"Ҳамла"-и навбатии сенаторҳои узбак ба «ТАЛКО»

Иҷтимоъ 05.09.2013 14:18

cropАъзои палатаи болоии парлумони Узбакистон, Сенат, ҷаласаи навбатии худро бо баҳси зарари «Талко» оғоз кардаанд.

Тибқи иттилои сомонаи "Узметроном" сабаби ғазаби навбатии сенаторҳои узбак, ин "22-23 ҳазор тонна партови зараррасон, аз ҷумла 200 тонна партови фтордор" будааст. Ба гуфтаи сенаторҳои Узбакистон, «Талко» ба корҳои профилактикӣ ва безараргардонии истеҳсолот беаҳамиятӣ мекунад.

Вакилони узбак дар ҳоле, аз корҳои безараргардонӣ дар «Талко» шикоят кардаанд, ки моҳи июли соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи аудитии байналмиллалӣ бо шумули коршиносони Қазоқистон, Литва ва Фаронса бехатарии экологии «Талко»-ро тасдиқ намуданд. Тибқи натиҷаи ин аудит ширкати «Талко» сертификати байналмиллалии ISO-14000 (системаи менеҷменти экологӣ) ва OHSAS-18000 (системаи менеҷменти тандурустӣ ва амният дар истеҳсолот"-ро доро аст.

Тавре худи расонаҳои узбакӣ ҳам таъйид мекунанд, масъалаи Талко дар парлумони Узбакистон дар ҳоле матраҳ мегардад, ки то имрӯз вакилони узбак боре ҳам фаъолияти корхонаҳои семент, заводи металургӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ дар Чирчику Бекободро матраҳ накардаанд.

Инчунин сенаторҳо аз он фаромӯш кардаанд, ки раҳбарияти ширкати «Талко» борҳо аз муҳитшиносони Узбакистон даъват ба ҷо меорад, то аз кори ширкат ва таъсири он ба муҳити зист ташхис бикунанд. Ин пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон аз тарафи муҳитшиносони Узбакистон ҳамеша рад мешавад.

Вақте ки Сенат дуруғ  мебофад…

Вакилони муҳтарами  парлумони Узбакистон! Мо медонем, ки шумо ҳеҷ гоҳ даъвати Тоҷикистонро барои омадан ба шаҳри Турсунзода намепазиред. Ҳеҷ не пеш аз он ки ин дуруғи навбатии худро дастраси расонаҳо гардонед хуб мешуд, ки  як маротиба  ба натиҷаи гурӯҳи аудитии байналмиллалии коршиносони Қазоқистон, Литва ва Фаронса оиди бехатарии экологии «Талко»  назар меафкандед.

Одатан онҳое даъвои  тоза нигоҳ доштани муҳити зист мекунанд, ки худ ҳаргиз онро олудаю заҳрнок намегардонанд. Пеш аз он ки дар сенат  масъалаи «Талко»-ро "баррасӣ" кунед, аввал масъалаи корхонаҳои семент, заводи металургӣ ва дигар корхонаҳои  саноатии Олмалиқ, Бекободро,ки  ҳам ба шаҳрвандони Узбакистон ва ҳам Тоҷикистон зарару зиёни зиёди экологӣ мерасонанд, муҳокима мекардед, дар он сурат дилсӯзи халқе, ки аз ҳисоби он зиндагӣ доред буданатон  маълум мегашт ва ҳам инсондӯстии шумо низ аз ҷониби  кишвари ҳамсоя низ сипозгузорӣ мегардид.

©2008 - 2021 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97