Ба таваҷҷӯҳи масъулини «Тоҷикстандарт» ва Идораи бозорҳои шаҳри Душанбе
Стандартонӣ (стандартизация) фаъолиятест барои муайян намудани меъёр, қоида, хусусиятҳо ва талабот ҷиҳати таъмини корҳои зайл:
бехатарии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ барои ҳаёт ва саломатӣ, амвол ва ҳифзи муҳити зист;
талабот нисбати мутобиқат ва қобили иваз будани маҳсулот;
мутобиқати сифати маҳсулот, кору хизматрасонӣ ба иҷрои вазифаҳои марбута мувофиқи сатҳи пешрафти илму техника ва технология, қобили рақобат будани он дар бозори ҷаҳонӣ;
ҳифзи манфиат ва ҳуқуқи истеъмолгарон;
қобилияти мудофиавӣ ва ба сафарбарӣ омода будани давлат.
(Моддаи 1, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи стандартонӣ")
Боре яке аз шабакаҳои телевизиони кишвар намоишеро перомуни амалиёти кормандони Агентии "Тоҷикстандарт", ки дар як бозори пойтахт сурат гирифта буд, ба бинандагон пешкаш намуд. Дар ин намоишнома кормандони агентии мазкур оид ба ҷавобгӯ будан ё набудани тарозуҳои бозор ба стандарт(меъёр) қисса мекарданд. Ба гуфти эшон бояд дар ин бозор, умуман дар кулли бозору дӯконҳои кишвар, ки ба фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ва баркаш шаванда сару кор доранд, бояд аз тарозуҳои ду палагӣ истифода шавад. Зеро тарозуҳои истеҳсоли чиние, ки имрӯзҳо мавриди истифодаи фурӯшандагони бозорҳо қарор доранд, ҷавобгӯи меъёрҳои муайян кардаи мақомоти кишвар набуда, балки ин вазнсанҷҳо барои истифодаи таҳдуд дар хонавода пешбинӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз чун эшон перомуни ин масоил сухан мекарданд ва наворгирҳо тарозуҳои истеҳсоли чиниро, ки имрӯз кулли савдогарони бозори мазкур ва умуман дигар бозору нуктаҳои савдо аз онҳо истифода мебаранд, ба бинандагони оинаи нилгун нишон медоданд.
Гарчанде аз намоиши ин барнома муддати зиёде сипарӣ шудааст, вале то ҳол дар ягон бозори пойтахт ва дигар нукоти савдо тағйироте дар ин ҷода рух надодааст ва ҳангоми дохил шудан ба ҳар бозоре ба чашм ин тарозуҳои истеҳсоли чинӣ мерасад, ки қариб ҳар фурӯшанда аз он истифода менамояд. Илова бар ин аз як чунин тарозу чанд нафар истифода мекунанд. Чун сухан сари ин тарозуҳо аз соҳибони бору коло мекунӣ, онҳо иддаъо мекунанд, ки масъулини бозор агар моро бо тарозуи ду палагӣ таъмин карда натавонанд, пас гуноҳи мо чист. Аз ин сабаб онҳо тарозуҳои чиниро истифода мекунанд ва ин тарозуҳо асосан моли шахсии онҳост. Ҳол он ки аксари бозорҳои пойтахт дар даврони Шӯравӣ дорои тарозуҳои ду палагӣ буданду истифода аз дигар тарозуҳо чӣ истеҳсоли дохилӣ ва чӣ аҷнабӣ қатъиян манъ буд ва вайронкунандагони ин талабот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешуданд.
Пас саволе ба миён меояд, ки имрӯзҳо гузаронидани ин гуна амалиёте, ки натиҷае ба бор намеорад ва пахши он дар оинаи нилгун ба кадом хотир аст?! Ба гуфти аксари мардум чунин амалиётҳо набояд ба хотири худнамоишдиҳӣ, балки бояд барои ошкор ва сари вақт рафъ намудани ҳар гуна ноқисиҳои мавҷуда гузаронида шаванд. Ҳоло он ки як идораи масъули кишвар вақте як амалиёте мегузаронаду онро боз ба самъи бинандагони оинаи нилгун мерасонад, бояд натиҷае диҳад, аммо ин амалиёт ягон дигаргуние наоварду касе ҳам аз масъулини бозор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб нагардид, танҳо боиси гапу калочаи зиёд шудаасту халос. То кунун норозигии мардум бештар асту камтар не.
Акнун меоем сари он масъала, ки ин иқдоми идораи давлатӣ бояд боиси аҳсан мешуд, агар ин амалиёти онҳо дар ин бозор чанд самтро дарбар мегирифт. Зеро дар ин бозор дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки фурӯшандаҳояш ба истилоҳ соҳибкору ба қавли мардум ҷаллоб мебошанд, фурӯши дигар маводи ғизоӣ низ ба роҳ монда шуда аст.
Дар баробари орд, ки имрӯзҳо нархаш гарон шудааст, равған маводи дуюми ғизоӣ ба шумор меравад, ки бе он ҳеч кадбону чун бихоҳад ғизо тайёр намояд, ба чизе муваффақ нахоҳад шуд. Вақте ба растаи онҳо наздик мешавед, зарфҳои гуногунҳаҷмро мебинед, ки дар онҳо равған гирифта шудааст. Оё касе гуфта метавонад, ки ин зарфҳо мутобиқи меъёрҳои ченакии агентии "Тоҷикстандарт" муайн карда, гунҷоиш доранд? Чаро кормандони ин идора аснои амалиёташон аз ин растаҳо дид накарданду мутобиқати зарфҳои пури равған, инчунин сифати ин равғанҳоро насанҷиданд. Ҳол он ки аслан фурӯши равған бояд ба таври литр ва агар на он бояд дар зарфҳои махсуси дар паҳлӯяшон андозаи ченак навишташуда ба роҳ монда шавад. Ё мақсади онҳо танҳо санҷиши тарозуҳо буд? Агар чунин бошад, пас чаро онҳо ин тарозуҳоро пурра насанҷиданд, яъне чаро ҳамаи нишондоди ченакии тарозуҳои ин бозорро бо сангҳои ченакии ҷавобгӯи меъёрҳои "Тоҷикстандарт" муқоиса накарданд, то ба бинандагон маълум шавад, ки чанд фурӯшанда аснои фурӯши маҳсулоти худ харидоронро фиреб медиҳад. Ё шояд вақташон танг буд…
Тавре қайд кардем, вазифаи агентии "Точикстандарт" ин муайян кардани сифати молки ба кившар ворид шаванда мебошад, вале аз чӣ бошад, ки дар баробари воридоти молҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқӣ, молҳое низ ворид мешаванд, ки ба ягон гуна талабот ҷавобгӯ нестанд. Агар кормандони ин агентӣ бовар накунанд, барои санҷиш аз маҳсулоти печенҳо(кулчақанд)-и истеҳсоли иронию чинӣ бичашанд. Ин печенҳо ба мисли маводи нафтӣ аланга мегиранд. Инчунин ҷои зикр аст, ки он ролтону дигар хӯришҳои аз маҳсулоти ғаллагӣ тайёр шуда, ки рӯзҳову моҳҳои дароз дар дӯконҳои савдо ба фурӯш гузошта мешаванд, чаро диққати касе аз масъулинро чӣ таъму сифат доштани онҳо ҷалб намекунад? Ҳол он ки аксари ононро дар ҷойҳои мутобиқкунонда нигоҳ намедоранд ва кас ба ҳайрат меояд, ки чаро онҳо дар ин гармии тоқатфарсо вайрон намегарданд. Пас суоле ба вуҷуд меояд, ки ин маҳсулот дар таркибашон чӣ маводе доранд, ки онҳоро ба гуфти мардум «балое» намезанад. Боре дар расонаҳои хабарии Русия матлабе интишор ёфт, ки мӯҳтавояш доир ба сироятшавии сокинони кишвари Приморя аз тарбузҳои истеҳсоли Чин иборат буд. Ҳарчанд пизишкони Русия аз масъулини кишвари Чин оид ба чӣ тарз нигаҳдории дурурдарози тарбузҳо маълумот хостанд, то шаҳрвандони сироятшудаи худро табобат намоянд, посухе аз ҷониби чиниҳо нагирифтанд. Онгоҳ мақомоти дахлдори ин минтақа қарори манъи воридоти ҳама гуна ғизоро аз кишвари Чин қабул карданд.
Дигар аз масоил, ки перомуни ҳалли он бояд кормандони ин идораи бонуфуз пайгирӣ мекарданд, ин васоити фурӯши нӯшокиҳо мебошад. Зеро дар баробари тафсонии ҳавои имсолаи кишвар нукоти фурӯши нӯшокиҳо ба амсоли рӯидани занбурӯғ пас аз борон афзудааст. Кас намедонад, ки шарбати ба оби газнокшудаи табиӣ (ҷӯшонидашуда будани ин обҳоро ҳавола ба виҷдони фурӯшандагон мекунем) илова шаванда чӣ навъ аст ё он аз рангҳои сунъии бо номи юпӣ ва инвайт, ки тамъашон низ қалбакист, бо об омехта карда ба мардум мефурӯшанд, иборат аст ва оё ҷавобгӯи меъёрҳои "Тоҷикстандарт" мебошанд. Инчунин ҷоизи қайд аст, ки зарфҳои фурӯши ин нӯшокиҳо дар ҳар нуқта гуногунҳаҷм аст. Дар даврони шӯравӣ дар тамоми нуқоти фурӯши обҳои нӯшокӣ, новобаста аз тарзи хидматрасонӣ дар фасли гармо аз истаконҳои 0,25 л истифода мекарданд. Ҳатто дар нуқоти фурӯши квасу пиво ҳам истакони 0,25 л ва гелоси (бакал)-и 0,5 литра мавриди истифода буд. Ин андозаҳо муайнякунандаи ченаки аслӣ буданд, яъне арзиши 1 литрро мутобиқан ба ин ченакҳо тақсим мекарданд. Вале ҳоло чӣ? Соҳиби ҳар нуқот аз истаконҳои истифода мекунад, ки на чор истакон, балки ба 5 истакон 1 литр маҳсулоташро ҷойгир мекунонанд, дар баъзе нукоти пивофурӯшӣ аз гелосии 0,4 л истифода кардаву арзиши гелосии 0,5 л аз муштариён мерӯёнанд. Зеро медонад, ки то ҳол касе аз масъулини на андоз ва на "Тоҷикстандарт" ба ин паҳлӯи фаъолияти онҳо диққате надодааст. Ва то он рӯзе имконият аст, аз ин бепарвоии ин масъулони давлатӣ истифода мебарад...
Чун сухан перомуни нӯшокиҳо рафт, нисбат ба нӯшокиҳои алкоголӣ чанд сухан гуфтанием. Зеро ҳар субҳ аснои ба идора омадан гузорам аз ду нуқтаи қабули зарфҳои шишагини холӣ, пасмондаи нӯшокиҳои алкоголӣ меафтад. Ба ин нуқот қариб аз тамоми гӯшаҳои пойтахт мардуми оддӣ чӣ хурду чӣ калон сари кифту дар даст чанд зарфи шишагин барои дарёфти ду-се тангаи ночиз меоваранд. Қабулкунандагони зарфҳо танҳо он шишаҳоеро қабул мекунанд, ки мизоҷонашон дархост медиҳанд. Боиси тааҷҷуб он аст, ки харидорони ин зарфҳои холӣ ба ин нуқот низ аз тамоми гӯшаи пойтахт ва ҳатто аз навоҳии атрофи он бо мошинҳои гуногун омадаву аз 100 адад то як мошини боркаши 10 тонна харидорӣ мекунанд. Маҳз ҳамин чиз диққатҷалбкунанда аст, ки як нафар 100 адад зарфи холӣ мехарад ва чӣ навъи нӯшокии алкоголӣ дар чӣ гуна шароит истеҳсол мекунад ва ин моли худро ба кадом восита ба фурӯш мебарорад. Инчунин бояд гуфт, ки ин нуқот он гуна зарфҳои холиро қабул мекунад, ки истеҳсолкунандагони чӣ нӯшокии алкоголӣ ва чӣ ғайриалкоголии ватанӣ ин навъ нӯшокиҳоро истеҳсол намекунанд. Ё ки онҳо ин зарфҳоро барои истеҳсоли маҳсулоти қалбакӣ зери тамғаи ширкатҳои маъруфи хориҷӣ ва ба даст овардани даромади калон истифода мекунанд? Вазъ низ дар нуқоти фурӯши маҳсулоти гӯштӣ низ беҳтар нест. Перомуни фурӯши маҳсулоти мӯҳлати истеъмолашон кайҳо гузашта чӣ ҳоҷати гуфтан. Дар ин масъала борҳо сухан гуфтаанду мегӯянд, вале натиҷае нест. Ба ин бояд танҳо мақомоти дахлдори кишвар посух гӯянд.
Чунин ҳолатро низ дар бозорҳои фурӯши ашёи саноатии кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, чун вориди бозорҳои пойтахт мешавед, кадомеашро нагирем, аз гуногунии мол дар ҳайрат меоед. Дар ин молҳо тамғаҳои чунин ширкатҳое дида мешавад, ки баъзе касон то он лаҳза номи он ширкату кишварро шояд бори аввал шунида бошем. Вале ҳолдонҳо мегӯянд, ки баъзе соҳибкорони навбаромади кишвар бори аввал аз ин ширкатҳо ба мағозаи худ ё нукоти савдояш моли тоза меоварад ва чун мебинад, ки савдояш хуб асту фоидаи калон ба даст овардаанд, роҳи дигар- қаллобиро пеш мегирад. Ин дафъа на ба он шаҳру ширкат, балки ҷониби кишвари ҳамсояву ҳоҷатбарор Чин раҳсипор мешавад. Зеро дар ин кишвар чунин устоҳое ҳастанд, ки дар лаҳзаи кӯтоҳтарин ҳамин навъ молро ба ҳамон нишону тамға бо матоъи сифатан пасту қиммати арзон ва бо теъдоди лозима истеҳсол мекунанд ва ҳамаи ин мол вориди бозорҳои кишвари мо мешавад…
Боре як рафиқам нақл кард, ки дар ҳавлие машғули таъмири ҳуҷра будем ва ин ҳавлӣ аслан ба сифати анбор истифода мешуду дар он теъдоди зиёди велосипеди истеҳсоли Белорус нигоҳ дошта мешуд. Рӯзе нафаре омаду аз соҳибхона пурсони асноди ин мол гардид. Чун соҳибхона пурсон шуд, ки чӣ кор мекунӣ ин аснодро ӯ ҷавоб дод, ки ин аснодро ҳамроҳ ба Чин бурда, дар онҷо ба корхонае онро медиҳад ва дар кутоҳтарин муддат ин корхона чунин велосипедро бо ҳамин тамғаву аснод омода месозад. Пас ин молро ба кишвар оварда ҳамчун моли белорус ба савдо мебарорад. Ин гуна соҳибкорони навбаромад дар кишвар чандон ҳаст, ки шуморашонро кас намедонад ва аз хориҷ молро арзон харидорӣ намуда ва болои он мутобиқи таъбашон изофа мекунанду саду як қасам мехӯранд, ки танҳо ду - се сомонӣ ҳаққи фоидаи хеш гузоштаему халос. Вале доир ба амалҳои ғайрашон хомӯш меистанд, зеро хеле хуб медонад, ки касе пишакашонро пишт гуфта наметавонад, агар тавонад ҳам онро дар кутоҳтарин муддат "мулоим" мекунанд.
Перомуни ин масоил далели зиёд овардан мумкин аст, вале ба ҳамин қадараш кифоят мекунем, доир ба сифат ва қиммати либосворӣ ва соири молҳои саноатии дар бозорҳои кишвар ба фурӯш гузошта шуда гуфтаниҳое дорем, ки навбати дигар хоҳем гуфт.
Акнун дар баробари ин ҳама мушкилот кӣ мегӯяд, шаҳрванди оддӣ чӣ кор кунад? Кӣ манфиати онҳоро ҳимоя менамояд? Агар мабодо имрӯз ё фардо аз истеъмоли ин гуна маҳсулот нафаре гирифтори беморие гардад, кӣ ҷавоб мегӯяд? Бе ин ҳам рӯз ба рӯз теъдоди гирифторони бемориҳои сироятие, ки дар гузашта ангуштшумор буд, меафзояд. Оё касе аз масъулин қотеъона гуфта метавонад, ки тамоми маҳсулоти ба кишвари мо воридшаванда ба меъёрҳои муайянкардаи "Тоҷикстандарт" мутобиқат мекунанд? Бовар дорем масъулини Идораи бозорҳои шаҳри Душанбе, раҳбарияти Агентии "Тоҷикстандарт" ва масъулини бозорҳои пойтахт чизе гуфтанӣ доранд.
Маҳҷуби КИФТОН