Мушоҳида ва мулоҳизаҳои доктори илми таърих Қосимшо Искандаров, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон ва мудири Маркази мутолеъоти Афғонистон ва минтақа аз сафари ахири эшон ба Афғонистон ва иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба «Худовандгори Балх»
– Аз сафар хуш омадед! Мо бо Шумо ба тозагӣ мусоҳибае дар атрофи буҳрони Афғонистон доштем. Аммо шунидем, ки тоза дар Афғонистон будед ва вазъияти он ҷоро бо чашмони сар дидед. Чун Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мост ва мо бо ин кишвар 1400 километр марзи муштарак дорем ва ахбори расонаҳо ҳамагӣ аз муташанниҷ будани авзоъ дар Афғонистон мегӯянд, ки дар ин миён бештар аз дигарон мо – ҳамсоягон дар ташвиш хоҳем афтод. Аз ин рӯ мехостем, ба чанд суол посух бигӯед:
Чанд вақти охир баҳс бар сари мерос ва ё соҳибӣ бар асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ» миёни чанд кишвар дар расонаҳо доғ буд. Аз ҷумла Афғонистон яке аз тарафҳои ин баҳс буд ва даъво дошт, ки дар моли муштараки маънавӣ эътироф шудани «Маснавӣ» аз сӯи ЮНЕСКО бояд зодгоҳи ӯ мадди назар бошад. Баргузор кардани ин симпозиюм ба ин баҳсҳо рабте дошт ва талоше барои нишон додани соҳибӣ бар осори Мавлоно буд ё чизе дигар?
– Ташаккур аз Шумо, ки чунин имкониятро барои ман фароҳам сохтед. Гарчанде созмондиҳандагони ин ҳамоиш рӯирост чунин изҳори ақида накарданд ва ҳадаф аз баргузории ҳамоишро бузургдошт аз Худовандгори Балх хонданд, аммо шукуҳи ин ҳамоиш ва маҳбубияте, ки балхиён ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба намоиш гузоштанд аз он шаҳодат медод, ки мехоҳанд меросдорони Мавлоно будани худро бори дигар собит намоянд.
– Ин ҳамоиши фарҳангӣ бо ибтикори қӣ баргузор шуд ва чӣ гуна ҷараён гирифт?
– Аслан аз он иттилое, ки дарёфтем, пешниҳоди баргузории ҳамоиш аз тарафи аташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Исломии Ирон, шоир, ҷаноби Муҳаммад Афсар Раҳбин будааст. Маҳз ҷаноби Раҳбин масъаларо назди волии Балх Устод Ато Муҳаммади Нур гузоштааст, ки эшон бо камоли хушнудӣ онро қабул намудааст. Расман баргузоркунандагони ҳамоиш Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҶИА, муассисаи фарҳангии ЭКО ва мақоми вилояти Балх гуфта шуданд. Аммо бояд гуфт, ки на танҳо корҳои ташкилӣ, балки тақрибан тамоми масорифи пулии ҳамоиш ба души шахсан Ато Муҳаммади Нур гузошта шуда буд, ки аз буҷаи шахсиаш онро пардохтааст. Бинобар иттилоъи ғайрирасмӣ саҳми пули пардохтаи танҳо Вазорати иттилоот ва фарҳанг ва муассисаи фарҳангии ЭКО хеле кам будааст.
Ҳамоиши илмӣ дар сатҳи бисёр баланди ташкилӣ ва илмӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Ирон ва Афғонистон ва инчунин раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО Ифтихор Ҳусайн Ориф иштирок намуданд.
Ҷаласаи умумӣ ва ё ифтитоҳии ҳамоиш дар толори Донишгоҳи хусусии «Нухбагон» дар Мазори Шариф баргузор гардид. Дар ин ҷаласа муовинони вазири итттилоот ва фарҳанги ҶИА, муовини вазири сарҳадот, ақвом ва қабоил, роҳбарони муассисоти давлатии вилоят, олимон ва фарҳангиён, намояндагони консулгариҳои хориҷии муқими Мазори Шариф иштирок намуданд.
Дар ин бахш илова ба ироаи Паёмҳои Раиси ҷумҳури Афғонистон М.А. Ғанӣ ва раиси иҷроияи ин кишвар А. Абдулло, волии вилояти Балх Ато Муҳаммади Нур, раиси муассисаи фарҳангии ЭКО, вазорату идораҳо ва донишгоҳҳои Афғонистон, инчунин намоишномаи хубе, ки аз тарафи ҳунармандони Балх аз рӯзгори Мавлоно таҳия шуда буд, намоиш дода шуд, ҳамчунон порчаҳо аз «Маснавӣ» хонда шуд ва натиҷаи озмуни беҳтарин шеър дар васфи Мавлонои Балх ҷамъбаст гардид ва ба се нафар муаллифони шеъри беҳтарин ҷоизаҳо супурда шуд. Дар охир аз намоишгоҳи осори наққошӣ бахшида ба Мавлоно дидан намудем.
Баъд аз зуҳри ҳамон рӯз нишастҳои илмӣ дар қасри «Мармарин» оғоз гардида, дар давоми ду рӯз 4 нишасти илмӣ баргузор шуд, ки аз он як нишаст ва ё ҷаласаи илмиро ман раисӣ намудам.
Дар ҷамъ тайи ду рӯз 20 маърӯзаи илмӣ шунида ва мавриди баҳс қарор гирифт. Дар ин маърӯзаҳои илмӣ паҳлуҳои гуногуни андеша ва ҷаҳонбинии Мавлоно, гӯиш, вожаҳо ва фолклор дар осори Мавлоно, мавлоношиносӣ дар кишварҳои гуногун ва ғайра таҳқиқ гардида аст.
Дар охири кори ҳамоиш, ки дар толори қасри «Алмос» баргузор гардид, Қатънома қабул шуд, ки як банди он ба зарурати таҳқиқи муштараки осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар кишварҳои узви ЭКО ва дигар кишварҳои минтақа бахшида шуда буд. Инчунин пешниҳод гардид, ки ҳар сол чунин ҳамоишҳое бахшида ба Мавлоно дар яке аз кишварҳои узви ЭКО баргузор гардад.
Бахши муҳимми ҳамоиши «Худовандгори Балх» бахши фарҳангӣ буд. Тайи ду рӯз барои иштирокдорони ҳамоиш барномаҳои рақси самоъ тавассути гуруҳи «Рақси самоъи Мавлоно», иҷрои консерт аз рӯи ғазалиёти Мавлоно, мусиқинавозӣ, маснавихонӣ ва шаби шеър намоиш дода шуд.
Иштирокчиёни ҳамоиш инчунин аз ёдгориҳои муҳимми таърихӣ ва фарҳангии Балхи бостон: шаҳраки Мавлоно, мадрасаи Султонуламо (падари Мавлоно), масҷиди Хоҷа Абӯнасри Порсо, оромгоҳи Робиаи Балхӣ, оромгоҳи суфиёни машҳур Султон Аҳмад Хузравияи Балхӣ ва ҳамсари ӯ Фотимаи Балхӣ, оромгоҳи Муҳаммадҷон, Бурҷи айёрон, масҷиди Нуҳгунбад, оташкадаи Навбаҳор ва ғайра дидан намуданд. Тамошои ин ёдгориҳо ва махсусан харобаҳои шаҳри Балхи бостон аз бузургӣ ва азамати аҷдодони мо ҳикоят мекунад.
Пӯшиши иттилооти ин ҳамоиш, бешубҳа қобили зикр аст. Кори ҳамоиш тариқи се шабакаи телевизионӣ«Орзу», «Митро» ва «Ориёно» мустақим пахш гардида, шабакаҳои дигари телевизионӣ барномаҳои ҷолибро дар бораи ҳамоиш нашр карданд, ки тақрибан тамоми мардуми Афғонистон ва берун аз он дар бораи ҳамоиш маълумоти зарурӣ ба даст оварданд.
Рӯзи 24 август кори ҳамоиш дар шаҳри Кобул идома пайдо кард, ки бештар ҷанбаи фарҳангӣ дошт. Мо, иштирокчиёни ҳориҷии ҳамоиш бо вазири иттилоот ва фарҳанги ҶИА Абдулборӣ Ҷаҳонӣ мулоқот намудем. Эшон аз иштироки меҳмонон дар ҳамоиш изҳори сипос ва қадрдонӣ намуда ва аз вазъи омӯзиши мероси Мавлоно дар кишварҳои ҳамсоя пурсон шуданд. Дар ин мулоқот ман дар бораи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла дар бахши эҳёи фарҳанги миллӣ, омӯзиши осори гаронбаҳои бузургони илму адаби тоҷику форс ва сатҳи мавлоношиносӣ дар Тоҷикистон маълумот дода, ба зарурати густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар таъкид кардам.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар ин рӯз аз мӯзеи таърихии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва боғи Бобур дар шаҳри Кобул дидан намуда ва шоми ҳамон рӯзи маҷлиси ихтитомия бо маросими рӯнамоии ду китоби нав баргузор гардид.
Хулоса ҳамоиши байналмилаии «Худовандгори Балх» дар сатҳи бисёр баланди ташкилӣ ва илмӣ баргузор гардид, ки бешубҳа нақши мақоми вилояти Балх ва волии вилоят Устод Ато Муҳаммади Нур ба хубӣ эҳсос мешуд.
Аслан Устод Ато, на танҳо як волии муддабир ва боибтикор, шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва низомӣ, балки як шахсияти фарҳангӣ ҳам мебошад, ки барои рушди фарҳанги Афғонистон, пуштибонӣ аз олимону фарҳангиён, эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Балх корҳои зиёдеро анҷом додааст. Устод на танҳо амнияти балхиён ва меҳмононро таъмин намудааст, балки шаҳри зебоеро сохтааст, ки назираш дар ин шароит дар Афғонистон вуҷуд надорад. Воқеан чуноне устод Халилуллоҳи Халилӣ гуфтааст:
Балхи бомӣ зодгоҳи Мавлавист,
Машриқи сад офтоби маънавист…
Устод Ато кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шукуҳи ҳашамати қадимаи Балхро, эҳё созад.Зеро чуноне шоири балхӣ Абдулваҳҳоби Муҷир гуфтааст:
Дар дасти мо фитода кунун ин ҳама шукуҳ,
Ё Раб мабод тор шавад ормони Балх.
Ё Раб мабод гарди фаромӯшию сукут,
Бинем рӯи сурати оинасони Балх.
Ҳар соле, ки ба Балх сафар мекунам, шаҳри Мазори Шарифро зеботар мебинам, кӯчаю хиёбонҳо васеъ ва мумфарш мегарданд, хонаҳои ҳозиразамони бисёрошёна, мактабу донишгоҳҳо, меҳмонхонаҳои асрӣ бо тамоми шароит, ресторанҳо, шаҳракҳои нав, боғҳо ва марказҳои фароғатӣ ҳусни шаҳрро афзун менамоянд. Албатта волии Балх устод Ато Муҳаммади Нур барои ободу зебо намудани шаҳр сармояи дохилиро низ ҷалб мекунад. Як ибтикоре намудааст, ки ин ё он туҷҷори пурқувват чорроҳиеро месозад бо гулгашту муҷассамаҳо, бо сабкҳои гуногун ва он чорроҳӣ бо номи он шахс мусаммо мешавад ва заҳмати нигоҳдории он низ ба души ӯст. Ҳоло чорроҳиҳои Комгор (раиси ширкати ҳавопаймоии “Kam-air”), Ҳоҷи Шарифи Санчоракӣ, Ғазанфар, Камол Набизода, Нур, Кифоят, Баракат, Кобул бонк, Алкозай, Салими Шаҳид ва ғайра ба шаҳр ҳусни нав зам намудаанд.
Як чиз дар ин сафар таваҷҷуҳи манро ҷалб намуд ин аст, ки дар пешайвонҳои хонаҳои навсохти бисёрошёна ба сабки аврупоӣ сабадҳои гул чида шудаанд, на курпаю курпача ва ё куртаю…
Чизи дигаре, ки таваҷҷуҳи як меҳмони хориҷиро ҷалб менамояд, номгузории кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Мазори Шариф аст, ки бо ибтикори устод Ато Муҳаммади Нур анҷом ёфтааст. Кӯчаю хиёбонҳо, бо номи бузургони ин сарзамин, шахсиятҳои номдори Афғонистони имрӯзӣ бидуни кадом таассуби динӣ, қавмӣ ва сиёсӣ гузошта шудаанд: Абӯабдулло Рӯдакӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд, Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ, Сомониён, Бармакиён, Пешдодиён, Хушҳолхон, Забеҳуллоҳи Шаҳид, Абдулалии Мазорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Зардушт, Авесто, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Абӯмуслими Хуросонӣ, Каёниён, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ ва ғайра.
Бо ибтикори волии Балх Ато Муҳаммади Нур дар маркази шахри Мазори Шариф деворе бино ёфтааст, бо номи «Девори фарҳехтагон». Ин девор яке аз ибтикороти бемонанд дар сатҳи кишвар ва ҳатто минтақа аст, ки ба манзури муаррифии шахсиятҳои фарҳангии Балх бино шудааст. Девор ба дарозии 116 метр, баландии 2,80 метр сохта, дар 54 қитъаи бузурги санги мармар шиносномаҳо, намунаҳои асар ва тасвирҳои 25 тан аз фарҳехтагони ин марзу бум аз Йимо нахустин подшоҳи ориёӣ то шаҳид Исмоили Балхӣ насб шуда аст. Маблағи бунёди ин девор, ки беш аз 100 ҳазор доллар будааст, аз имконоти шахсии Ато Муҳаммади Нур пардохта шуда аст.
Дар вилоят ниҳодҳои фарҳангӣ ба мисли Анҷумани озоди нависандагони Балх, Конуни фарҳангии Мавлоно, Бунёди Масъуд, Анҷумани Бобур Мирзо ва ғайра фаолият дошта, корҳои хуби фарҳангиро ба пеш мебаранд.
– Дар сафари ду соли пеш ба Балх тавре мушоҳида мешуд, ки дар ҷиҳати нигаҳдорӣ, ҳифозат ва бозсозии бозмондаҳои шаҳри Балхи бомӣ ва хонақоҳи Мавлоно ибтикоре сурат нагирифта буд. Феълан баъди ин часпу талош ва даъвои соҳибӣ ба осори ин бузургманд, чӣ манзаре дар ин шаҳри қадим ва атрофи он мушоҳида мешавад. Оё талоше барои ҳифозати ин ёдгориҳо ва бозсозии онҳо барои ояндагон мушоҳида мешавад?
–Бешубҳа,талоши зиёде дар ин самт ба харҷ дода мешавад. Дар чанд соли охир масҷиди Хоҷа Абӯнасри Порсо, оромгоҳи шоири тавоно Анварии Абевардӣ, Робиаи Балхӣ, оромгоҳи суфиёни машҳур Султон Аҳмад Хузравияи Балхӣ ва ҳамсари ӯ Фотимаи Балхӣ дар гуристони Навбаҳор, оромгоҳи Муҳаммадҷон, Бурҷи айёрон ва ғайра бозсозӣ шудаанд. Мушкил дар бозсозии хонақоҳ ва ё мадрасаи Султонуламо буд. Гарчанде дар даромадгоҳи он лавҳаи калоне як сол пеш насб буд, ки бо кумаки Созмони тавсеъа ва ҳамкориҳои байналмилалии TIKA-и Туркия бозсозӣ мешвад, аммо кори он кашол меёфт. Сабаби кашолёбии он дар он аст, ки гирди мадраса хонаҳои истиқоматии зиёд сохта шуда буд ва аҳолӣ намехост он ҷойро тарк намоянд, то корҳои ободонӣ оғоз шаванд. Як сол пеш ин масъала бо саъю кушиши устод Ато ҳал шудааст. Ба мо иттилоъ доданд, ки ба 28 хоҷагии ин минтақа волии Балх каме дуртар аз ҷойи пештараашон, бештар аз он замине, ки доштанд, замин ҷудо карда, ба зами он аз имкониятҳои шахсиаш ба ҳар хонавода 2 ҳазор долларӣ додааст, муассисаи туркӣ барои ҳар яке аз онҳо хонаҳои ҳозиразамон бо масҷиду мактаб сохтааст ва онҳо аз хонаҳои похсагӣ халос шудаанд. Шаҳраки нав «Шаҳраки Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ» ном дорад. Мо бо мардуми ин шаҳрак дар масҷиди онҳо суҳбат доштем ва онҳо беҳад хуш буданд. Ҳоло майдони назди мадраса ҳамвор шудааст ва тибқи нақша инҷо як маҷмааи фарҳангӣ –туристӣ сохта мешавад, ки дорои меҳмонхона, китобхона, ресторан, толори маҷлис, боғу гулгашт буда, хонақоҳи Султонуламо бозсозӣ мешавад. Ба назари ман корҳои бозсозӣ дар Балхи бомӣ ба масъалаи «даъвои соҳибӣ ба осори ин бузургманд» рабте надорад, зеро чанд сол аст, ки ин корҳо идома доранд.
– Бар асоси иттилоъ ва наворҳое, ки расонаҳо пахш намуданд, дар ҳошияи ин ҳамоиши фарҳангӣ Шумо бо Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ мулоқот доштед. Бидуни шак, ӯ яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар саҳнаи сиёсии Афғонистон аст ва суҳбати Шумо атрофи чӣ масоиле сурат гирифт?
– Албатта ман шахсан ба вазъияти ҷории Афғонистон мароқи зиёд дорам ва шунидани арзёбии вазъи ҷорӣ аз забони чунин шахсияти матрахи кишвар барои ман хеле муҳим аст.
Масъалаи дигари мавриди суҳбати мо вазъи корҳои илмии устод Ато Муҳаммади Нур буданд. Шумо медонед, ки ӯ унвонҷӯи Институти мо дар риштаи таърихи равобити байналмилал ва сиёсати хориҷӣ мебошанд.
– Иттифоқан, ҳудуди як моҳ боз волии Балх дар Кобул аст ва диду боздид анҷом медиҳад. Оё ин далели ҳузури дурударози Устод Ато дар Кобул ҳасосияти вазъияти сиёсӣ аст ва ё масъалаи дигар?
– Бешубҳа, вазъияти сиёсӣ ва низомӣ дар Афғонистон бисёр ҳассос аст. Аз хабарҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда ҳам маълум аст, ки устод Ато ҳар рӯз диду боздидҳои зиёд дорад ва ҳадафи аслӣ дарёфти роҳҳои бурунрафт аз ин буҳрон аст. Масъалаи дигари мавриди суҳбатҳо масъалаи даъвати кунгураи (съезди) Ҷамъияти исломии Афғонистон аст, ки баҳсҳо чанд муддат аст давом доранд. Ба гуфти устод баъзе гуруҳу шахсиятҳо дар дохили ҳизб то ҳол раҳбарияти ҳизбро бо он айбдор мекарданд, ки намехоҳад кунгура доир кунанд, роҳбарият ва аъзои Шӯрои марказӣ интихоб шаванд. Ҳоло ки роҳбарият кушиш дорад то кунгура даъват шавад, боз ҳамин гуруҳҳо мухолифат меварзанд. Масъалаи дигар маросими ба хоксупории амир Ҳабибулоҳи Калаконӣ аст.
– Ба назари Шумо, чун то ҷое аз наздик дидед, то куҷо ваҳдат ва ягонагӣ дар миёни Ҳукумати ваҳдати миллӣ мавҷуд аст?
–Ба фикрам барои ҳеҷ кас дигар пӯшида нест, ки ҳеҷ ваҳдате дар Ҳукумати ваҳдати миллӣ вуҷуд надорад. Ихтилофоти байни ду раҳбарРаиси ҷумҳур ва Раиси иҷроия бар вазъияти Афғонистон таъсири манфӣ гузоштааст. Ноумедӣ ва нигаронӣ дар байни мардум меафзояд. Ин вазъият мухолифони мусаллаҳро рӯҳбаланд ва сарбозони давлатиро баръакс ноумед месозад.
– Оё имкони суқути Ҳукумати Ғанӣ ва Абдулло вуҷуд дорад?
–Агар муносибати ду раҳбар ба ҳамин минвол давом кунад вазъият мушкилтар хоҳад шуд. Аммо масъала тавре аст, ки ду ҷиноҳи ҳукумат якдигарро машруъият мебахшанд. Якеаш бидуни дигараш наметавонад вуҷуд дошта бошад, зеро ин ҳукумат дар асоси мувофиқаи сиёсии ду тими интихоботӣ ба вуҷуд омадааст. Албатта баъзе нируҳои сиёсӣ нақшаҳое доранд, то ин ҳукумат аз саҳнаи сиёсӣ берун шавад ё тағйир ёбад. Ташкилотҳое бо номи «Ҳаросат ва субот», «Ҷабҳаи навин» интизори пурра шудани вақти муқарраршуда барои амалӣ намудани ислоҳот дар Қонуни асосӣ мебошанд. Фикр мекунам, ки фишор сари ҳукумат афзоиш меёбад. Роҳи ҳалли ихтилофот мусоидати гуруҳҳои сиёсӣ барои иҷрои бечунучаро ва саривақтии Тавофуқнома байни ду тими интихоботӣ аст, на кӯшиши сарнагун намудани он Ҳукумати ваҳдати миллӣ. Ҳама гуна бурузи ихтилофот ва ташдиди буҳрони сиёсӣ фақат ба нафъи мухолифони мусаллаҳ ва гуруҳҳои террористӣ мебошад.
– Гуруҳҳое, ки Осиёи Миёнаро аз Афғонистон таҳдид мекунанд, то куҷо ҷои нигаронӣ доранд?
– Мутаассифона, бо кадом коршиносе дар Афғонистон суҳбат мекунед, мегӯянд, ки ҳадафи ин гуруҳхои террористӣ Осиёи Миёна аст. Теъдодашон ҳам дар Афғонистон афзоиш меёбад. Гуё аз Сурия ва Ироқ ба Покистон ва аз онҷо ба Афғонистон доишиҳо интиқол меёбанд. Албатта дар шароите, ки марзҳои мо хуб ҳифозат мешаванд ва пойгоҳи низомии Русия дар ин ҷо мустақар асту Тоҷикистон узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ аст, гуруҳҳои террористӣ аз ҳамлаи рӯирост ибо меварзанд, аммо эҳтимоли ба Осиёи Миёна омадани гуруҳҳои хурд-хурди террористӣ аз имконият берун нест. Падидаи «интиҳор», «интиҳорӣ» вусъат пайдо мекунад ва хеле хатарнок аст. Ҳоло аз тоҷикистониён дар гуруҳҳои террористӣ ҳамчун ташкилкунандагони амалҳои интиҳорӣ ном бурда мешавад.
Таҷрибаи Афғонистон нишон медиҳад, ки ду се нафар аз ин интиҳориҳо ба иншооте ё муассисае ҳамла мекунанд ва метавонад даҳҳо танро ҳалок ва захмӣ намоянд. Амалиёт барои нобуд сохтани ду нафар даҳҳо соат давом мекунад.
Имрӯз аксари вилоятҳои ҳаммарз ва ё наздик ба марзи Тоҷикистон ноамнанд, ба хусус Кундуз, Тахор, Бағлон. Вазъи Бадахшон ҳам бисёр осебпазир аст. Дар ҷангҳо пояҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистон хароб мешаванд, пули Олчин дар наздикии Кундуз ба дарозии 300 м, ки Тоҷикистонро аз тариқи Кундуз ба Афғонистон васл мекунад, тарконда шудаааст. Инҳо худ паёмади манфии таҷамуъи гуруҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон барои Тоҷикистон аст.
– Ба ҳар сурат чашмдиди Шумо аз ояндаи наздики вазъият чӣ аст?
– То вақте гуруҳҳои мусаллаҳи зидди давлатӣ пуштибонии қавии хориҷиро доранд, кумак мешаванд ва ба замми он дар дохили ҳукумат ихтилофҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд, онҳо ба музокира розӣ намешаванд ва ё метавонанд солҳо музокиротро кашол диҳанд. Аммо дар бораи ихтилофот байни А. Абдулло ва М. А. Ғанӣ бояд гуфт, ки ба чашмдиди ман онҳо дар ниҳоят ба мувофиқаи нисбӣ меоянд ва ё дар остонаи нишасти кишварҳои НАТО дар Брюссел ҳадди аққал кӯшиш мекунанд то ихтилофоташонро пардапӯш намоянд. Агар ихтилофот бештар аз ин давом кунад, боз зангҳои телефонӣ аз Вашингтону Лондон метавонад раҳбаронро ором созад. Аммо умедворем худи нухбагони сиёсии Афғонистон бидуни миёнҷигарии хориҷиҳо масъалаҳои худро ҳал мекунанд. Афғонистон пешорӯи маъракаҳои муҳим ба мисли, гузаронидани ислоҳоти интихоботӣ, даъвати Луи ҷирга ва дохил намудани тағйирот дар Қонуни асосӣ, интихоботи порлумонӣ, тавзеъи шиносномаҳои электронӣ ва ғайра он ҳам дар шароити фишори сахти толибону ДОИШ истодааст, ки вазъиятро метавонанд хеле осебпазир бисозад.
– Ташаккур барои суҳбат!
– Поянда бошед!
Суҳбаторо Р. Давлат