Доктор Абдулғафур Орзу: Қарордоди мо бо Амрико хатаре барои ҳамсояҳо надорад

Мусоҳиба 20.10.2014 14:11

Abdulgafuri Orzu 010101Мусоҳиба бо сафири ҷумҳурии исломии Афғонистон  дар Тоҷикистон

- Ҷаноби сафир, мехостем роҷеъ ба нишасти Сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Минск суҳбатро оғоз кунем. Сарони ин кишварҳо дар суханрониҳои хеш дар мавриди вазъи субот дар Афғонистон ҳамин чанд лаҳза қабл аз шурӯъи мусоҳибаи мо ибрози нигаронӣ намуданд. Дурнамои суботи Афғонистон аз нигоҳи Шумо чӣ гуна аст? 

- Бо ташаккур аз Шумо ва аз ҳамкорони Шумо, дар нашрияи бисёр хуб вазин ва вазмини "Миллат".

 Бо таъкид бар дӯстии Афғонистону Тоҷикистон, бовар дорам, ки Тоҷикистону Афғонистон дорои ҳуввияти ягонаи тамаддунӣ, торихӣ ва фарҳангианд. Дин, забон ва торихи муштарак сабаб шудааст, ки мо беҳтар ҳамдигарро нисбат ба соири кишварҳои дуру наздик бифаҳмему бишиносем. Шинохти Афғонистон ва ҳавзаи фарҳангиву тамаддунии мо ниёз ба пасманзари торихӣ дорад.

Аз манзар ва чашмандози торихӣ мо дар як ҳавзаи фарҳангӣ, торихиву тамаддунӣ қарор дорем. Афғонистони торихӣ бино бар мавқеъияти ҷуғрофиёӣ ва геополитикиаш дар сайри торих мавриди ҳамлаи бегонагон қарор гирифтааст. Гоҳ аз Ғарб ва гоҳ аз Шарқ. Муҳоҷимини ғарбӣ чун Бритониёи Кабир ва муҳоҷимини шарқӣ чун Чингизу Ҳулоку. "Қалби Осиё" ҳамеша хунин будааст. Дар қарни ХХ  миллати озодаи Афғонистон чандин даҳҳа бо Бритониёи Кабир ба хотири иззату истиқлоли худ мубориза намудаанд ва саранҷом дар соли 1919 "офтоби ғуруб нопазири истеъмор", ғуруб мекунад, занҷири истеъмор бо ҳиммати мардуми Афғонистон шикаста мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки дар паёмади муборизоти озодихоҳонаи афғонҳо, Ҳиндустон ба озодиву истиқлол ноил гардид.

Дар авохири қарни бистум миллати озоди Афғонистон 14 сол бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, мубориза менамояд ва фарзандони сарзамини ишқу имон, бо хуни худ аз истиқлоли Афғонистон нигоҳбонӣ мекунад ва беш аз як даҳҳа мешавад бо терроризм, экстремизм ва мафияи маводи мухаддир мубориза менамояд. Савол ин ҷост, чаро Афғонистон пайваста мавриди таҳоҷуми бегонагон қарор гирифтааст?

Посух рӯшан аст; мавқеияти геополитикии  Афғонистон. Афғонистон ба қавли Аллома Иқболи Лоҳурӣ "қалби Осиё" аст ва ба бовари Тувин Би "Майдонгоҳи бузурги бостон". Искандар мехост ба шибҳи қора даст ёбад ва Чингизу Ҳулоку ба Бағдод, ба иҷбор бояд аз Афғонистон мегузаштанд ва дифоъ аз истиқлол, озодӣ ва ҳокимияти миллии Афғонистон ягона интихоби мо будааст. Мо дар тӯли торих маҷбур будаем, ки биҷангем, аз ҳастии худ, аз истиқлоли худ, аз ватани худ, аз ҳамаи ин воқеиятҳои хунин, мардуми сулҳдӯсти Афғонистон дар лаҳзаҳои кутоҳи сулҳу оромиш тавонистаанд, ки маданият кунанд. Шумо медонед дар давраи Хуросони бузург мо ду маданият доштаем: Маданияти ғазнавиён ва маданияти темуриён. Дар Ориёнои кабир; тамаддуни Юнону Бохтариён ва тамаддуни Кушониён.

Бо ин беш дар омади торихӣ мехоҳам бигӯям, ки миллати Афғонистон миллати озода ва ошиқи сулҳ аст, албатта агар бегонагон бигзоранд. Далели боризи ин сулҳу дустӣ, надоштани опозитсиюни сиёсӣ дар берун аз марзҳои Афғонистон аст. Ҳамаи опозитсиюнҳои сиёсӣ дар дохили марзҳои Афғонистон фаолият доранд. Дорои нашрия, родию ва телевизиюн мебошанд. Ҳаққи озодии баён дар чорчӯби Қонуни асосии Афғонстон, ба расмият шинохта шудаанд. Албатта як опозитсиюни мусаллаҳи бегона дар берун аз марзҳои Афғонистон вуҷуд дорад, ки амнияти Афғонистонро таҳдид мекунад. Ҳамаи мардуми Афғонистон, ҳамаи ҷиноҳҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар Афғонистон муттаҳид дар баробари ин душманони мусаллаҳ қарор доранд.

Ваҳдати миллии мо жарфи сохти устувор ва маҳками торихӣ дорад. Барои рӯшан шудани ин ҳақиқат, бояд таваҷҷуҳ намуд, ки аз оғози торих то ба имрӯз ҳеч қавме, ҳизбу созмони сиёсие хоҳони таҷзияталабӣ ва худмухторӣ нашудааст. Садои миллати Афғонистон дар баробари бегона, садои ваҳдат аст:

Ҳазора кист, пуштун кист, тоҷик кист, узбак кист,

Асоси фирқабозиҳои истеъморро бишкан.

Бинобарин, ваҳдати миллии мо дорои устухонбандии бисёр маҳкаме аст. Агар душманони берунӣ бигзоранд, сулҳу субот дар Афғонистон ниҳодина мешавад. Чун иродаи мардуми Афғонистон мубтанӣ бар сулҳу субот аст. Ман нисбат ба ояндаи Афғонистон на танҳо хушбинам, балки сахт мутмаин ҳастам. Итминон дорам, ки душманони мо шикаст хоҳанд хурд.

- Ахиран дар расонаҳои кишварҳои ҳамсоя матолибе дар мавриди таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ба хусус пас аз ихроҷ шудани нируҳои НАТО аз Афғонистон дар поёни сол нашр мешавад, ки дар онҳо изҳори нигароние аз вахим шудани авзоъ дар минтақа баён шудааст. Махсусан мақомоти тоҷик ахиран тариқи расонаҳо дар робита ба ин вазъият нигарониҳое доштанд, ки шояд дар либоси гуреза, Толибон бихоҳанд вориди минтақаи Осиёи Миёна бишаванд. Оё дар чунин вазъияте нируҳои Афғонистон метавонанд, ки пас аз хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон суботро таъмин кунанд?

- Аввал; душманони мо ва мардуми озодаи Тоҷикистон, яъне ифротгароён, экстремистҳо, терористҳо, ҳама ва ҳама дар ҷануби Осиё паноҳгоҳ доранд. Афғонистон аз он ҷое, ки пули васлест, байни Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё экстремистҳо, мофиёи маводи мухаддир ва террористҳо талош мекунанд аз тариқи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ бирасанд. Осиёи Марказӣ нафту тиллову гоз ва нируи инсонии фаровон ва бозорҳои бузург дорад. Мофиёи маводи мухаддир, террористҳо ва экстремистҳо мехоҳанд ба Осиёи Марказӣ мусаллат гарданд. Афғонистон бар сари роҳ воқеъ шуда аст, яъне мардуми Афғонистон сипари дифоии Осиёи Марказӣ аст.

Дуввум: Мақомоти тоҷик бояд дағдаға ва нигаронӣ дошта бошанд. Чун медонанд, ки Афғонистон пуле байни Ҷануби Осиё ва Осиёи Марказист. Яъне экстремистҳо ҳама кишварҳои воқеъ дар Осиёи Марказиро низ нишона гирифтаанд.

Савум: Яке аз масирҳои муҳимми қочоқи маводи мухаддир, Тоҷикистон аст. Мофиёи байналмиллалӣ маводи мухаддиро аз чунин масире ба Федеротифи Русия ва соири кишварҳои Урупоӣ қочоқ мекунад ва ин таҳдиди бузург барои амнияти Тоҷикистон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиёти талх, нигаронии ҷаноби вазири дохиларо бар ҳақ медонам. Бояд самимона ва ҳамоҳанг ба ин мубориза идома диҳем. Чун субот ва амнияти мо бо ҳам пайванд дорад.

Чаҳорум: Хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ, Шумо медонед, ки солҳои 2012 то 2014 давраи таҳаввул номида шуда аст. Дар ин ду сол, нируҳои  байнулмилалӣ  масъулиятҳои амниятиро ба артиши миллии Афғонистон интиқол додааст. Мо беш аз 350 ҳазор нируи мусаллаҳ дорем. Мо итминон дорем, ки ин артиш метавонад амниятро дар сартосари Афғонистон таъмин намояд.

Фаромӯш набояд кард, ки терроризм як падидаи байналмилалист. Шумо дидед, ки дар Бостони Амрико чӣ шуд. Шумо дидед, ки ду бурҷи тиҷорати ҷаҳониро чӣ гуна заданд. Шумо дидед, ки дар Норвеж чӣ иттифоқ уфтод. Шумо мебинед, ки ДОИШ дар Ироқ, Сурия ва Ховари Миёна чӣ мекунад. Дишаб дар пойтахти Яман шаҳри Санъо 40 нафар дар як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд. Терроризми байналмилалӣ, ки дар ҷаҳон фаъол аст ба ҳамин далел ҷомеаи ҷаҳонӣ муттаҳиди мардуми Афғонистон дар мубориза бо терроризманд, дар ростои терроризми байналмиллаӣ, як воқеъият аст. Умедворем, ки кишварҳои минтақа ҳам дар мубориза бо терроризм ва экстремизм содиқона амал кунанд. Агар бо терроризм ва экстремизм кишварҳои минтақа масъулона амал кунанд, бегумон дар минтақаи мо сулҳу субот ба миён хоҳад омад. Мо дар дохили Афғонистон ҳеҷ мушкиле надорем. Иродаи миллии Афғонистон, тими "Таҳаввул ва тадовум" ва тими  "Ислоҳот ва ҳамгароӣ", муштаракан давлати ваҳдати миллииро эҷод намудаанд. Давлати ваҳдати миллӣ оинаест, ки иродаи мардуми Афғонистон дар  он мутаҷалеъ шудааст. Пас сулҳу субот иродаи ҷамъии мардуми Афғонистон аст. Ин нуктаро бо хати барҷаста бинвисед.

Ambassador-interview-millat- Аксари расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки вақтҳои ахир нооромиҳо дар Афғонистон ба шимоли кишвар кӯч бастааст. Чи фикр мекунед, ки сабаби аслии ин кӯчиш дар чӣ аст?

- Пештар ман  ишорат кардам. Агар мо пули васл байни Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ набудем, терроризм ва экстремизм ба мо хеле кор надошт. Тамоми гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар Ҷануби Осиёст. Имрӯз офтоб барин равшан аст, ки дар куҷо ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, ки ба Осиёи Марказӣ роҳ пайдо бикунанд. Бинобар ин тамоми талоши онҳо расидан ба Осиёи Марказӣ аст. Артиши миллии мо як девори оҳанин дар баробари таҳоҷуми экстремизм ва мофиёи байнулмилалист, ки дар минтақа қарор доранд. Ин як воқеъият аст.

Дуввум; душманони Афғонистон тавони ҷанг дар баробари артиши миллии Афғонистонро надоранд. Гоҳ - гоҳе ҳамлаҳои ҳаросафканонаро дар шимол ва ҷануб эҷод мекунанд. Ба бовари коршиносони низомӣ, чунин ҳамлаҳои ноҷавонмардона баёнгари завол ва заъфи душманони мардуми Афғонистон аст. Мардуми Афғонистон ва артиши миллии мо нисбат ба чунин ҳамалот парешонии хосе надоранд. Ба посухи чунин нигарониҳо, фақат суханони ҷаноби олиро такрор мекунам. Ишон фармудаанд: "Артиши миллии Афғонистон тавони эҷоди назму субот дорад. Душманони Афғонистону минтақа, ҷуз ҳаросафканӣ, ҳеч коре аз дасташон барнамеояд."

- Имзои қарордоди амниятӣ бо ИМА, барои Афғонистон оё субот меоварад? Ва чаро раисҷумҳури пешини Афғонистон ҷаноби Карзай онро имзо накард?

- Нуктаи аввал. Шумо медонед, ки пас аз руйдоди 11 сентябр нируҳои байналмилалӣ, ҳузур доранд ва алайҳи терроризми байнулмилалӣ, мубориза мекунанд. Афғонистон аз мутаҳиддини мубориза бо терроризми ҷаҳонист.   

Нируҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бар мабнои қарордодҳои ба тасвиб расидаи СММ ва мисоқҳои байналмиллалӣ то кунун ҳузури қонунӣ доштаанд. Ҳама кишварҳои ҷаҳон дар он мақтаъ- марҳалаи эҷоди ҷабҳаи ҷаҳонии мубориза бо тероризм- бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг шудаанд. Чун терроризме, ки омада буд, дар Афғонистон маҳдуд намемонд ва ба кишварҳои дигар мерасид.

Нуктаи дувум, ҳамон гуна, ки медонед, аксарияти кишварҳои ҷаҳон, СММ, НАТО, аз ҶИА  мехостанд, ки ҳарчӣ зудтар паймони амниятӣ бо ИМА-ро имзо кунад. Мо паймонҳои стротегӣ бо Деҳлӣ, Рим, Вашингтон, Берлин, Порис, Пекин Варшава ва Осло имзо намудаем, ки ин баёнгари мустаъқилии миллии мост. Паймони амниятии ҶИА бо ИМА, ҷузъе аз паймони стротегие аст, ки байни ду кишвар ба имзо расида аст. Хости мардуми Афғонистон, хости ҷомеаи ҷаҳонӣ, хости  аксарияти кишварҳои минтақа, СММ, НАТО ва ғайра ин буд, ки ин паймон сареътар имзо шавад.

Аксарияти қотеи мардуми Афғонистон, ҳам Шӯрои миллӣ, маҷлиси Сано, шахсиятҳои илмӣ, фарҳангиву сиёсӣ Луи Ҷирга раъй ба имзои ин паймони амниятӣ доданд. Ин мабнои машруияти миллии ин паймон аст.

Чун давраи кории раисҷумҳури пешини Афғонистон дар остонаи поён ёфтан буд,  эшон хостанд то амниятӣ бо Амрико ва қарордоди амниятӣ бо НАТО тавассути давлати ҷадид имзо шавад. Имзои ин паймон ва қарордод, яъне эҷоди таҳарруки тоза дар равобити Афғонистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ. Давлати ваҳдати миллии Афғонистон бо чунин чашмандозе паймони амниятӣ бо ИМА ва қарордоди амниятӣ бо НАТО-ро имзо намуд.

Раисҷумҳури Исломии Афғонистон ҷалолатмаоб, доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ Аҳмадзай пас аз имзои паймони амниятӣ фармудаанд: "Афғонистон бо имзои паймони амниятӣ бо Амрико ҳокимияти миллии худро ба сурати асосӣ ба даст овард. Имрӯз Афғонистон шоҳиди равобити камсобиқа бо давлатҳои ҳамкори худ аст. Неруҳои байнулмилалӣ имрӯз дар чаҳорчӯби файсаланамоӣ дар СММ ва Шӯрои амният дар Афғонистон ҳузур доштанд. Давлати Афғонистон бо имзои паймони амниятӣ бо Амрико ва қарордоди амниятӣ бо НАТО ҳузури нируҳои байналмилалиро дар Афғонистон, қонунманд сохт. Яъне ба унвони як воҳиди мустақили миллӣ тасмим гирифт, ки бар асоси як қарордод ва паймон нируҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд".

Раисҷумҳури мо дар фарози дигари суханони хеш фармуданд: "Имзои ду паймон таҳаввул дар робитаи мо бо дунёст. Бар асоси он ҳаққи истеъмор қувва ба асоси файсалаи давлати Афғонистон сурат мегирад. Имзои ин паймон сирф барои суботи Афғонистон сурат гирифтааст ва ҳеч хатарерро мутаваҷҷеҳи кишварҳои ҳамсоя намекунад ва ҳеч силоҳи ҳастаӣ дар Афғонистон ҷо ба ҷо  ва истеъмол нахоҳад шуд". Пас имзои паймон ва қарордоди амниятӣ ба ҳеч ваҷҳ хатаре мутаваҷҷеҳи ҳамсоягон намесозад, балки омиле хоҳад буд дар ҷиҳати сулҳу суботу амнияти минтақавӣ.

 - Оё ин имзо мустақилияти давлати Афғонистонро зери суол намебарад?

-Шумо медонед, ки миллати Афғонистон як миллати озода аст. Дар тули торих ба хотири истиқлол ва озодии худ ҷонбозӣ кардааст. Ин шиносномаи мардуми Афғонистон аст. Ва ҳама нависандагону донишмандони дунё барои ин эътироф карданд. Ин воқеъиятест, ки дар он ҳеч тардиде нест.

Фаромӯш набояд кард, ки Афғонистон муттаҳиди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ростои муборизаи бо терроризм аст. Машруияти ин равобит дар чорчӯби СММ ва файсалаҳоҳи Шӯрои амният буд. Инак ин равобит машруияти худро аз иродаи озоди давлату миллати Афғонистон мегирад.

ҶИА бар мабнои раъйи озоди мардум, иродаи мардум санадеро имзо кард, ки иншоаллоҳ метавонад ба сулҳу суботи минтақавӣ кумак намояд.

- Ҷаноби сафир! Мо медонем, ки Тоҷикистону Афғонистон ду кишвари ҳамсоя ва аз ҳамкорҳои хеле хуб солҳо шумурда мешавад, ки дар сатҳи олӣ ин ҳамкориҳо идома дорад. Ба назари Шумо то куҷо зарфиятҳо ва имконоти ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ истифода шудаанд? Дар чӣ заминаҳое ҳамкориҳо сурат нагирифтанд ва дар кадом бахшҳо Шумо нақшаи ҳамкориҳоро тарҳрезӣ кардаед?

-Аввал, Афғонистону Тоҷикистон дорои як торих, як фарҳанг ва тамаддуну ҷуғрофиёи сиёсии бузург буданд. Нуктаи дуввум, пас аз истиқлоли Тоҷикистони азиз, яке аз нахустин кишварҳое, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият мешиносад, Афғонистон аст. Сеюм, Афғонистон нақши бисёр муҳим дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони азиз дошта аст. Ҳамеша мардуми озодаи Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ ва масъулин дар ин замина ёдоварӣ менамоянд. Яъне ҳақиқат чунон ошкор аст, ки ниёз ба шарҳ надорад.

Мардум ва давлати Афғонистон ҳаргиз фаромӯш наменамоянд, ки дар солҳои мубориза бо толибону экстремизм, Тоҷикистон яке аз пушти ҷабҳаҳои мутмаин барои мардуми Афғонистон буда аст. Ҳимояти мардуми Тоҷикистон ва ҳукумати Тоҷикистон аз муқовимати мардуми Афғонистон дар баробари терроризм ва экстремизм пушида нест.

Ин ҳамдилиҳо ва ҳамовоиҳо заминае шуд, то робитаи Афғонистон ва Тоҷикистон дар тамоми арсаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг ва масоили илму дониш доман бигустаронад. Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини мо ҳамеша мегуфт, ки агар дарахте дар Душанбе самар бидиҳад, мо эҳсос мекунем, ки дар Кобул мева медиҳад. Ҷаноби олӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамеша гуфтаанд, ки тинҷиву оромии Афғонистон барои мардуми Тоҷикистон мисли боду ҳаво зарурист. Президенти ҷадиди Афғонистон ҷаноби доктор Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар нахустин дидори худ бо ҳайати Ҷумҳурии  Тоҷикистон фармуда анд: равобити сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии Афғонистону Тоҷистон бояд бисёр беш аз пеш инкишофу тавсеа ёбад.

Мутаассифона, ба далели вуҷуди терроризм, экстремизм ва мофиёи маводи мухаддир ва иқтисоди сиёҳ, то кунун натавонистаем, то аз ҳамаи зарфиятҳо барои густариши равобит истифода намоем. Аммо иродаи сиёсӣ дар Афғонистон ин аст, ки мо дар тамоми соҳот бо Тоҷикистон равобити дар сатҳи баланд дошта бошем. Сатҳи тиҷорат байни Афғонистону Тоҷикистон дар ҳудуди як саду ҳафтоду панҷ миллион доллар дар сол аст, мо мехоҳем, ки ба як миллиард доллар афзоиш ёбад. Ин айни манофеъи миллии мост. Мо хоҳони интиқоли барқи CASA - 1000 аз тариқи Афғонистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон мебошем. Ҳар қадар роҳи тиҷорат ва тронзити Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин фаъол гардад, ба ҳамон таносуб, сабот ва амнияти минтақавӣ бештар ва бештар мегардад. Фаромӯш нанамоед, ки дар таърих равобити сиёсии Афғонистон ва Тоҷикистони хеч мушкилии кучаке ҳам вуҷуд надошта ва надорад.  Манофеи миллии Тоҷикистон ва манофеи миллии Афғонистон бо ҳам таомул дорад.

Дар сафари ахире, ки ҳайати муҳтарам Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар маросими таҳлиф (савгандёдкуни)-и раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Кобул дошаанд, Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайати Тоҷикистон фармудаанд: "Равобити иқтисодии Афғонистону Тоҷикистон бояд бо тамоми зарфиятҳои мумкин тавсеа ёбад. Бояд механизмҳои коромад ва муфид эҷод гардад."

Шумо медонед, ки роҳи оҳани кишварҳои минтақа дар Афғонистон васл мешавад. Афғонистон ҳалқаи васли Ҷануби Осиё ва Осиёи Марказист. Ҳалқаи васли Шарқи Миёна ва Авруосиё аст. Роҳи лоҷвардии Афғонистон - Туркманистон - баҳри Каспий - Озарбойҷон ва  Туркия, як роҳи бисёр муҳими иқтисодист. Пайвастани Тоҷикистон ба шабакаи роҳи оҳани Афғонистон бо васл шудан ба шоҳроҳи лоҷвардӣ, ба маъноми таҳаввули бузурги иқтисодист.

Бояд ба сароҳат бигӯем, ки иқтисод дар сиёсати хориҷии мо муҳимтарин авлавият (афзалият) аст. Мо меҳвари тиҷорату тронзит дар минтақа ҳастем. Шумо медонед, ки дар конфронси прусаи Истамбул, Афғонистон ба унвони пули иқтисодии минтақа ба расмият шинохта шуда аст. Ҳар қадар амнияту субот ниҳодина шавад, ҳар қадар душманони сулҳ, озодӣ ва амният шикаст бихӯранд, ба ҳамон таносуб равобити иқтисодӣ боло меравад.

Бар мабнои тавсеаи равобит, Тоҷикистон ҳар сол 50 бурсия барои Афғонистон ихтисос медиҳанд, ки самимона сипосгузорӣ менамоем. Як теъдод аз афғонҳои мо, аз давраи муқовимат то кунун дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ки аз меҳмоннавозии давлат ва миллати Тоҷикистон қадрдонӣ мекунанд. Теъдоди аз ширкатҳои Афғонистон дар Тоҷикистон машғули фаолиятҳои калони иқтисодӣ анд, ин нишонаи олӣ дар равобити ду кишвар аст.

Мо умедворем сулҳу субот дар минтақа ниҳодина шавад, дар чунон рузгоре, бе гумон марз байни Афғонистону Тоҷикистон мафҳуми имрузии худро аз даст медиҳад. Мо чаро таҷрибаи Аврупоро надошта бошем? Бидуни тардид ҳамдилӣ ва ҳамовоӣ 10 кишвари узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии (ЭКО) бештар аз мушатаракоти фарҳангии кишварҳои Аврупоӣ аст. Умедворам, мардумони Афғонистону Тоҷикистон бидуни раводид дар ҳар ду кишвар саёҳат ва сафар намоянд. 

-Дар заминаи ҳамкориҳои расонаӣ чӣ коре анҷом шудааст?

- Шумо медонед, ки Афғонистон як таҷрибаи наву демократӣ дар минтақа аст. Мо ҳамин лаҳза дар Афғонистон беш аз 400 нашрия дорем. Даҳҳо шабакаи телевизиюнии давлатӣ ва ғайри давлатӣ ва ҳудуди 100 дастгоҳи радио дорем. Озодии баён ба унвони як асл, ҷузъи Қонуни асосии мост. Табиист, ки хости мо ҳамкориҳои фарҳангӣ, расонаии густурда бо ҳамаи кишварҳост.

- Дирӯз дар бораи сарнавишти талхи як зани афғон, ки 18 сол боз дар Хатлон зиндагӣ мекунад, тариқи сайти "Озодӣ" бохабар шудем. Ӯ шиква кардааст, ки дари сафорат ба рӯяш бастааст. Шумо аз ин моҷаро хабар доред?

- Бале, хабар дорам, дар ҳангоме ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон муҳоҷир буданд, ин бону бо яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон издивоҷ мекунад. Медонам, ки дорои чанд фарзанд аст ва дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Номи ин бону Осифа аст ва номи падараш Ғуломсафдар. Дар соли 1977 дар вилояти Кобул таваллуд шудааст. Мо ҳам аз ҳузур ва ҳуввияти Осифабону иттилоъе надоштем. Ҳангоме ки ба Сафорат муроҷиа кард, пас аз тасбити ҳуввият ва иртибот бо вобастагонаш дар Афғонистон, таърихи 13.3.1393 хуршедӣ (3.6.2014) барояш шиноснома додаем, ки ба шумораи 88 дар китоби судури паспорти бахши Консулии Сафорат сабт аст. Пас фоқиди ҳуввияти шаҳрвандӣ нест. Нуктаи дигаре, ки бояд ба он таваҷҷуҳ намуд, ин аст, ки бар асоси муқаррароти ҳуқуқии шинохташуда, зан пас аз издивоҷ, шаҳрвандии шавҳари худро мегирад, яъне Осифа ҳоло шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ниёзҳои иҷтимоиашро бояд Тоҷикистон рафъ намояд. Фаромӯш накунед, бону Осифа дорои чанд фарзанд аст, ки дар Тоҷикистон мутаваллид ва бузург шудаанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон медонад. Агар бону Осифа, бино бар иродаи озоди худ бихоҳад ба Афғонистон бозгардад, ҳеч мушкил вуҷуд надорад.

Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон бо Осифа бону, қобили қадр аст, аммо хуб аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон хонаводаи Осифаро зери чатри ҳимоятӣ ва қонунии худ бигирад.

- Ҷаноби сафир! Оё бо ин ҳама муштаракоте, ки Шумо таъкид доштед, ки Тоҷикистон бо Афғонистон дорад, ҳамкориҳои имрӯз дар заминаҳои гуногун, бахусус бахши фарҳангӣ ва иқтисодӣ чаро он қадар назаррас нест?

 - Барои таҳаққуқи ин ормонҳои зебо ва воқеънигарона ба замон ниёз дорем. Бигзоред, воқеъиятро барои шумо бигӯям: танҳо литюми, Афғонистон аз назари арзишӣ масовӣ бо арзиши нафту гози Ховари Миёна аст. Афғонистон манобеъи саршори нафту гоз дорад. Маодини лоҷвард, замаруд, санги оҳани Афғонистон шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Иншоаллоҳ бо ниҳодина шудани сулҳ, ин маодин ба тадриҷ истихроҷи хоҳад шуд. Давлати ваҳдати миллӣ гомҳои устувор бар хоҳад дошт. Афғонистон билқувва аз кишварҳои сурватманди ҷаҳон аст. эҳдоси панҷ пул бар рӯи Омударё, нишондиҳандаи иродаи миллии Афғонистон ва Тоҷикистон дар соҳаи густариши равобити иқтисодӣ ва эҷоди ҳамдилӣ байни мардумони ду тарафи Ому дарё аст. Бозорчаҳои иқтисодии муштарак метавонад, ин ҳамкорӣ ва ҳамдилиро дар манотиқи маҳруми ду кишвар бигустаронад.

Ҳамон гунае, ки медонед, Афғонистон меҳвари тиҷорату тронзити минтақа аст, ба зудӣ Тоҷикистони аз тариқи шабакаи роҳи оҳан ва роҳҳои мошингарди Афғонистон метавонад ба Покистон, Ирон ва Туркманистон васл гардад. 

- Шумо, ки шеър ҳам менависед ва шоир ҳам ҳастед, бигӯед, ки шеър дар дипломатия барои шумо ҳусн аст, ё заъф?

- Нуктаи аввал. Шеър шууру нубуватест, ки дар забон ҳодиса эҷод мекунад. Шеър яке аз аносири аслии фарҳанги ниёгони ману шумост. Ҳамаи гапҳои бузурги сиёсат, илм, мантиқ ва калом бо шеър баён шудаанд.  Фақат ба Маснавии Маънавӣ таваҷуҳ кунед:

Ман чӣ гӯям васфи он олӣ ҷаноб,

Нест пайғамбар, вале дорад китоб.

Маснавӣ забони гӯёи мантиқ, калом, фарҳанг, фалсафаву ирфон аст. Мардумшиносист. Дағдағаҳо ва нигарониҳои мо нисбат ба ҳастист. Расидани мо ба ниҳояти васфнопазир.

Дар Машриқзамин шеър яке аз абзорҳои баён дар ростои аҳдофи мутаолӣ аст. Гоҳе матни муфассалеро метавон бо як мисраъ баён кард, ба қавли Ҳофиз: "Ба лафзи андаку маънои бисёр". Саъдӣ мегуяд: "Бе дасту поеро дидам, ҳазорпоеро мекушт". Чӣ гуна баҳрро дар кӯза рехта аст.

Дипломатия фани оштӣ додани манофеи миллӣ бо соири кишварҳост. Дипломат касе аст, ки бар чунин фане мусаллат аст. Абзор ва шамшери як дипломат баёни ӯст. Ҳол ин баён метавонад бо шеър ва ё наср ифода гардад... Бо ҳар забону баёне, ки битвон эътимодсозӣ кард, фархунда ва зебост.

Бале! Кори як қозӣ қазоват аст ва кори як дипломат эътимодсозӣ. Фаромуш набояд кард, ки дипломат дар ҷуғорофиёи фарҳанг ва тамаддуни муштарак як амри фарҳангӣ аст. Яъне ҷавҳару гавҳари дипломатия, фарҳанг аст. Чун робитаи мардуми Афғонистон ва Точикистон танҳо ва танҳо иродаи давлатмардони ду кишвар таъмин намекунад, бояд бар мабнои фарҳанг ва тамаддуни муштарак- ҳамдилиҳо ва ҳамовариҳо- бинои равобити навро дар қарни 21 пай афканем. Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Покистон, Ирон, Туркия, , Қирғизистон, Қазоқистон ҳамаи ин кишварҳо дорои як тамаддун, як фарҳанг ва як ториханд. Бо ин воқеияти инкорнопазирметавон гуфт, ки гавҳари дипломатия, гавҳари фарҳангӣ аст.

 Рӯдакӣ падари фарҳанги Тоҷикистони азиз чаҳор сол дар Бодғис ва Ҳирот зиндагӣ кард. "Бӯи ҷӯи мӯлиён"-ро дар Ҳирот суруд. Ва бо ин тасниф ба Бухоро баргаштааст. Кош барнамегашт, чун он ҳаводису мусибатҳоро Рӯдакӣ намедид.

Ба ҳар ҳол ҳангоме ки Ҷалолатмаоб раисҷумҳури Афғонистон маро ба унвони сафир ба Тоҷикистон муваззаф намуданд, бо чашмандози дипломатии фарҳангӣ сурудам:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,

Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон.

"Бӯи ҷӯи мӯлиён"-ат ҷовидон бодо,

"Ёди ёри меҳрубон"-ат ҷовидон бодо.

Ҷовидон бодо сурудат

Нағмаҳои чангу удат,

Чашмасоронат хурушон бод.

Кӯҳсоронат зарафшон бод,

Тоҷикистон, Тоҷикистон

Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон...

Тоҷикистон порае аз Хуросони бузург аст. Мо дар ин пора фарҳанг, тамаддун ва ҳуввияти худро меёбем.  Сиёсатмадори муваффақ дақиқнигар аз ҳамаи ин зарфиятҳо дар ростои тавсеаи равобит истифода менамояд. Бинобарин чаро мо аз шеър биҳаросем. Чаро шеърро иртифои заъф бидонем? Шеър яке аз абзорҳои баёнӣ дар ҷиҳати таҳкими равобити дӯстона байни ду миллат аст.

Фаромуш набояд кард, ки сиёсатмадорон ва дипломатҳои шоир чун: Низомулмулк, Пушкин, Халилуллоҳ Халилӣ, Аҳмади Дониш ва ғайра дар сатҳи олӣ тавонистаанд эътимодсозӣ намоянд ва аз сафирони ва сиёсатмадорони ба номи таъриханд.  Ман бисёр бо роҳатӣ бо забони шеър метавонам бо миллати азизи Тоҷикистон робита барқарор созам ва аз он ҷое, ки бозгашт ба фарҳанги ниёгон яке аз аносири асосии сиёсати хориҷии ҳуввияти миллии Тоҷикистон аст, шеър баёни зарифи ин бозгашти фархунда аст. Ман бо ин ҳувиятсоз самимона эътимодсозӣ мекунам.

- Хуб, ҳоло вазъи адабиётро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?

- То он ҷое ман медонам, бозгашт ба фарҳанги ниёгон аз аносири роҳбурди манофеи миллии Тоҷикистон аст. Шеъру мусиқӣ дар ин майдон нақши калидӣ дорад. Таваҷҷуҳи Ҷаноби олӣ, давлат ва миллати Тоҷикистон ба ин аносир, паёмовари рӯзгори хуши фарҳангӣ аст.

Бигзоред бе парда бигӯям, Тоҷикистон аз назари ҳифзу ҳаросати фарҳангӣ муъҷизаи қарни ХХ1 аст. Зинда будани баҳори забон ва фарҳанг пас аз ҳафтоду анд соли зимистон, як муъҷиза аст. Шодравон Садриддин Айнӣ ва соири бузургони ҷону дили худ ин гавҳари муборакро ҳифз кардаанд. Инак навбати насли истиқлол аст, ки бо ишқу исор дар ростои пуёи фарҳангу адабиёт ҳиммат бигморанд. Ин баҳори пуёӣ рӯз ба рӯз бештару бештар гулоб мепарваранд:

Биё то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дар андозем.

Суханони ҷаноби олӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмиллалии мавлоно Ҷомӣ, панҷараҳои нав ба нави оҳаниро кушуд. Насими тоза дар ҳоли вазин аст.

Дар як калом адабиёт, шеър, мусиқӣ ва ҳамаи барояндҳои фарҳангӣ дар масири хезиш ва ҳаракат аст. Ин нуктаи қуввати Тоҷикистон аст. Ин хезиши фарҳангиро барои давлату миллати Тоҷикистон муборакбод мегӯям.

- Ташаккур, барои суҳбат!

- Сипосгузорам!             

Суҳбати Адолати Мирзо

ва Фирдавси Давлат

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97