Бонувони гиромӣ!
Рӯзҳои рамазонии дарозе дар пеш аст. Шумо намехоҳед тамоми рӯз назди оинаи нилгун бинишинед ва сериол тамошо кунед.
Бо меъдаи холӣ ҳавсалаи фикр карданро низ надоред. Ба Интернет сар мезанед, аммо дар ин баҳри бекарон ғарқ шуда, эҳтимол аст, кас фаромӯш кунад, ки дар пайи ҷустуҷуи кадом чизе вориди он ҷо шуда. Ин ҷост, ки ба кумаки Шумо маҷаллаи онлайнии “Ҳавво” - дӯсти беминнат мерасад.
Фарангис Раҳимова, тарроҳи муд ба Шумо беҳтарин ва коромадтарин маводро, ки дар зиндагии рӯзмарраи мо лозим аст, гулчин кардааст.
Ӯ ин ҷо як навъи ҷузвдони кӯдаконаро барои Шумо пешкаш карда, ки метавонед онро барои духтаракони гулрӯйи хеш ва ё дӯстону хешонатон омода созед.
Шод кардани дилҳо ба кас фараҳ мебахшад, ба хусус дили кӯдакон, ва Шумо бо омода сохтани ин ҷузвдон ба кӯдакон шодӣ ҳадя кунед!
Шод бизӣ, ай азиз!