ГОВҲОИ ПЕТРОВРО КӢ ХӮРД? Сели муҳоҷирин ба шаҳр сарозер намешуд, агар…

Иҷтимоъ 26.02.2009 14:34

"ПРИВАТИЗАТСИЯ" Ё "ПРИХВАТИЗАТСИЯ"

Пас аз пошхӯрии Давлати Шуравӣ давраҳои мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар собиқ ҷамоҳири иттифоқӣ оғоз ёфт. Зеро, маркази идории мутамарказ фалаҷ гардида, системаи воҳиди идорӣ аз байн рафт ва зарбаҳои сангине дар иқтисодиёт, соҳаи саноату кишоварзӣ ворид мегардид. Махсусан ҷамоҳире, ки соҳаи асосии онҳоро кишоварзӣ ташкил медод, бештар аз дигарон рӯ ба касодӣ оварда буданд.

Дар ин давра ҷамоҳири тавлидкунандаи техника ва таҷҳизоти мошинӣ муносиботи худро бо ҷамоҳири собиқ бародарӣ дигар карда, таҳвили техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дар асоси муносибатҳои нави бозорӣ ба роҳ мемонданд.

Минбаъд васоити техникӣ ва таҷҳизот бо нархҳои нав фурӯхта шуда, истифодабарандагон хоҳ-нохоҳ ба шартҳои дар пешашон гузошта шуда розӣ мешуданд. Зеро илоҷи дигаре ҳам надоштанд.

Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи ҷумҳуриҳои аграрӣ маҳсуб меёбад, дар ин давра ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шуда буд. Махсусан замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, мардум аз вазъияти ба амал омада истифода бурда, боигарии миллиро бераҳмона ғорат менамуданд. Дар як муддати кӯтоҳе техникаҳо ва воситаҳои мавҷудаи кишоварзӣ аз тарафи гурӯҳе аз ашхос таллаву тороҷ гардид ва бо пардохти андак маблағе ба моликияти шахсӣ табдил дода шуданд. То имрӯз дар аксари хонаҳои шаҳрвандон ин техникаҳо хобанд ва ё ба мурғхона табдил ёфтанд. Зеро "ҳар он кас арзон харад, арзон фурӯшад" Дар натиҷа дар асари камбуди техника солҳост заминҳои корам мавриди истифода қарор намегиранд. Аз инҷост, ки истеҳсоли анвои мухталифи сабзиҷот, зироатҳои донагӣ ва истеҳсоли пахта, ки боигарии асосии миллӣ аст ба маротиб кам гардид, ки ин бешубҳа ба пешрафти иқтисодиёти кишвар хисороти азиме ворид намуд.

РӮ БА ДАЛЕЛҲО

Барои он, ки аз ҳаво сухан нагӯем, ба далелҳо муроҷиат менамоем. Миқдори умумии заминҳои кишти ғалладона танҳо дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 67978 гектарро ташкил медиҳад. Барои шудгор ва кишти ин миқдор замин на камтар аз 400 тракторҳои шудгоркунанда лозим аст. Ғаллае, ки дар ин миқдор замин кишт мешавад, бояд тавассути 453 комбайнҳои ғалладарав ҷамъоварӣ гардад (барои як адад комбайн 150 гектар пешбинӣ гардидааст). Дар шароити феълӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамагӣ 307 адад комбайн мавҷуд аст, ки аз ҷумла 100 адади онҳо қобили истифода мебошанд. Ба ҳар як комбайн имрӯз 679 гектар замин рост меояд, ки ҳеч гоҳе ба меъёрҳои муайяншуда мутобиқат намекунад. Ноҳияи Данғара, ки калонтарин ноҳияи ғаллакор маҳсуб меёбад, ба ҷои 95 адад комбайн дар инҷо 15 адад комбайнҳои ғалладарав ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд. Боқимонда заминҳои кишти ғалла дастӣ даравида мешаванд. Дар ин ҳол деҳқон наметавонад ҳосили лозимиро ба даст биёрад. Зеро ғалла агар дар мавриду вақти муайян даравида нашавад, он хушк шуда мерезад ва ё тӯъмаи паррандаҳо мегардад. Сардаргумиҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба камбуди маводи ғизоӣ ва боло рафтани нархҳо мерасонад. Дар натиҷа истеҳсоли ғаллаи ватанӣ кам гардида, қимати орд рӯз ба рӯз зиёд мешавд. Дар соҳаи пахтакорӣ низ талафотҳои зиёде ба чашм мехӯрад. Агар дар давраи шӯравӣ Тоҷикистон то як миллион пахта истеҳсол мекард, имрӯз ин миқдор ба 300-350 ҳазор тонна расидааст. Сабаби асосӣ боз ҳам камбуди техника ва маводи ғизоии замин аст, ки аз хориҷи кишвар харидорӣ мегардад.

ЭҲЁИ ДУБОРА

Суоли матраҳ ин аст, ки минбаъд чӣ иқдомоте ва ё тадбире андешида мешавад, то соҳаи кишоварзӣ дубора таҷдид ва барои иқтисодиёти кишвар муссамар гардад. То ҷое, ки маълумот дорем, ҳукумат имрӯз чораҳои лозимӣ меандешад, то ин соҳаи басо муҳим дубора таҷдид гардад. 5 марти соли 2008 раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкил намудани Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" қароре содир намуда буд. Ҳадафи асосии ин корхона иборат аз таъсиси Марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мебошад. Тавре ки ёд дорем, дар замони шӯравӣ МТС-ҳо мавҷуд буданд ва колхозу совхозҳо ба таври муссамар фаъолият менамуданд ва ҳар як ваҷаб замини кишт мавриди истифода пурсамар қарор мегирифт. Соҳаи чорводорӣ ва кишоварзӣ хеле тараққӣ карда буд. Маҳсулоти тавлидотӣ бозорҳои дохилу хориҷи кишварро бо маводи ғизоӣ таъмин менамуд. Дар ин замина камбуде вуҷуд надошт. Заҳматкашон ҷои кори муайян доштанд ва пурсамар фаъолият мекарданд.

Имрӯз дар аксари навоҳии кишвар бо сабабҳои айнӣ теъдоди бекорон хеле зиёд гардидааст. Возеҳу равшан аст, ки дар деҳот корхонаҳои саноатӣ вуҷуд надорад ва мардум асосан ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғуланд. Ва акнун ин соҳаи басо муҳим қариб, ки аз байн рафтааст ва заминҳои кишт ҳамчун чарогоҳ истифода мегардад. Бесарусомонӣ бо тамоми мафҳумаш ҳукумфармост. Сабаб боз ҳам нарасидани техника ва олотҳои техникӣ аст. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ- чорводорӣ билкул аз байн рафтааст.

ГОВҲОИ ПЕТРОВРО КӢ ХӮРД?

Барои мисол, мо агар ноҳияи чорводории Ховалингро пеши рӯ биорем ва ба далелу арқом муроҷиат намоем, ба хубӣ мебинем, ки имрӯз аз он ҳама дастовардҳо чизе боқӣ намондааст. Дар ин муҷтамаъи бузурги чорводорӣ, ки ба заҳматҳои зиёди Владимир Николаевич Петров, раиси кулли ин муҷтамаъ бунёд шуда буд, зиёда 47500 сар чорвои калони шохдор парвариш карда мешуд. Илова бар ин, боз 6 совхози калони чорводории дигар вуҷуд дошт, ки ҳар кадом на камтар аз 10-15 ҳазорӣ чорвои калони шохдорро парвариш менамуданд.

Мутаассифона, баъди соҳибистиқлол шудани собиқ ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҳама дастовардҳо дар як муддати кӯтоҳе аз байн рафт ва соҳаи чорводорӣ ба бӯҳрон рӯ ба рӯ гардид. Аз бешуурӣ ва худноогоҳии раисон ва роҳбарони вақти ноҳия моликияти миллӣ хароб ва аз байн бурда шуд. Барои бунёди муҷтамаи чорводории Ховалинг зиёда аз 12 сол сохтмон идома дошт ва бо талошу заҳматҳои зиёде чунин як муҷтамаъ сохта шуд. Мутаассифона, имрӯз на танҳо аз ин миқдор чорво чизе боқӣ намондааст, балки пояҳои бетониву охурҳои чорворо аз ин муҷтамаъ канда партофтаанд. Сехҳо ва таҷҳизотҳои худгардони ин муҷтамаъи бузург аз тарафи роҳбарону раисони давр несту нобуд гардидаанд. Агар шахсе тасодуфан ба ин тарафҳо гузар кунад, ҳеҷ бовараш намеояд, ки замоне дар инҷо чунин як муҷтамаъи бузурги чорводорӣ мавҷуд буд ва ҳазорҳо одамон дар ин ҷо кор мекарданд.

ВАҚТИ СУОЛУ ҶАВОБ ДАРРАСИД

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро касе то имрӯз дар ин масъала пурсида нашудааст ва масъулини ноҳия мӯҳри хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин бора ҳарфе намезананд. Вақти он расидааст, ки мақомоти марбута ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд ва қилро аз хамир ҷудо намоянд. Таллаву тороҷи моликияти ҷамъиятӣ хиёнати азиме бар миллату ватан аст ва он бояд аз мадди назари касе дур намонад.

Ба ин монанд аксари васоити техникии колхозу совхозҳои навоҳии кишвар дар асари беэҳтиётӣ ва саҳлангории масъулин несту нобуд гардида, ба оҳанпорае табдил ёфтаанд. Барои барқарор намудани онҳо маблағҳои ҳангуфте лозим аст, ки даҳсолаҳо заҳмати шабонарӯзӣ ва тоқатфарсоро тақозо мекунад.

"ТОҶИКАГРОЛИЗИНГ" БА ЁРӢ МЕОЯД

Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳукумат ба ин масъалаи муҳим таваҷҷӯҳи зиёде менамояд ва барои барқарор намудани ин соҳа дастуру супоришҳои лозимиро додааст. Таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикагролизинг", ки сарвари давлат хишти аввалро дар он гузоштааст вазифадор гардидааст, ки хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру навоҳии кишварро бо техника ва таҷҳизоти техникӣ таъмин намояд. Тавре ки Авлиёқул Урозов, сардори раёсати молия, муҳосиба ва таҳияву амалӣ намудани созишномаҳо мегӯяд, асри бисту як асри пешрафти техникӣ ва кашфи асрорҳои нав аст. Пешбурди соҳаи кишоварзӣ бо усули бобоӣ, ки аз юғу сипор истифода мекарданд, имрӯз дар ҷомеаи навин мавқеъ надорад. Аз ин ҷо мо ҳамеша талош ба харҷ медиҳем, ки қадре ҳам бошад, дар навоҳиву шаҳрҳои кишварамон Марказҳои хизматрасонии техникиро таъсис диҳем ва соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ, пахтакорӣ ва боғдориро аз нав зинда намоем. Зеро дар баробари он ҳама заҳматҳое, ки ҷиҳати бунёди НБО иҷро мешавад, бидуни тавсиъаи соҳаи кишоварзӣ зиндагии бофароғатеро таъмин намудан амри маҳол аст. Аз тарафи дигар бо таъсиси Марказҳои хизматрасонии техникӣ теъдоди зиёди одамон бо ҷои корӣ таъмин мешаванд. Албатта ин мазӯи доғи рӯз аст ва аз байн бурдани сатҳи бекорӣ дар кишвар яке аз самтҳои сиёсати стротежии давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. Ҷаноби Урозов ҳамчунин мегӯяд: "Итминони комил дорем, ки бо бунёду барқарории соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ миллати тоҷик аз бунбастҳо ва сардаргумиҳо раҳо меёбад ва дигар ба кишварҳои хориҷ ба мардикорӣ намеравад. Дар назди зану фарзанд будан барои ҳар шахс саъодати бузург аст."

РӮ БА ШАҲР ОВАРДАН АЗ НОИЛОҶИСТ

Дуруст аст, ки бо сохтану мавриди истифода қарор додани НБО вазъи иҷтимоӣ, иқтисодии кишвар боло меравад, ки дар ин ҷои шакку шубҳае нест. Аммо набояд фаромӯш кард, ки пешрафти соҳаи кишоварзӣ асоси ҳамаи хушбахтиҳои мост. Сарзамини офтобии Тоҷикистон имкони ба бор овардани ду-се ҳосилро аз замин дорад, ки ин имкон медиҳад нарху навои дандоншикани имрӯзаи маҳсулоти кишоварзиро чанд мартаба поин овард. Барои ин самаранок истифода бурдани замин, тавсиа ва рушди соҳаи чорводориву боғдорӣ дар навбати аввал бояд қарор дошта бошад. Механикунонии ин соҳаи басо муҳим дар шароити рӯз корест мушкил, вале бо ин ҳама гомҳои тозае дар ин ҷода бардошта мешавад, ки ин худ як фоли нек аст. Агар васоити техникӣ дар деҳот таъмин мегардид, сели муҳоҷирин ба ин суръат ба шаҳр сарозер намегардид. Аксари деҳотиёне, ки имрӯз дар хобгоҳҳои дастаҷамъӣ бо аҳли хонаводаашон ба сар мебаранд, ин мушкилотро ба хотири ба даст овардани қути лоямуте таҳаммул мекунанд. Аксаран бар ин ақидаанд, ки агар соҳаи кишоварзӣ дар деҳот таҷдид ва фаъол гардад, ҳеч гоҳе муқими шаҳрҳо нахоҳанд шуд ва зиндагии худро аз ҳисоби замину инкишофи чорводориву боғдорӣ таъмин хоҳанд кард.


Ибодуллои НУРУЛЛО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97