Ба давлати мо дар саркӯби терроризм бояд кумак кунанд
Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ, ахиран ба унвони Сафири кабири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ба кори худ оғоз кардааст. Оқои Юнусӣ 53 сол дошта, факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст. Ӯ қабл аз ин дар симматҳои корманди вазорати плани Ҷумҳурии демократии Афғонистон, додситони вулусволии Наҳри Шоҳии вилояти Балх, мушовири сиёсии раиси вилояти Балх, раиси Шӯрои ҳимоят аз маорифи ин вилоят ва муовини Шӯрои олии сулҳ дар вилояти Балх фаъолият кардааст.
Маъмурияти сафири пешини Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғаффури Орзу дар моҳи ноябри соли гузашта хатм шуда буд.
Тоҷикистон дар гузашта яке аз ҳомиёни аслии давлати Афғонистон буда ва дар ҳалли ҳамаи мушкилот, чӣ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва муқовимат ва дар ҳайати Эътилофи байналмилалии зидди террористӣ баъд аз соли 2001 ва ҳам дар амри бозсозии иқтисоди Афғонистон ҳамкори ин кишвар будааст. Муносибатҳои ду кишвар ҳамеша аз эътимоди хубе бархурдор будааст. Аммо ахиран як изҳороти Қаюми Кӯчӣ, Сафири кабири ҶИ Афғонистон дар Русия боиси нороҳатии мақомот ва ҷомеъаи Точикистон шуда буд. Вале оқои Юнусӣ,Сафири нави Афғонистон мегӯяд, ин изҳорот бо сиёсати расмии Афғонистон рабте надорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонд, ки болои равобити дӯстонаи ду кишвар таъсиргузор бошад.
– Ҷаноби оқои Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ, Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, нахуст Шуморо ба муносибати оғоз ба коратон дар шаҳри Душанбе табрик мегӯем ва барои Шумо дар таҳкими равобити ду давлат ва миллати бародар тавфиқ мехоҳем.
– Ташаккур. Нахуст аз ин нашрияи вазини “Миллат” сипосгузорӣ менамоям бо дарк ва эҳсосе, ки доранд хостанд то равобит ва тафоҳумоти ду кишвари дӯстро, ки муштаракоти фаровон доранд як бори дигар мунъакис созанд.
–Ҷаноби Сафир, дар ҳоли ҳозир сатҳ ва мизони ҳамкориҳоро миёни ду кишвари ҳамсоя чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Алҳамдулиллоҳ сатҳи равобити ду кишвар дӯстона аст, ки сафарҳои ахири Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷалолатмаоб дуктур Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷалолатмаоб Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷа дар моҳи майи соли 2016 ва мутаоқиби он сафари ҷаноби Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кишвари дӯсти Тоҷикистон ва даъвати Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кобул ва сафари қарибулвуқуи вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба шаҳри Душанбе ва мавҷудияти бештар аз 80 мувофиқатнома дар арсаҳои мухталифи дуҷониба, нишондиҳандаи сатҳи олии равобити ду кишвар мебошад.
– Авлавияти кори Шумо дар қадами аввал чӣ хоҳад буд?
– Ман ифтихор мекунам, ки дар кишвари дӯст ва ҳамзабонам минҳайси сафир аз тарафи раҳбари кишварам фиристода шудаам. Ва вазифаи худ медонам, ки дар амри таҳким ва густариши равобити ду ҷониба саъйи бедареғ намуда ва ҳамчунон таъқибу татбиқи созишномаҳои дуҷониба, расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ низ дар авлавиятҳои кори ман хоҳад буд.
– Ба назари Шумо дар равобити ду кишвари ҳамсоя чӣ масоиле мавҷуд аст, ки бидуни таъхир барои ҳалли онҳо бояд пардохт?
– Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, мубориза бо маводи мухаддир, масоили иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи дуҷониба ва чандҷониба тавофуқ ва ҳамкорӣ дорад, ки ҳар як аз ин масоил аҳамияти худро дорад. Ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар набуди амният наметавон ба ҳеҷ арсаи дигаре пардохт, биноан муборизаи муштарак бо терроризм ва маводи мухаддирро метавон тарҷеҳ дод, аммо ин ба он маънӣ нест, ки ба дигар арсаҳо расидагӣ ва талош сурат гирифта натавонад. Мо худро мукаллаф ва масъул ба иҷрои ҳама умуре медонем, ки аз тарафи роҳбари давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мо вазифа ва ҳидоят шудааст.
– Кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар фарорӯи Омӯ, аз ҷумла Тоҷикистон аз шиддати авзоъ дар шимоли Афғонистон нигаронанд. Авзоъи амниятӣ ва низомиро дар саҳафоти шимол чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ҳамон тавре ки роҳбари давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамеша ба кишварҳои ҳамсояи худ дар шимол ва хосатан Тоҷикистон итминон додааст, ки нируҳои амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавони дифоъ аз тамомияти арзӣ ва сарҳадоти худро дошта ва дорад ва ҳаргиз хоки Афғонистон ҷиҳати истифодаи террористҳо барои ноамнсозии кишварҳои ҳамсоя мусоид нахоҳад шуд. Ҳамон тавре ки нируҳои дифоъии Афғонистон барои саботи Афғонистон ва минтақа ҳамеша қурбонӣ додааст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ нагузошта, ки терроризм дар хоки Афғонистон ҳастагузорӣ намояд ва ҳастаи терроризм ба ҳама маълум аст, ки дар куҷо таълиму таҷҳиз шуда ва ба Афғонистон ворид мегардад.
– Устод Ато Муҳаммади Нур дар мусоҳибае, ки ахиран доштанд, ишора намуданд ба гуруҳҳои террористони байналмилалӣ, ки дар манотиқи шимол ҷойи по пайдо намудаанд. Дар воқеъ ин гуруҳҳо дар шимоли Афғонистон назар ба як соли пеш чӣ андоза фаъол шудаанд ва посухи Шумо ба нигарониҳои кишварҳои Осиёи марказӣ аз густариши ноамниҳо дар шимоли Афғонистон чист?
– Шумо медонед, ки устод Ато Муҳаммади Нур волии феълии вилояти Балхи бостонӣ, дар гузашта яке аз фармондеҳони барҷастаи ҷиҳод ва муқовимати мардуми Афғонистон буда, ки дар ҳар ду давраи ҷиҳод ва муқовимат нақши умдаро барои пирӯзӣ ва наҷоти Афғонистон доштааст. Баъд аз суқути режими Толибон дар созандагӣ ва рушду шукуфоии вилояти Балх, ваҳдати миллӣ ва ҳамгароӣ нақши аввал ва калидӣ дошта, ки эшонро метавон сардори созандагӣ, самбули ваҳдат ва шахсияти таъсиргузор, хусусан дар ҳалли бунбастҳо ва мушкилоти сиёсии кишвар номид. Ҷаноби Нур дар паҳлуи тавсеа ва асрисозии вилояти Балх дар таъмини амнияти он вилоят ва шимоли кишвар шахси тавонманд ва муассир буда ва аз авзоъи кишвар таҳлил ва огоҳии комил дорад. Дуруст аст, ки нисбат ба як соли пеш густариши фаъолиятҳо ва таҳаррукоти душманон дар шимол боло рафта, аммо давлат ва қувои мусаллаҳи Афғонистон мусаммам аст, то ҷилави пешравии онҳоро гирифта ва дар баҳори имсол шимолро аз вуҷуди онҳо пок бисозад. Тавонмандии қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз лиҳози теъдод ва қобилият бисёр болотар аз қуваҳои тахрибкор ва парокандаи мухолифин аст. То ҳанӯз гурӯҳҳои террористӣ тавони ҷанги муназзам ва рӯёрӯиро бо нируҳои дифоъӣ ва амниятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ надошта ва надоранд. Рӯйи ин малҳуз душманон ҳамеша иқдом ба ҷиноёте мисли интиҳор, ихтитоф ва роҳзанӣ намудаанд, ки ношӣ аз заъфи онҳо дар муқобили нируҳои мусаллаҳи мо аст. Хушбахтона, ҳар гуна талоши онҳо дар соли 2016 бо муқовамати нируҳои амниятӣ хунсо сохта шудааст. Гуфтаи ман ба соири кишварҳо ин аст, ки назорагар набошанд, балки дар амри таҳаққуқи барномаҳои сулҳ талош варзанд ва дар сурати адами натиҷаи он дар саркӯбии терроризм дар ҳар нуқта ва минтақае, ки бошад бо давлати мунтахаби Афғонистон ҳамкориҳои муштаракро иттихоз намоянд ва ин ҳамкориҳо метавонад дар қолаби табодули иттилоот, ҳамкориҳои лужистикӣ, таълиму тарбия ва таҷҳиз бо нируҳои амниятии Афғонистон бошад.
– Музокироте, ки устод Ато Муҳаммади Нур бо Раиси ҷумҳури Афғонистон оғоз намудааст, оё баёнгари ноком шудани Ҳукумати ваҳдати миллӣ аст?
– На хайр! Ин музокирот барои субот ва таҳкими пояҳои ҳокимияти давлат муфид метавонад бошад ва аз ҷониби дигар, ин музокирот барои татбиқи комили мувофиқатномаи сиёсии Ҳукумат ваҳдати миллӣ аст.
– Ахиран сафири Афғонистон дар Маскав Қаюми Кӯчӣ изҳори назарҳое дошт, ки боиси нороҳатӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон шудааст. Чаро чунин мавзеъгирӣ намудааст, оқои Кӯчӣ. Фикр мекунед ин аз адами иттилоъ аст ва ё кадом ғарази дигаре ҷой дорад?
– Дар пайванд ба мусоҳибаи оқои Кӯчӣ, ки аз ҷониби Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қаблан эъломияи лозима содир гардид, ки дар ихтиёри матбуот қарор дода шуд. Ҳамчунон расман ба Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таслим дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҳамсояи хуб ва дӯсти ҳамешагии Афғонистон аст ва робитаи дӯстона ва муносиботи неки ду кишвар, бар мабнои муштаракот ва муносиботи деринаи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динии ду миллат ва ҳамчунон манофеъи миллии ду кишвар, ҳамсоягии хуб ва эҳтироми мутақобил устувор мебошад.
Хушбахтона равобити Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, дар ҳоли истеҳком ва тақвияти бештар қарор дорад ва ҳар ду кишвар, дар маҷомеъ ва созмонҳои минтақавӣ ва байналамиллалӣ ҳамвора аз мавозеъи якдигар ҳимоят кардаанд.
Ҳамчунин мусоҳибаҳо бо сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рабте надорад ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонд, ки болои равобит дӯстонаи ду кишвар таъсиргузор шавад.
– Сипос аз Шумо. Дар фаъолиятатон муваффақият орзу мекунем.
– Ба Шумо низ
Суҳбати А. Мирзо
Бознашр аз Миллат №4 аз 2.02.2017