Тарроҳе, ки мехоҳад вазири фарҳанг шавад

Мусоҳиба 12.11.2019 07:16

Суҳбати ихтисосӣ бо Аҷмал Ҳақиқӣ, раиси хонаи муди Афғонистон (Ҳақиқӣ фишн)

 – Ман бо дархости рӯзномаи “Миллат”– Тоҷикистон музоҳиматон шудам, ибтидо мехоҳам бифаҳмам  Аҷмал Ҳақиқӣ кист?

– Шуморо хуш омадед мегӯям,  Аҷмал Ҳақиқӣ ҳастам нахустин касе, ки мудилингро ба хотири рушди фарҳанг ва анъаноти Афғонистон; дар кишвар бунёнгузорӣ кардам. Аз туфулият ба муд алоқа доштам, 12 сола будам, ки ба ин арса по гузоштам, аз мактаб литсеи Ҳабибияи Кобул фориғ шудам ва дар риштаҳои журнолизм ва ҳунарҳо санади лисонс дорам, донишкадаи ҳунарҳоро ба далеле хондам, ки кори мудилинг бо тарроҳӣ наздикии зиёд дорад.

 – Рӯйи лавҳае, ки ба дарвозаи дафтаратон насб аст «Ҳақиқӣ фишн» навишта шуда , ки мутмаинан номи дафтаратон аст, дар ин маврид ҳам мехоҳам аз шумо бишнавам , ки дафтаратон (идораи шумо-“Ҳ”) чӣ навъ ниҳоде аст?

  “Ҳақиқӣ фишн”, дафтари шахсӣ аст, ки 12 сол пеш шурӯъ ба кор кард, масъулияти онро худам дорам, аз тарафи ҳеҷ донори (сармоягузори) дохилӣ ва хориҷӣ  тамвил намешавем, танҳо манбаъи даромади мо фурӯши тарҳҳо ва либосҳои тарроҳишудаи мо аст.

 – Оқои Ҳақиқӣ гуфтед, аз 12 солагӣ кор дар бахши мудилингро шурӯъ карда будед, оё ин ба ташвиқи хонавода буд ва ё завқи худатон ва дар куҷо оғоз кардед, дохили Афғонистон ё берун аз он?

Бале, оғози навҷавониам буд, касе ташвиқам накард! Вақте бо хонавода машвара кардам, ҳатто манзурамро нафаҳмиданд, ки ман чӣ мехоҳам; чун дарк намекарданд, ҳадафам чист. Шогирди хайёт будам, танҳо талошам дар он замон ин буд, ки либосҳои зебо бо дизойнҳои зебо барои худам омода кунам ва бипӯшам, дӯст доштам хуштип бошам ва либосҳои қашанг - қашанг бипӯшам. Барномаҳои муди телевизионҳои хориҷиро медидам ва аз корашон хушам омаду ба ин натиҷа расидам, ки бояд кори мудилинг ва фишенро шурӯъ кунам.

 Оғози корам аз иштирок дар барномаҳои яке аз телевизионҳои ҷаҳонӣ буд, пас аз се ё чаҳор сол дар яке дигар аз телевизионҳо барномае ба номи“Афғон муд оғоз шуд ва ба далели ин ки тифл будам, маро дар он барнома нагирифтанд ва ин боис шуд то баъдҳо нахустин касе бошам, ки мудилингро бунёнгузорӣ кунам дар Афғонистон ва феълан 12 сол шуда таври мудовим дар ин арса кор кардам. Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир 40 модел бо ман кор мекунанд, ки 8 танашон хонумҳо ҳастанд.

Имрӯз бароям ҷойи хушбахтӣ аст, ки аъзои хонаводаам –падар, модар ва хоҳарон ва бародаронам, аз либосҳое, ки тавассути ман тарроҳӣ ва омода мешаванд, мепӯшанд ва манро бо дунёи кориам баракси гузашта пазируфтаанд.

 – Касоне ки бо шумо ҳамкор ҳастанд, риштаҳои таҳсилиашон бо кори мудилинг ҳамхонӣ дорад, ё ба далели алоқаи шахсӣ ин пешаро баргузиданд?

Афроде, ки ба унвони модел бо мо кор мекунанд, аз ақвоми мухталифи Афғонистон ва аз риштаҳои таҳсилии мутафовит (гуногун) ҳастанд ва назар ба алоқае, ки ба мудилинг доштанд бо мо пайвастанд, албатта омӯзишҳои назария ва амалиро мо барояшон додаем ва ҳадафи мо муштарак аст, ба тасвир кашидани иттиҳоду иттифоқ ва ҳамдилии мардумиАфғонистон.

Аз оғози роҳ бигӯед то кунун ва чолишҳои он?

Пешинаи муд ва фишен дар Афғонистон бармегардад ба замони шоҳ Амонуллоҳхон. То замоне ки мо шурӯъ ба кор кардем, натавонист шакли кори доимиро ба худ бигирад, ба таври вақфаӣ ва моделҳои афғон ё хориҷӣ кор карданд, шояд яке аз далоил суннатӣ будани ҷомеа буда бошад. Замоне ки мо ҳам шурӯъ ба кор кардем, чолишҳои фаровоне доштем, аз ин лиҳоз ва то ҳанӯз ҳам бархе аз чолишҳо, аз ҷумла тафовути диди мардум нисбат ба касоне, ки кори мудилинг мекунанд, вуҷуд дорад, аммо ман мардуми худро маломат намекунам, чун фақри савод ва фақри иқтисодӣ ҳоким аст. Дар кишваре, ки мардум нони хӯрдани худро надоранд, мегӯянд, моро чӣ ба модел ва мудилинг ва ман ба он даста аз ҳамватанонам ҳақ медиҳам, чунин фикр кунанд. Аммо ҳастанд касоне, ки моро ҳамеша ташвиқ карданд ва рӯҳия бахшиданд. Ба ҳар сураташ муборизаи мо идома дорад то мудилингро дар Афғонистон ниҳодина созем.  Ба хотире ки дар ин кор нафъи миллат ва мардуми мо аст. Коре, ки мо мекунем, муаррифии фарҳанги либоси ақвоми мо, ки шомили паштун, тоҷик, узбак, ҳазора, туркман ва ... мешавад, аст.

Ва чолиши умдатар аз ин, ки мо дорем, дуздӣ шудани тарҳҳои мо ё ҳам копӣ (нусхабардорӣ) аз он бидуни мувофиқаи мо аст, ки ҳар аз гоҳе аз лиҳози модӣ ва маънавӣ моро садама мезанад. Чолиши дигар набуди салони меъёрӣ барои муделинг аст.

 – Дар утоқе, ки мо ва шумо феълан қарор дорем, намунаҳои зиёде аз либосҳои қадимӣ ва модерни афғонӣ дида мешавад, танҳо дар бахши либосҳои афғонӣ кор мекунед, ё бештар аз он?

 Мо танҳо дар бахши либосҳои ақвоми мухталифи Афғонистон кор мекунем ва мудилинг як баҳона аст, ки зери чатри он талош дорем,  фарҳанги либоси мардуми Афғонистонро зинда нигаҳ дорем ва ба мардуми минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кунем. Мо бештар аз ҳазор тарҳ аз либосҳои афғониро танзим кардем, аз ҷумла либосҳои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, шоҳ Амонуллоҳхон ва малика Сурайё ва вазир Муҳаммадакбархон дар ин ҷамъ шомиланд.

Ҳамчунон бояд изофа кунам, ки мо илова бар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ба кишварҳои мухталифи урупоӣ низ харидорони бисёр хуби тарҳҳои либосҳои афғониро, ки дизойн мекунем, дорем.

 – Машҳуртарин афроде, ки аз либосҳои дизойншуда тавассути «Ҳақиқӣ фишн» пӯшидаанд, чӣ дар арсаи ҳунар ва чӣ дар арсаи сиёсат киҳо ҳастанд?

  – Либосе ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури барҳоли кишвар дар рӯзи аввали иди Рамазони имсол пӯшид, тавассути мо омода шуда буд. Сенатор хонум Аноркли Ҳунарёрро низ тарроҳии либосҳояшонро мо анҷом медиҳем.

Ҳамчунон ҳунармандони машҳури афғонӣ, монанди: бону Ориёно Саид, Қайс Улфат ва Шафиқ Мурид аз либосҳои тарроҳишуда тавассути мо пӯшидаанд.

– Дар мавриди либоси раиси ҷумҳур Ғанӣ агар вазоҳат бидиҳед, бо чӣ порчае ва чӣ дизойне омода шуда буд? То ҷое ки ман маълумот дорам, раиси ҷумҳур Ғанӣ таъкид рӯйи истифодаи маҳсулот ва тавлидоти ватанӣ дорад.

–  Пероҳан тунбон (либоси мураввиҷи афғонӣ) ҳамроҳи як воскат ва гулҷайбии қашанг барои оқои раиси ҷумҳур сохтам. Чун мехостем як либос аз порча (тикка) и вижатар бо ранги муносиб барои раиси ҷумҳур омода кунем. Ин либосро мо комилан аз порчаҳои афғонӣ кор кардем ва тарҳ низ афғонӣ буд.

Порчае, ки мо либоси раиси ҷумҳур Ғаниро сохтем, аз абрешими Ҳирот –вилояти ғарби Афғонистон ва тиккаи нахи Бадахшони вилояти шимоли Афғонистон буд, ки ин либос ба хоҳиши раиси ҷумҳур омода шуда буд ва мо онро ҳадягуна тақдими оқои раиси ҷумҳур кардем. Ба хотири он ки битавонам ҳамроҳи тими кориам барои раиси ҷумҳури кишварам дар замони кӯтоҳ, яъне рӯзе қабл аз иди саиди Фитр либоси идиашонро омода кунам ва ин ки раиси ҷумҳури кишвар тарҳи мо –либоси омодашуда тавассути моро дар маросими адои намози ид истифода кард, бароям ҷойи ифтихор аст.

– Яке аз сиёсатмадорҳои Афғонистон, ки ҳамеша рӯйи либосашон табсира аст ва ба шикпӯшӣ ва хушлибос будан дар миёни мардум шӯҳра аст, оқои Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллӣ (ҳукумати кунунии Афғонистон) аст, барои оқои Абдуллоҳ ҳам то ҳол либос омода кардаед,ва ё тақозои тарроҳии либосро аз шумо кардааст ё хайр?

– Навовариҳое, ки доктор соҳиб Абдуллоҳ раиси иҷроияи кишвар дар тарҳи либосҳояш дорад ва хуштипияшон воқеиятро бигӯям, бисёр хушам меояд ва дар ҳоли ҳозир рӯйи як либоси афғонӣ кор мекунам ва қасд дорам барои оқои Абдуллоҳ туҳфа бидиҳам, ҳамчунон бо се тан аз номзадони интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон қарордод бастем, ки либосҳояшон дар ҷараёни корзорҳои интихоботиро мо омода кардем.

  Киҳо ҳастанд ин се тан аз номзадони интихоботӣ?

Назар ба ин ки аз лиҳози тиҷоратӣ ба кори худ аҳамият қоил ҳастем, қабл аз поёни муборизоти интихоботӣ намехоҳам номашонро ифшо кунам, аммо баъд аз он ҳатман ин масъаларо бо шумо шарик хоҳам кард.

Ҷолибтарин либосе, ки тарроҳӣ кардед ва аз тарафи мардум истиқболи хуб шуда бошад?

   Либосе аст, ки аз тикка(порча)-и чодари бурқаъ дар чанд дизойни мутафовит тарроҳӣ шуда ва ин либос дар барномае намоиш дода шуда, таҳти номи«Стойл дар ҳиҷоб».

 – Чанд моҳ пеш хонум Фархунда Заҳро Нодирӣ сиёсатмадор ва аз фаъолони ҳуқуқи зан низ намоишгоҳи либосҳои  аз чодарӣ омода шударо дар Кобул роҳандозӣ карда буданд, манзуратон ҳамон аст? Яъне коре муштарак доштед ё хайр?!

 На хайр, мо як сол қабл ин тарҳро иҷро карда будем, аммо баъдан ин тарҳи мо каме дуздӣ шуда.

 – Чаро дар байни гурӯҳҳои мудӣ, ки дар Афғонистон ҳастанд, шумо шуҳраи зиёд пайдо кардед?

 Қазоват бо мардум аст, аммо шояд яке аз далоил ин бошад, ки мо аввалин тиме будем, ки мудилингро дар Афғонистон ҷиддӣ гирифтем ва бунён гузоштем ва ҳамчунон навовариҳои мо боис шуда аз шӯҳрати хуб бархурдор шавем. Ман ба навоварӣ бовар дорам ва ҳамвора саъй мекунам, барномаҳои мутафовит ва тарҳҳои ҷадид ва мутафовит ба мардум ироа кунам, ки ин боис шуд, рақобате, ки дар бахши мудилинг дар кишвари Покистон баргузор шуд, имтиёзи болотар аз гурӯҳҳои муди покистонӣ аз они худ кунем. Ҳамчунон қобили зикр аст, ки то ҳол дар кишварҳои мухталиф ва вилоёти мухталифи Афғонистон намоиши либос дошта бошем.

 – Орзуятон чист?

– Сулҳ мехоҳам ва ин ки рӯзе вазири иттилоот ва фарҳанги кишвар шуда битавонам.

– Сипос, аз ин ки вақт гузоштед ва бо мо дар бораи кори ҳунарии хеш гуфтед.

– Сипос бар Шумо низ.

 

Суҳбати ихтисосии

Нақиба Борикзай

барои маҷаллаи “Ҳавво”

шаҳри Кобул, Афғонистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97