Генерал Громов: Аҳмадшоҳ мухолифи мо, аммо шахси шоиста буд

Мусоҳиба 18.02.2019 17:21

Борис Громов мегӯяд, баъди 11 сентябри соли 2001 амрикоиҳо ба ман муроҷиъат намуданд ва ман ба онҳо гуфтам, ки ба Афғонистон наравед, ки шикаст мехуред. Онҳо рафтанд ва инак 18 сол он ҷо гир мондаанд

30 сол қабл, 15 феврали соли 1989 хурӯҷи неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ба охир расид.

Генерал Борис Громов, фармондеҳи нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон, қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо “Спутник Афғонистон” роҷеъ ба ин маълумот дода, ки чи гуна қарор дар мавриди зарурати хуруҷи нерӯҳо ҳосил гардид, хуруҷи урдуи 40-ум аз хоки Афғонистон чи гуна сурат гирифт, иҷрои амалиёти хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ то чӣ ҳад душвор буд, кадом ҳолоти ғайри қобили пешбинӣ дар даврони хуруҷи шӯравӣ рух медод.

Шумо дар Афғонистон панҷуним солро сипарӣ кардед. Чӣ чиз барои шумо ҳангоми иқомат дар Афғонистон бисёр душвор буд?

Барои ман душвортар аз ҳама иқомати ман буд. Ман ба он ҷо дар январи соли 1980 парвоз намудам ва дар моҳи март фаъолиятҳои муҳорибавӣ оғоз шуданд. Дар он лаҳза ман академияро ба итмом расондам ва тавре ки ман фикр мекардам барои фаъолиятҳои муҳорибавӣ омода будам. Нахуст ман раҳбар дар ҷанги фирқаи 108-ум дар Кобул будам. Ҳамалот қабл аз моҳи март низ рух медод, вале мо наметавонистем посух диҳем, ин ба таври қатъӣ мамнуъ буд. Сангинтарин даврае, ки дар ҳофизаи ман боқӣ мондааст ин ҳамон фаъолиятҳои аввали муҳорибавӣ буданд. Аз он ба баъд ман як идда натиҷагириҳои амалӣ намудам: Набояд ба набард рафт, агар авзоъро баррасӣ накарда бошӣ.

– Чи чиз шуморо ҳайратзада ё такон дод, вақте ки шумо дар Афғонистон ҳузур ёфтед?

Аввалин лаҳзае, ки маро такон дод, феврали соли 1980 рух дод. Он вақт ман фармондеҳи гурӯҳи 108-ум будам, ки он вақт дар шимоли Кобул қарор дошт ва баъдан мо ба Багром нақли макон кардем. Мо ҷаласаи машваратии раҳбарони гурӯҳҳоро тавре баргузор менамудем, ки дар замони сулҳомез дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъмул буд. Баъд аз яке аз чунин ҷаласот ҳидоят дода шуд, ки ба марокизи худ биравем. Як соат баъд гузориш шуд, ки дар масири роҳ аз Кобул ба Багром ба тарафи мошин оташ кушода шуда ва фармондеҳи инженерии соҳаи куҳӣ кушта шудааст. Бар иловаи ин ки вай ва ронандаи ӯ кушта шуданд, душманон ӯро пора-пора карда буданд. Ман дар ин маҳал будам. Ин такондиҳанда ва ваҳшатнок буд. Мо дар зиндагии сулҳомез тарбия ёфта будем ва медонистем, ки ин номумкин аст. Дар тӯли 9 сол чунин мавридҳо пайваста такрор мешуданд.

Роҷеъ ба афғонҳои одӣ назари шумо чист?

– Афғонҳое, ки дар ҳеч кадом аз дастаҳои муҷоҳидин шомил набуданд, содиқ ва мардуми бисёр хуб буданд. Онҳо бисёр фақирона зиндагӣ мекарданд, аммо онҳо аз инсоният, ҳусни ният дар муносибот нисбат ба мардум, минҷумла нисбат ба шуравиён бархӯрдор буданд. Шояд онҳо ҷиҳати ба оғӯш кашидан аҷала надоштанд, аммо онҳо аз худ қоидаҳои ҳайсият ва шеваи бархӯрд доштанд. Онҳо нисбат ба мо, мардуми шӯравӣ бархӯрди бисёр хуб менамуданд ва мо низ ба айни тартиб. Мо ба онҳо кумаки бисёр зиёд менамудем, бунёд мекардем ва маводи ғизоӣ ирсол мекардем. Онҳо аз ин қадрдонӣ мекарданд.

– Шумо ғизоӣ афғониро сарф кардаед?

Ман нони афғонӣ аз танӯр хӯрдаам. Бисёр мазза доранд, хосатан вақте ки гарм бошанд.

Оё шумо кадом калимоте ба забони дарӣ ё пашту омӯхтаед?

Ман чанд калимаро медонам, аммо беҳтар аст онҳоро ба садои баланд талаффуз накард.

– Шумо шонси Иттиҳоди Шӯравиро дар мавриди пирӯзӣ дар аввал чӣ гуна арзёбӣ кардед ва назари шумо ба ҷараёни ҷанг чӣ гуна тағйир мекард? Шумо чӣ гуна фаҳмидед, ки масъалаи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад?

Ман се бор дар Афғонистон будам. Дар ибтидо ман роҷеъ ба сиҳати қарори иттихозшуда қазоват карда наметавонистам. Баъд аз яку ним сол вақте ман амалан бо тамоми Афғонистон ошно шудам ва дар ҳама ҷо будам, ман фаҳмидам даъвоҳое, ки мехостанд дар амал пиёда кунанд, қобили таҳаққуқ набуд. Дар он вақт ҳам Амрико ва ҳам НАТО ҳама чизро барои он анҷом медоданд то пойи Иттиҳоди Шӯравиро ба Афғонистон бикашонанд. Ман ҳамчунон ба ин дар замони мулоқот бо командири кулли самти ҷанубии НАТО муътақид шудам. Онҳо инро пинҳон намекарданд. Ба назари ман, ҳангоми иттихози файсала роҷеъ ба вуруди нерӯҳо ва кумаки интернатсионалистӣ ба раҳбарии Афғонистон зоҳиран ҳама чиз мадди назар гирифта нашуда буданд, ё мулоҳизоти дигар вуҷуд доштанд, ки мо роҷеъ ба онҳо намедонем. Ҳоло равшан шуда, ки вуруди нерӯҳо бо санҷиш омода нашуда буд.

– Қарор роҷеъ ба хурӯҷи нерӯҳо чи гуна иттихоз мешуд?

– Аз авоили соли 1983 фармондеҳии урдуи 40-ум ба таври ҳадафманд бар қарори хурӯҷи нерӯҳо аз тариқи вазорати дифоъ, сафорати шӯравӣ ва аз тариқи ҳама онҳое, ки чунин қарорро иттихоз мекарданд,пофишорӣ мекард.

Мо аснод омода сохтем ва онҳоро ба Бюрои Сиёсӣ ба Маскав равон кардем. Ба таври ҷиддӣ ба хотири баррасии қарор роҷеъ ба хурӯҷи нерӯҳо дар соли 1985 иқдом карданд, вақте равшан шуд, ки масъаларо ба зӯр наметавон ҳал кард. Билохира қарор дар моҳи январ ба асоси “мувофиқатномаи январ”, ки Афғонистон ва Покистон имзо карданд, иттихоз шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико зомини он буданд. Дар мувофиқатнома замони хурӯҷи нерӯҳо таъйин шуда буд: оғози хурӯҷ ба таърихи 15 майи соли 1988 ва хатми хурӯҷ дар таърихи 15 феврали соли 1989. Ягона чиз ин буд, ки назми хурӯҷи нерӯҳо тартиб нашуда буд, чун инро фармондеҳи урдуи 40-ум таъйин мекард. Фақат фармондеҳи урдуи 40 бар хурӯҷи нерӯҳо таъкид мекард, чун ҳама он вазоиф, ки ба мо дар Афғонистон марбут буданд, ҳал шуда буд. Мо ба ҳама, аз ҷумла амрикоиён нишон додем, то замоне ки урдуи 40-ум дар Афғонистон мавҷуд буд, нуфуз кардан ба онҷо ва ҷангидан бо Иттиҳоди Шӯравӣ бе фоида буд. Амрикоиён ҳамин ҳоло роҷеъ ба ин суҳбат мекарданд. Вале онҳо ҳама чизро анҷом медоданд, то нерӯҳои Шӯравиро ҳар чӣ бештар дар Афғонистон нигаҳ доранд.

– Назаре вуҷуд дорад, ки Итттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар шикаст хӯрд. Шумо чи назар доред?

– Баъд аз хурӯҷи нерӯҳо онҳое, ки тасаввур карда наметавонанд, ки Афғонистон чист касе, ки дар он ҷо наҷангида, аксаран афсонаҳое баён мекунанд, ки Шӯравӣ дар Афғонистон шикаст хӯрд. Вазифа вуҷуд надошт, ки урдуи 40-ум наметавонист онро иҷро накунад. Ин урдуи бисёр қавӣ буд. Роҷеъ ба ҳеч гуна шикаст суҳбат дар миён буда наметавонад. Нерӯҳое, ки дар он ҷо қарор доштанд, аслан қобили муқоиса набуданд. Аз як тараф мо ва аз тарафи дигар онҳое, ки ба ишораи Амрико фаъолият мекарданд. Амрикоиён пинҳонӣ фаъолият мекарданд. Раиси собиқи СРУ дар ин бора дар хотироти худ навиштааст. Амрико ҳама чизро ба дасти Покистон ва афғонон анҷом медоданд, ки тарафдори Покистон буданд. Ва умдатар аз ҳама ин ки урдуи 40-ум дар Афғонистон ҳеч гоҳ аз ҳеч кас вазифаи пирӯз шудан аз тариқи низомӣ дарёфт накарда буд. Вақте ки мегӯянд, ки урдуи мо дар он ҷо шикаст хӯрд, пас ин мардумро бояд афсонасароён номид.

– Лутфан ба таври муфассал маълумот диҳед, ки омодагӣ барои хурӯҷ ва худи хурӯҷ чи гуна сурат мегирифт? То чи ҳад таҳаққуқи хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон аз нуқтаи назари техникӣ ва амалӣ печида буд?

– Амрикоиён ҳама чиз барои он анҷом медоданд, то хурӯҷ сурат нагирад ё агар сурат мегирифт, пас бо талафоти азим барои мо сурат мегирифт. Мо омодагии ҷиддӣ гирифта будем, ҳама, он чи ки мумкин буд: ҳам кашфи кайҳонӣ ва анвоъи дигари истихборотро, ки дар он замон вуҷуд доштанд, барои ин кор басиҷ карда будем. Мо дар бораи ҳар километр хоки Афғонистон ҳама чизро медонистем. Хурӯҷи нерӯҳо дар ду ҷиҳат: дар ҷиҳати ғарбӣ-дар имтидоди сарҳад бо Ирон ва Кишки марказӣ-аз тариқи ҷануб, ҷанубу ғарб бо Кобул, аз тариқи Соланг ба Тирмиз, иҷрошуд. Мо ҳама раҳбарони “Иттифоқи ҳафтгона” (Иттиҳоди ҳафтгона ё ҳафтгонаи Пешовар-номи расмии он “Иттиҳоди исломии муҷоҳиддини Афғонистон”)- иттиҳоди низоми сиёсии раҳбарони муҷоҳиддини афғон дар даврони ҷанги солҳои 1979-1989, аҳзобро, ки дар Покистон буданд, аммо гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳо дар Афғонистон қарор доштанд, руҳан омода сохтем ва бо онҳо иртибот барқарор намуда будем. Мо дар байни онҳо шабакаи неруманди агентӣ доштем.

Мо бо онҳо мукотиба мекардем ва бо бисёре ашхос мулоқотҳо менамудем. Билохира бо такмил намудани омодагӣ барои оғози хурӯҷ , ба ҳама ба имзои ман номаҳоро ирсол кардем, чун ман расман фармондеҳи урдуи 40-ум-намояндаи ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи Афғонистон будам, пас ҳама тавофуқот аз тариқи ман сурат мегирифт. Ба ҳама аз ҷумла расман хабар дода шуда буд. Бар иловаи ин мо ба онҳое низ номаҳоро ирсол кардем, касоне, ки аз онҳо дар Покистон ҳимоят мекарданд. Хурӯҷ амалан бидуни талафот сурат гирифт, агар чи ин бисёр осон набуд. Мавзеъгирии Э.Шеварнадзе, вазири хориҷаи СССР  хурӯҷи неруҳоро печидатар месохт. Ӯ бар он пофишорӣ мекард, то урду ба муҳлати муъайяне, ки дар мувофиқатномаи январ зикр шуда буд, хориҷ нагардад ва агар хориҷ мешуд, пас 30 ҳазор нафар бояд дар имтидоди шоҳроҳи Кобул-Тирмиз барои ҳимоят аз Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва урдуи Афғонистон боқӣ мемонд. Мо дар ин маврид ба тавофуқ нарасидем, ихтилофи назар вуҷуд дошт. Вақте марҳилаи аввали хурӯҷ 15 май-15 августи соли 1988 сипарӣ шуд, аз Маскав дар мавриди мутаваққиф сохтани хурӯҷи неруҳо амр дода шуд. Неруҳо аз Кобулро мо як моҳ қабл аз хатми муҳлат хориҷ сохтем. Хориҷ сохтани теъдоди азими неруҳо ва васоит аз Кобул аз тариқи Соланг фақат дар зарфи як моҳ, вақте дар росту чапи сояҳои муҷоҳиддин нишаста буданд, бисёр душвор буд.

– Маълум аст, ки бо Масъуд роҷеъ ба ин мувофиқа ҳосил шуда буд, то ӯ қаторҳои неруҳои Шӯравиро бидуни ҳар гуна мавонеъ аз тариқи кӯтали Соланг иҷозаи убур диҳад? Чунин тавофуқ чи гуна дастёб шуда буд? Муносиботи шумо бо Аҳмадшоҳ Масъуд чи гуна буданд? Шумо бо ӯ мулоқот карда будед. Ӯро чи гуна ба хотир доред?

Масъуд бо вуҷуди он ки яке аз мухолифони асосии мо буд, аммо шахси шоиста буд. Аҳмадшоҳ ҳама чизро бисёр хуб мефаҳмид. Мардум, ки дар дараи Панҷшер зиндагӣ мекарданд, ӯро бисёр дӯст доштанд. Масъуд шахси бисёр мутаъаҳҳид буд. Агар ӯ ваъда медод, пас сад дар сад бояд бовар медошт, ки ӯ ба қавли худ вафо мекунад. Ман бо ӯ як бор қабл аз хурӯҷи неруҳо мулоқот кардам. Ин дар моҳи майи соли 1988 буд. Қабл аз ин мо ба якдигар номаҳо менавиштем ва аз тариқи мухбирон равон мекардем. Мо роҷеъ ба ҳама чиз тавофуқ намудем, ҳама проблемаҳоро ҳаллу фасл кардем, ҳамкории мутақобилро созмондеҳӣ кардем, то кадом чизе ғайри пешбинишуда рух надиҳад. Мо сафарҳо доштем, бар иловаи ин мо иттилоияҳоро сифрсозӣ мекардем, то кадом касе дигар аз номи Аҳмадшоҳ амал накунад. Охирон бор мо роҷеъ ба масири ҳаракат- ин дар наздикии маҳалли ҷойгиршавии полки 177, дар баробари дарвозаи вурудӣ, дар доманаи куҳ, ҷое, ки бахши куҳистонии роҳи Соланг ҷудо мешуд, дар дуроҳӣ, бидуни муҳофизин бо ҳам мулоқот кардем. Мо дар ҳудуди панҷ дақиқа бо ҳам гуфтугӯ намудем ва тавофуқотро тайид кардем. Баъд аз ин мо аксаран ба ҳамдигар нома менавиштем. Шеварнадзе пофишорӣ мекард, то қабл аз хуруҷи неруҳо вақте охирон ду қатор аз кӯтали Соланг убур мекард, мо бояд бар Аҳмадшоҳ заработи қавӣ ворид мекардем, ки сурат гирифт. Ҳатто дар он вақте ки мо заработ ворид сохтем, Масъуд зарбаи ҷавобӣ бар мо ворид насохт.

Маълумотҳо роҷеъ ба ҳамла ба дохили Панҷшер ҳам дар он марҳила вуҷуд дорад. Оё ин дуруст аст?

Зараба ба ҳадафҳое ворид шуданд, ки аз Маскав ба ГРУ дода буданд. Аҳдофро Горбачёв мутолиба мекард ва роҷеъ ба ин ба вазири дифоъ гуфта шуда буд. Ба кадом тартиб афсарони мо ба Аҳмадшоҳ хабар доданд, ки мо ба ворид овардани заработ маҷбур хоҳем шуд. Аҳдоф дар тули роҳ нишон дода шуда буданд. Онҳо шабакаи агентии худро доштанд ва мо низ ба онҳо хабар додем. Зарбаҳо ба умқи манотиқ дар шарқу ғарби Соланг зада шуданд. Заработ бар дара тавассути тайёраҳо аз хоки Иттиҳоди Шӯравӣ зада шуданд. Аммо мо қотеъона бо чунин заработ мухолиф будем. Мо ба Маскав телефон кардем ва гуфтем, ки урдуи 40-ум дар ин заработ ширкат нахоҳад кард. Мо амалан аз ҳудуди тобеъият гузаштем, яъне фаромнро иҷро накардем. Мо тавзеҳ намудем, ки агар ин заработ сурат гиранд ва ба ҳадафи худ бирасанд, пас неруҳое, ки дар бахши вурудии кутали Соланг боқӣ монда, аз Афғонистон хориҷ нахоҳанд шуд. Агар муҷоҳиддин зарбаи ҷавобӣ ворид мекарданд, фоҷеъа рух медод.

Кадом афкор ва ҳарфҳо дар зеҳнатон барои аввалин бор хутур кард, вақте ки хурӯҷи неруҳо хотима ёфт?

– Ман бо худ тақрибан чунин гуфтам: “Худоро шукр, ки ҳама чиз хотима ёфт” тавони ҳарф задан надоштам. Ҳамчунон калимоте вуҷуд дошт, ки беҳтар аст онро ба забон наёвард.

Оё орзуи рафтан ба Афғонистон вуҷуд надошт? Оё шумо дар он ҷо баъд аз хурӯҷи неруҳо будед?

– Чунин орзу вуҷуд надошт. Ман тақрибан дар ҳар нуқтаи Афғонистон будам. Бо ин маҳаллот хотироти нохушоянди ман марбутанд.

Оё Амрико аз шумо дар мавриди машвараҳо роҷеъ ба ин ки чи гуна бояд дар Афғонистон ҷангид, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи шумо дархост намуда ё на?

Возеҳан пас аз амали террористии 11 сентябри соли 2001 ба ман аз сафорати Амрико ва НАТО муроҷиат карданд. Ин қабл аз вуруди артиши Амрико буд. Ман ҳама чизро ба рангҳои сиёҳ нишона кардам. Ман саъй намудам тавзеҳ диҳам, ки онҳо дар он ҷо бо мушкилот мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва ин ки онҳо беҳуда дар он ҷо мудохила мекунанд. Вале онҳо мудохила карданд ва инак 18 сол дар Афғонистон қарор доранд.

Бо дар назардошти ин ки чанде қабл Трамп роҷеъ ба хурӯҷи тиме аз артишҳои хориҷӣ аз Афғонистон эълом кард, оё амрикоиҳо барои истифода аз таҷрибаатон ба шумо муроҷиъа накардаанд?

Ҳоло на. Онҳо наметавонанд таҷрибаи неруҳоро ба ин иллат такрор кунанд, зеро неруҳои заминӣ дар Афғонистон надоранд. Мо аз тариқи ду масир заминӣ берун мешудем. Агар онҳо неруҳоро хориҷ месозанд, пас тавассути қувваҳои ҳавоӣ хоҳанд рафт. Агар боз ҳам аз тариқи заминӣ иқдом кунанд, пас афғонон онҳоро нахоҳанд бахшид, зеро онҳо амрикоиҳоро дӯст надоранд, аз ҳамин рӯ онҳо аз тариқи ҳаво хориҷ хоҳанд шуд ва ин чизҳо комилан мутафовитанд.

Манбаъ: Спутник-Афғонистон 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97