Созмони Милали Муттаҳид доир ба рушди саноат марҳилаи дувуми Лоиҳаи «Таҷдиди саноат ва баланд бардоштани рақобатнокии саноати қолинбофӣ ва гулдӯзӣ/нассоҷӣ дар Тоҷикистон»-ро дар меҳмонхонаи “Серена” рӯнамоӣ кард.
Тарҳи мазкур дар марҳилаи нахуст, ки дар солҳои 2015-2017-ум амалӣ шуд, вазифаҳои рушди истеҳсолот ва кумак барои рақобатпазирии корхонаҳои Тоҷикистон дар бахши қолинбофӣ ва гулдузӣ дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалиро рӯи даст гирифта буд. Барои устувории дарозмуддати соҳа абзорҳои навоварӣ ва бозорёбӣ дар ин тарҳ ворид шуда, бар афзоиши тавоноии коршиносон мусоидат кард ва соҳибкорон дастгирӣ ёфтанд.
Тайи ду сол бренди миллии «LA’AL» таҳия шуд, ки корхонаҳои тоҷикӣ, маҳсулоти қолинбофӣ ва нассоҷию адрасро вориди бозор сохт. Маҳсулоти бренди мазкур дар 16 намоишгоҳи ватаниву байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда, барои таҳвили маҳсулоти ватанӣ шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расид ва дар баробари ин ҷойи кори нав эҷод шуд. 535 нафар ширкаткунандаи давраҳои омӯзишӣ, аз ҷумла, бонувон аз хонаводаҳои камбизоат ва муҳоҷирони Афғонистон, намояндагони минтақаҳои гуногуни кишвар дар ин самт омӯзиш диданд.
Зимнан, барои нахустин бор дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти дастӣ миёни корхонаҳои баҳрабардор ва меҳмонхонаҳои байналмилалӣ, фурушгоҳҳои занҷираӣ ва тарабхонаву супермаркетҳо шартномаҳои тиҷоратӣ баста шуд.
Бо пешниҳоди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки молии ҳукумати Федератсияи Русия даври дувуми ин тарҳ рӯи даст гирифта шудааст. Ва дар марҳилаи дувуми иҷрои ин тарҳ ЮНИДО дар ҳамкорӣ бо шариконаш дар самти рушди ҳамаҷониба ва устувори маҳсулот ва ҳамгироии минтақавии иқтисоди Тоҷикистон ҳамкории муштаракро идома медиҳад. Тибқи дастурамал бахшҳои зикршуда бояд иқтидори истеҳсолии худро баланд бардошта, мавқеъи байналмилалии Тоҷикистонро дар самти сиёсати нарх дар саноати тавлидӣ, ки тавлидоти саноатро ба низом медарорад ва содироти маҳсулоти омода ва рақобатпазирро дар бозори ҷаҳон устувор кунад.
Зимнан, Лоиҳаи «Таҷдиди саноат ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии саноати қолинбофӣ ва гулдӯзӣ/нассоҷӣ дар Тоҷикистон» барои амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030-юм мусоидат мекунад. Ҳамоҳангсози ниҳоди давлатӣ ‒ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оҷонсии иҷрокунанда – ЮНИДО мебошад. Муҳлати роҳандозии тарҳи мазкур 36 моҳ, аз соли 2019 то 2021-умро дар бар мегирад. Арзиши ин тарҳ 1,2 млн. доллари ИМА мебошад.
Лола Раҳимзода, маҷаллаи онлайнии ”Ҳавво”