Мусоҳиба бо хонум Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Тоҷикистон роҷеъ ба фарҳанг, иқтисод ва ҳунар
– Фарҳанг бузургтарин сиёсат аст. Шумо дар ин бахш бо Тоҷикистон дар чи заминаҳое ҳамкорӣ доред?
– Сафорати Фаронса аслан дар бахши фарҳанг дар Душанбе фаъолона кор мекунад. Аксарияти овозхонҳо, аз ҷумлаи ҷавонон ва бузургсолҳо, аз дӯстони Сафорати мо маҳсуб меёбанд.
Мо сари ҳар чанд вақт маросимҳое барои дастгирии фарҳанги тоҷикон, ҳамчунин барои алоқамандони фарҳанги фаронсавӣ доир мекунем. Ҳамчунин мо дар маросимҳо ширкат карда, ҳукумати тоҷикон ва фаъолияти фарҳангии ин кишварро дастгирӣ мекунем.
Ба вижа, мо дар бахши мусиқӣ хеле фаъолона кор кардем, барои ди джейҳои тоҷик ҷиҳати дар шакли нав баромад кардан дар рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ шароит фароҳам овардем ва гуруҳи мусиқии фаронсавиро барои ширкат дар ҷашнвораи ҷази Душанбе ҷалб кардем. Дар вақти баргузории ҳафтаи Франкофония навозандагони ҷавон аз Душанбе имконият пайдо карданд, қитъаоте аз эҷодиёти оҳангсозони фаронсавиро бинавозанд ва бархе ҳатто бо асбобҳои мусиқии тоҷикӣ навозиш карданд.
Мо ҳамчунин коргардони фаронсавиро барои ҳамкорӣ бо коргардонҳо ва донишҷӯёни тоҷик даъват кардем. Дар сафоратхонаи мо ҳамчунин корҳои рассомони ҷавони маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Ман ҳамчунин ишқу алоқаи тоҷикон ба шеъри классик ва муосирро қадрдонӣ мекунам. Дар соли ҷорӣ ба мо муяссар шуд, то ҳамроҳ бо шоирони тоҷик шоми шеъри Хайёмро барпо кунем, ки дар ин базми шеър ҳозирин бо чандин забон аз ашъори ин шоир шеър қироат карданд, ҳамчуни маҳфили рӯнамоии китоби шоири ҷавон Адибаи Азизро ҳам барпо кардем.
Дар моҳи сентябр мо дар ҷашнвораи синамои тоҷик саҳм мегузорем, мутахасисони синамои Фаронсаро ба ин ҷо даъват кардаем, ҳамчунин намоиши филмҳои фаронсавӣ дар чанде аз шаҳрҳои кишвари шуморо дар назар дорем. Тавре мебинед, фарҳанг моро бетафовут намегузорад!
Барои ман фаъолият дар бахши фарҳанг ин мушорикат дар ситоиши зебоӣ аст, ки ҳунармандон меофаранд. Мо дар шароити сахти ҷаҳони имрӯз зиндагӣ дорем: фарҳанг моро ба ҷое раҳнамун аст то мо дар ҳамраҳӣ орзу кунем.
– Порисро аслан, ҳамчун шаҳри зебоӣ, ишқ ва руъё, шаҳри муд ном мебаранд. Ва теъдоди зиёди сайёҳон аз кишвари шумо дидан мекунанд. Тоҷикистон сесолаи Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва деҳотро эълом кардааст. Дар ин бахш давлати Фаронса бо Тоҷикистон чӣ ҳамкориҳое дошта ва дорад, зеро шахси Шумо дар маҳофили бахшида ба ин ceсолa зиёд дида мешавед ва намоишгоҳҳои зиёдеро низ сарпарастӣ ва доир кардаед. Дар ин замина чи корҳоеро сомон додед, ки боиси қаноатмандии ду ҷониб шудааст?
–Дар ҳоли ҳозир мо барои ташкили намоишгоҳ, бахшида ба бархе аз ганҷинаҳои таърихии Тоҷикистон дар осорхонаи Гими Порис омодагӣ дорем. Ин намоишгоҳ, ки бозёфтҳои нодири археологии тоҷиконро рӯнамоӣ мекунад, бидуни шак дар муаррифии бештари Тоҷикистон барои ҷомеаи Фаронса ва хориҷиҳо мусоидат мекунад.
Шояд шумо низ медонед, ки Фаронса яке аз пешгомони дунё дар бахши сайёҳӣ аст, ва агарчӣ, албатта Порис нақши муассире дар ин пешгомӣ дорад, дигар манотиқи Фаронса низ, ҳамчунин сифати иншооти туристӣ сайёҳони дунёро ҷалб сохтааст.
Барои он ки барои Тоҷикистон имкони омӯзиши ин таҷрибиёт даст бидиҳад, мо бо бисёре аз ширкатҳои сайёҳии фаронсавӣ, аз ҷумла бахши сайёҳат дар баландкуҳҳо, ки Фаронса дар он таҷриба ва Тоҷикистон потенсиали зиёд дорад, робитаи дуҷониба барқарор кардем.
Умедворам, ки битавонем бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷараёни ҳамкориро дар ин бахш суръат бубахшем, зеро ин барои бахши фарҳанг ва ҳамчунин иқтисод хеле муҳим аст. Мехостам талоши ҳукумати Тоҷикистонро дар ин замина таъкид кунам, ки боис мешавад то боздидкунандагони бештаре аз кишвари шумо дидан кунанд. Корҳои зиёде аст, ки дар ин замина мо бояд бо ҳам анҷом бидиҳем.
–Ҷиҳати бозорёбии соҳибкорони тоҷик, ба хусус дар бахши саноеи дастӣ ба бозорҳои Урупо, ба хусус Фаронса оё коре рӯи даст гирифта шудааст? Ва фикр мекунед, Тоҷикистон чи маҳсулотеро метавонад ба ин бозор ироа кунад?
–Зебоии ҳунарҳои мардумӣ ва лаззати ғайриқобили қиёси бархе аз ғизоҳои тоҷикӣ, бидуни шак, метавонад таваҷҷӯҳи масрафкунандагони аврупоӣ, бахусус фаронсавиҳоро, ки ба лаззати ғизои мехурдаашон диққатти хос медиҳанд, ва ҳамчунин мехоҳанд ба сифат ва тавлиди ғизо, маҳсулоте, ки харидорӣ мекунанд, ва шароити тавлиди он, мутмаин бошанд. Вақте шумо меваҳои кишвари дигареро масраф мекунед, мехоҳед мутмаин бошед, ки инҳо дар шароити хуб, барои сиҳатӣ безарар ва қобили интизори шумо парвариш ёфтаанд.
Он чи ба маҳсулоти тоҷик марбут аст, бояд рӯи масъалаи сертификат ва мутобиқат бо стандартҳои аврупоӣ кор кард, ман медонам, ки соҳибкорони тоҷик ба он таваҷҷӯҳи хос доранд.
Фаронса таҷрибаи бузурге дар бахши ҷобаҷоӣ ва сертификати маҳсулоти ғизоиро дорад.
Ман бовар дорам, ки соҳибкорони тоҷик медонанд, ки маҳсулоти дорои сертификати аврупоӣ имкон фароҳам меорад то маҳсулоти худро бо нархи гаронтар бифурушанд ва эътимоди масрафкунандаро ба даст биоваранд.
Чанд моҳе қабл намояндаи итеҳсолкунандаи олуи сиёҳ аз Ажен (навъи чернослива, масхусан дар Фаронса боарзиш аст) ба Душанбе омад, то дар бораи стандарти истеҳсоли олуи сиёҳ гуфтугӯ кунад, ман ба таваҷҷӯҳи зиёди истеҳсолкунандагони тоҷик дар ин маврид пай бурдам.
Шумо ин ҷо ҳунарҳои мардумӣ низ доред. Тоҷикистон кишвари истеъдодҳо ва имкониятҳои эҷодист ва ин ҷо ҷавонони зиёди халлоқ дорад. Дар ин замина, бидуни шак, имкониятҳои хуб мавҷуд аст, аммо муҳим аст, ки касоне мехоҳанд маҳсулоташонро содирот кунанд, бояд дар бораи муштариён ва тавақуъоти онон, ба хусус хориҷиён маълумот дошта бошанд. Бархе аз ҳунармандони кишвари шумо инро дарк кардаанд ва маҳсулоти худро содир мекунанд.
– Шумо кадом брендро меписандед, ва «гардероб»-и Шуморо кадом тарроҳи тоҷик тавониста бо маҳсули дасташ такмил кунад?
– Шумо медонед, ки ба ман муд, дизайн ва эҷодиёт писанд аст. Ман бо чанде аз тарроҳони маъруфи Тоҷикистон ҳамкорӣ доштам, ва бархе аз маҳсули эҷоди онҳо қисме аз «гардероб»-и манро ташкил медиҳад. Бо гузашти айём ман ҳамчунин тарроҳони ҷавони зиёдеро дар кишвари шумо дидам. Дар оянда қасд дорам бо ин истеъдодҳои ҷавон ҳамкорӣ кунам ва барои рушди офаридаҳои онҳо мусоидат кунам.
–Аз нигоҳи Шумо барои дар баробари кишварҳои рушдёфта қарор гирифтан, Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад? Тавсияи Шумо дар ин маврид чист?
– Тоҷикистон 28 сол аст, ки соҳиби истиқлол гардидааст, ва Фаронса ҳам дар ин муддат бо Тоҷикистон муносиботи дипломатӣ барқарор кардааст.
Мисоли хеле аз кишварҳое, ки замони мушкили таърихиро пушти сар мекунанд, Тоҷикистон, шояд барои чандин соле ақиб монда, вале ман ба кишвари шумо бовар дорам, ва шаке надорам, ки гузаронидани ислоҳот бо ҷалби ҷомеа, ва махсусан ҷавонон, дар ояндаи Тоҷикистон заминаи таҳаввул мегардад.
Ман ба кишвари шумо ва ҷомеаи он эҳтиром қоилам. Медонам, ки масири дарозеро бояд паймуд, шумо дар чорроҳа қарор доредва Тоҷикистон имконият дорад то ба як кишвари бузург табдил шавад. Танҳо ба табиати зебои кишвари шумо назар афкандан, кофист, ки ба ин бовар ҳосил кунед.
– Расонаҳои Тоҷикистонро чӣ гуна мебинед? Чӣ ҳамкориҳое дар ин замина анҷом шудааст.
– Сафоратхонаи Фаронса муносиботи хубе бо ВАУ Тоҷикистон дорад, мо пайваста онҳоро ба нишастҳои хабарӣ даъват мекунем, дар барномаҳои родиюӣ ширкат меварзем. Мо ҳар рӯз нашрияҳои гуногуни тоҷикиро мутолиа, мекунем, ки ин имкон медиҳад, дарк кунем, ки дар ин кишвар чӣ мегузарад, ҳамчунин забони тоҷикии худро дар амал месанҷем.
Ин ҷо мехоҳам таъкид кунам, сафорати мо ҳамеша аз ҳама гуна дархост истиқбол мекунад. Гуфтугӯ бо рӯзноманигорон муҳим аст. Шумо ба мо зарур ҳастед. Кори шумо сахт аст, вале шумо ҳамеша имкони дастгирӣ аз суи сафорати Фаронсаро доред.
–Маҷаллаҳои бонуфузи Фаронса кадом аст ва Шумо ҳамчун бону кадом яке аз ин маҷаллаҳои хоси бонувонро меписандед?
–Ман бисёр кунҷкобам, вале ҳамоно пойбанд ба матбуоти чопӣ ҳастам. Аз ин рӯ, ман ҳама гуна рӯзномаро мутолиа мекунам, на вобаста ба он ки сиёсӣ аст, иқтисодӣ ва ё дар мавриди равобити байналмилалӣ.
Ва ба гунае, ки Шумо ишора кардед, ман дӯстдори муд ҳастам. Замоне Порис меравам, ҳамеша аз шавҳарам хоҳиш мекунам, ки биравад ва бароям маҷаллаҳои муд бихарад. Вақте ба Порис бармегардам, ин як бахше аз лаззатҳои кучаки ман аст. Шавҳарам бо ман дар ин маврид шухӣ мекунад, вале ман аз ин намеранҷам..
маҷаллаи онлайнии “Ҳавво”