Посухҳои оқои доктор Ҳуҷаттулло Фағонӣ – сафири Ҷумҳурии исломии Ирон дар Тоҷикистон дар робита ба таърихи барқарории равобити сиёсӣ миёни ду кишвар, Истиқлоли Тоҷикистон, вазъи муносиботи Ирон ва Ғарб баъди лағви таҳримҳо, дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва Ирон дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Миллат».
– Ирон нахустин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар ин ҷо ифтитоҳ кард. Дар тӯли ин солҳо миёни ду кишвар кадом корҳои муҳим анҷом шуда ва кадом коре дар роҳ аст?
– Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрабон. Ибтидо моилам 25 солагии Истиқлоли кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо ва хонандагони азизи ҳафтаномаи муътабаратон табрик арз кунам. Аз ин ки дар чунин айёме дар канори бародарону хоҳарони азизам дар Тоҷикистон ҳастам, эҳсоси ғуруру ифтихор мекунам ба хотири пайвандҳои амиқи ду кишвар. Ҳамчунин пирӯзии фарзанди барӯманди Тоҷикистон Дилшод Назаров дар мусобиқоти партоби гурзи (чакуш) Бозиҳои олимпии Рио 2016 ва касби талои ин варзишро ба Ҷаноби Олӣ, шахси эшон ва давлату миллати азизи Тоҷикистон табрик мегӯям ва ба ин муваффақият ифтихор мекунем. Мардуми Ирон низ ин медол ва пирӯзиро бахше аз муваффақиятҳои хонаводаи бузурги форсизабонон медонанд ва зимни хурсандии қалбӣ аз он ба бародарам Дилшод Назаров ва ҳамаи қаҳрамонони ғайратманде, ки дилҳои ду миллати бародар, ҳамзабону ҳамкеши Ирону Тоҷикистонро шод карданд, ифтихор мекунанд. Сарафрозиву пирӯзии фарзандони Тоҷикистони азиз, орзуи ҳамешагии мо мебошад.
Ҳамон тавре, ки гуфтед Ирон аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт, сафорати худро дар ин кишвар гушуд ва равобити танготанге бо давлату мардуми ин кишвар барқарор кард. Ҳамзабониву ягонагии фарҳангиву динии ду миллат ва муштарак будани решаҳои ҳувиятӣ ва тамаддунии ду кишвар – муҳимтарин авомили барқарории ин пайванду тавсеаи он будааст. Дар ин росто, тейфи (спектри) васеъе аз ҳамкориҳои ду кишвар эҷод шуда. Беш аз 170 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шудааст, ки самараи садҳо дидору сафари мутақобили мақомоти ирониву тоҷик будааст. Руасои ҷумҳури ду кишвар қариб 20 бор аз Ирону Тоҷикистон дидор доштаанд ва даҳ иҷлоси Кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар баргузор шудааст. Ирону Тоҷикистон ҳамвора дар маҷомеъи байналмилалӣ ва мантақаӣ аз якдигар ҳимоят кардаанд. Ирон пешгомтарин кишвар дар шуруъи ҳамкориҳо бо Тоҷикистони мустақил буда ва аввалин сармоягузориҳоро дар Тоҷикистон анҷом дод. Ҳамчунин, кишваре буд, ки бар хилофи дигарон сафираш дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ Душанберо тарк накард ва дар канори бародарону хоҳарони тоҷики худ истоду кӯшид ба таҳаққуқи сулҳу оштии миллӣ дар ин кишвари ҳамрешаву хешованд кумак кунад. ҶИИ бо таъсиси дармонгоҳи Ҳилоли Аҳмар дар Душанбе, ки яке аз марокизи дармонии пурмуроҷиаву рӯзомади Тоҷикистон аст ва низ дафотири Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, ки то кунун ҳазорон хонаводаи бебизоатро кумак кардаву садҳо арӯсу домоди камбизоатро ба хонаи бахт фиристод ва ҳирфаҳои касбии мухталифе ба садҳо шаҳрванди тоҷик омӯхтааст, саъй намуд саҳми худро дар кумак ба хоҳарону бародарони тоҷик ба хубӣ адо намояд. Дар буъди иқтисодӣ Ирон ҳамвора яке аз шуракои бузурги тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон буда ва аз аввалин кишварҳоест, ки дар эҳдоси пружаҳои бузург барои тавсеа ва ободонии Тоҷикистони азиз мушорикат намуд. Эҳдоси тунели истротежики «Истиқлол», ки кумакҳои муассире ба барқарории иртиботи ҳамешагии манотиқи шимолӣ ва ҷануби Тоҷикистон кардааст ва бунёди Ниругоҳи 220 Мгв воқеан метавон онро яке аз масирҳои дастрасии Тоҷикистон ба истиқлоли воқеъӣ номид, кумак ба сохту баҳрабардорӣ аз ниругоҳи бузурги Сангтӯда – 2, эҷоди бемористони хусусии Абуалӣ ибни Сино, эҷоди шуъбаҳои бонки «Тиҷорат» ва «Кафолат» дар Душанбе, эҳдоси пулҳову ҷодаҳо, таъсиси корхонаҷоти мошинолот, назири корхонаи муштараки тракторсозии «ЭрТоҷ», корхонаҷоти тавлиди маводи ширӣ ва ғизоӣ аз он ҷумлаанд. Як ширкати иронӣ акнун дар ҳоли эҳдоси тасфияхонаи шаҳри Душанбе аст, ки дар навъи худ беназир аст. Ирон дар заминаи кишти механизатсия ва парвариши моҳӣ дар Тоҷикистон мушорикати созандае дорад. Ва аз камтарин кишварҳоест, ки дафтари иқтисодӣ дар Хуҷанд дошта ва равобити иқтисодии танготанге бо вилояти Суғд ва вилояти Хатлон дорад. Ҳудуди 200 ширкати иронӣ дар Тоҷикистон фаъол аст ва дар ҳама заминаҳо аз эҳдоси саддҳо ва ниругоҳҳо гирифта то сохтмон ва мошинолот ва маҳсулоти ғизоӣ ҳамкорӣ дорад. Насби системаҳои рӯшноӣ, таҳвия ва атфои ҳариқ дар тунели «Истиқлол», пайгирии пружаи роҳбурдии роҳи оҳани 5 ҷониба бо мушорикати кишварҳои мантақа ва мушорикат дар пружаҳои саддсозӣ ва баргузории 11 Кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар ояндаи наздик – аз барномаҳои дар дасти пайгирӣ дар буъди иқтисодӣ аст. Дар буъди фарҳангӣ равобити Ирону Тоҷикистон қобили муқоиса бо ҳеч кишваре нест, зеро Ирону Тоҷикистон дар канори Афғонистон 3 кишвари форсизабонанд, ки илова бар доштани забони ифтихоромезу тамаддунпарвари муштарак, савобиқи таърихӣ ва тамаддунии ягона ва кӯҳане доранд. Ирон барои тарвиҷи фарҳанги ниёкон ва омӯзиши хатти ниёкон дар Тоҷикистон кумаки муассире кардааст. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ –тоҷикии сафорат ва Ройзании фарҳангӣ дар ҳамкории танготанг бо вазоратхонаҳо ва созмонҳои фарҳангии Тоҷикистон то кунун садҳо асари фарҳангии муштаракро тавлид ва ё баргардон намуда ва ба фарҳангдӯстони ду кишвар ва ҷаҳон арза кардаанд. Ирон нақши муассире дар чопи китобҳои дарсии Тоҷикистон дошта ва ду кишвар дар заминаи табодули устод ва донишҷӯ равобити вижае доранд. Ҳазорон донишҷӯи тоҷику иронӣ дар донишгоҳҳои ду кишвар машғули таҳсиланд. Ва Ирон солона 200 бурсияи таҳсилӣ барои Тоҷикистон ва ин кишвар 50 бурсия барои Ирон ҷудо мекунанд. Ирон ба эҳёи варзишҳои бостонӣ дар Тоҷикистон кумаки муассире карда ва ба эҳдоси солуни бузурги куштии зӯрхонаӣ ва омӯзиши чавгон, қадамҳои муҳимме дар ростои сиёсатҳои арзишманди давлати Тоҷикистон мабнӣ бар эҳёи меросҳои ниёкон бардоштааст. Раҳбарони ду кишвар бо арҷ гузоштан ба суннатҳои ниёкон, нақши муштараку муҳимме дар сабти ҷаҳонии Наврӯз ва гиромидошти ҳамасолаи он ифо кардаанд. Узвияти пайвастаи бархе аз устодони барҷастаи тоҷик дар Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва тақдир аз машойихи тоҷик дар Ирон ва бузургдошти мафохири муштарак, назири Мирсайид Алӣ Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳамкориҳои арзишманди фарҳангии ду кишвар аст. Талоши муштарак барои баргузории ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар Ирон ва бузургдошти 25 солагии равобити ду кишвар ва сабти ҷаҳонии чавгон аз барномаҳои муштарак ва дар дасти пайгирии ду кишвар аст.
– Тоҷикистон дар тарҳи истротежики Ирон чӣ ҷойгоҳе дорад?
–Тоҷикистон ба унвони кишвари форсизабон ва ҳамфарҳанг аз авлавиятҳои аввал дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Ирон аст. Решаҳои фарҳангӣ, ҳувиятӣ ва таърихии ду миллат равобитро иҷтинобнопазир (ногузир) мекунад ва муътақидам дар ин 25 сол ҳам ду давлат бо ҳамин дидгоҳ бо якдигар таъомул кардаанд. Раҳбари муаззами мо таъбири зебое дар бораи Тоҷикистон доранд, ки амиқии пайвандҳои моро нишон медиҳад. Эшон равобити моро аз ҷинси «равобити хешовандон» донистааст. Бояд равобити ду кишварро аз ин манзар таҷзияву таҳлил кард. Табиъист, ки хешовандон, ҳатто агар дар равобити худ дучори фарозу нишеб ҳам шаванд, ба сӯи ҳам боз хоҳанд гашт ва наметавон ин робитаро канор бигузоранд. Хушбахтона равобити мо ҳамвора раванди рӯ ба рушд доштааст. Имзои беш аз 170 санади ҳамкорӣ ва қариб 20 дидори руасои ҷумҳури ду кишвар аз якдигар ба хубӣ гӯёи ин амр аст. Тоҷикистон барои Ирон як пойгоҳи сиёсиву фарҳангӣ ва як пойгоҳи иқтисодӣ дар минтақа аст. Ва Ирон низ барои Тоҷикистон як шарики роҳбурдӣ дар шикастани бунбасти мувосилотӣ ва басту тавсеаи арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва эҷоди мувозинаи сиёсист.
– Оё фикр намекунед, тамоми ин корҳои анҷомшуда бо кишваре мисли Тоҷикистон, ки муштаракоти зиёде бо Ирон дорад, на он қадар чашмрас аст? Барои ҳамкории бештар аз ин чӣ монеъаҳое мавҷуд аст?
– Агарчи муътақидам корҳои анҷомшуда кам набудаанд, аммо зарфиятҳои ду кишвар барои тавсеаи ҳамкориҳо бисёр бештар аст. Зимнан, ба назар мерасад 25 сол аз лиҳози таърихӣ замони тӯлонӣ нест ва мо ҳанӯз дар ибтидои роҳ ҳастем ва дар ҳамин муддат ҳам корҳои бузурги зиёде анҷом шудааст. Мо ҳамвора талош кардаем, ки сармоягузориҳои мо дар заминаҳои асосиву зербаноӣ бошад ва дар буъди сиёиву фарҳангӣ низ кӯшидаем ба ваҳдату инсиҷоми миллии Тоҷикистон кумак намоем. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки мо дар шароите, ки таҳти золимонатарин ва шадидтарин таҳримҳо қарор доштаем, ҳамкорӣ бо давлату миллати Тоҷикистонро ҳеч гоҳ мутаваққиф накардем ва дар ҳамин шароит низ ҷузви панҷ шарики аввали Тоҷикистон будаем. Ба унвони намуна ва бидуни дар назар гирифтани ҳазинаҳои анҷом шуда, агар пружаи тунели «Истиқлол» ва фавойиди иқтисодии онро барои Тоҷикистон баррасӣ намоед, мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд, ки чи қадар ин тунел дар тавсеаи иқтисодӣ ва истеҳкоми истиқлолият метавонад таъсир дошта бошад. Ё агар ҳамкориҳои омӯзиширо баррасӣ кунед, хоҳед дарёфт мо бо ҳамоҳангии давлати Тоҷикистон ба зерсохтҳои илмӣ , ки пояи тавсеаву истиқлоли ҳар кишварест, пардохтаем. Мо ҳамаи дастоварди Фарҳангистони Ирон, ки ҳосили ҳазорҳо соати кори мутаххасисони улуми мухталиф аст, якҷоя дар ихтиёри бародарону хоҳарони тоҷик қарор додаем. Дар оянда ҳам ҳеч мушкиле дар масири тавсеаи равобит намебинем ва Ҷумҳурии исломии Ирон дар фазои самимияту дӯстӣ ҳамчунон омодаи ҳамкорӣ дар тамомии арсаҳои мавриди алоқаи тарафайн мебошад. Албатта, як нуктаро бояд баён кунам ва он ин ки қатъан равобити ду кишвар бадхоҳоне ҳам дорад, ки намехоҳанд таъомул дар муҳити дӯстона идома ёбад. Бояд муроқиби ин шайтанатҳо бошем, муҳити байналмилал муҳити рақобату баъзан шайтанат аст. Набояд иҷоза дод ин рақобатҳову шайтанатҳо ду кишварро аз ҳам дур кунад. Мушкилоти ношӣ аз таҳримҳо дар Ирон ва талошҳои тафриқаафканона дар мантақа аз ҷумлаи мавонеъе мебошад, ки монеъи таҳаққуқи ҳамкориҳои мо дар сатҳи мумкин ва мавриди назари раҳбарони ду кишвар шудааст.
– Ҳадс зада мешавад, ки Тоҷикистон дар барномаҳои давлати Ҳасани Рӯҳонӣ аз ҷойгоҳи чандон боаҳамияте бархӯрдор нест, дар ҳоле ки дар даврони давлати Маҳмуди Аҳмадинажод Тоҷикистон ҷойгоҳи вижае дар сиёсати Ирон дошт. Таҳримҳо алайҳи Тоҷикистон ва ҳимояти Аҳмадинажод аз Тоҷикистонро ба ёд дорем. Давлати оқои Рӯҳонӣ дар муддати фаъолияти худ чӣ корҳои муҳимме анҷом дода ва чӣ бартариҳое аз давлати қаблӣ дорад? Оё сафари доктор Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон матраҳ аст?
– Аз ин суол тааҷҷуб мекунам, аслан чунин бардоште надорам. Дар шароите, ки давлати доктор Рӯҳонӣ сиёсати коҳиши таниш ва афзоиши ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалиро дар пеш гирифта, чи гуна метавонад ба давлате, ки дар тамоми шароити сахти гузашта бо ҳамдигар таъомули бародарона доштаем, бетаваҷҷуҳ бошад? Сафари таърихии доктор Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон мақорини иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ифтитоҳи марҳалаи дуввуми Ниругоҳи Сангтӯда – 2 бо ширкати пешгомонаи ҷаноби оқои Раҳмон дар маросими таҳлифи Раёсати ҷумҳурии ҷаноби оқои доктор Рӯҳонӣ нишон дод, ки ду давлат аз баъди шуруъи кори давлати «Тадбиру умед» таваҷҷуҳи вижае ба ҳам доштаанд. Бардошти камтаваҷҷуҳии давлати ҷаноби оқои Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон ношӣ аз даргир будани ҷиддии давлати Ирон бо баҳси музокироти «Барҷом» буд, ки мушкилоти бузурги эҷодшуда дар солҳои қаблро рафъ мекард ва иттифоқан натоиҷи он музокирот заминасози тасҳил ва густариши равобити Ирон бо Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа дар гоми баъд хоҳад буд. Дар садр будани ахбори (Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак, яъне тавофуқи ҳастаии Ирон бо кишварҳои 1 +5) ва тавсеаи ҳамкориҳои Ирон бо бархе аз кишварҳои аврупоӣ ва давлатҳои дуру наздики дигар ва дӯстӣ бо шарикони ҷадид ба маънии фаромӯш кардани дӯстони қадим нест ва агар касе чунин бардоште дошта бошад, қатъан, дар таҳлилҳо дучори иштибоҳи муҳосиботӣ шудааст. Инҷониб муътақидам иттифоқан ин сиёсат ва тавсеаи равобит бо ҳамаи кишварҳо, заминаҳои ҳамкории Ирону Тоҷикистонро бештару равонтар хоҳад кард. Дар се соли гузашта сафари руасои ҷумҳур ба ду кишвар анҷом шуда, ройзаниҳои сиёсӣ дар болотарин сутӯҳ (мақомот) пазируфта шуд. Ширкатҳои иронӣ, ҳамчунон дар пружаҳои муҳимме, монанди садди Роғун ва тасфияхонаи шаҳри Душанбе фаъол ҳастанд. Ба дунболи ҳамоҳангӣ барои баргузории 11 –умин Кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ҳастем, ки дар он қарор аст ҳадди аққал ҳафт санади ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирад, то дар ҳузури руасои ҷумҳур имзо шаванд. Ҷаноби оқои дуктур Рӯҳонӣ аз ҷониби оқои Раҳмон Раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон барои сафар ба Теҳрон даъват карданд ва анҷоми ин сафар дар дасти пайгирӣ аст.Ҷаноби оқои Раҳмон аз пешгомтарин руасое ҳастанд, ки бо зеботарин таъбирҳо дастовардҳои музокироти ҳастаиро ба ҳамтои иронии худ табрик гуфтанд ва дар ҳодисаи Мино, ки дар солгарди он қарор дорем, паёме муҳаббатомези ҳамдардӣ барои эшон фиристоданд.
– Пас аз тавофуқи ҳастаӣ таҳримҳо алайҳи Ирон лағв шуд? Лағви таҳримҳо чӣ таъсири мусбате дар равобити Ирон бо хориҷ доштааст?
– Агар бихоҳам дар мавриди абъоду таъсири «Барҷом» суҳбат кунам, замони зиёде металабад, вале ба таври хулоса бояд бигӯям, ки яке аз иқдомоти муҳиму таъсиргузори давлати оқои Рӯҳонӣ дастёбӣ ба «Барҷом» буд, ки албатта ҳамон гунае, ки тайи музокироти тӯлонӣ ва сахт ҳосил шуд, иқдомоти пас аз он ҳам тӯлонӣ ва печида хоҳад буд. Ҳамакнун ва алорағми коршикании бархе аз кишварҳо монанди Исроил, Арабистон ва ҳатто баъзе аз аъзои гурӯҳи 1+5 дар масири иҷрои ин барнома, сояи сангини таҳримҳо аз сари миллати Ирон бардошта шуд. Ҳамакнун фурӯши нафти Ирон ва дастёбӣ ба бозори аз даст рафта дар авлавияти давлат аст. Таъомулоти бонкӣ дар ҳоли тавсеа аст, гуфтугӯҳо барои хариди ҳавопаймо дар ҳоли анҷом аст ва муҳимтар аз ҳама Ирон дар бозори мубодилоти ҳастаӣ ҳам дар ҳоли саҳмгирист. Бо рафъи таҳримҳои бонкӣ, бимаӣ ва қатъан бистари муносибе барои тавсеаи ҳамкории Ирон бо дигарон аз ҷумла Тоҷикистон эҷод шудааст, ки самароти онро батадриҷ хоҳем дид.
– Муфоди тавофуқи ҳастаӣ ё «Барҷом» чӣ гуна амалӣ мешавад? Оё Ирон аз суръати он розӣ аст?
– Муфоди «Барҷом» бо вафо ба аҳди тарафайн, ирода ва иттихози тадобири лозим амалӣ хоҳад шуд. Гурӯҳи 1+5 роҳе ғайр аз иҷрои дақиқи он надорад. Албатта, интизор ин аст, ки суръату садоқати бештаре барои иҷрои он ба харҷ дода шавад.
– Ҳоло дар равобити Ирон бо Ғарб чӣ мушкили умдае боқӣ мондааст?
– Мавзуъи «Барҷом» сирфан мутамаркиз ба фаъолиятҳои ҳастаии Ирон буд, мо дар бисёре аз мавзуъот ва дидгоҳҳо бо Ғарб ихтилофи назар дорем. Муҳимтарини он ин аст, ки мехоҳем монанди Тоҷикистон истиқлолу ҳокимияти миллӣ ва арзишҳои диниву фарҳангии худро ҳифз кунем ва бар асоси эҳтироми мутақобил бо дунё иртибот дошта бошем. Агар ин раванд бо фишору зӯргӯии кишварҳое чун Амрико ҳамроҳ бошад, ихтилоф ҳамчунон вуҷуд хоҳад дошт. Ин ки онҳо масоили фарҳангиву эътиқодии моро намеписанданд ва таҳти унвони ҳуқуқи башар ба мо фишор меоваранд, заминасози истимрори ихтилоф хоҳанд буд.
– Ояндаи равобити Тоҷикистону Иронро чӣ гуна тасаввур мекунед?
– Банда ояндаи равобитро рӯшан мебинам. Ҳамон гуна, ки қаблан тавзеҳ додам, равобити хешовандӣ алорағми ҳама фарозу фурудҳояш хамеша пойдор аст ва ба таъбири зебои шумо тоҷикон ин равобит ҳукми гушту нохунро дорад. Қобили инфикок нест ду давлат дар ин мавзуъ тардиде надоранд. Муҳимм ин аст, ки ҳамдигарро дарк кунем. Барои мушкилот ҳамеша роҳе ҳаст ва барои тавсеаи равобит идеяҳои ҷадид бидиҳем, ки ба назари ман ин ирода дар мақомоти ду кишвар қатъан вуҷуд дорад.
– Ташаккур барои суҳбат.
–Аз Шумо низ сипосгузорам.
Бознашр аз нашрияи
"Миллат" №34 аз 08.09.2016