ЧАРО ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН, ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ НЕСТ?!

Иҷтимоъ 02.03.2009 22:12

Чи шуд қадри маро гар чархи дунпарвар намедонад,

Садаф аз содалавҳӣ қиммати гавҳар намедонад.

Ҷаҳонпаҳлавони мо Саидмӯъмин Раҳимов аз дунё даргузашт. Марги бемаҳали ӯ барои миллати тоҷик гарон аст. Аҷал ҷавонмардеро аз мо рабуд, ки ифтихори миллат буд. Бо номи Саидмӯъмин насли имрӯзу фардои миллат ҳамеша ва ҷовидона ифтихор хоҳад кард. Қаҳрамонии ӯ қаҳрамонии миллати тоҷик аст.

Саидмӯъмин Рустами даврони мо буд, Рустаме, ки дар шоҳасари Фирдавсии бузург рамзи қаҳрамонӣ, далерӣ, шуҷоатмандӣ, шаҳомату шукӯҳи мардуми ориёист.

Чунин фарзандони фарзонаи миллат каме андар кам ба дунё меоянд. Саидмӯъмин агар қаҳрамоние, ки Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат, устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода дар илму фарҳанг дар қарни бист барои миллати тоҷик анҷом додаанд, ба симати паҳлавонӣ дар соҳаи варзиш анҷом дод. Қаҳрамонии ӯ муште бар даҳони камбинону ҳасудони миллат аст. Саидмӯъмин дар замони мо исбот кард, ғурури паҳлавонӣ ва номдорӣ мероси ин миллат аст ва иншооллоҳ давом хоҳад дошт.

Мардуми мо аз қадим ба ин навъи варзиш алоқамандӣ ва маҳбубияти хоса дорад. Дар ягон мусобиқаи варзишӣ дар Тоҷикистони кунунӣ низ мисли мусобиқаҳои паҳлавонӣ ё гуштӣ аз кудаки хурдсол то пири куҳансол одам ҷамъ намешавад. Дар фарҳанги бостон осори шифоҳиву хатии гузашта ва имрӯзамона- фалсафаи паҳлавонӣ ва паҳлавонон мавзӯъи асосӣ ва ҷавҳарӣ аст ва образи онҳо симои миллӣ, қаҳрамони миллӣ ва ғурури миллӣ аст.

Агар қомус ва шаҳодатномаи фарҳанги бостонии ориёии мо "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ бошад, пас образи Рустами паҳлавон нишоне бар тақвияти ин гуфтаҳост. Метавон садҳо мисол аз қаҳрамонии аҷдодонамон аз Шерак то Восеъ овард, ки мавзӯъи баҳси ин навишта нест.

Устоди варзиш, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Абдураҳмон Муҳаммадзода ҳамеша ин андешаро таъкид месозад, ки "Гуштии тоҷикӣ падари гуштиҳои дунёст".

Инҷо сухан рӯи меросию аҷдодӣ будани ин навъи варзиш барои мо тоҷикон меравад.

Дар Тоҷикистони имрӯзаи мо дар ин намуди варзиш то ҳол ягон нафаре ба пояи Саидмӯъмин Раҳим нарасидааст, ҳарчанд паҳлавонони ҷавону умедбахш, қаҳрамонҳои олимпӣ Расул Боқизода ва Абдураҳмон Расулзода ва дигарон низ дорем.

Варзишгари ғолибу фотеҳи мусобиқоти ҷаҳонӣ муҷассамаи зиндаи муаррифии миллати худ барои ҷаҳониён аст.

Ҳамин рисолатро равоншод Саидмӯъмин Раҳим барои миллати тоҷик анҷом дод. Муҳим ин нест, ки ӯ давлати Шӯравиро муаррифӣ мекард, муҳим ин аст, ки ҷавонмарди тоҷик бо зӯру матонат, диловариву шуҷоъат қаҳрамони ҷаҳон дар асри ХХ гардид. Ва дар даврони истиқлол мо бо ин паҳлавони номии худ мефахрем.

Қадршиносиву қадрдонии варзишгарони ҷаҳонӣ дар байни миллату давлатҳо то ҷоест, ки баъди қаҳрамони ҷаҳон шудан бе гуфтугӯ ӯ қаҳрамони миллӣ мешавад.

Гурҷиҳо барои марги Давид Кипианӣ дар Гурҷистон рӯзи мотам эълон карданд. Бразилиягиҳо бо Пеле якумрӣ ифтихор доранд. Австралигиҳо бо Сузуки, ки аслан аз Русия муҳоҷир ба ин кишвар шудааст, бо ғалаба ва пирӯзиҳои ӯ парчамафшонӣ доранд…

Ба хотири гиромидошти рӯҳи ин паҳлавони миллат, қадршиносӣ ва қадрдонии хизматҳои ӯ дар ҳувият, ифтихори миллӣ тарбияи даҳҳо шогирдони номӣ, ду таклифи асосӣ дорам:

1. Ба Саидмӯъмин Раҳим унвони қаҳрамони миллат дода шавад, чун ӯ қаҳрамони ҷаҳон аст, пас қаҳрамони миллат ҳам ҳаст.

2. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ки макони баргузории маросимҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ аст, бо номи ин ҷаҳонпаҳлавони тоҷик номгузорӣ шавад.

Дар даромадгоҳи он бо тарзи зайл бо хати кирилӣ ва инглисӣ навишта шавад: "Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳим".

Иншои калимаи "ҷаҳонпаҳлавон" ҳатмист, чун мояи ифтихор аз сарбаландии ҳар фарди ватандӯсти тоҷик аст ва мемонад.

Ба тамоми ҳастӣ ва имони росих бовар дорам, ки иҷрои амали ин навиштаҳо, яъне қадршиносӣ ва арҷгузорию эҳтиром ба шахсияте чун Саидмӯъмин Раҳим хиштеро ба девори бунёди худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву ватанпарастӣ, ғурур ва ифтихор аз миллату ватан ва аз ҳама беш ҳувияти миллии насли имрӯзу фардои тоҷик зам месозад.


Мирзоҳусайни БАДАЛИПУР
устоди ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97