«ПУЛИ «ФОНД», ПУЛИ ФАРРОШ, ПУЛИБОЛТ, ПУЛИ…»-РО КАЙ МЕОРӢ?»ё: "сарсухан"-и дарсҳо аз чӣ шурӯъ мешавад?!...

Иҷтимоъ 29.01.2009 14:38

"ҶАВРИ" УСТОД БЕҲ АЗ МЕҲРИ ПАДАР АСТ?!

Мақоли "Ҷаври устод, беҳ аз меҳри падар" дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадааст, балки онро мардуми бофазлу мактабдидаи тоҷик гуфтаанд. Аммо чаро имрӯз қадри муаллим на чун пештара аст?... Дар ҳоле ки агар ба ҳамин рӯзгори начандон дури худ, ки ба замони шӯравӣ рост меояд назар бидӯзем, мебинем, ки муаллим чӣ қадар мӯътабар шинохта мешуд. Аммо имрӯз чӣ?

Барои ба ин суол посух ёфтан, як дидаи кӯтоҳе ба мактаб, ба хусус ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи потахт медӯзем, ки чӣ ҳолу аҳвол доранд?

Таълиму тарбия дар мадди аввал аст ва ё чизи дигар?... Ба қавли падару модари толибилмон; "муаллимон чунон аз худ рафтаанд, ки қариб ҳамарӯза аз калимаи "фонд" дарсро шурӯъ мекунанд".

Дар мақолае гуфта будем, ки аксар падару модарон барои пардохти "пули фонди мактаб", яъне "ёрӣ" ба фарзандони худ, ки ин "ҳаққи хизмат" дар ҳар мактаб ҳар хел аст - 5, 8, 10 ва ҳатто дар иддае аз мактабҳо 12-15 сомонӣ ҳармоҳа аст, розианд. Вале чуноне дар сӯҳбатҳои волидайн мешунавем; "боз муаллимон аз пеши худ "фондҳои худро" таъсис додаанд"; пули бӯр, пули печка, пули фаррош, пули ҷорӯб, пули маҷалла, пули болти парта… Ҳатто, муаллимае, барои он ки гӯё сими гармкунак то разетка "як ваҷаб" намерасидааст, аз ҳар талабаи синфи як 2 сомонӣ талаб кардааст. Ба назар мерасад, ки иддае аз муаллимон дар хона танҳо дар фикри онанд, ки "фардо боз бо кадом баҳонае пул талаб кунад". Ва ё роҳбари синфи болоӣ аз шогирдонаш гӯё барои болтҳои партаҳоро маҳкам кардан, ба миқдори10 сомонӣ рӯёнданист…

Ба ҷойи он ки аз хонандагони хеш бипурсанд, ки "таътилатро дар куҷо ва чӣ тавр гузаронидӣ, кадом китобҳоро хондӣ, саломатиатон чӣ тур аст…", аз пули фонду латтаву бӯру… дарсро оғоз мекунанд. Ҳатто хонандагони синфҳои 1-4-ро ғайри хоҳиши онҳо маҷалачаи "Чашма" тақсим карда, аз онҳо 1, 5 сомонӣ талаб кардаанд. Умуман, ғайри "фонд" боз роҳҳои дигарро низ муаллимони аксар мактабҳои пойтахт сари чанд вақт фикр карда мебароранд, то аз хонандаи бе ин ҳам камбағал пул ситонанд. Ана, мактабу муаллими имрӯза, муносибати устоду шогирд.

МАКТАБРО АЗ КАССИР -МУАЛЛИМОН НАҶОТ БИДИҲЕД!

Модоме ки ҳамарӯза зеҳни муаллим танҳо ба пули "фонд" банд аст, оё саводи хонандагон ба ёди ӯ мерасаду одобу рафтори онҳо ӯро ба тавшиш меорад? Чаро боре ҳам нашунидаем, ки роҳбари мактаб ва ё роҳбари синфе барои чунин "пулдӯстдориаш" аз ҷониби мақомоти марбута танбеҳ шунида бошад?! Ана, ҳамин бепарвогӣ ва сари худ мондани омӯзгорони макотиби миёна боис гаштааст, ки хонандагон ба дарсҳо бепарво муносибат карда, саводи казоӣ надоранд. Сарвари давлат дар ҷаласаи васеи ба наздикӣ доиршудаи Ҳукумат ба вазири маориф ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар рӯ оварда, таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба сифати таълиму тарбия аҳамият бидиҳанд… Вале оё ин таъкид ба мактабу омӯзгорони мактабҳои миёна дахл надорад? Роҳбарони мактабҳои миёнаи пойтахт бояд бидонанд, ки ин таъкиди Сарвари давлат ба онҳо низ марбут аст. Зеро заминаи аввали дониш, таълиму тарбия маҳз мактаби миёна аст. Мактаби миёна танҳо барои он нест, ки ҳамарӯза талабагонро ҷамъ намоему аз онҳо пули фонду латтаву бур…талаб бикунем.

Чунин аҳвол, яъне дар давоми таҳсил аз талабаҳое, ки аксарашон ба азобе китобу дафтар харида метавонанд, пул талаб намудан, ба гуфти мардум, танҳо дар мактабҳои пойтахт ба назар мерасад. Дар мактабҳои олӣ бошад (дар ҳар кадом ҳар гуна), "ҷамъоварии маблағ" дар вақти имтиҳону санҷишҳо "дар авҷ мешавад".

Чунин муносибат; ҳар рӯз хонанда аз падару модари хеш пули фонду латтаву таъмири синфу ороиши синф…талаб намудан, ба он меорад, ки дар хона волидон бо талаба, хонанда дар синф бо муаллим дар хархаша шуда, дар маҷмӯъ, муносибати мактабу оила ба кадом ранг ҷараён мегирад, рӯшан аст…

Падару модарон иброз медоранд, ки аксар муаллимон аз хонандагони хеш камтар мепурсанд, ки китоб дорию қалам ва ё дафтар, вале андешаи бо кадом роҳ "пул канданро" аз хонандагони хеш ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.

ПУЛИ БУҶА БА БОД НАРАВАД...

Дар ин ҷаласаи васеъи Ҳукумат боз аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардид, ки мақомотҳои тафтишгар бояд дар мадди аввал Агентии зидди коррупсионӣ… бештар ба кору фаъолияти идораву муассисаҳои буҷавӣ эътибор бидиҳанд. Яъне, ба онҳо назар бикунанд, ки ба чӣ корҳои "зиёдатие" даст мезананд то маблағи аз буҷа ба манфиати кори идора ихтисос шуда, ба "боди фано" наравад. Шояд мактабу омӯзгорон хаёл мекунанд, ки "мо он қадар пули калоне аз хонандагон талаб намекунем, ки ин идора ба мо кордор шавад?…" Фаромӯш аз он мекунанд, ки "сӯзандузду шутурдузд" ҳар ду дузданду як хел муҷозот доранд…Ва ё магар пора, ба кадом роҳе набошад, 100 доллар аст ё 5 доллар, он ришва нест? Яъне, пули муфту бедарди миён ва ё бо роҳҳои гуногун ба дастоварда низ пул асту гуноҳ, зеро "зарра- зарра дарё шавад".

Аз ин рӯ, зарур аст, ки чунин идораҳои тафтишгар ба мактабҳо ҳам баъзан рӯ биоранд, то иддае аз муаллимони "бизнесдӯстдор" аз худ нараванду бидонанд, ки дар мактабанд, на дар бозор! Зеро ба қавле "ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад". Муаллиме, ки бо ҳар баҳона аз шогирдонаш пул ёфт, омӯзгори дигар низ инро шунида, дар ҳаваси ёфтани пули бедардимиён мешавад ва меандешад, ки "роҳҳояш чунин будаасту мо гаштем"… Ана, агар беназорат гузорем, мактаби мо ҳамранги бозорҳо ба ҷойи савдо мубаддал мегардад. Мо медонем, ки дар мактабҳои пойтахт омӯзгорони дилсофу бовиҷдон кам нестанд ва агар инҳо чунин рафтори ҳампешаҳои худро бубинанд, аз мактабу маориф дилашон хунук намешавад? Борҳо шунидаем, ки бархе аз муаллимон мегӯянд, ки "мактаб ҷойи ман нест", яъне "ман аз шогирдон пул талбида наметавонам". Ва ҳақ ҷониби чунин муаллимони боинсоф аст. Зеро ҳамагон медонем, ки имрӯз аҳволи иҷтимоии на ҳама ақшори ҷомеа дар як сатҳу поя аст. Аксар бо маоши давлатӣ рӯз мегузаронанд, ки ин маош ҳатто барои таъмини хуби якмоҳаи яке аз аъзои оила басанда нест. Магар ин аҳволро он муаллимоне, ки аз хонандагони хеш бо ҳар сабаб пул талаб мекунанд, намедонанд?! Медонанд, вале ҳирси молу чизпарастиашон намегузорад, ки ба ин кор даст назананд. Мо агар, медонистем, ки мактабе ҳаст, ки танҳо як "фонд" талаб мекунаду халос, рақамашро бо исми роҳбараш меовардем, вале мутаассифона наёфтем. Сӯҳбату мусоҳибаҳои мо собит намуданд, ки аксар дар баробари "фонд" доштан, яъне ҳармоҳа сари талаба ба миқдори 5, 10… сомонӣ ҷамъоварӣ намудан, боз омӯзгоронашон-роҳбарони синф сари худ аз шогирдони хеш моҳе ду-се, чор панҷ бор майда- майда пул мегирифтаанд. Гуё онҳо ин пулро барои худ нагирифта, барои ободонию фоидаи хонандагон ҷамъ меовардаанд. Вале наход муаллимае барои як-ду болти кандаи партае аз 25-30 хонанда 10 сомониӣ пул ҷамъ намояд? Ин маблағ чанд болту мех мешавад?.. Ва ё барои 15-20 см нарасидани сими гармкунак, аз 25-30 талаба 2 сомонигӣ?...

ВАЗИФАИ ХОНАГӢ БАРОИ "ҶУМҲУРИЯТ" ВА "ОМӮЗГОР"

Ба чунин масоили мубрам, ки имрӯз ташвиши ҳар падару модар ва хонандаи мактаб гардидааст, аввал аз ҳама бояд рӯзномаи "Ҷумҳурият", ки нашрияи расмии ҷумҳурӣ асту "Омӯзгор"-нашрияи Вазорати маориф, ба таври пайваста рӯй биоваранд. Хусусан, "Омӯзгор", ки боз гӯё "ғами" омӯзгору мактаб, хонанда ва таҳсилу омӯзишро "мехӯрад". Ин рӯзнома ва дигар рӯзномаҳо низ дар саҳифаҳои худ тавассути мақолаву навиштаҳо ба ин масъалаҳо бояд равшанӣ андозанд. Ва чуноне Президенти кишвар дар ҷаласаи васеъи Ҳукумат ишора карданд, рӯзномаву воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ бояд бештар ба масоили муҳими дохилу хориҷ рӯ биоваранд ва мақолаву гузоришҳои саривақтӣ пешкаш бисозанд. "Омӯзгор" бибояд, ки дар ҳар шуморааш бо мақолаҳои воқеӣ аз боби мактабу маориф (на танҳо фақат таъриф) мақолаҳои зарурӣ ба табъ расонад. Ба ҷойи он ки бо раисони шаҳру ноҳияҳо мусоҳиба оростан, ки "вазъи маориф дар шумо чи гуна аст". Инчунин, мухбирони ин рӯзнома бояд бо падару модар, хонандагон дар сӯҳбат бошанд ва андешаҳои онҳоро дар мавриди ҳолату вазъияти таълим пурсон шаванд. На ба он тавре ки директор "чунин гуфт…". "Кӣ дӯғи худро туруш гуфтааст?". Ҳар роҳбар низ мекӯшад, ки аз камбудиҳои идорааш камтар лаб во кунад, модару падари талабагон ва худи шогирдон бошанд, воқеиятро рӯшантар хоҳанд гуфт. Зеро "пулдеҳ" ва "пулбар" мушаххас ҳамин ду тоифаанд. Ва чаро чунин пулталбиҳои ҷою ноҷою пай дар пай дар мактабҳои деҳот нест? Магар омӯзгорони деҳотӣ пул намехоҳанд?! Ва ё муаллимони мактабҳои пойтахт беҳтару зиёдтар дарс медиҳанд? Агар пеши роҳи ин "андозғундорӣ"-ро нагирем, шояд ба мактабҳои деҳотӣ низ асар кунад. Пас, агар чунин шавад, войи мактабу таълиму тарбия! Ба мисли ҳамин идгардаки кӯдакон, ки дар қисмати ками ҷой расм буду оқибат қариб ба тамоми ҷойҳо паҳн гашт. Ва ё мисли иддае аз расму русум ва одатҳои ноҷое, ки мардуми моро солиёни зиёд хонахароб карда буданд ва агар Қонун дар мавриди танзими расму оинҳо аз ҷониби Ҳукумат қабул намегардид, ин хараҷу мараҷи зиёдатӣ мардуми моро боз қашшоқтар мекард.

Умуман, падару модарони хонандагон ғайри "фонд" ("ки аллакай одат кардаанд"), барои пардохтани маблағҳои беҷойи дигар розӣ нестанд, зеро имкон надоранд…


Неъматуллои НУРУЛЛО,
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97