Карл Отто Логарфелд тарроҳи машҳури мӯд ва либос ва мудири ширкати мӯди «Шанел» (Chanel) дар синни 85 солагӣ даргузашт.
Ин тарроҳи халлоқ ва ситораи дунёи мӯд, рӯзи сешанбе 19 феврал ва пас аз давраи беморӣ дар манзили худ дар Порис ҷон бохт.
Логарфелд тарроҳ ва аккоси олмонӣ, дар Гамбург дар соли 1933 зода шуда, яке аз машҳуртарин тарроҳони мӯд ва либоси ҷаҳон ба шумор мерафт. Логарфелд собиқаи ҳамкорӣ бо брендҳои машҳуре чун Fendi, Chloe, Krizia - ро дорад. Вай соли 1974 ширкати ҳамноми худро таъсис дод. Логарфелд аз соли 1983 дар ширкати хонаи мӯди «Шанел» (Chanel) машғул ба кор буд.
Логарфелд, ки забони тунду тезе дошт, афроди бисёреро дар ҷаҳон мавриди интиқод қарор дода буд. Аз он ҷумла метавон ба Ангела Меркел, Адел (овозхони машҳури бритониёӣ) Ҳоиди Клум (модели олмонӣ) ва ҳамчунин Пайпо Миделтон (хоҳари ҳамсари шоҳзода Вилём) ишора кард.
Логарфелд дар шоуи 22 январи соли 2019 – и ширкати «Шанел» дар Париж ширкат накард ва мудирони «Шанел» далели ҳузур наёфтани ӯро хастагии Логарфелд донистанд.
Ин тарроҳи машҳури мӯд ва либос ҳеч вақт издивоҷ накард ва фарзанде ҳам надорад.