Абдулқодири Алавӣ шоир ва донишманди тоҷики муқими Маскав 55 сола шуд
Аз адои хидмати интернатсионалии ман дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон, захми пой, автомашинаи "УАЗ-469" ва дӯстам Абдулқодир боқӣ монд. Дардро баъзан фаромӯш мекунам, автомашина ҳам шалақ шуд, аммо Абдулқодир Алавӣ, Абусаид, Абдуҷаббор, Муборакшоҳ аз ёдам намераванд…
Агар Абдулқодир мушовир мебуд…
Тирамоҳи соли 1985 бо қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ (КМ КПСС) мо 36 нафар тоҷик ба гурӯҳи мушовирони Кумитаи марказии Созмони демократии ҷавонони Афғонистон ба ҳайси тарҷумон шомил шудем. Бо Абдулқодир дар рӯзи аввали тайёрӣ ба сафар дар шаҳри Маскав шинос шудам. Гурӯҳро корманди масъули Кумитаи Марказии комсомол (КМ ВЛКСМ) Наталя Янина омода мекард. Дар соатҳои фориғ аз машқу таҳсил мо бо Абдулқодир баҳс мекардем. Пас аз як моҳ Абдулқодир низ чун тарҷумони фаъол бо мо ҳамсафар шуд. Дар шаҳри Кобул моро ба вилоятҳо тақсим карданд. Абдулқодир харидорони зиёд пайдо кард. Ҳамаи мушовирони гурӯҳ талаб мекарданд, ки Абдулқодир тарҷумони онҳо таъин шавад. Ӯро ба вилояти Самангон фиристонданд. Дар муддати 6 моҳ Абдулқодир дар созмони ҷавонон ва мушовирати Шуравӣ соҳибэҳтиром гардид. Ҳамон сол моҳи феврал ман ба Самангон сафари хидматӣ доштам. Абдулқодир байни афғонҳо аз мушовирон ҳам бештар обрӯ дошт. Аммо табъаш хира буд. Бо вуҷуди он ки вилоят минтақаи ором маҳсуб мешуд. Ӯро бехирадӣ, бесалоҳиятӣ ва аҳмақии мушовирон месӯзонд. Абдулқодир оши тоҷикӣ дам карда, ду нафар дӯстони тоҷики Самангонро даъват намуд. Довар Маҷидӣ яке аз ҷавонони рӯшанфикри созмони ҷавонон буд. Ӯ пас аз хӯроки шом ба Абдулқодир гуфт:
-Чаро Шумо тоҷикҳо мушовир нестед? Магар ақл ва дониши Шумо аз Володя камтар аст?
- Барои он ки ақлу фаросати мо аз Володя беш аст. Агар мо мушовир мешудем, дар як моҳ инқилоби Шумо пирӯз мешуд, - ҷавоб дод Абдуқодир бо шӯхӣ.
"Мушовир, ба майҳан бирав…"
Роҳбарии ҳизбӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти Афғонистон реша давонд. Мушовири ҳизб дар маҳалҳо тадбирҳои шавқоварро амалӣ мекарданд. Аз ҳама шавқовартаринаш соли 1987 дар музофоти Бадахшон шуда гузашт. Мушовири ҳизбӣ Тарасенко (собиқ котиби дуюми вилояти Чимкент) фестивали роҳи оҳанчиёни ҷавонро баргузор кард. Дар Бадахшон ғолибони фестивал барои таҳсили бепул ба Институти роҳи оҳани Ленинград фиристонида шуданд. Мушовир Филипов дар вилояти беоби Бодғис (ҳатто ҷӯйбор, канали хурд ҳам надорад) барои баҳрнавардони ҷавон курси семоҳа доир намуд.
Ҳар рӯз аз Маскав ба Кобул аслиҳа ва мушовир меомад. Ҳатто хоҷагии коммуналии шаҳри Кобул се мушовир дошт. Аҷиб, ба ҳама соҳаҳо шояд ин мушовирон зарур буданд. Аммо дар маркази мазҳабии ислом барои вазири вақф ва дин низ аз Маскав мушовир омад.
Он вақт радио ва телевизиони Кобул ҳар рӯз фирориёнро ба Ватан даъват мекард. Суруди;
"Мусофир, мусофир, ба майҳан биё,
Ба оғӯши гарми ин Ватан биё.
-ҳар лаҳза садо медод. Баъдтар ин сурудро афғонҳо дар сӯҳбатҳои хосаи худ чунин мехонаданд: "Мушовир, мушовир, ба майҳан бирав…"
"Қанд зананд хориҷиҳо…"
Дар зиндагии сарбозии Абдулқодир воқеоти зиёде дучор меомаданд. Ӯ дар вақти гузориши думоҳа дар Кобул ба ман нақл мекард: "Бароятон лаҳзаи аҷиб нақл мекунам. Ҳеҷ кас гумон намекард, ки металлургони Магадан чи қадар ба мо кумак мекарданд. Корхонаи пойафзолбарории назди хонаи Борис Николаевич барои ду писараш ёрдам карда бошад ҳам, худи коргарон инро пайхас намекарданд. Аз ин корхона аз ҳисоби маоши коргарон пойафзол харида, барои бачагони ятими Афғонистон фиристоданд. Борис Николаевич пойафзолро ба хона баргардонд. Зани Борис пойафзолро дар ним соат ба коргарони ҳамон корхонаи пойафзол фурӯхт.
- Ана ин пойафзол! Қанд зананд хориҷиҳо, - гуфтанд коргарон…"
Икра хӯроки гурба
Абдулқодир бо ҳамроҳии тарҷумон Субҳон Кенҷаев ба бозори шаҳри Кобул мераванд.
- Тарҷумон соҳиб! Имрӯз ватандорони шумо, ду соҳибмансаб ба ман консерв оварданд.
- Ку, ин чи гуна консерв ҳаст? - Абдулқодир ба қуттии пури консерв назар карда, оби даҳон кард. Дарунаш тухми (икра) сурху сафеди моҳӣ буд. Борҳо дар бораи икра шунида буд, аммо барои аввалин бор онро медид. Дӯкондор пурсид:
- Бародари гул, наход шумо инро надонед?
Ба худо қасам чизеро намефаҳмид ва оҳиста гуфт:
- Бародари дӯкондор, ин консерв хӯроки гурба аст. Шумо гурба доред?
Ранги дӯкондор хира гашт. Аз ғазаб дандон месовид.
Абдулқодир бобарор шудани сайдро пай бурда афзуд:
- Бале соҳиб, ин беҳтарин консерви пишак аст. Пишакатон кайф мекунад.
- Ман ягон пишак надорам. Маро бозӣ доданд, лаънатиҳо, - дод зад дӯкондор.
- Парво накунед додар, агар пишак надошта бошед, саг низ ба ин таом майли хуб дорад, - ман аз дӯкон баромада, пас аз даҳ дақиқа баргаштам.
- Бародар, шумо агар пишак надошта бошед, ин консерваро ман мехарам, - гуфт Абдулқодир.
- Бигир, бигир, ман барои ин моли ҳаром пайса намегирам.
Онҳо бепул як қуттӣ икраро пуштора карда оварданд. Борис Николаевич ин спектаклро шунида, ҷойи нишаст наёфт. Ва тоқаташ тоқ шуд. Пас аз як ҳафта адреси дӯкондорро пурсида бадар рафт. Бегоҳӣ хабар оварданд, ки Борис Николаевич ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ аз сараш шаллоқ хӯрдааст. Пас аз як сол фаҳмидам, ки Борис Николаевич ба дӯкон рафта пурсидааст:
- Бародар, ман ба шумо чанд қуттӣ хӯроки гурба овардам. Агар монда бошад пас мегирам.
Дӯкондор бо калтак ба сари Борис дурустакак фуроварда буд.
Боре дар арафаи иди Наврӯз ману Абдулқодир бо ҳамроҳии шодравон Абусаид Шохуморов ба Боғи Бобур рафтем. Шомгоҳ хеле бевақт ба хона баргаштем. Дар рӯзҳои ид дар Кобул қуюди шабгардӣ ҷорӣ буд. Моро дар хиёбони маркази шаҳр низомиёни афғон боздоштанд. Абдулқодир бо лаҳҷаи кобулӣ хеле моҳирона ҳарф мезад. Баъзан худи афғонҳо намефаҳмиданд, ки Абдулқодир аз шуравист. Афсари афғон ману Абусайдро иҷоза дода, Абдулқодирро боздошта амр кард:
- Буру!
- Қумандон соҳиб, ана асноди ман!
Қумандон узр пурсида, аз мо суол кард:
- Тарҷумон соҳиб, лутфан бигӯед: Шумо Шуравиҳо дар Афғонистон 9 сол боз ҷанг мекунеду номи шаб (паролро) ягон бор иваз намекунед.
Масъалан пароли афғонҳо ҳар соат иваз мешаваду аз шумо 9 сол боз иваз намешавад. Дар ними poҳ моро сарбозони афғонӣ дреш (стой)-бонг зананд. Номи шаб (парол) !- Нижроб cap аз мошин бароварда бо овози баланд "Пашол на чорт" - гуфт.
Сарбози афғонӣ "проходи пажалуйста" гуфт.
Қасос аз мушовири миллатчӣ
Рӯзе як мушовир аз Абдулқодир хоҳиш кард, ки ба бозор рафта барояш магнитафон бихарад. Ин мушовир яке аз миллатчии ашшадӣ буд. Махсусан тоҷикҳоро чашми дидан надошт. Ана, вақти қасосгирӣ фаро расид. Мо бо Абдулқодир бо ҳамроҳии мушовир ба дӯкони Раҳими панасоник омадем. Абдулқодир гӯшакӣ ба Раҳим фаҳмонд:
- Раҳимбобо, ба мушовир ҳамин хел Тайи-(магнитафон) диҳед, ки ду рӯз кор кунаду халос.
- Не, тарҷумон соҳиб, моли дӯкони ман асл аст. Майлаш, ҳарчи гӯед ва магнитафони калонро дар қуттии басташуда ба мо дод. Мушовир пас аз ду рӯз аз Маскав занг зада, ба ҷой аҳволпурсӣ дод зад:
- Магнитафон вайрон будааст. Як рӯз кор карду сӯхт.
- Офарин, Раҳим! Ташаккури зиёд. Дар умрат як бор рост гуфтӣ!
Абдулқодир ғурури миллии комил дошт, ҳамеша бо мушовирон баҳс мекард. Аз ҳама муҳимаш барои тоҷикони шимоли Афғонистон кумак мекард. Он замон барои таҳсил дар Иттиҳоди Шуравӣ талабгор зиёд буд. Бо тавсияи роҳбарони идораҳо, ки аксаран пуштуҳо буданд, тоҷикҳо хеле кам комёб мешуданд. Абдулқодир дар таи ду сол даҳҳо нафар ҷавонони соҳибистеъдоди Шимолро ба таҳсил интиқол дод.
Пӯшида нест, ки он даврон ҳар кас барои эҳтиёҷи зинадгӣ ба Афғонистон мерафт. Беҳтарин мол, мошин ва ашё фақат барои хидматчиёни хориҷӣ дода мешуд. Аммо Абдулқодир дар ин бора низ нафси кӯр дошт. Ӯ бештар аз Афғонистон маводҳои маънавӣ ҷамъ меовард. Дар Шимоли Афғонистон дурдонаҳои ашъори мардумӣ гирд овард.
Ҷанги Афғонистон ғурури миллиро бедор кард
…Бозгашт. Хидмат дар Афғонистон бо Абдулқодир Алиев (Алавӣ) беҳтарин лаҳзаҳои ширини ҳаёти ман аст. Дар асл ҳам мо ҷанг намехоҳем. Ҳоло ҳам ба истилогарӣ маҳкум мекунанд, мо дар Афғонистон фақат мол, ашёи зиндагиро ишғол намудем.
Мо амр, дастури замонро риоя кардем. Дар он даврон беҳтарин фарзандони Тоҷикистон, Устод Тоҳири Абдуҷаббор, Искандари Хатлонӣ, Шоди Шабдолдов, Зафар Мирзоев, Мискин Бозичаев, Мирзоҳаёт Давлатов, Амонбек Шоҳзода, Қосимшо Искандаров, Абдуҷаббор Раҳмонов, Қосим Бекмуҳамадов, Шарофиддин Имомов, Зоҳид Зокиров, Юсуф Солеҳов, Собир Шарифов, Салими Айюбзод, Гулҷон Мамадҷонов ҳарфи амри шуравиро бо самияти тоҷикона ба бародарони афғонӣ тарғиб мекарданд. Ва Афғонистони он солҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, бедории ғурури миллӣ, худшиносӣ ва ҷасорати шаҳрвандӣ таҳкурсӣ гузошт.
Абдулқодир имрӯз дар шаҳри Маскав дар яке аз сохторҳои бонуфузи Русия кор мекунад. Ҳоло ҳам ба имдоди ҳамватанон дасти ӯ дароз аст….
Наҷмиддини Шоҳинбод
Ба ин озодагон андешаи озод мехоҳам
Туро эй, Тоҷикистон кишвари обод мехоҳам,
Ҳамеша миллати ғамдидаамро шод мехоҳам.
Туро эй, хоки Бобу лонаи Хуршеду Маҳу Меҳр,
Ба олам давлати комил ҳуқуқбунёд мехоҳам.
Бифармо баҳри мо ё Раб, Анӯшервони одилро,
Ки аз даргоҳи ту ё Ҳақ, ҳамин имдод мехоҳам.
Чи иқболест, то бар мо расида бӯи Истиқлол,
Ба Истиқлол тоҷикро муборакбод мехоҳам.
Ватан дӯстат ҳаме дорам, ба ободию вайронӣ,
Туро бо тарҳу таъмири дигар бунёд мехоҳам.
Ба гирдат давлати ангуштнамои олами тоҷик,
Ҳама оритаборонро басе дилшод мехоҳам,
Ватан мероси Исмоили Сомонист бар моён,
Самарқанду Бухороро ҳаме озод мехоҳам,
Туӣ эй, Тоҷикистон минбари озодагони Шарқ,
Ба ин озодагон андешаи озод мехоҳам,
Вале ранҷуру маҳҷурем ба ин дарҳои ҳиҷронӣ,
Аз ин ҳиҷрони беҳосил, дило, фарёд мехоҳам,
Алӣ аз ишқи меҳан ҷон мебозад дар ин ғурбат,
Ба ин дилдодаи Меҳан дили Фарҳод мехоҳам.
Августи соли 2011