Номаи сипоси Сайдамир Зуҳуров

Иҷтимоъ 22.04.2021 13:39

Ҳамватанони азиз, бародарону хоҳарони гиромӣ, ҳамкорону ҳамсангарони содиқ ва ошноёни қадршинос аз кишварҳои дуру наздик!

 Аз якояки шумо барои қадршиносӣ ва таваҷҷуҳу эҳтироматон сипосгузорам.

Аз остонаи рӯзи таваллудам ва Рӯзи Артиши миллӣ то ҷашни Наврӯз ҳазорон ҳазор табрикоту таманниёти самимонаи ҳузурӣ ва ғоибонаи шумо бароям руҳияи тоза бахшид. Ин ҳама меҳру муҳаббат ва алоқа аз суи шумо барои як сарбози Ватан мояи ифтихору сарбаландист.

Миннатдорам. Саломат бошед!

Бо эҳтиром С. Зуҳуров 

           

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97