ДАР ХУҶАНД НУР МЕҶӮЯНД

Иҷтимоъ 04.03.2009 13:59

ДАР ҶӮСТУҶӮИ НУР

Чанд соли охир бахусус баъди зимистони шадиди соли 2008 дар Тоҷикистон ниҳодҳои башардӯстона ва байналмилалӣ таваҷчӯҳи худро барои истифодабарии манбаъи барқароршавандаи энержӣ равона кардаанд ва алъон дар деҳаҳои дурдасти Бадахшон ва дар рустоҳои вилоятҳои дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар самти истифодабарии манбаъи барқароршавандаи истеҳсоли энержӣ фаъолият доранд. Манбаи барқароршавандаи энержӣ бод ва нури офтоб аст.

Ҳамчунин ба ин манбаъ ҷараёни обро шомил кардан мумкин аст, аммо бино бар сабаби тағирёбии иқлим ва гармшавии умумиҷаҳонӣ ин манбаъро дар Тоҷикистон шартан барқароршаванда гуфтан мумкин аст. Зеро бино бар маълумоти таҳқиқотҳои экологӣ пиряхҳои азими Тоҷикистон аз ҳадди лозима бештар об шуда истодаанд ва эҳтимол дорад, ки об дар сурати гармшавии глобалӣ камёфт гардад.

Дар мавсими зимистон муаммои норасогии нируи барқ ва гази табиӣ масъалаест, ки ҳар узви ҷомеа мехоҳад барои ҳалли ниҳоии он майнаашро об кунад ва аз зулмати зимистон кишварро наҷот диҳад. Экологҳо сару садо мекунанд, ки роҳи наҷот аз бӯҳрони ба вуҷуд омада истифодабарии пурсамари нируи барқароршавандаи табиат аст. Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки чанд тан аз мутахассисони соҳа ва коршиносон роҳҳои наҷотро бо баҳс гирди як миз дар мусоҳиба баррасӣ карданд. Темур Идрисов намоянда аз созмони экологии "Замини кӯчак" ("Маленькая земля") арз дошт, ки имрӯзҳо бояд дар шароити буҳрони энержӣ ба манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ рӯй овард. Бино бар гуфти ӯ дар ҳоли ҳозир барои таъмини аҳолӣ бо гармӣ ва рӯноӣ зиёд кардани истихроҷи ангишт ва ё худ уран роҳи ҳалли масъала нест. Хоҳ нохоҳ ҳам ангишт ва ҳам уран метавонанд, ки ба муҳити зист ва саломатии мардум таъсири манфӣ расонанд. Агар дуди ангишт моддаи оксиди карбонро ба ҳаво хориҷ кунад, пас он барои саломатии одамон хатарнок аст. Аз ҷумла, уран ва аз конҳо кандани он мушкилоти дигари экологиро ба бор меоварад. Чунончи, партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки дар шимоли Тоҷикистон мавҷуданд, то ҳол безарар гардонида нашудаанд. Ӯ пешниҳод мекунад, ки барои таъмини пурраи қувваи барқ ва гармӣ рӯй овардан ба манбаъҳои барқароршавандаи энержӣ роҳи наҷот аст.

ДАҒДАҒАИ ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН

Ҳанӯз дар охирҳои тобистон ҷаласаҳои зиёд дар мавриди омодагӣ ба зимистонгузаронӣ сар мешаванд. Аз буҷаи давлат ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои дар фасли зимистон гарм кардани мактабу беморхонаҳо ва муассисаҳои дигар маблағҳо барои харидории ангишт ва ҳезум ҷудо мешавад. Аммо мутаассифона, барои ҳолатҳои сарфакорона истифода бурдани энергияи гармӣ ва ҳатто равшанӣ маблағе ҷудо карда намешавад. Масалан, ҳукуматҳои маҳаллӣ дар харҷномаи худ барои харидани ангишту ҳезум маблағ нишон медиҳанд, аммо барои харидани чанд қуттӣ силикон, моддае ки тавассути он тарқиши тирезаҳо ва сӯрохиҳои дару деворро маҳкам кардан мумкин аст, нишон дода намешавад. Барои гарм кардани синфхона ва ё ҳуҷраи бемористон ба харидории ангишт мабалағ ҳаст, аммо барои сарфакорона истифода бурдани гармӣ ва эҳтиёти он маблағ нест.

Темур Идрисов ин ҳолро шарҳ дода мегӯяд, ки дар мактабҳо ва ҳатто дар бемористонҳо шояд "махсусан" ин чизро зикр накунанд. Зеро дар қишрҳои поёнӣ роҳбарони зинаҳои поён манфиатдоранд, ки зиёдтар ангишт гиранд. Агар ба мактаб ангишт оварда шавад, агарчӣ танҳо хокаи он аст, ба хонаи мудири анбор ва сарвари мактаб низ аксар "насиба"-ашон бурда мешавад. Баъди дастрас кардани ангишт касе чӣ гуна масраф шудани онро суроғ намекунад. Ин дар ҳолест, ки ба ҷои 7 килограм ангишт дар рӯз барои як синф шояд миқдори камтар ҳам истифода бурда шавад ва дар ҳисоботҳо 6 - 7 килограм сарф шуд гуфта, навиштан ҳам имкон дорад.

Созмони Гурӯҳи ҷавонон оид ба муҳофизати муҳити зист (YGPE) дар чанд мактаби вилояти Суғд дарсҳои махсус ташкил карда, ба донишомӯзону омӯзгорон тарзи сарфакорона истифодабарии гармиро омӯзиш додааст. Ин созмон аз ҳисоби созмонҳои сармоягузор барои синфхонаҳо силикон, полиэтилен ва ширешҳои махсус харидорӣ карда, барои намуна синфхонаеро омода ҳам карданд. Баъди дарси амалӣ донишомӯзон дарк карданд, ки барои сарфакорона истифода бурдани гармӣ маҳкам кардани тарқишҳои тирезаҳо ниҳоят муҳим ва судовар аст. Ҳамчунин барои сарфакорона истифода бурдани нируи барқ аз чароғҳои сарфаҷӯй истифода бурданро ба донишомӯзон ёд доданд. Гӯё ин ҳама таҷрибаро мо медонем, зеро барои гарм нигаҳдории хонаҳои истиқоматиамон дар аксар маврид аз ин усул истифода мебарем. Бо вуҷуди ин дар аксари мактабҳо дида мешавад, ки танҳо синфхонаҳои таҷрибашуда аз сӯи ин созмон аз ин таҷриба баҳраёбанду халос.

Солҳои охир бо назардошти талабот ба мактабу синфхонаҳо дар деҳаҳои дурдаст мактабу синфхонаҳои нав бунёд мегарданд. Аммо на дар ҳамаи онҳо талаботи оинабандии дуқабата риоя мешавад. Агарчӣ ин навъи оинабандӣ боиси сарфаҷӯии миқдори зиёди гармӣ мешавад, вале дар макотиби навсохташуда, қариб, ки ин усул риоя намешавад.

То солҳои 80-уми асри ХХ дар хонаҳои сокинони шаҳри Хуҷанд дар баробари истифода аз сандалӣ ва оташдонҳо, ҳар як хона дарпарда дошт. Дарпарда вазифаи қабати дуюми тирезаро дошт, вале он на аз шиша, балки аз тахта ба мисоли даричаи хурд сохта мешуд. Баробари сард шудани ҳаво мардум дарпардаҳоро маҳкам мекарданд ва танҳо гармии сандалӣ ба хона кифоя буд. Аммо имрӯзҳо ин анъанаи неки меъмории гузаштагонро ба назар намегирем, шояд ҳам устоҳо сохтани дарпардаро ҳам аз ёд баровардаанд.

Роҳбари корхонаи муштараки "Само" Абдуманнон Тошхӯҷаев мегӯяд, ки барои раҳоӣ аз норасоии барқ ҳукумати кишвар бояд ба хулосае омада, воридкунии чароғҳои муқаррариро, ки бо тафсонидани спирал равшанӣ медиҳанд, манъ кунад. Бино бар маълумоти коршиносон чароғҳои муқаррарӣ, ки барои равшанидиҳӣ истифода мегарданд, хеле хароҷоту исрофашон зиёд аст. Ин гуна чароғҳо 60-65 фисади нируи истифода бурдаашонро бо ихроҷи гармӣ сарф мекунанд, ҳол он ки инҳо танҳо барои рӯшноидиҳӣ муқаррар шудаанд. Бино ба гуфтаи Абдуманнон Тошхӯҷаев барои пешгирии буҳрони энержӣ дар баробари дигар тадобир бояд мардум дар саросари кишвар барои рӯшноӣ аз чароғҳое истифода баранд, ки чароғи сарфакор унвон мешаванд. Ба ақидаи ӯ, чароғҳои сарфакор тамоми нируи гирифтаашонро барои тавлиди рӯшноӣ сарф мекунанд ва ҳам нисбат ба чароғҳои муқаррарӣ қавитар мебошанд.

ТРУБИНАИ ГАЗӢ РОҲИ НАҶОТ АСТ

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятию эҷодии "Суғднавовар" Нӯъмон Ҳасанов мегӯяд, ки барои он ки Тоҷикистон аз бӯҳрони барқ наҷот ёбад ва ҳамзамон барои сокинон ҳам рӯшноӣ ва ҳам гармӣ таъмин бошад, барои истифода аз ниругоҳҳои хурди газӣ иқдом бояд кард. Манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди вилояти Суғд манбаъи барқ асосан ниругоҳи барқи обии Қайроқум аст, ки иқтидори он ба 126 Мвт баробар мебошад. Бо ин иқтидор танҳо ниёзҳои 10 фисади аҳолии Суғдро баровардан мумкин аст. Барқи боқимонда ба вилоят аз кишварҳои ҳамсоя ворид карда мешавад. Дар сурати хушксолӣ ниругоҳҳои барқии обӣ наметавонанд, ки бо тамоми тавоноӣ кор кунанд ва боз ба тавлиди барқ омилҳои табиӣ таъсири манфии худро мерасонанд. Барои он ки аҳолӣ доимӣ бо қувваи барқ ва гармӣ таъмин бошад, харидани трубинаҳои энержии газӣ ва насб намудани ин гуна таҷҳизот лозим аст. Бино бар гуфтаи Нӯъмон Ҳасанов алҳол 20 фоизи нируи барқи Амрико аз ҳамин тариқ истеҳсол мешавад: "Ба мо маълум аст, ки дар Русия трубинаҳои гази махсус, ки барқ истеҳсол мекунанд, истеҳсол шуда ба фурӯш гузошта шудаанд. Тамғаҳои ГТЭ-19/95 БМ ва ГТЭ-18 хеле маъруфанд. Инчунин ҳамин гуна таҷҳизотро дар Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ истеҳсол мекунанд".

Бино бар гуфтаи ин мутахассис барои насб кардани ин гуна таҷҳизот, ки бо истифодаи гази табиӣ ҳам қувваи барқ ва ҳам оби гарму рӯшноӣ медиҳад, хеле муфид мебошад. Афзалияти он аз дигар манбаъҳо ва ҳатто аз сохтани ниругоҳҳои обӣ бештар будааст, зеро онро дар ҷои маҳдуд насб кардан мумкин аст ва теъдоди зиёди нируи корӣ низ барои назорат бар он зарур нест ва дар корхонаҳо низ онро насб кардан имкон дорад. Онро ҳамчун манбаъҳои иловагӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон истифода бурдан мумкин аст ва имкони ба дигар ҷо кӯчонидани он ҳам вуҷуд дорад. Дар сурати насб кардани таҷҳизоти тамғаи ГТЭ-18, ки иқтидораш баробари 18 ҳазор киловатт соат қувваи барқ аст, мумкин аст, ки 18 ҳазор хонавода бо барқи доимӣ ва гармӣ таъмин шавад. Агар ба ҳисоби миёна дар ҳар хонавода 4-нафарӣ зиндагӣ кунанд, ин баробар мешавад ба 72 ҳазор нафар аҳолӣ ва ё худ баробари нисфи аҳолии шаҳри Хуҷанд. Бино бар гуфтаи ин коршинос, барои насб кардани трубинаҳои энержии газӣ сохтани иншоот лозим нест. Зеро агар онро дар шаҳри Хуҷанд насб кунанд, чандин буғхонаҳо бекор хобидаанд, ки дар онҳо метавон онро истифода бурд. Дар ин сурат аз сӯхтани газ ҳам барқ ҳосил мешавад, ҳам буғи гарму оби гарм ҳосил мегардад. Агар оби гарм ба аҳолӣ дода шавад, масъалаи таъмини гармӣ ҳам ҳалли худро пайдо мекунад. Аз буғи гарм барои гармкунии манзилҳои истиқоматӣ, ба хусус хонаҳои баландошёна истифода кардан мумкин аст.

Арзиши як трубинаи энержии газӣ бо нархҳои аз 2 то 2,5 миллион доллар асту мутахассисон онро метавонанд, ки дар муддати 14-моҳ насб кунанд. Дар сурати ихтиёр кардани ин навъи манбаъи барқу гармӣ боз масъалаи дигаре пайдо мешавад. Дар ҳоле ки дар аксарияти биноҳо қубурҳои гармидиҳиро кайҳо соҳибхонаҳо канда партофтаанд, оё оби гармро дар шароити кунунӣ ба хонаҳои баландошёна баровардан мумкин аст? Ҳамчунин агар ба ин гуна манбаъи тавлиди барқ рӯй оварда шавад, пас арзиши 1 киловат-соати он ба аҳолӣ чӣ қадар мешавад? Дар посух ба ин саволҳо мутахассис ҷавоб дода мегӯяд, ки агар ин гуна таҷҳизот мавриди истифода қарор гирад, барои шаҳрвандон дар шароити зимистон 1 киловат-соат барқи он баробари 14-16 дирам мешавад ва агар аз гармӣ ва оби гарм ҳам маблағ ба даст оварда шавад, арзиши аслии барқи истеҳсолмешуда арзонтар мегардад.

Таҷҳизоти номбурда ба пуррагӣ бо гази табиӣ кор мекунад. Аммо ин ҷо саволи дигаре ба миён меояд, газро аз куҷо мегирем? Дар посух ба ин савол Нӯъмон Ҳасанов мегӯяд, ки пайдо кардани газ дар салоҳият ва вазифаи мақомоти болоӣ ва вазоратҳост. Модом, ки Аврупо бо Русия ба ифоқа омада гази табииашро интиқол мекунад, пас шароит мавҷуд аст, ки бо ҷумҳурии ҳамсоя оид ба таъмини гази табиӣ созиш карда шавад. Ба ғайр аз ин Нӯъмон Ҳасанов дар асоси таҳқиқоти мутахассисони ширкати Амрикоии Tеthys pеtrolium LTD мегӯяд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз се триллион метри мукааб гази табиӣ мавҷуд аст. Аммо онро аз қишри замин ба боло баровардан лозим аст. Танҳо дар кони Хоҷа Сартез ва Комсомол захираи зиёди гази табиӣ мавҷуд аст.

Ба эътиқоди профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдуллоев ин гуна таҷҳизотро дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Исфара, ки кони газ дар он ҷо ҳаст, истифода бурдан мумкин аст. Ӯ афзуд, агар мо бихоҳем, ки трубинаҳои энержии газиро мавриди истифода қарор диҳем, пас бояд, ки иқтидори хурдтарашро истифода бубарем, ки он ба шароити маҳалли мо мутобиқ мебошад.

ҚОНУН ЛОЗИМ АСТ

Ҳоло дар Тоҷикистон барои истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия қонуни махсусе қабул нагаштааст, ки рафти онро танзим намояд. Ҳуҷҷатҳое ҳастанд, ки барои ворид кардани генераторҳои барқистеҳсолкунандаи дизелӣ ва бензинӣ. Яъне ба соҳибкороне ки ин гуна дастгоҳҳоро аз хориҷа ворид мекунанд, имтиёзи гумрукӣ ҷой дорад. Аммо то кунун аксарияти соҳибкорон генераторҳои бодӣ ва батареяҳои офтобиро ба тариқи қочоқ ворид мекунанд. Яъне барои ворид кардани таҷҳизоте, ки барқро аз шамолу нури офтоб истеҳсол мекунанд, имтиёзи гумрукӣ ва ё андозӣ додан лозим аст.

Ҳоло вазъият чунин аст, шахсоне ки мехоҳанд, дар хонаҳояшон таҷҳизоти барқдиҳанда, ки бо нируи боду офтоб кор мекунад, насб кунанд, нигаронанд, ки мабодо аз мақомоти андоз онҳоро ҷарима набанданд. Дар ин маврид қонуне лозим аст, ки барои рушди истифодаи манбаъи барқароршавандаи энержӣ боис гардад. Масалан, агар шахсе дар деҳа ниругоҳро аз ҳисоби худаш созад, ба ӯ бояд имтиёз дод. Барои нафароне ки аз манбаъҳои дигар барқ истеҳсол мекунанд, низ имтиёзҳо ҷорӣ кардан лозим аст. Ин корро метавонем аз таҷрибаи Олмон биомӯзем. Масалан, дар ин кишвар агар касе генератори бодӣ насб кунаду қувваи аз ниёзаш изофаро ба шабакаи маркази барқии кишвараш пайваст кунад, давлат он барқро харидорӣ мекунад. Алъон вазъ чунин аст, ки аксари олмониҳо на ба хотири таъмини рӯшноӣ ба хонаҳояшон, балки барои фурӯш, аз қувваи шамол истифода бурда, ниругоҳи хурди бодӣ месозанд. Агар ҳамин гуна имтиёз дар кишвари мо низ ҷорӣ шавад, мумкин аст, ки соҳибкороне ба тавлиди барқи алтернативӣ камар бубанданд. Ин ҳам роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони барқ метавонад бошад. Дар урфият мегӯянд, ки қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад.

Агар ҳамин гуна қонун қабул шавад, пас имтиёзҳое ба оилаҳо ва корхонаҳое, ки барқро сарфакорона истифода мебаранд, додан лозим аст. Яъне хонавода ва ё ташкилоте ки чароғи сарфакор ва ё таҷҳизоти сарфакорро истифода мебарад, бояд, ки ҳавасманд карда шавад. Албатта таҳияи қонун вақту фурсати зиёдеро талаб мекунад. Гумон мекунем, ки агар ҳамин қонун бо назардошти ниёзҳои ҷомеаи Тоҷикистон таҳия ва қабул шавад, пас роҳи наверо ба соҳибкорие боз мекунад, ки вазифаи он тавлиди барқ ва гармӣ мебошад.

Дар ин ҷода алҳол созмонҳои байналмилалӣ ва башардӯст фаъолиятҳоеро роҳандозӣ кардаанд. Дар деҳот оташдону танӯрҳои насб мекунанд, дар рустоҳои кӯҳистонӣ генераторҳои бодиро насб доранд мекунанд. Аммо дар ҳар гуна тарҳ ва пружаҳои амалишаванда камбудиҳое ҳам ҷой доранд, ки яке аз муҳимтарини онҳо дар баробари насби генератори бодӣ ва ё худ тафдонҳои сарфаҷӯ таъмини мутахассисоне ҳаст, ки дар ҳоли вайрон шудан онро бояд таъмиру тармим кунанд. Ин ҷо боз як масъалаи дигар ҳаст, вақте ки дар торикӣ мемонему хунук мехӯрем сару садо мекунем, ки бӯҳрони барқ фаро расид. Аммо дар тобистон парвое надорем. Танамон гарму чароғ ҳаст ва боз зимистон аз хоб бедор мешавем. Ин тарзи тафаккурро бояд шикаст ва хоби ғафлатро ҳаром кард.


Исломи Раҳимиён УСМОНҶОНӢ,
Суғд
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97