама ин гурӯҳҳо мебоист ба ҳадафҳо ва идеологияи толибон пурра итоат мекарданд. Толибон ба ҳеҷ ҳизбу гурӯҳҳе иҷозати фаъолият намедоданд.

 Аз ин маълум мешавад, ки гурӯҳҳои муҷоҳиддин дар муборизаҳои байниякдигарӣ барои қудрат обрӯ ва ҳайсияту эътимодро на фақат дар байни мардуми худ бохтанд, балки кишварҳои ҳамсоя ва дурро низ аз худ дур намуданд, ки боиси пайдоиши Толибон гардид?

Дуруст аст, омилҳо шикасти муҷоҳиддинро ба таври фишурда дар боло гуфтем. Ин гурӯҳҳо дар давоми ду соли ҳукумати худ обрӯи худро дар байни мардум резонида буданд. Онҳо нишон доданд, ки қодир ба ташкили давлати мутамарказ, таъмини суботу амнияти мардум нестанд ва ихтилофот байни онҳо васеътар мешавад. Бояд иловатан зикр шавад, ки ҷунбиши «Толибон» мебоист ифодагари манофеи доираи васеи нерӯҳои сиёсӣ, миллатгарою азаматталаб ва бунёдгароёни исломӣ дар дохил буда, манофеи геостратегии Покистон ва кишварҳои хориҷиро бароварда месохт. Аз ин рӯ, ин ҷунбиши навбаромад аз берун ба таври васеъ ҳимоят мешуд, ки дар марҳилаҳои аввал тавонист ба таври барқосо минтақаҳои васеи Афғонистонро зери назорати худ қарор диҳад.

               Оё фарқ байни толибони аввал, солҳои 90-уми асри ХХ ва толибони нав вуҷуд дорад. Ба ҳар сурат 20 сол гузаштааст?

Ҳоло ҳамин масъала дар байни коршиносон ва сиёсатмадорон мавриди баҳс қарор дорад ва бисёриҳо ба ин назаранд, ки толибони нав тағйир кардаанд ва он толибони солҳо 90-уми асри гузашта нестанд. Инро ба маъноитағйири мусбат дар Толибон мегӯянд ва таъкид доранд, ки бо ин ҷунбиш ҳамкорӣ шавад.

Дуруст аст, ки толибони асри XXI тағйир ёфтаанд, аммо ин тағйирот мусбат нест, баръакс тағйирот ба сӯи радикалӣ шудани он, ҳатто то сарҳади пазириши афкори ДИИШ ва пайвастани бархе аз гурӯҳҳо ба он ба мушоҳида мерасад. Бубинед, толибони солҳои 90-ум чуноне дар боло ишора шуд як тафаккури омехтаи девбандӣ ва қабилавӣ доштанд ва дар кулл пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд. Толибон барои ташкили Аморати исломӣ мубориза мекард ва дар паҳлӯи худ Усома Бини Лоданро ҳам дошт, аммо вақте Усома неруҳои худро ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шимол фиристод байни Толибон ва қонунгузорони Ал-Қоида дар бораи баъзе масъалаҳои асосии ақидатӣ ба мисли иттиҳод бо кофирон бар зидди мусалмонон, пуштибонӣ аз золимон ва таҷовузкорон ва амалиёти истишҳодӣ, ки Толибон онро интиҳорӣ меҳисобанд ихтилоф ба вуҷуд омад. Ал-Қоида бо ҳама кумаке, ки ба Толибон мерасонид натавонист то соли 2001 дар тафаккури толибон як тағйироти қобили мулоҳизаро барои қабулонидани тамоми афкори худ ба вуҷуд биёрад.

Аммо пас аз кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд аз сӯи Ал-Қоида, барқарор гардидани робитаҳои Иттиҳоди Шимол бо Амрико дар тафаккури Толибон таҳаввулот ба вуҷуд омад ва ақидаҳои такфирӣ тадриҷан дар ин гурӯҳ пайдо шуданд.

                Як ҷараёни ақидатӣ тавассути ҷангҷӯёни раддаҳои дувум ва севум ва бархе аз раҳбарони радаи аввали “Шабакаи Ҳаққонӣ” вориди тамоми гурӯҳ шуд. Ин афрод касонеро, ки усули демократиро пазируфта буданд, такфир мекарданд, яъне кофар эълон мекарданд. Яъне акнун онҳомусулмононро такфир мекарданд. Ин дар ҳоле буд, дар солҳои 90-ум дар тафаккури толибонӣ ин чиз вуҷуд надошт. Ниҳоят кор ба дараҷае расид, ки гурӯҳе аз Толибон ҷудо шуда, ба ДИИШ-Хуросон пайваст. Аъзои ДИИШ –Хуросон аз кишварҳои арабӣ - Сурия ва Ироқ наомада буданд, ин ҳама афғон буданд ва ҳастанд, онҳо аз Толибон ҷудо шуда буданд. Ба ғайр аз ин, “Шабакаи Ҳаққонӣ” усулҳои фаъолияти Ал-Қоида ва ҳатто то ҷойе ДИИШ-ро ба роҳбарӣ гирифта буд ва як созмони ҷудо аз Толибон тасаввур мешуд, аммо дар асл ҷузъе аз Толибон аст ва роҳбари он Сироҷуддин Ҳаққонӣ, муовини роҳбари Толибон ҳисоб мешуд. Имрӯз вазири корҳои дохилии Аморати Исломӣ мебошад.

Баъд аз пайвастани гурӯҳе аз Толибон ба ДИИШ-Хуросон ҳанӯз дар даруни Толибон боз ҳам гурӯҳи дигаре вуҷуд дорад, ки бахши асосии сиёсати Ал-Қоидаро пазируфтааст, аммо дар айни ҳол ба мазҳаби ҳанафӣ ҳам вафодориашро иброз медорад. Ин ба он маъно аст, ки Толибон бахше аз усулҳоро, ки ба фоидаашон буд , қабул карданд, ба мисли такфири аъзои давлати Афғонистон ва ҳомиёни онҳо барои машруъият бахшидан ба террори онҳо. Зеро ин усул ба мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ мухолифат мекард. Масалан террори устод Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ президенти Давлати Исломии Афғонистон, олими машҳури дин дар олами ислом дар соли 2011. Ба ҳеҷ ваҷҳ мазҳаби ҳанафӣ чунин як кореро машруъ намедонад. Агар Толибон пурра ҳанафимазҳаб ва дар ақида Мотуридӣ мебуданд ба чунин коре фатво намедоданд.

Як тағироти муҳимми дигар дар тафаккури толибон афзоиши амалҳои истишҳодӣ ё интиҳорӣ (шаҳодатталаб) ба муқобили давлати Афғонистон, сарбозони артиш, политсия ва куштори теъдоди зиёди ғайринизомиён буд. Ин падида ҳам мухолифи асли мазҳаби ҳанафӣ аст, ки дар толибони марҳилаи дувум бисёр рушд кардааст. Кор ба ҷойе расид, ки ҳатто Адам Ғадан (машҳур ба Эъзом Ал Амрикоӣ), шаҳрванди Амрико, яке аз фаъолони Ал-Қоида аз Усома бини Лодан хоҳиш карда буд, ки байъати худро аз Толибон бишканад, зеро ки дасти ин гурӯҳ ба хуни афроди бегуноҳи зиёде оғушта шудааст. Бубинед, ҳатто дар Ал-Қоида толибон ва тафаккури толибониро маҳкум мекарданд. Ҳамин тавр, таҳаввул дар тафаккури толибони асри XXI онро дар ҷиноҳбандии хилофатгароен ба салафияти ҷиҳодӣ шомил месозад.

Чуноне бархе аз исломшиносон ақида доранд аз нигоҳи идеологӣ хилофатгароён ба се гуруҳ тақсим мешаванд, ки асоси ҳамаи онҳо марбут ба салафият аст: салафияти иршодӣ-таблиғӣ, салафияти ҷиҳодӣ ва салафияти ҷиҳодӣ- такфирӣ. Намунаи салафияти иршодӣ-таблиғӣ чунин аҳзоби исломие ба мисли «Ихвону-л-муслимин» (дар Миср), «Ҳизби исломии Афғонистон»ва «Ҷамъияти исломии Афғонистон» (дар Афғонистон), «Ҷамоати исломии Покистон» (дар Покистон) ва ғайра мебошанд, ки расидан ба қудратро аз роҳи демократия, таблиғ ва интихобот пеш гирифтанд, аммо таҷриба нишон дод, ки то ҳол чандон муваффақ нашудаанд. Таҷрибаи «Ихвону-л-муслимин», ки аз тариқи интихобот Муҳаммад Мурсиро дар Миср ба курсии президентӣ расонид ва ноком шуд, мисоли равшани нокомии салафияти иршодӣ-таблиғӣ ҳисобида мешавад.

«Ал-Қоида» ва ҷунбиши «Толибон» намунаи салафияти ҷиҳодӣ мебошад. Таҷрибаи чанд даҳаи гузашта нишон додааст, ки салафияти ҷиҳодӣ ҳам наметавонад ба ҳама интизориҳои исломгароёни радикал ҷавобгӯ бошад. Ба ин сабаб аз дохили салафияти ҷиҳодӣ ҷараёни сеюм- салафияти ҷиҳодӣ-такфирӣ шакл гирифт, ки гурӯҳи бо ном «Давлати исломии Ироку Шом», баъдан «Давлати исломӣ», ки аз Ал-Қоида ҷудо шуд ва шохаи хуросонии он бо номи «Вилояти Хуросон» ё ДИИШ-Хуросон, аз “Толибон” баромадааст, ки муҳимтарин намунаи салафияти ҷиҳодӣ-такфирӣ аст.

Дар кадом шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигори афғон бо яке аз толибон чанде пеш мусоҳиба карда буд. Рӯзноманигор мепурсад, ки касоне, ки бо хориҷиён ҳамкорӣ кардаанд, ҳукмашон чист? Ӯ ҷавоб медиҳад, ки онҳо аз дин баромадаанд, яъне кофир шудаанд. Пас ҳукми инҳо чӣ мебошад, - мепурсад рӯзноманигор. Толиб ҷавоб медиҳад, ки “қатлашон воҷиб аст”. Пас ин толиб аз як доишӣ чӣ фарқ дорад

              Дар ин шароит Афғонистонро чӣ интизор аст?

Ба ин савол ҷавоб додан ва ё пешгӯӣ кардани дурнамои Афғонистон бисёр мушкил аст. Аз як чиз нигарон мебошем, ки эҳтимолияти идомаи ноамниҳо, ҷангҳо, интиҳору инфиҷор, дарбадарию муҳоҷиратҳои мардум ва таҳдидҳо ба кишварҳои ҳамсоя идома меёбад.

Барои ин, ҷомеаи байналмилалӣ ба назари мо бояд роҳи ба таври радикалӣ ва ё бунёдӣ ҳалл кардани қазияи Афғонистонро пайдо кунад. Масъалаи терроризму ифротгароӣ танҳо нест, ки вазъиятро ноором месозад. Ба ибораи дигар рушди экстремизму терроризм дар ин кишвар пайомади ихтилофҳои ҷиддии дигар мебошанд. Яке аз масъалаҳои низоъангез ихтилофҳои қавмӣ ва ё ба мафҳумҳои дар давраи шӯравӣ азбаркардаамон «ҳалл нашудани масъалаи миллӣ» дар Афғонистон аст.

Кадом масъалаеро бигиред, боз ҳам агар амиқтар таҳлил кунед, ангеза ва ё сабабаш масъалаи қавмӣ аст. Ҳама чиз дар меҳвари қавм, ихтилофҳои қавмӣ мечархад.

Ҳатто Толибон, ки як ҷунбиши мазҳабӣ аст, боз ҳам дар сиёсат ва амалкардҳои он манфиатҳои қавми паштун, соҳиби қудрат будани он дар авлавият қарор доранд. Хилофатгароӣ ва ё амиралмуъминин хондани роҳбари Толибон ҳам ҳамин аст, ки дигар қавмҳо даъвои роҳбарӣ накунанд. Ҷолиб ин ҷост, ки Шоҳ Валиуллоҳи Деҳлавӣ яке аз вежагиҳои халифаро «шарофати насабӣ ва қавмӣ» донистааст, ки ин ақида бо тафаккури имрӯзии Толибон, ки худро мутааллиқ ба як қавми бартар (паштун) медонанд, комилан мувофиқ аст.

Паштунҳо навобаста аз гароишҳои сиёсию идеологиашон, хоҳ демократ бошанд ва хоҳ коммунисту хоҳ либерали тарбияёфтаи Амрико дар масъалаи ба паштунҳо тааллуқ доштани қудрати сиёсӣ бо толибон ҳамақидаанд.

Бинобар ин, роҳи ҳалли масъалаи миллӣ бояд ёфта шавад, яке аз роҳҳои он ғайримутаммарказ гардонидани Афғонистон аст. То имрӯз кадом гурӯҳе агар пешниҳоде дар ин бора мекунад, онро рад месозанд, гӯё ин боиси таҷзияи Афғонистон мешавад. Ба ғайр аз таҷзия моделҳои гуногуни дигари ғайримутамарказ сохтани қудрат вуҷуд дорад, ки дар дунё таҷриба шудааст ва суботу ваҳдати миллиро таъмин менамояд. Фақат бояд оромона, бидуни ҳассосият ин роҳҳо омӯхта ва пешниҳод шаванд. Барои анҷоми ин кор, ман дар як мусоҳибаи дигар гуфта будам, ки эҳтимоли ворид намудани нерӯҳои сулҳхоҳи СММ ва зери назари он баргузор намудани интихобот мувофиқи мақсад бошад. Аммо то интихобот роҳи душворе дар пеш аст, зеро Толибон ба ҳеҷ навъ интихобот розӣ нестанд.

Ҳоло дар бораи пайомади ба сари қудрат омодани Толибон назарҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзе аз омадани Толибон хушбинанд, ки ниҳоят баъди даҳсолаҳои ҷангу хунрезӣ сулҳу субот таъмин мешавад. Дигарон, баръакс толибонро як таҳдид, пеш аз ҳама барои кишварҳои ҳамсоя медонанд ва огоҳ мекунанд, ки дар Осиёи Марказӣ минтақаи ноамн ба вуҷуд хоҳад омад.

 Шумо аз кадоме аз ин пешгӯиҳо ҷонибдорӣ мекунед?

Бале, дуруст аст, ки арзёбиҳо дар бораи толибон фарқ мекунанд ва назарҳо ҳам гуногунанд. Касоне, ки онҳоро таъриф мекунанд далелҳоеро пеш меоранд ва онҳое ҳам ки ба омадани сулҳу субот дар Афғонистон бовар надоранд, далел доранд.

Дар ин ҷо меъёри асосӣ бояд сиёсатҳо ва кору фаъолияти амалии толибон бошад. Дар зарфи 4 моҳе, ки толибон Афғонистонро зери назорат гирифтанд, кадом мушкили мардумро сабук карданд? Таъкид мекунанд, ки ҷанг хотима ёфт, амният таъмин шудааст. Аввал ин ки толибон ҷанг мекарданд, амалҳои интиҳорӣ анҷом медоданд, ҳама ҷо интиҳору инфиҷор буд. Табиист, ки акнун онҳо ин корро бар зидди худашон анҷом намедиҳанд. Боз ҳам дар ҳамин 4 моҳ даҳҳо амалҳои хунини интиҳорӣ анҷом шудааст, ки толибон пеши роҳи онҳоро гирифта натавонистанд, ё худашон бо кадом далеле дар онҳо даст доранд. Фақру бенавоӣ ба дараҷаи олӣ расида, кишвар дар остонаи фоҷиаи башарӣ қарор дорад. Дар ҳама вилоятҳо хидматчиёни давлатии низоми гузашта, зиёиён, фаъолони ҷомеаи маданӣ таъқиб ва кушта мешаванд, занҳо аз ҳуқуқи кор ва таҳсил маҳрум шудаанд, донишгоҳҳои давлатӣ баста мебошанд, мусиқию, наққошӣ ва дигар фароғатҳои маданӣ мамнуъ эълон шудаанд. Як ҳукумати тақрибан якқавмӣ ва танҳо аз намояндагони як гурӯҳи сиёсӣ ташкил шудааст. Ҷойи қавмҳои дигар, гурӯҳҳои сиёсии дигар дар куҷост? Дар Афғонистон ба мисли пештара аъзои даҳҳо созмони террористии хориҷӣ озодона кору фаъолият доранд, ки мояи нигаронии кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Аз ин рӯ, ман бештар ақидаи гурӯҳи дувумро ба воқеият наздик медонам.

              Пайомади ба қудрат расидани Толибон барои Осиёи Марказӣ чист? Онҳо чӣ таҳдиде доранд? Таҳдиди низомӣ, идеологӣ ва ё чӣ?

Ба назари мо, агар зулму истибдоди толибон афзоиш ёбад ва ё ҷангҳо байни толибон ва гурӯҳҳои зиддитолибонӣ густариш пайдо кунанд авалин пайомади онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сарозер шудани муҳоҷирони афғонистонӣ аст.

Пайомади бад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири ин таҳавулот ба афкори умумии кишварҳои минтақа мебошад. Пирӯзии толибон “ҳастаҳои хобида”-и гурӯҳҳои ақидатӣ ва ифротгароро, дар кишварҳои Осиёи Миёнаро метавонад бедор кунад. Бо пирӯзии Толибон дар Афғонистон ин гурӯҳҳо ангеза пайдо намуда, ба ояндаи муборизаи худ ва аз роҳи зурӣ расидан ба мақсади ғасби ҳокимият боварӣ пайдо мекунанд.

Ҳамин ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз гурӯҳҳои исломгаро ва шахсиятҳои ҳатто ғайримазҳабии тоҷик хушҳолии худро аз пирӯзии Толибон пинҳон намекунанд.

Пайомади хатарноки дигари ба сари қудрат омадани толибон ба паноҳгоҳи амн барои террористони байналмилалӣ ва ба маркази тарбияи онҳо табдил ёфтани Афғонистон аст. Марказҳои асосии террористие, ки дар Вазиристони шимолии Покистон мавҷуданд ба шимоли Афғонистон кӯчонида мешаванд. Покистон аз соли 2014 ин нақшаро амалӣ намуда истодааст. Дар вилоятҳои шимолӣ, махсусан дар Бадахшон, Кундуз ва Тахор дар ҳар деҳаи калон мадраса ва масҷидҳои замонавӣ сохтаанд, ки шабеҳи мадрасаҳои Вазиристон мебошанд. Ҳамин тавр, шимолу шарқи Афғонистон метавонад ба Вазиристони нав табдил шавад, ки таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллии Тоҷикистон аст. Аз Ироқ ва Сурия низ ҷангҷӯёни таҷрибаи ҷангӣ дида ба Афғонистон интиқол дода мешаванд. Бинобар ин аз эҳтимол дур нест, ки террористҳо даст ба бесубот сохтан ва ҳатто ба таҷовузи мустақим бар зидди кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон мезананд.

Хатари дигар барои ҷомеаи Тоҷикистон аз Афғонистони толибонӣ интиқоли мафкура ва ҷаҳонбинии толибонӣ ва доишӣ тавассути таблиғоти расонаӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра мебошад, ки хилофи манфиатҳои миллӣ ва таҳдид ба амнияти миллии мо мебошад.

Пайомади дигари ногувор осеби ҷиддӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва забону фарҳанги тоҷик дар Афғонистон аст. Яъне аз Толибон ва гурӯҳҳои террористии вобаста ба он ҳар таҳдидро интизор шудан мумкин аст:  низомӣ, идеологӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ғайра.

          Дуруст аст, ки баъди ин пирӯзӣ, ки толибон онро “футуҳоти исломӣ” таъбир мекунанд, ба гурӯҳҳои террористӣ дар ҳама ҷо илҳом мебахшад. Дар ин шароит толибон пайваста изҳор медоранд, ки ба кишварҳои ҳамсоя мушкил эҷод намекунанд ва аз ҳудуди Афғонистон кадом таҳдиде барои онҳо вуҷуд нахоҳад дошт. То кадом сатҳ мешавад ба толибон бовар кард?

Дуруст аст, ки дар кӯтоҳмуддат толибон аз сабаби надоштани имконот ва ба хотири ба даст овардани эътимод в эътирофи давлати худ аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ худашон ба мудохилоти рӯирост дар умури кишварҳои ҳамсоя даст назананд. Аммо дар Афғонистон даҳҳо созмони дигари террористӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки аксаран дар зери ҳимояи Толибон қарор доранд. Ман фикр намекунам, ки Толибон пеши роҳи фаъолиятҳои онҳоро гирифтани бошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки Толибон тавони мубориза бо ДИИШ-Хуросонро надоранд. Гузашта аз он, дар миёни Толибон ҳам ба таври кофӣ гурӯҳхои тундгаро зиёданд, ки ҳамин ҳоло гузаштани онҳо ба ДИИШ-Хуросон босуръат идома дорад. Ин қисми тундгароҳо, ки дар мадориси Покистон шустушӯи мағзӣ шудаанд, ҷиҳодро барои ҳар мусулмон фарз медонанд. Оё толибон метавонанд ва мехоҳанд онҳоро аз ин кор боздоранд?

Масъалаи дигар рақобатҳои афзояндаи геополитикӣ дар минтақа аст, ки аз ин гурӯҳҳои террористӣ метавонанд ҳамчун абзор барои расидан ба ҳадафҳои худ ва истифода дар ҷангҳои ниёбатӣ истифода намоянд.

                Кадом гурӯҳҳои террористӣ нисбатан хатарноктар мебошанд, ки аз онҳо кишварҳои дигар метавонанд истифода кунанд?

Дар Афғонистон созмонҳои террористии байналмилаии Ал-Қоида, ДИИШ-Хуросон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ансоруллоҳ, Шӯрои ҷиҳоди исломӣ, Катибат ал Имом Бухорӣ, Лашкари тайиба ва ғайра фаъолият доранд.

              Оё Толибон бо ин созмонҳо алоқаашонро накандаанд?

Аз рӯи маълумотҳои СММ ҳеҷ нишонае ё исботе вуҷуд надорад, ки толибон робитаашонро бо ин созмонҳо канда бошанд. Баръакс аз хадамоти ин созмонҳо толибон истифода мекунанд. Аз ҷумла дар ҷанги Панҷшер ин ҷангҷӯён иштирок карданд. Маълумотҳо вуҷуд дорад, ки Ал-Қоида марказҳои таълимие бунёд намудаст, ки дар онҳо толибон ба таълими низомӣ фаро гирифта шудааанд. Ин таълимгоҳҳо дар шимоли Афғонистон ҳам таъсис шудаанд. Ҳеҷ замонате вуҷуд надорад, ки террористони дигар гурӯҳҳо низ ба ин марказҳои ҷалб нашаванд.

 Дар бораи ДИИШ хабару тасвирҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи бераҳмии ин террористон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба нашр мерасид. Ба назари Шумо оё тафовути усулӣ байни Толибон ва ДИИШ дар ин масъала вуҷуд дорад?

Аз нигоҳи бераҳмӣ ман тафовути зиёде байни толибон ва доишиҳо дар Афғонистон намебинам. Зеро Толибон ҳам акнун як гурӯҳи пурра ҳанафимазҳаб ва таҳаммулпазир нест. Дар сохтори он гурӯҳҳое вобаста ба тафаккури ДИИШ, гурӯҳе ҳам бо тафаккури Ал-қоида, зоҳиран бо ҳифзи пойбандиҳо ба мазҳаби ҳанафӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мо бояд пеш аз ҳама ба аъмол ва кирдори онҳо назар кунем. Гурӯҳҳое, ки дар сохтори Толибон мебошанд амалҳои истишҳодӣ ва интиҳорӣ анҷом медиҳанд, ки теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ кушта мешаванд, занони ба назари онҳо гунаҳкорро дар байни омма сангсор мекунанд ва шаллоқ мезананд, кушторҳои дигари бераҳмона анҷом медиҳанд, ки аз амалҳои ДИИШ-Хуросон дар Афғонистон ҳеҷ фарқ надорад. Ё имсол тамоми мардум аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ диданд, ки чи гуна дар вилояти Форёб гурӯҳи 22 нафараи неруҳои вижаи давлатиро баъди он ки дастҳояшонро боло карда, таслим шуданд, толибон тирборон карданд.

Аслан ман ба ин назарам, ки фарқи зиёд байни ДИИШ-Хуросон ва Толибон вуҷуд надорад. Байни ДИИШ-Хуросон ва ҳадди аққал як ҷиноҳи Толибон, ки бо номи Шабакаи Ҳаққонӣ ёд мешавад робитаҳои танготанг мавҷуд аст. Холо ҳам розҳои зуҳури ДИИШ-Хуросон фош нашудаанд. Огоҳони сиёсӣ ва амниятӣ ақида доранд, ки ДИИШ-Хуросонро асосан мушовири Шӯрои амният дар ҳукумати А.Ғанӣ Ҳаниф Атмар ва раиси Сарраёсати амнияти миллӣ Маъсум Станикзай бо кумаки амрикоиҳо ва англисҳо аз ҳисоби толибон дар зиндонҳои давлат сохта буданд. Толибон дар зиндонҳо омӯзишҳои махсус дода мешуданд ва пас аз берун шудан аз зиндон байрақи ДИИШ-ро баланд мекарданд. Ба ғайр аз ин дар ДИИШ-Хуросон террористоне буданд, ки амрикоиҳоаз зиндони Гуантанамо озод намуда буданд. Ҳадафи Атмар ва Станиккзай аз ин тариқ фишор овардан ба толибон ва гурӯҳҳои сиёсию низомии Шимол буд. Агар ҷараёни фаъолияти ДИИШ-Хуросон ҳам ба таҳлил гирифта шавад мебинем, ки ҳадафи ҳамлаҳои террористони ДИИШ-Хуросон ҳам дар ҳамин ду ҷиҳат аст. ДИИШ-Хуросон расман соли 2015 ташкил шудааст, аммо соли 2014 иттилооте дар бораи пайдоиши шахсони ниқобпӯш дар минтақаҳои шарқи Афғонистон дар расонаҳои хабарӣ пайдо шуданд. Эҳтимол инҳо ҳамон парвардаҳои ба истилоҳ “Атмарӣ” буданд. Дар он замон касе дар бораи пайравони «Давлати исломӣ» будани онҳо ҳарф намезад. Аммо маълум шуд, ки«ниқобпӯшон» бо толибон душманӣ меварзанд ва баъзан толибонро дар минтақаҳои фаъолияти онҳо ҳалқовез меёфтанд.

Шумо ёд дошта бошед ҳамон солҳо вакили парлумон Ҳоҷи Қадир аз Нангарҳор чандин бор аз минбари ин мақоми олии кишвар изҳор кард ва савганд хурд, ки ДИИШ-Хуросон аз Арг ва аз Раёсати амнияти миллӣ роҳбарӣ мешавад. Он вақт касе ин масъаларо ҷиддӣ нагирифт.

Баъзе аз гурӯҳҳо ва ҳатто сиёсатмадороне мисли Раиси ҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай кӯшиш мекарданд исбот намоянд, ки ДИИШ-Хуросон дар миёни мардуми Афғонистон реша надорад, онҳо афғон нестанд ва ҳеҷ рабте ба Афғонистон надоранд. Ин дар ҳоле буд, ки ин ҳамон паштунҳо буданд, аз ҳеҷ куҷое наомада буданд ва инро Ҳ. Карзай хуб медонист. Пасонтар ДИИШ-Хуросон бо ДИИШ-и асосӣ дар Ироқу Сурия робита пайдо намуд ва эҳтимолан пул ҳам мегирифт.

             Огоҳони масоили амниятӣ ба ин ақидаанд, ки баъдан Созмони истихборотии низомии Покистон (ISI) аз ин барномаи Шӯрои амнияти Афғонистон огоҳ шуд ва дар марҳилаи авввал зарбаҳои сахте ба ДИИШ –Хуросон зада мешуд ва пас аз он ISI ҳалқаҳои парокандаи ДИИШ-Хуросонро бо Шабакаи Ҳаққонӣ пайваст намуд ва аз ин тариқ мудирияти онро ба даст гирифт.

Байни ДИИШ-Хуросон ва Шабакаи Ҳаққонӣ як навъ тақсими вазифаҳо муайн шуда буд. Амалҳои террористие, ки бар зидди нерӯҳои давлатӣ анҷом мешуданд, Толибон ба уҳда мегирифтанд ва масъулияти амалҳои террористие, ки ба муқобили иншоот ва тазоҳуроти мардумӣ ва ё муассисаҳои таълимӣ анҷом мешуд ДИИШ-Хуросон ба душ мегирифт. Дар ҳоле, ки ин амалҳо ё якҷо ташкил ва анҷом мешуданд ва ё асосан инҳоро Шабакаи Ҳаққонӣ анҷом медод, аммо масъулиятро ДИИШ ба дӯш мегирифт.

Имрӯз ҳам бозиҳои бисёр печидаи истихборотии кишварҳои гуногун дар Афғонистон идома доранд, ки дарки онҳо осон нест.

              Як таҳдиди дигар гуфта мешавад барои Тоҷикистон ва Осиёи Маркази таҳдиди қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар аст. Дар ин масъала толибон чӣ кафолатҳое ваъда медиҳанд ва оё ба тааҳудоташон пойбанд мебошанд?

Толибон дар ҷараёни ҳама гуна мулоқоту музокироти худ дар давоми тақрибан беш аз ду соли охир чизе мегӯянд, ки аз онҳо мусоҳибонашон мехоҳанд бишнаванд. Аз ҷумла, дар бораи мубориза бо кишт, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо ба ваъдаҳояшон вафо мекунанд. 90 % маводи мухаддир дар минтақаҳое кишт мешуд, ки зери назорати толибон қарор доштанд. Чаро ҳеҷ коре накарданд, ки кишти маводи мухаддир коҳиш пайдо кунад. Зеро ки аз ин фоидаи калон мегирифтанд ва мегиранд.

Дар Гузориши Шӯрои амнияти СММ аз 12‒15 января соли 2018 омадааст, ки дар соли 2017 толибон аз фуруши маводи мухаддир аз 400 до 500 млн. доллари ИМА фоида гирифтаанд. Имрӯз ҳам тамоми ҳудуди Афғонистон дар назорати Толибон аст, аз ҷумла сарҳадоти кишвар, аммо қочоқи маводи мухаддир идома дорад.

               Дар масъалаи эътирофи Аморати исломӣ Толибонро чӣ дурнамое интизор аст?

Масъалаи эътироф кардан ва ё накардани Толибон, пеш аз ҳама, аз худи Толибон вобаста аст. Ҷомеаи байналмилалӣ талаботи бисёр мушаххас дар назди Толибон гузоштааст, ки то имрӯз ба ҳеҷ яке аз хостаҳои он ҷавоби мусбат надодааст.

Инҳо иборатанд аз ташкили ҳукумати инклюзивӣ, риояи ҳуқуқи занон ба кор ва таҳсил, яъне ҳуқуқи баробар бо мардон, риояи ҳуқуқи ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, роҳ надодан ба табдили дубораи Афғонистон ба лонаи гурӯҳҳои террористӣ ва ғайра. Агар Толибон мехоҳанд узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бошанд бояд ин хостҳои ҷомеаи байналмилалиро ба назар бигиранд.

Ман фикр мекунам, ки Толибон, бешубҳа дар масъалаҳои усулии ақидатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ ба тағйир намешаванд, зеро ин як тафаккур, як ақида ва як мактаб аст. Чуноне Мулло Муҳаммад Яқуб, фарзанди Мулло Муҳаммад Умар, муассиси Толибон ва сарпарасти вазорати дифои Аморати исломӣ гуфтаст: “Агар ҳама дунё муқобили мо биистанд, ҳаргиз аз арзишҳои исломӣ ва миллӣ кӯтоҳ намеоем”. Аммо эҳтимоли роҳ додан ба баъзе нармишҳо дар масъалаи таъмини ҳуқуқи занон ба таҳсил, дар доираи тафсири худашон аз шариат, албатта, иҷозати кор дар баъзе муассисаҳо, ба ҳукумат ҷалб намудани теъдоди бештари намояндагони ақвоми ғайрипаштун ва ғайра вуҷуд дорад, то ки ҳукуматашонро тавонанд фарогир ҷилва диҳанд. Зеро толибон, ки ба қудрати сиёсӣ расидаву ин қасру кушк ва зиндагии шаҳриро дар Кобул дидаанд, ҳаргиз намехоҳанд аз он ҷудо шаванд. Толибон бисёр кӯшиш доранд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ, ба хусус Амрикоро ҷалб кунанд, то ин кишвар ба Афғонистон баргардад.

Аҷиб ин аст, ки 20 сол толибон барои аз кишвар хориҷ кардани амрикоиҳо мубориза карданд ва имрӯз роҳбарони ин ҷунбиш дуо мекунанд, ки амрикоиҳо баргарданд. Муовини вазири умури хориҷаи Аморати исломӣ Муҳаммад Аббос Станикзай изҳор намуд, ки «Иншааллаҳ амрикоиҳо бармегарданд. Аз рафтор ва ахлоқи онҳо, ки дар ҷараёни музокирот мушоҳида кардаам, онҳо бармегарданд, мо ҳама корро анҷом медиҳем, ки онҳо баргарданд»,- гуфт ӯ. Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки «ҷиҳоди толибон» бар алайҳи амрикоиҳо як василае буд барои ғасби қудрати сиёсӣ ва машруъ ҷилва додани ҷанги онҳо.

        Ба ҳар сурат, кишварҳои ҳомии Толибон эҳтимолан роҳбарони ин ҷунбишро битавонанд қонеъ кунонанд, ки роҳи дигаре вуҷуд надорад, ё бояд ҳадди аққали хостҳои ҷомеаи байналмилалиро қабул намоянд ё дар муқобили онҳо дер ё зуд як ҷабҳаи нерӯманд ташаккул меёбад ва онҳоро аз сари қудрат дур мекунад. Роҳи севум вуҷуд надорад. Ҳоло ҳамзамон шаклгирии ду ҷабҳа зиддитолибонӣ ба мушоҳида мерасад. Яке ДИИШ ва дигаре Чабҳаи муқовимати миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд

        Ҳамин тавр, бо каме нармиш аз тарафи толибон роҳ ва ё гуфтан мумкин аст баҳона барои эътирофи онҳо аз тарафи баъзе кишварҳои ҳомиашон пайдо мешавад. Аммо бо вуҷуди ин, бо сиёсате, ки имрӯз амалӣ мекунанд, эҳтимолияти ташаккули ҷабҳа ё ҷабаҳоти зидитолибонӣ дар 5-6 моҳи оянда ва оғози марҳилаи нави ҷангҳо барои сарнагун намудани Толибон вуҷуд дорад.

 Ҳоло дар ҳама марказҳои таҳлилӣ, коршиносон ва дипломатҳо дар бораи мавқегирии қотеъонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Толибон баъд аз ишғоли Афғонистон аз тарафи он сухан мегӯянд ва ба ин ақидаанд, ки гӯё ҳама дунё як тараф аст ва Тоҷикистон як тараф. Шумо чӣ назар доред? Оё ин сиёсати сахтгирона дар шароите, ки ҳама кишварҳо бо як навъе бо Аморати исломии Толибон робита доранд ва ҳамкорӣ мекунанд ба манфиати Тоҷикистон хоҳад буд?

             Аввал ин ки дар кадом марҳилаи таърихии баъд аз Истиқлоли кишвар сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба падидаи ифротгароӣ ва терроризм, таҳдидҳое, ки аз ин самт вуҷуд доранд қотеъ набудааст? Ҳар касе, ки каму беш ба масоили сиёсию амниятии минтақа сару кор дорад медонад, ки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон, муносибат бо гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла “Толибон” ҳамеша сиёсати устувор, қотеъ, якранг буда, ҳеҷ гоҳ аз меъёрҳои дугона истифода накардааст ва бозиҳои дугонаро бо террористон намепазирад. Ҳоло, мутаассифона, ин дугонагӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ як падидаи роиҷ шуда истодааст.

Дар ҳамон солҳои 90-уми асри ХХ Сарвари давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талошҳои зиёд намуданд, ташаббусҳои муфид пешниҳод карданд, пайваста даъват мекарданд, ки қазияи Афғонистон бо роҳи сиёсӣ ҳаллу фасл шавад, аз пайомадҳои идомаи низоъ ва фаъолияти “интернатсионали террористӣ” дар Афғонистон ҳушдор медоданд. Аммо он вақт гӯши шунаво камтар буд ва ё таҳдидҳоро ҷиддӣ нагирифтанд.

Гарчанде таҳдиди терроризм ва маводи мухаддир барои кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯз то рӯз бештар мегардид, аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ҳатто кишварҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) натавонистанд мавқеи ягонаро дар муносибот бо «Толибон» интихоб кунанд. Гузашта аз ин, ин кишварҳо робитаҳои худро бо «Толибон» барқарор сохта, ҳатто дар фикри ба расмият шинохтани Аморати «Толибон» буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Сарварии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона кишваре буд, ки то охир дар канори мардуми Афғонистон қарор дошт ва ба ин давлати машруъ дар муқовимат бо терроризми байналмилалӣ аз ҳеҷ гуна кумак ва пуштибонии сиёсию маънавӣ дареғ наварзид.

 Ин баъд аз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 буд, ки баъзе роҳбарони кишварҳои Аврупо, Амрико ва дипломатҳои хориҷӣ сиёсати Президенти Тоҷикистон, мавзеъгирии устувориҶумҳурииТоҷикистонро ситоиш мекарданд, ки хатарирежими«Толибон»-робароиминтақаваҷаҳондаркнамуда буд ва аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳушдор медод.

Як дипломати норвежӣ дар САҲА баъд аз ташкили Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ бо мақсади сарнагун намудани режими “Толибон” ва шомил шудани Тоҷикистон ба он эътилоф гуфтааст: «Ҳоло маълум нест, ки оё Тоҷикистон ба эътилоф пайваст ва ё эътилоф ба Тоҷикистон, ки  7 сол бо тамоми таҳдидҳо аз Афғонистон мубориза мебурд. Эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки мо бо Тоҷикистон ҳамроҳ шудем».

Баъди 15 августи соли равон воқеаҳо такрор шуданд. Ин ҳамон Толибон аст, ки дубора эҳё шуд ё аниқтараш эҳояш карданд ва қудратро ба даст гирифтааст. Боз ҳам дар шароите, ки бисёре аз кишварҳо дар солҳои охир бо Толибон робитаҳо доштанд ва эҳтимоли ба сари қудрат омадани ин ҷунбиши террористиро медонистанд ва омода буданд онро ба расмият бишиносанд, ин Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пеш аз дигар роҳбарони давлатҳо мавқеи худ ва давлати Тоҷикистонро бисёр ҷасурона, бо қотеъият эълон кард. Ӯ баъд аз мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурайшӣ 25 августа 2021 изҳор намуд, ки Тоҷикистон ҳеҷ як ҳукумати дигареро, ки дар ин кишвар тавассути зулм ва таъқиб таъсис ёфтааст эътироф намекунад.Тоҷикистон ҷонибдори ташкили ҳукумати инклюзивӣ бо назардошти манфиати тамоми мардуми Афғонистон, ба хусус ҳамаи ақаллиятҳои милли он мебошад, ки тоҷикон дар он ҷойи шоиста дошта бошанд.

Аммо дар баъзе аз кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, ки як сиёсати хайрхоҳона нисбат ба толибонро ихтиёр кардаанд, мавзеъгирии Президенти Тоҷикистонро “сахгирона” хонданд. Онҳо ҳеҷ интизор набуданд, ки Президенти Тоҷикистон чунин як мавқеи ҷасурона ва мустақилонаро пеш мегирад.

Моҳи октябр дар яке аз конференсияҳои байналмилалии илмӣ дар Институти муносибатҳои байналмилаии Маскав бо иштироки дипломатҳо ва коршиносони сатҳи хеле баланд аз кишварҳои гуногун иштирок намуда будам. Дар ҷараёни ин конференсия ҳам аксаран ба ин назар буданд, ки мавзеъгирии Тоҷикистон “сахтгирона” (“жесткий”) аст ва агар вазъият ба ҳамин шакл идома пайдо кунад Тоҷикистон бозандаи ин бозӣ мешавад. Ҳатто яке аз иштирокчиён изҳор кард, ки Тоҷикистон ба таври маснуӣ вазъиятро муташанниҷ месозад ва бо ин мавзеъгириаш Президенти Тоҷикистон СААД-ро дар вазъияти ногувор мемонад. Ман албатта, ба ин назарҳо посух гуфтам ва таъкид намудам, ки сиёсати Президенти Тоҷикистон дар ин масъала идомаи ҳамон сиёсати устувор ва қотеъ аст, ки дурустии онро таҷриба исбот намудааст. Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақа аст, ки чунин таҷриба ва анъанаи тамос ва музокирот бо созмонҳои террористиро надорад ва аз бозиҳои дугона бо террористон, стандартҳои дугона дур аст ва инро як монеаи асосӣ дар мубориза бо терроризм медонад.

Имрӯз мушоҳида мекунем, ки баъд аз изҳороти Президенти Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон М. Қурайшӣ ва суханрониҳои баъдиаш дар ҷаласаҳои сарони кишварҳои СААД ва СҲШ, 17-18 сенябр ва дар мубоҳисаҳо дар доираи Иҷлосияи 76 Шӯрои амнияти СММ, 24 сентябри соли равон дигар кишварҳо ҳам гарчанде бо толибон гуфтушунид доранд, ҳамкорӣ мекунанд, аммо аз ба расмият шинохтани Аморати исломӣ ибо меварзанд. Онҳо ҳам аз ташкили давлати инклюзивӣ бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои этникӣ, таъмини ҳуқуқи занон, ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба паногоҳи амн барои террористон ҳарф мезанад ва пешшартҳое ба Толибон гузоштаанд. Умедворем, ки ин кишварҳо, махсусан ҳамсояҳои мо пурра ба мавқеи Тоҷикистон мепайванданд, то як ҳукумати фарогир, дорои субот ва амният дар Афғонистон таъсис шавад, ҳам мардуми ранҷкашида осоишта зиндагӣ кунанд ва ҳам нигарониҳои амниятии ҳамсояҳо рафъ гарданд.

Акнун муносибати баъдии Тоҷикистон бо Толибон аз амалкардҳои роҳбарони ин ҷунбиш ва ҷомеаи байналмилалӣ вобаста аст. Толибон, ки иддаои эътирофи байналмилалӣ мекунанд ва мехоҳанд узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ бошанд бояд ба хостҳо ва пешшартҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва қоидаҳои пазируфташуда дар ин ҷомеа розӣ шаванд.

             Сарсабз бошед!

             Сипосгузорам.

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97