НОН ВА МИЛЛАТ нонро хор накунед, ки пушаймон мешавед

Иҷтимоъ 21.08.2008 22:52

Нон. Дар назари аввал як чизи барои зиндагӣ на он қадар муҳим ва кирои диққат наменамояд, лекин дар ниҳоди ин калимаи хурди иборат аз се ҳарф чӣ қадар маънову асрор, чӣ қадар рамзу ривоят, чӣ қадар ҳиммату нируи инсонӣ нуҳуфтааст,ки дарки ин ҳама на ба ҳар кас муяссар мегардад.

Агар ба тамаддуни қадими мардуми Шарқ, аз ҷумла, тоҷикон бо назари диққат нигарем, пай мебарем, ки гузаштагони мо нисбати нон то чӣ андоза иззату ҳурмат ва эҳтиромро ба ҷой меоварданд Ин хама бузургдошт ва қадршиносии нон пеш аз ҳама дар риояи расму оинҳои урфии мардуми мо инъикос меёбад. Масалан, ба хонае нонро чун дастовез бурдан дар дастархони меҳмон нон монда баргардондан, зимни гусели фарзанд ё шахси наздик ба ӯ нон газондан ва онро то омаданаш нигоҳ доштан, ки гӯё барои бозгашташ ёрӣ мерасонда бошад,бо нон қасам хӯрдан, нонро ба дида молидан, зери сари кӯдак дар гаҳвора нон гузоштан, то ин ки натарсад, аз ҷумлаи он расму русуме мебошанд, ки аз нон ба хотири муқаддас буданаш истифода мебаранд.

Як замон таъбири "Нон бошад, суруд ҳам мешавад" вирди забонҳо буд ва он маъноро дошт,ки хушиву хурсандӣ ва хушбахтии инсон ба нон вобаста аст. "Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм" гуфтани устод Мирзо Турсунзода низ ба ягон шарҳу эзоҳи иловагӣ мӯҳтоҷ нест, ки аз муқаддасии нон шаҳодат медиҳад.

Аз ҳодисае,ки гуфтани онро зарур мешуморам, ҳанӯз як ҳафта сипарӣ нагаштааст, Нагуфтани он гӯё диламро мефишорад, гулӯямро бӯғӣ мекунад. Пагоҳии хеле барвақт буд, ки аз хона ба рӯйи ҳавлӣ баромадам ва назарам ба тарафи дарвоза афтод. Дар назди дарвоза ҳамсарам халтаи калонеро кушода ба даруни он бодиққат нигоҳ мекард. Хомӯшона ба ӯ наздик шуда саволомез ва ҳайрон гоҳ ба ӯ ва гоҳ ба халтаи зарди калони рӯи суфа нигаристам. Дар даруни он халта тақрибан 10 дона нони ношикастаи мағорзада ва дар чашмони ҳамсарам ашки ҳалқазадаро мушоҳида намудам. Ба саволи "Инро аз куҷо овардӣ?", "Аз мусорка"-гӯён кӯтоҳу гулӯгир ҷавоб дод ҳамсарам ва баъди каме хомӯшӣ илова намуд:- Кадом падарлаънати масте дар мусорка партофтааст. Дидани ин ҳол барои ман даҳшате буд, ки барои изҳори он сухан ёфта наметавонам. Он сахтиҳое, ки ҳанӯз гӯё дирӯз аз сар гузаронида будем, ба хотирам омад. Мехостам, ки аз онҳо хаёли худро гурезонам, вале он хаёлҳои манфур ва манзараҳои даҳшатангези гузашта гӯё маро таъқиб мекарданд, маҷоли сухан надоштам. Хомӯш андеша мекардам, ки наход фоҷиаи он рӯзҳо аз хотири мардум фаромӯш шуда бошад, наход мардум ба андозае серу пур шуда бошад, қи ҳатто бо нони зиёдатӣ чӣ кор карданро сарфаҳм наравад. Вале охир бояд донад, ки нон нон аст ва бо он чунин муносибати ваҳшиёна ҳаргиз раво нест.

Ҳар ду хомӯш будем, чунки аз як тараф мадори гуфтан набуд, аз тарафи дигар бесухан медонистем, ки аз хаёли якдигарамон чӣ мегузарад.

Он қадар вақти дуру дарозе паси сар нашудааст, аз сабӯс ва кунҷора хӯрдани мардум. Он рӯзҳо ин сабӯсу кунҷораро низ ҳама надоштанд, тухми ҷорӯбро орд карда "нон" мепухтанд, дар назди мағозаи нонфурӯшӣ рӯз то бегоҳ навбат истода аксар ноумед ва бо дасти холӣ ба хона, ба пеши тифлони гуруснаи худ "гунаҳгорона" баргаштан, дар навбати нон аз ҳуш рафтану дигар ба ҳуш наомадани нафаронеро мушоҳида намудан, бариин нокомиву ноумедиҳо аз хотирҳо фаромӯшт гардидаанд.

Имрӯз нархи як халта орд дар мағозаҳои хусусӣ ва бозорҳо то ба 120-128 сомонӣ расидааст ва ҳаркати болоравии нархи беамон ба қуллаи ниҳоии худ нарасидааст. Ҳама хурду калон аз он шикоят дорем ва баъзан забони покро ба ҳақорати касе олуда низ месозем, аз маоши кам ва нархи баланд чорае ҷуз ангушти зери дандон надорем. Оё ҳамон нафаре, ки 10-дона нони ношикастаро миёни партовҳои ахлоттӯда партофтааст, мисли дигарон касеро ҳақорат мекарда бошад, ё аз нархи гарону маоши кам монанди дигарон шикоят дорад, ё не? Албатта, не. Ӯ сабӯсу кунҷора нахӯрдааст, аз орди донаи ҷорӯб ҳам "даҳан ширин" накардааст, ба касе як пора нон надодааст ва доданӣ ҳам нест, чунки ӯ фарҳанг надорад, яқин ҳунарманд ҳам нест. Агар ҳунарманду меҳнатгаро ва бофарҳанг мебуд, нонро бо обилаи кафи дасту арақи ҷабин меёфт ва бо он чунин муносибатро ҳаргиз раво намедид. Ҳунарманду бофарҳанг мебуд, ба ҷои зери пой кардан нони зиёдатиро ба ятимхона, ё ақалан ба камбизоате, ки фарзанди бисёри нонхӯр дорад, медод. Мо намедонем, ки ӯ кист ва чӣ кор мекунад, ё пешаву касбаш чист, лекин яқин маълум аст, ки пулмасти мумсикест, ки пули зиёди бедарди миёнро аз кадом як манбаи ғайриқонунӣ ба даст овардаасту мубталои ранҷи мӯҳтоҷӣ ҳеҷ вақт набудааст.

Тоҷикистон сарзамини камзамину кӯҳсор аст, ки як қисмати бисёр хурди он киштшоям асту халос. Агар сар то сари онро гандум корем ҳам, бе воридшавии ғалла аз берун бо нон таъмин нахоҳем шуд. Барои ҳамин дар як моҳ ба ҷойи ду халта истеъмоли як халта орд ҳам ба нафъи худи мо ва ҳам ба нафъи ҷомеъа хоҳад буд.

Боре дар ҷавонӣ аз дари хонаи иштирокчии Ҷанги БузургиВатанӣ Сафаров Бобоҷон, ки ҳамкасбам буд, мегузаштам ва муаллим дар лаби ҷӯй болои сабза нишаста буду дар пешаш дар табақе чанд пора нони қоқ меистод. Муаллим баъди саломуалейк маро ба хӯрдани нон таклиф намуд. Рад накардам ва пораи нонеро ба оби ҷӯй тар карда хӯрдам. Нони хушк ва оби хунук дар назарам хеле ширин намуд. Ба хотирам як рубоие омад, ки шояд ҳама онро медонанд:

Гар ҷоми шароб мехӯрӣ, мегузарад.

Пайваста кабоб мехӯрӣ, мегузарад,

Бо бурдаи нони хушк қаноат бояд,

Тар карда ба об мехӯрӣ, мегузарад.

Ман беихтиёр ин рубоиро замзама кардам ва муаллим табассуме карда пурсид:

-Боз биёрам?

-Не, ташаккур,тасавур намекардам, ки нони хушки ба оби хунуктар карда чунин бомазза бошад, - гуфта бо муаллим хайру хуш намудам. Зимни он сӯҳбат муаллим гуфта буд, ки аз ҳамин нони хушк ягон 50-халта захира кардааст ва гоҳ-гоҳ халтаҳоро дар ҳавои кушод холӣ карда, нонҳоро шамол медиҳад ва боз бурда ба ҷояшон мегузорад. Рӯзи рафтани ман ҳам вақти шамол додани нонҳо будаасту баъди анҷоми ин кор як-ду пора нонро гирифта ба лаби ҷӯй нишастааст. Он рӯз муаллим аз даҳшати ҷанг, нарасидани нон, азобу машаққати занону тифлон ва мӯсафедон дар ақибгоҳ, душвориҳои баъди ҷанг мисли он, ки афсонае мегуфта бошад ба нуқтаи номаълуме чашм дӯхта нақл мекард. Ман ба ӯ гӯш медодам. Ба суханонаш бодиққат гӯш дода бошам ҳам, дар назарам таъсирбахш наменамуданд, чунки аз асли воқеъа бехабар будам, бо чашмони сарам надида будам ва дуруст аст, ки "шунидан кай бувад монанди дидан" мегӯянд. Мутаассифона ба маънои сӯҳбати онрӯзаи муаллим вақте сарфаҳм рафтам, ки худ дар гирдоби балои ҷанги шаҳрвандӣ афтодам.

Ба ҳама гуна вазъияту ҳодиса тайёр будан аз ҳар хавфу хатарҳо растагорист. Яъне, "Илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ" гуфтаанд. Агар мо таи 70-соли ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ ба нони арзону фаровон одат намекардем,баъд аз пош хӯрдани он дар ҳолати душвор намемондем. Дар давоми 10-соли баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мардум ба киштукори ғалла бо ҷуфти гов, азхудкунии заминҳои нав, хушкондани мева ва захираи он рӯ оварданд ва одат ҳам карданд. Лекин мутаассифона бо пурзӯр шудани иқтисоди бозоргонӣ ва хушбахтона мӯътадил гаштани вазъи сиёсӣ ва каму беш ворид шудани хӯрокворӣ аз ҷумла орд, боиси он гардид, ки аксар аз кишту кор даст кашида, ба бозору тиҷорат рӯ оварданд. Имрӯз мо танҳо ба умеди бозорему фақат як миқдори хурди аҳолӣ ба кишту кору деҳқонӣ машғул асту халос.

Дарки он зарур аст, ки агар дар кӯҳ захираи барф набошад, дар ҷӯй об нахоҳад буд. Тасаввур кунед, ки агар бо сабаби номаълуме аз берун маҳсулоти ғизоӣ ворид нагардад, ба чӣ аҳволе рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Албатта, ҳамаи ин ҳисобу китобҳо кори иқтисодшиносон аст, вале ба кӯру кар ва донову нодон ҳам маълум аст, ки то дар хазинаи худ надошта бошӣ, даҳшату тарси маҳрумӣ ва гуруснагӣ ҳеҷ гоҳ бартараф нахоҳад шуд.

Боре модарам нақл карда буд, ки солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷаву гандуми тухмиро барои он, ки касе дуздида нахӯрад, бо кадом як моддаи кимиёвӣ заҳролуд мекарданд. Ин чораандешӣ пеши роҳи тифлони гуруснаро гирифта натавонистааст ва аз он тухмии пошида чида мехӯрданду варам карда мемурданд. Ин гуна ҳодиса ва ҳодисаҳои бисёри дигареро аз таърихи на чандон дур хеле ва хеле зиёд овардан мумкин аст, ки моро ба эҳтиёт, сарфаву сариштакорӣ водор мекунанд, чунки зиндагӣ мубориза барои ҳаёт аст ва дар ин мубориза ғолиб касе хоҳад шуд, ки дурандеш, боэҳтиёт, аз каму беш қаноатманд аст.

"Нон ҳам нон, нонреза ҳам нон" гуфтани халқ бесабаб нест ва ин барои нафароне гуфта шудааст, ки нонро реза карда, пас мепартоянд ё ба паррандаву ҳайвонот медиҳанд, ки чунин амал гуноҳест нобахшиданӣ.

Шодравон Турсунзода, ки талхии ҳаёти ятимӣ ва рӯзгори сахтро аз сар гузаронидааст, "Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм" гуфта буд. Мо чӣ мегӯем? Шиори мо чи гуна садо медиҳад? Шояд шикояте талх бошад аз нархи гарону хории нон ё аз маоши каму пушти аз муздурӣ дар хоки бегона хам?

Дар замони Шӯравӣ аз мафҳумҳои мисли "бой", "камбағал", "капитализм", дар дилҳо ҳарос буд, маош он қадар баланд набошад ҳам, ҳеҷ кас мӯҳтоҷ набуд, чунки нарх ба дараҷае паст буд, ки бо ҳамон маоши кам рӯзгор пурра таъмин мешуд ва имконияти пасандоз кардан ҳам барои "як рӯзи мабодо" мавҷуд буд. Як халта орд-15 сӯм, намак 6-7тин, гӯгирд 1тин, карасин 6, 5 тин арзиш дошт. Агар ба маошу нархи имрӯза нигарем, зиндагии мо танҳо аз "рӯзи мабодо" иборат асту бас. Ана ҳамон тарс аз рух додани ҳамин ҳолат буд, ки гӯё ҳис мекардем. Дар натиҷа яке нонро дар қуттии партовҳо раво мебинаду дигаре барои як луқма ғариби мулки бегона ва муздури дари хонаи мардум аст. Мутаассифона, аз дурандеш набудану аз сари ғафлат ба масъалаҳои сиёсӣ кӯр-кӯрона даст зада аз дигар паҳлӯҳои зиндагӣ ғофил мондем, ҳеҷ гоҳ шукри неъмати давронро ба ҷой наовардем. Фаромӯш кардем, ки:

Шукр гӯйӣ, неъматат афзун шавад,

В-ар нагӯйӣ, аз кафат берун шавад.

Нон неъматест, ки ҳазрати Одам алайҳиссалом ба хотири он аз баҳри ҷаннат гузашта дунёӣ шуд, биҳишти нақде, ки барои инсон омода шуда буд, маҳз ба хотири нон нася ва аз кафи мо берун шуд, ки акнун онро абадӣ меҷӯем.

Чӣ бояд кард? Аз як тараф ғусаи қиматии нонро мехӯрему аз тарафи дигар аз ҷумлаи мо шахсе пайдо мешавад, ки нонро пушти по мезанад. Шояд барои ба ҷой овардани ҳурмати нон мисли танзими расму оин қабули қонуни махсуси Давлат дар бораи ҳурмати нон зарур бошад, то ки дар асоси он касоне, ки нисбат ба нон беҳурматӣ зоҳир мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дар расму оин ва маърифати урфии мо қавонини нонавиштае мавҷуданд, ки бе ягон таъкиду талаб ва бидуни қонун ба ҷой оварда мешаванд ва ин расму оинро маърифати инсонӣ, ақлу заковат, одамият ба қалам додан мумкин аст, ки яке аз ин расму оин ҳурмату эҳтиром ва қадрдонии нон- чун неъмати бебаҳо ба шумор меравад ва ниёгони мо онро ҳамеша риоя мекарданд.

Нонро хор накунед, чунки он сарватест, ки ба ҳеҷ чизи дигар баробар донистанаш ҷоиз нест. Ривояте аст, ки олиме, китобҳояшро бисёр дӯст медошт. Доим аз бузургии китоб, аз фазилату қадри баланди он сухан мегуфт. Деҳқоне, ки ҳамеша ба кишту кор машғул буд ва ҳеҷ гоҳ аз фазилати нон ҳарфе намегуфт, ба суханони олим гӯш медоду хомӯш буд. Боре дари хонаи олимро маҳкам карда, дар баландие як пора нон гузоштанд. Олими гурусна илоҷи аз он баландӣ гирифтани нонро намеёфт. Ниҳоят китобҳояш ба хотир расиданд, ки ҳамеша дар фазилати онҳо сухан мегуфт. Чанд қабат китобро рӯи ҳам чида по ба болои он қабати китобҳо гузошта баланд шуд ва он пораи нонро гирифт. Мо, ки китобро муқаддас мешуморем, агар зарурати ба даст овардани нон пеш ояд, онро беистиҳола зери по мегузорем. Пас нонро муқаддаси муқаддасот номидан ҳаргиз хато нест.

Нафаре, ки барои ҳифзу ҳимоя ва эҳтироми нон кӯшише ба харҷ медиҳад, шоистаи иззату сазовори офарин аст. Дар хизмати аскарӣ вақти хӯроки нисфирӯзӣ яке аз ҳамхизматҳои мо бо нон, ки хеле фаровон буд, (ду қуттии калон, ки дар яке нони сафед ва дар дигар нони сиёҳ дар даромадгоҳи зали ошхона гузошта шуда буд) аввал дастонаш, сипас болои мизро тоза кард. Як нафар (тоҷик, ё узбак буданашро намедонам) аввал ба ӯ фаҳмонданӣ шуд, ки бо нон чунин муносибат аз рӯи одоб нест. Вале вақте ки дар ҷавоб ҳақорати қабеҳ шунид, беибо ва истиҳола ба рӯйи ӯ мушти сахте фуровард, ки ба замин яксон шуд. Ба хотири аз нон ҳимоя карданаш ба ӯ ягон ҷазое таъин накарданд.

Пас чаро мо дар боби ҳимоя ва ҳурмати нон, ки аз падару бобоёнамон ба ҳайси як расми хубу шоиста, аз рӯи инсоф боқӣ мондааст, нодидагирона, бепарвоёна, истиҳола карданро раво мебинем. Ин аз тарс аст ё бепарвоӣ? Агар аз тарс бошад, бояд бидонем, ки аз ҳамаи тарсҳо тарси гуруснагӣ воҳиманоктар аст, вале агар аз бепарвоӣ бошад, пас чунин қазоват кардан лозим аст, ки нон ба ҳама мерасад, нархаш гарон ҳам нест ва ҳеҷ кас гуруснагӣ намекашад.

Дар мамолики дигари дунё нонро мисли мо истеъмол намекунанд. Масалан, дар Фаронса рӯи миз умуман нон гузошта намешавад. Танҳо мувофиқи фармоиш ё хоҳиш нон дода мешавад. Дастархони моро пеш аз ҳама нон оро медиҳад, яъне дар расму оини мо дар ҷои аввал нон меистад. Пас биёед, онро азиз дорем ва хораш накунем, ки бешак худ хор хоҳем шуд.


Наврӯзи Гулзод устоди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97