Шавкат Мирзиёев ба Душанбе меояд! Яхҳо ба нафъи кӣ об мешавад?

Millat 26.01.2018 11:13

Суоли рӯз (?)

 Қарор аст, сафари расмии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар аввали фасли баҳор сурат бигирад. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар робита ба сафари қарибулвуқуъи хеш ба кишвари мо гуфтааст: «Вақте ки муносибатҳо бо ҳамсоякишварҳо беҳбудӣ мехоҳанд, роҳандозии ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷи дур мушкилтар мешавад». «Мо ҳама мирандаем ва набояд фаромӯш кард, ки ҳамсояи номеҳрубонро баъди марг касе намебахшад». Ӯ афзудааст: «Ҳарчанд об кардани яхи 20-сола осон набошад ҳам, вале зарур аст».

Дар урфият мегӯянд, «хона нахар, ҳамсоя бихар». Акнун ки ҳамсояи дерқаҳрии мо дасти оштӣ дароз кардааст, интизороти мардум аз ин сафар чӣ аст? Хабарнигори мо барои посух гирифтан ба суолҳои пешорӯи ин сафар ба суроғи чанде аз соҳибназарон рафтанд:

 Сайёфи Мизроб, рӯзноманигор:

 Ба нафъи ҳарду ҷониб, аммо бештар бар нафъи Узбакистон. Ба фикри сирф шахсии ман, виза бо Узбакистон бояд бошад, зеро аз таҳоҷуми фарҳангӣ моро амн медорад. 1 бор ресторанҳои Душанбе равед ва бо чашми сар бинед, ки аллакай узбекизацияи мардум аз сар гирифта шудааст. Мутаасуф, мо миллате ҳастем, ки метавонем асолатамонро дар 2 дақиқа аз даст раҳо кунем. Аввал миллатро парвардан лозим баъдан визаро лағв... Бе газу барқи узбакӣ мешавад, аммо...

 

 

 

 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97