Масъалаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун тайи чанд сол аст, ки дар маҳофили сатҳи баланди давлатӣ ва саҳифаҳои матбуоти дохиливу хориҷӣ мавриди ҳар навъ таҳлил, баррасӣ, баҳсу гуфтугузор қарор дорад. Дар чанд моҳи қабл Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Роғунро бо нирӯ ва маблағҳои худӣ, ҳарчанд бунёди чунин нирӯгоҳи бузург кори саҳлу сода ҳам нест, бисозад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон хуб мефаҳмад, ки кишварҳои манфиатҷӯ танҳо ба он хотир барои мо Роғунро сохтанианд, ки суди бештаре барои худ бигиранд ва саҳмияи зиёди ин нирӯгоҳро дар ихтиёр дошта бошанд. Аз ин рӯ ҳини як сафари хеш ба Роғун сарвари давлат изҳор дошт, ки ин нирӯгоҳро худи Тоҷикистон хоҳад сохт ва ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон миёни мардум гарм истиқбол шуд.
Ва шаҳрдори Душанбе ҳам аз кормандони идораву муассисоти зертобеъаш даъват намуд, ки музди маъоши як моҳаи хешро ба Сандуқи бунёди Роғун бубахшанд.
Ҳамин дирӯз дӯстам Муҳаммаддовуд хабарам дод, ки устод Ҷӯрабеки Назрӣ, олими шинохта ва ҳунарманди шаҳири хушовоз, собиқ раиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш 5 ҳазор сомонӣ ба Сандуқи бунёди Роғун рехтааст.
Ростӣ, ин иқдоми миллатдӯстонаи олими тоҷик ва пуштибонии эшон аз он суханони Президент, ки "Мо Роғунро худамон месозем" маро ба ваҷд овард. Барои тасдиқи гуфтаи дӯстам Муҳаммаддовуд, ки аз сахт ихлосманд дӯстдори устод Ҷӯрабек буданаш баъзан аз ҳад мегузарад,(масалан, боре се моҳ пеш гуфт, ки устод Ҷӯрабеки Назрӣ академик шудааст) зуд ба телефони донишманди маъруф рақам задам. Аз он сӯи гӯшӣ баъди салому ҳолпурсӣ устод Ҷӯрабек хабари шунидаамро тайид намуданд. Баъди гузашти чанд лаҳзае ба ҳама бузургиаш нигоҳ накарда донишманд ва хунёгари шинохта, ки ҳини занг задани банда дар наздикии коргоҳи мо қарор доштаанд, бо ҳамон салобату чеҳраи шукуфон ва қомати зебои гурдонааш вориди идораи "Миллат" гардиданд. Ман аз устод Ҷӯрабеки Назрӣ сабаби ба Сандуқи бунёди Роғун маблағ ирсол намуданашонро пурсидам. Эшон посух доданд, ки хайру садақа кардан ва олиҳимматӣ дар хуни ӯст. Ва қисса карданд, ки Қиблагоҳашон, усто Назрихӯҷа (Худо аз ӯ розӣ бошад) ба ҳар касе, ки туйу маърака дошт, хидмати сарбозӣ мерафт, хона месохт ё агар ҳашаре дар деҳа ҷиҳати ободонӣ сурат мегирифт як миқдор пул медод, хоҳ ӯ доро мебуд, ё каси нодор.
Ҳануз даврони Шӯравӣ, - ба суханаш идома доданд олим, - ман ба хазинаи сулҳ, барои озодии Луис Корволан, пешвои коммунистони Чилӣ, барои зарардидагони Спитаки Арманистон ва деҳи Шарораи Тоҷикистон, ва хазинаи Чернобил, ба суратҳисоби Бунёди забон ва Бунёди фарҳанг маблағҳо ирсол доштаам. Чун як марди фарҳангӣ нек дарк мекунам, ки бунёди Роғун барои пешрафта шудани давлату миллатам чӣ қадар муҳим аст. Аз ин ру тасмим гирифтам дар сохтусози ин ниругоҳи барқи обӣ саҳми хешро гузошта бошам. Агар касе бигӯяд , ки Ҷӯрабек барои худнамоишдиҳӣ ба Сандуқи Роғун пул гузаронидааст, иштибоҳ мекунад. Ман касе нестам, ки кореро барои худнамоӣ анҷом дода бошам ва бо ин кор ниятам ҳам он нест, ки фарҳангиёни тоҷикро барои маблағ гузаронидан ба бунёди Роғун таҳрик намоям. Чун як фарди ватандӯст ин маблағро ба бунёди Роғун бахшидам ва аз кори кардаам хушнудам. Ҳар кас чӣ гуна ки мехоҳад, онро қабул кунад, ихтиёраш, вале боз агар имкон даст бидиҳад ман дубора ҳам бунёди Роғунро маблағгузорӣ мекунам, - гуфт дар хатми сӯҳбаташ устод Ҷӯрабеки Назрӣ.
P.S. Нашрияи «Миллат» тасмим гирифтааст сари мавзӯъи фарҳанг, адабиёт ва мусиқӣ, бо донишманди фарзона, устод Ҷӯрабеки Назрӣ сӯҳбати ихтисосие анҷом бидиҳад ва онро дар наздиктарин шумораи ҳафтанома пешкаши хонандаи азиз намояд.