Барои анҷоми амалиёти пулӣ ба яке аз филиалҳои «Амонатбонк» воқеъ дар маркази пойтахт ворид шудам, мардеро дидам ошуфтаву бар сари хазинадор бонг мезад. Хазинадор аз кунҷи сандуқаш як доллари сабзро берун кашиду ба суи мард дароз кард. Пул даруни кафи дасти фарбеҳи мард нонамоён шуд ва нафаҳмидам чанд доллар буд.
Хазинадор бо гилоя ба марди муштарӣ гуфт, ки «Ака айби мо чист, ки ин қадар моро сахт гирифтӣ». Муштарӣ, ки аз тарзи либоспӯшиаш маълум буд, шахси нодоре нест, гуфт: «Додар, агар худат ҳам мисли ман се рӯз боз аз Кӯлоб то Душанбе доллар кобиву наёбӣ то ба фарзанди донишҷӯят бифиристӣ (гумон мерафт, ки фарзанди ин мард дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад), баъд мебинам, ки чӣ гуна муносибат мекунӣ.
Дарвоқеъ ин танҳо баёнгари вазъи ҳоли як марди саргардон нест, ки аз Кӯлоб рикоб зада то пойтахт ба ҷустуҷӯи доллар баромадааст, балки даҳҳо муштарии саргардонро имрӯзҳо метавон мушоҳида кард, ки миёни бонкҳои фаъол дар кишвар барои 50-доллару 100 доллар ва ё ҳатто 1000 рубли русӣ чун тӯби футбол шудаанд. Ба хусус онҳое, ки наздиконашон дар хориҷ аз кишвар донишҷӯ ҳастанд.
Меҳрафрӯз, ки хоҳарзодааш донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Русия аст, мегӯяд, се бонкро гаштам, ва танҳо дар яке аз филиалҳои Бонки Эсхата баъд аз навбатпоӣ ба зӯр 2 ҳазор рубл ёфтаму фиристодам, барои фиристодани ҳамин миқдор пули кам нисфи рӯзамро сарф кардам.
Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар ҳамин чанд соле пеш ҳамчунин мушкиле надошт ва дар чандқадамии роҳ то хонааш метавонист ҳамагӣ дар чанд дақиқа ба роҳатӣ маблағи барояш фиристодаро дарёфт кунад ва ҳам худ ба миқдори дилхоҳ маблағро бо ҳар гуна асъор табдил карда бифиристад.
Вале ҳоло ин мушкил гиребонгири мардум аст ва мардумони зиёде барои пули андаке соатҳо навбат мепоянд ва ҳатто дар чан рӯз ҳам наметавонанд он миқдор пулро табдил кунанд.
Бонк дорҳо баҳона пеш меоваранд, ки мардум асъори хориҷиии худро табдил намекунанд. Вале агар бо чашми бозтар назар андӯзед, хоҳед дид, ки қариб тамоми маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад, ҳатто маҳсулоти кишоварзӣ ва албатта ин муомилот бо пули сомонӣ анҷом намеёбад. Модоме мардум сарсону саргардон ҳатто 50 -100 долларо наметавонанд аз бонк пайдо кунанд, пас миқдори зиёди тоҷирон он қадар маблағи ҳангуфтро аз куҷо пайдо мекунанд? Агар бо тамоми аҳли хонавода ва хешу таборони дуру наздикашон ва ҳатто ҳамосяҳояшон дар бонкҳои саросари кишвар навбат бипоянд ҳам, он маблағро пайдо карда наметавонанд? Пас мушкил дар куҷост?
Чаро масъулони умури бонкдорӣ ҳалли ин масъаларо то ҳол пайдо накардаанд? Чаро мардум барои табдили пули мавриди ниёзи хеш ин қадар сарсону саргардон гаштаанд? Илоҷи ин дард чист? Ваъдаи бонкдорони кишвар чист?
А. Мирзо