Сайёфи Мизроб: Тамоми моликият шахсӣ шуд, натарсидед, аз матбуоти шахсӣ ҳазар чаро?!

Мусоҳиба 27.03.2017 17:29

 –Ҷаноби Сайёфи Мизроб, мехоҳем бо Шумо як суҳбати ихтисосӣ анҷом бидиҳем. Албатта агар зид нестед?!

– Дуруд! Бо ин ки гӯши суханшунав дар ҷамъияти мо нест, вале ба суолҳоятон посух медиҳам, зеро кредои ман дар касбият ин аст, ки журналист бояд бо журналист суҳбат орояд, агар яке аз дигарӣ онро талаб дорад! Ҳарчанд шарҳу тафсири бархе аз суолот амплуаи ман нест. Зимнан гиред он чиро ман мегӯям ва дигар сари он андешаронӣ ва радду тасдиқаш ҳаволаи хонанда бод. Мо Метавонем!

 – Ба назари Шумо имрӯз проблемаи аввалиндараҷаи журналистика кадом аст?

– Проблемаи аввалиндараҷа журналистика надорад. Зеро ин касб худаш проблема шудааст. Бубинед, касбият дар мо ҳаст? Нест! Ҳатто пеш аз посбон-қаровул қабул кардан аз муддаиён дафтарчаи меҳнатӣ, диплом, стажи кор талаб мекунанд. Дар куҷо дидаед, ки аз журналист инро талаб карда бошанд? Одинашо Муродов-журналисти мо, ки донандаи хуби соҳаи бонкдорист, чун ба ун кор гузашт, нахустин дархост аз ӯ ин шуд, ки дипломи иқтисодчӣ гирад. Инак ӯ ме-хо-над! Дар куҷо дидаед, ки аз журналист дипломи журналист талаб карда бошанд ва ё гуфта бошанд, ки оре, ба кор мегирем, аммо ту бояд боз хонӣ, дониши дуввум ё саввуми рӯзноманигорӣ бигирӣ. Нест, ин принсип. Зеро, маъзарат, касбият нест. Чун касбият нест, журналистика худ проблема шудааст.

Ҳоло сари ВАУ-и шахсӣ ҳарф намезанам. Бубинед, ки бо журналистони ба масал давлатӣ чӣ мешавад: Онҳоро гуруҳ-гуруҳ, пачка-пачка аз кор пеш мекунанд. Нафароне, ки умрашонро масалан ба телевизион бахшида буданд, дар миёнаумрӣ бе кор, бе муттако монданд ва...фавтиданд. Марги Аброри Зоҳир, Бахтиёр Сафаров, Темур Султон...ва дигарон ҳамин 1 иллат дошт-қадрношиносӣ. Яъне журналисти давлатӣ ба ҳадде бе ҳуқуқ ва бе пуштибон аст, ки раҳбарият иваз шуд, ӯ чун пробкаи Шампон аз ҷои кораш мепарад! Акнун бигӯед, ки ӯ бояд чӣ кор кунаду куҷо равад? Матбуоти шахсӣ? Маъзарат, вале онҳоро ин ҷо касе интизор нест, зеро талаботи мо дигар аст!!! Гузоришҳои фармоишиву ҳамду сано, аз пашша филсозии масъулини ҷамъияту ноҳияҳо дархурди дарди мо нест: одам дар 2 дақиқа фарди зиёдатӣ мешавад ва...корфармо низ инро медонад. Ин аст, ки сарашон ситам мекунанд...

– Оё дигар авомиле низ ин ҷо нуҳуфтааст?

Проблемаи глобалии матбуоти шахсӣ 2 омил дорад:

1. Дар симои мо дидани душмани синфӣ, ҳарчанд мо танҳо онҳоеро танқид мекунем, ки воқеан ҳам душмани ҳукумат дар дохили онанд, яъне фиребгарон, корупсионерҳо ва муфтхуронро, ки баъдан...худи ҳукумат онҳоро меронад ё мешинонад (курсӣ ё зиндон дигар интихоб аз онҳост –С.М.). Ва ана ҳамин афрод талош доранд, ки аз матбуоти шахсӣ ва вораста озод шаванд ва то ҳастанд бо мо нестанд; мисле ки мо бо онҳо!

2. Интернет ва сайтҳои иҷтимоӣ душмани №1 шудаанд ба матбуоти шахсӣ. Ҳоло на танҳо ҷавон, ки миёнсолу солхӯрдагон тавассути мобайлу сайтҳои иҷтимоӣ фаолтаранд. Менталитети ҷамъият символӣ шудааст: 100-130 символ ё худ ҳарфу нуқтаву вергул бештар қабули мафкураи онҳо нест! Ин аст, ки тафаккури ҷамъияти мо низ ба андозаи ҳамин символҳои интернетӣ кутоҳ шудааст...

Воқеан ҳам хатари ахирӣ сари худи ҳукуматҳост. Зеро бубинед, ки "ишқи интернетӣ" мамолики пешрафтаву боюу ғании қораи арабро ба куҷоҳо андохт. Ҳар нафаре фикр дорад, сари давлати мо низ дар долони абарқудратҳо проектҳои махуф роҳандозӣ нашудаасту соати хешро интизор нестанд, малеҳ карда гӯем, сахт хато мекунад. Ман медонам чӣ мегӯям. Мо Метавонем!

Қудратҳое ҳастанд, ки амдан мехоҳанд ҷамъияти осиёӣ ва он ҳам мусалмонии осиёӣ аз газетаҳо дуртарак гарданд. Муфлисӣ ва басташавии газетаҳое, ки мардум ба онҳо бовар дорад, ба ҳадафҳои инқилобии Ғарб рост меояд. Беҳуда нест, ки сар аз соли 2008-2010 ба ин тараф созмонҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳо кумак ба газетаҳои ғайриҳукуматиро бас карданд! Зеро акнун ҳадафи онҳо тағйир ёфтааст ва дар симои мо-журналистони ҳирфаии ғайриҳукуматӣ душмани аҳдофи худро мебинанд. Зеро мо то ҳастем аз ифротӣ шудани ҷамъият сад мегузорем...

– Ба назари Шумо созмонҳои журналистии фаъол дар кишвар ба вазифаи худ дуруст амал мекунанд?

– Рӯзи 23.01.2017 дар Бонки миллӣ пресс-конфронс мегузашт. Ба ман гуфтанд, ки бархе аз масъулин бар ҳоли баъзе журналистону суолкунандагон писханду танз мезаданд. Медонед чаро? Зеро на танҳо созмонҳои журналистӣ, ки худи журналистону редаксияҳо «дуруст амал намекунанд». Манфиати редаксионӣ пул шудааст. Пул бошад, дилхоҳ редаксия аз баҳри дилхоҳ матлабу дилхоҳ кормандаш мегузарад.

Фаолияти созмонҳои журналистӣ? Медонед, ҳамин ҳоло ман ба фикр рафтам, ки чанд созмони журналистӣ дорем? Ман ростӣ, дақиқан намедонам. Вале чанд раҳбари дарозумр дар ин созмонҳо дорем, ҳама медонад. Ва онҳое, ки 1 курсиро мустаҳкам ва бо ҳар роҳу восита доштаанд, аз ин ҷамъияту ин давлат демкоратия, истеъфо, интихобот...талаб мекунанд.

Ман замони ахир қариб ки ба «тусовка»-ҳои онҳо намеравам. Вале рафту равам...фикр мекунам, ҳамин ним соат пеш аз ин маҳфил баромадаву боз баргаштаам. Зеро ҳамон чеҳраҳо, ҳамон «шахсиятҳои калидии журналистикаи муосир» ва ҳатто ҳамон аудитория-аҳли нишасту семинарҳо! Аз барои Худо, ақаллан 4-5 чеҳраи нав оред ба ин тусовкаҳоятон...

– Шумо аз фирори кадрҳои журналистӣ дар сармақолаи ахири СССР бонги изтироб задаед? Дар ҳоле ки солҳо боз матбуот аз фирори мағзҳо мегӯянд, тафовути рафтани чанд нафари ахир аз ҷумлагӣ дар чист? Шуморо чӣ чиз ин қадр аз ин рафтанҳо нигарон кардааст? Ва оё онҳое, ки рафтаанд, фикр мекунед, ба хотири чӣ ғурбатро ихтиёр кардаанд? Оё воқеан озодии баён ин қадар буғикунанда аст? Шумо ба ҳайси як соҳибрӯзнома дар ин маврид чӣ назар доред? Ва изҳори назари стратегҳои давлати Тоҷикистон дар бораи зараровар будани озодии баёнро чӣ гуна шарҳ медиҳед.

– Биёед аз охири суол бигӯем. Ман дар он пресс-конфронс (нишасти хабарии «Маркази стратегӣ» дар назар аст«М».), мисли дигар нишастҳо набудам (масъулин бояд пеши пои мо чорқад зананд то ба нишастҳояшон равем, зеро онҳоро ҳукумати марказӣ муваззаф кардааст, пеши мо ва ҷамъият ҳисобот диҳанд. Ҳамтоҳои мо аксар барои 2 пиёла чойу кофе шитобон мераванд. Наравед ва бубинед, ки дигар ба шумо писханд нахоҳанд зад!С.М.)...Вале баъди расонаӣ шудани ин гуфтаи стротегҳо бо ишон телефонӣ сӯҳбат доштам. Мегӯянд, тамоман чизи дигаре гуфта будем-«Мо "дар" гуфтем журналистон "девор" фаҳмиданд!». Гӯиё онҳо ба масал «демократияву озодии проарабӣ»-еро дар назар доштанд, ки табиатан онро Исроилу Амрико ва Иттиҳоди Аврупо тавассути сайтҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ карда буд. Агар маҳз онро дар назар доранд, пас ман бо ишон мувофиқам: Ҳар озодии сухан бояд меъёри ҳуқуқӣ дошта бошаду ҳар матлаб ҷавобгарӣ. Танҳо дар ин сурат мо миёни «занаковозаи демократӣ» ва озодии воқеии реалӣ фарқият мегузорем...

Вале бо ин ҳама метавон сари чанд омиле баҳс кард, ки чи сабаб шуда, то журналистикаи мо ба ин рӯзи сиёҳ уфтодааст. Ман сареҳатан намедонам, вале шояд яке аз омилҳои ахири такондиҳандаи Акбари Саттор бар дилсардияш ҳамин авомил шуда бошад, ки дар кишвари мо журналистика касб нест, оянда надорад ва касеро парвое ҳам аз ун нест, ки оқибати ин ҷамъият чӣ мешавад? Зеро дар сари дастгоҳи идеологӣ афроде нишастаанд, ки ё намедонанд, ояндаи ҷамъиятҳо бо журналистика бастагӣ дорад ва ё медонанду худро ба нодонӣ задаву ба чашми ҳукумати марказӣ хок мепошанд. Ҳар чизе ки ҳаст, ин бад аст. Ман фикр намекунам ин нодиданҳо оқибати нек дошта бошад.

Фирори мағзҳо...Мутаассуф мо ба масал мағзе надорем, ки фирор карду осмонамон бар замин уфтад. Агар донед, гӯед, ки ман ҳам шиносамаш. Аммо реҳлати журналистони сухансоз, соҳиби аудитория воқеан ҳам барои Шӯрои амнияти кишвар ҷои фикр аст. Амрикоро намекушоям, агар гӯям, танҳо 1 журналисти фирорӣ ва саркаш барои ҳукумати мо чӣ қадар «дарди сар» шуда буду ҳаст. Бубинед, ки танҳо 1 Бозорро бо чӣ қадар хараҷу мараҷ «баргардонидем». Акнун, ба ҳисоби ман, теъдоди журналистони хуб аз 5 ва миёнахуб 17 нафар беш шудааст. Ин рӯз онҳо «хомӯшанд». Аммо ин хомӯшӣ то кай давом мекунад? Суоли матраҳ аст. Мабодо, кадом проекте дар кадом давлате сари мо мекашанду масъулин фикр доранд, журналисташ ҳамин 4-5 «суолтеяк» асту писхандашон мезананд?! Шолипаяро шаб гузаштаанд! Журналистикаи мо хеле кадрҳои бақувват дорад. Зеро бархостаи даврони тилоии журналистикаи Тоҷики солҳои 90-анд аксарият. Раҳматии Акбари Саттор боре ба 1 муддаӣ бисёр хуб гуфта буд, ки «ту фикр накун, инҳое пулашон ба 1 стакон кофеву 2 сигарету 100 гр арақ мерасад, Шахсият нестанд. Ҳамин ҳоло баромада, тавассути интернет метавонанд оламро ҷунбонанд!». Ва меҷунбонанд охир! Метавонанд! Мо Метавонем!

Чаро ман сари ин муаммо бонги изтироб задам? Зеро дар паҳнои ВАУ надидам нафареро, ки аз ин проблема лаб кушояд. Акбар несту фикр мекунам нафаре нест, ки сари муаммоҳои калидии журналистикаи Тоҷик лаб кушояд. Ба ман хеле аҷиб менамояд, ки журналистони моро дар Аврупову Амрико бо оғӯши боз истиқбол мегиранд. Ба шумо аҷиб наменамояд? Ин ҷо ба зери коса бувад нимкосае...

– Чӣ бояд кард, то рӯзноманигор ба таври рӯзона дар кишвар соҳиби кор шавад?

Рақобати солимро бояд миёни ВАУ роҳандозӣ кард. Майдон аз далер аст. Боре ба 1 сардабир, ки ҳоло маъзул аст, сӯҳбат кардему аз тиражи 15-20 ҳазорааш менозид. Гуфтамаш дар фурӯши озод чанд дона газит дорӣ, ки гуфт, 2000 дона. Боз гуфтамаш, чанд донааш ба фурӯш мераваду чанде бармегардад? Гуфт...200 дона. Гуфтам тиражат ана ҳамин миқдор аст! Тиражҳои ҳангуфт, албатта ман зид нестам, бояд матбуоти расмӣ дошта бошад. Вале мӯҳтавои фарогир низ бояд дошта бошанд!

Ба ман аҷибу ба дигарон хандаовар менамояд, ки дар давлате ҳама корхонаву заводу фабрикаву бозору вокзалу ясливу дабистону аэропорту самолёту мошин...ҳояшро шахсӣ кардааст, аз матбуоти шахсӣ ин қадар метарсанд! О, бародарон! Шумо капиталистед дигар. Аз моликияти шахсӣ наметарседу ҷамъу зам мекунед, пас чаро аз матбуоти шахсӣ метарсед??? ТВ ва Радиоҳоро шахсӣ кунед! Газетаву журналҳоро шахсӣ кунед! Шахсӣ ба маънои сарҳӯй нест. ВАУ-и Русия ва Амрико шахсист, вале манофеъи миллиро дар ҳифозат авлавият медиҳанд. Контроли амниятӣ, пуштибонӣ аз миллату давлату фарҳанг бояд бошад. Вале то журналистика шахсӣ нест, дивиденд намеорад, фоида намеорад, 1 журналисти замонавӣ таваллуд карда наметавонад!

Журналистика, ки шахсӣ шуд, рақобат меафзояд ва журналист ҷои кор меёбад...

– Аз ин ки напазируфтед то раиси Иттиҳоди журналистон бошед, оё пушаймон нестед?

Ҳаргиз!

– Журналистика тайи солҳои ахир талафоти бузурге дод. Қариб, моҳе нест, ки зери лавҳаи Ёдбуди рӯзноманигорон холӣ аз акси рӯзноманигорони фавтидае бошад, ба қавле яке аз вазоифи кадом як ниҳоди журналистӣ маҳз ҳамин тадорукоти баёни таъзия ва ёдбуд шудааст. Рӯзноманигор имрӯз чи ҳолу рӯзе дорад? Посухи ин суолро оё медонед?

Рӯзноманигор ҳоли баде дорад! Ва ин айб аст. Барои ҷамъият ва ҳукумат журналисти серу пур ва сарватманд лозим аст. Зеро фарзи мисол, 1 расонаи радиоӣ ё интернетӣ тавони хариди ӯро надорад. Имрӯз бубинед, расонаи хориҷие хост дилхоҳ журанлисти моро мебарад. Чаро 1 давлат тавони рақобат бо 1 радиоро надошта бошад? Ин суол ба ҳукуматдорон аст.

Воқеан ҳам ҳамтоҳои мо зиёд рафтанд дар 2 соли ахир, ки аз «заҳрохимикатзадагии касб» гувоҳӣ медиҳад. Зеро журналист ҳар дарди ҷомеаро дар худ филтр карда, ба мардум мерасонад. Худо ҷумлагиро раҳмат кунад. Воқеан ҳам аз миёни ин ҳама рафтаҳо танҳо номи 2 танашон ҷовидона шуд, ки дар он азму талоши газетаи мардумии СССР бармалост. Акбару Шарифро дар назар дорам. Акнун суоле ба созмонҳои ба масали шумо «тадорукотӣ», кӣ бояд талош кунад, то номи ҳамкасбони мо фаромӯш нашавад?...

– Мо имрӯз киро дар журналистика дорем, ки бо навиштаҳояш бояд бинозем?

Журналистикаи имрӯзаи мо...дорад нафароне, ки аз 5 то 10 ҳазор хонанда доранд. Вале ин журналистика 1 гуноҳи нобахшиданӣ дорад: Мо дар тӯли 25 сол 1 журналисте назодем, ки бо англисӣ нависад ва англисӣ андешад! Ягон журналисти қавии русзабон ҳам надорем. Зеро фикр мекунем ҳар чизе бо русӣ навишта шудааст, касбист ва хонданӣ. Дар асл чунин нест. Журналистикаи русзабони мо зери нақораи Русия мерақсад. Журналистикаи амрикоимон, ки бо тоҷики менависаду мегӯяд, лаббайкагӯи Амрикосту аврупоимон аз Аврупо, эрониямон аз Эрон ва ҳамин хел ҳам бояд бошад; спонсорашон онҳоянд!

Давлати Тоҷикон журналистикаи байналхалқӣ мехоҳад пас бояд маблағ ҷудо кунад ва бисозад!

Агар мо дар 25 сол 5 журналисти англисзабон, 2 фаронсавигуфтору 3 арабзабону 7 русинавис тарбият мекардем, имрӯз дар набарди иттилоотии интернетӣ ва моҳвораӣ ба ин ҳад заъфпазир намебудем.

Мо потенсиал дорем! Аммо мутаассуф гӯше надорем, то нафаронеро бишнавем, ки аз журналистика бӯйе мебаранд.

Шояд сахт гуфтам?... Мо Метавонем!

– Сипос аз суҳбати ошкоратон.

Суҳбати А. Мирзо

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97