Девлох

Иҷтимоъ 08.07.2008 23:41
Чархаи чӯбин синаи обро шӯр медоду дӯғи даруни хум рӯған ҷудо мекард, аз хаймаи ҳамсоя шиғ-шиғи дӯғкашӣ ба гӯш мерасад. Ба хайма наздик мешаваму дар садои шиғ-шиғи дӯғкашӣ дӯғ кашиданҳои модаркалонам ёдам меояду ба ёдаш дилам гум мезанад. Дӯғкаш ба мисли модаркалонам намегӯяд, ки; «Ма, бигир хафкашаки дӯғро дам бикаш, ки ҷонат роҳат кунад, дар таҳдаштҳои гармсел гаштаву ҷигаркабоб шудаӣ». Аз муроот накарданҳои ҷавонзан нороҳат намешавам. Зеро медонам, ки ӯ зиндагии босафову озодаро тарҷеҳ додаву чор тифли гулашро мусофири Девлох* кардааст, то фоидае ба даст биоварад.
Аз ҷавонзан мепурсам, ки ин ҷо аз ҷонзотҳои ваҳшӣ тарс надорад, лоақал барои тифлаконаш? Мегӯяд: Чӯпонон ҳам ин ҷо ҳастанд ва бо худ камон доранд.
Ӯро аз падари фарзандонаш мепурсам. Ҷавонзан оҳи сарде аз сина мекашад ва мегӯяд: -Расия рафтааст.
- Хеле вақт шуд? – боз суолаш мекунам.
Мегӯяд: -Не, ба наздикӣ рафтааст, пас аз он ки орд қиммат шуд…

Аз холаи Дамдорбибӣ, ки модарарӯси ин ҷавонзан аст ва синнаш ба 60 дакка хӯрдааст, мепурсам, ки аз ин ки хонаву даратонро гузошта, барои дарозмуддат ин ҷо меоед, чӣ суде ба даст меоваред? Холаи Дамдорбибӣ ҳозирҷавобӣ мекунад:- Сад шукронаи парвардигор, ки ризқамонро медиҳад. 10 гови ҷӯшои худу хешу таборро ин ҷо дар ихтиёр дорам. Каму беш чакка мефурӯшем, рӯған мегирем, боз набераҳо ширу чакка мехӯранд. Вале асосан барои гирифтани рӯған ин ҷо меоем. Соли гузашта 2 флаг рӯған гирифтам, ба соҳибони гов каму беш додем, боз то баҳор худамон ҳам аз ҳамин рӯған хӯрдем.

Холаи Дамдорбибӣ аз замони суқути давлати Шуравӣ, ки умедвор буд, ин давлати боадл қаҳрамонмодаронашро хору зор шудан намегузорад, бад ин сӯ, баробари фаро расидани фасли гармо ба Девлох кӯч мебандад ва то шурӯъи тирамоҳ ин ҷо заҳмат мекашад. Худи ӯ дар ҳамин маврид мегӯяд: -Аз он рӯзе ки аз флаги рӯғани магазин мондем, рӯ ба ин ҷо овардем ва шурӯъ аз моҳи май то аввали моҳи сентябр меҳнат мекунем, то зимистон роҳаташро бубинем.

Ин хонавода дар деҳаи Зев -(шояд ин деҳа ба номи Зевс, Худои бузурги юнониҳо номгузорӣ шудааст)- и ноҳияи Дарвоз 20 километр дуртар аз мавзеъи корашон зиндагӣ доранд. Шавҳари холаи Дамдорбибӣ дар деҳа хонабон аст ва замини наздиҳавлиашонро нигоҳубин мекунад. Онҳо сабзавотро аз замин мегиранд. Вале шароити кӯҳистон ва камбуди заминҳои корам боис шудааст, ки хонаводаи кӯҳистонӣ мӯҳтоҷи ғалладона бишавад. Аз ин рӯ писари 28 солаи ин хонавода, ки худ соҳиби чаҳор нафар фарзанди дустрӯ мебошад, маҷбур шудааст то думболаи дарёфти ризқи хонавода Русия барои мардикорӣ биравад. Ӯ таваккалан ба роҳ баромадааст, хоҳ ризқи хонаводаашро дарёфт кунад ё на, ки ягона илоҷро дар ҳамин дидааст. Набераҳои хола низ бо баҳонаи хабаргирӣ омадаанд, то аз ширу ҷурғот нӯши ҷон бикунанд. Бачаҳо дар ҳавои софи кӯҳистон чун мурғони осмон пар-пар мезананд, яке ба думболи гӯсола медаваду дигаре аз думболи сағири гурезпо санг меандозад. Рухсораҳои тифлон аз сармои субҳгоҳи ин мавзеъ каф хӯрдаанд. Аммо тифлон парвои дунёро надоранд, масти нӯши дӯғобу масти бозианд. Гоҳ ба ҷамъи мо наздик мешаванду чун аз сӯҳбатҳои мо чизе ба завқи дилашон нест, магар ки боз пар-пар мезананд.
Миёни кӯдакони меҳмон чашмам ба писарбачае меафтад, ки рӯйи санг нишаставу нигоҳ сӯйи дуриҳо дӯхтааст. Ба ӯ дида медӯзаму лаҳзае сукут меварзам, холаи Санамбӣ, яке аз ҳамсояҳои холаи Дамдорбибӣ дар Девлох, аз ин рамуз мегираду мегӯяд, ин бачаи писари калониам ҳаст, ки 5 сол боз Русия рафтаву бедарак буд. Ба наздикӣ тамос гирифтаву ваъдаи бозгаштан ба ватан кардааст. Модарро хоҳиш мекунам, ки иҷозат бидиҳад то бачаи дар роҳи падар интизорро аксбардорӣ кунам ва ҳамроҳ бо лавҳае хабараш ба падари сангдил бирасаду зудтар ба назди онҳо баргардад. Модар бо ташвиш хоҳишамро рад мекунад ва мегӯяд: -На, Худо хоста бошад, ӯ ҳатман меояд. Боз бишнавад, дилаш дар ғарибиҳо ба танг наояд…»

Бале, ҳар модар ҳатман ҳамин гуна андеша мекунад. Халқ бедарак нагуфтааст: «Дили оча ба бача, дила бача ба кӯча!»

Аз холаи Санамбӣ дар бораи хонаводааш мепурсам. Ӯ қисса мекунад: Падари хонавода мудири мактаб аст, ҳоло банди корҳои имтиҳону дигар дар мактаб ҳаст, ҳамзамон хонабон аст, он ҷо замини корам дорем, меваву санг…ва ҳоказо. Писари дуввумам ҳамроҳи арӯсаш ӯро дар корҳои хона ёрӣ медиҳанд. Писари кенҷагӣ низ дар хона аст.

Чаро писарон дар хонаву шумо духтарони гуларӯсро дар ин мавзеъи беодам саргардон кардаед?,-суол мекунам аз модар. Модар бо дард мегӯяд: -Ин ҷо ҳама кор кори занона аст. Чанд соли пеш писари кенҷагӣ Рустам низ моро ҳамроҳӣ мекард. Ба думболи гови гумшуда роҳӣ шуду бо ҷамъи ҳамроҳон гирифтори бало шуд. Зери пояшон мина таркид ва барои умрбод писарамро маъюбу маслуқ кард. Як пояш аз буҷулак ҷудо шуд. Ҳоло дар хона аст… Модар сукут мекунад. Гӯшҳои ман низ аз шунидани ин фоҷиа қуфл мезанад. Замину осмон пеши назарам чарх мезанад. Садои шиғ-шиғи дӯғкашӣ ба худам меоварад. Аз модар чашм мегурезонам ва бо ҳарос суолаш мекунам: -Модар, магар ин талафоти азим бароятон кифоят набуд, ки боз ин ҷо омадед ва магар ҳамсаратон монеъи ин ҷо омаданатон нашуд?

Модар заҳрханде бар лаб, оҳиста мегӯяд: -Аз дасти тақдир гурез нест, ин ҳодиса дар ҷойи дуртар аз ин ҷо рух дод, онҳо хеле дур рафта буданд… Дигар чӣ кор кунем, пештар дар савхоз кор мекардем, тамоку пила…ҳоло чӣ, беҳтар нест, ки ин ҷо биёем ва ризқи кӯдаконро аз ин ҷо биҷӯем?!

-Чӣ қадар фоида мебинед? –боз суолаш мекунам.

-Фоидаш ҳамин мешавад, ки барои соҳибони гов се киллогӣ чакка мефиристем, боз рӯған ҳам барояшон медиҳем, 2-3 флаг рӯған ба худамон мемонад. Чаккаашро ҳам ба мусофирони роҳгузар мефурӯшем ва аз ин ҳисоб сару либос мехарем ва дигар камбудиҳои зиндагиро рӯпуш мекунем…

Холаи Санамбӣ аз суду зиёни фаъолияташ ҳарф мезанаду… дар пардаи хаёли ман пушти талҳои беодам симои Рустами маҷрӯҳ ҷилвагар мешавад. Симои ҷӯлидаву сияҳпӯши мингузорро дар пушти анбӯҳи дуд намебинам, вале чашмони пурдарди Рустами 20 соларо, ки аз сад гул як гулаш ҳанӯз нашкуфтааст, мебинам…

Холаи Дамдорбибӣ пиёлаи қаймоқро пешам мегузораду риштаи хайёламро парт мекунад: «Бигир, қаймоқ бигир, бачам!» Қаймоқ чӣ, об аз гулӯям дигар намегузарад, хафкашаки дӯғро ҳам аз ёд мебарам ва лабташнаву парешон ба мошин мешинам, бехудона хайру манзурашон мекунам.

Холаи Санамбӣ шояд ҳолатамро дарк мекунад, ки оҳиста аз ман мепурсад, акнун ин аксҳоро дар куҷо метавонем бубинем?

-Дар «Миллат» нимшунаво посухаш мегӯям.

Нигоҳи пурҳайраташро мебинаму ҳарфамро тавзеҳ медиҳам; «дар ҳафтаномаи «Миллат» ва ҳам дар сомонаи интернетӣ барои ҳамватанони берун аз Ватан онро нашр мекунем.» Ваъдаашон медиҳам, ки ҳатман барояшон чанд донае аз ин шумора мефиристам. Холаи Санамбӣ фарёд мекунад ва духтаронашро ном мебарад: -Биёед, биёед, шуморо ҳам сурат бигирад!

Яқин модар мехоҳад акси гулдухтаронашро бародари мусофираш, ки дар Русия аст, бубинад. Духтарон ҳам бо амри модар аз хайма берун мешаванд, ва фаранҷӣ аз рӯ мекашанд, онҳо ба хотири рашк аз офтоб рухсораашонро бо рӯмол бастаанд. Рухсори лолагуни онҳоро дар як дам шӯъоҳои офтоб иҷора мегиранд ва шӯъла ба шӯъла мезанаду медурахшад, чашмони масти духтарони кӯҳистон низ мисоли шӯъоҳои шӯхи офтоб медурахшанд.

Зиндагӣ ҳам ҳамзамон дурахше мекунад. Дурахшҳо пушти кӯҳҳои осмонбӯси Спиям мемонанду мо бар шаҳри пуршӯру ғавғо бозпас мегардем.

*Девлох. Мавзеъеро гӯянд, ки дар фасли гармо мардуми кӯҳистон чорпоёнашонро барои чаро ба он ҷо меронанд.

А.Мирзо
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97