Дар шумораи №50 (171)-и ҳафтаномаи "Миллат" андешаҳои рӯзноманигор Неъматуллоҳи Нуруллоҳ зери сарлавҳаи "Литсейҳои туркӣ, дийдори (дидори?) Алӣ Бобоҷон ва тоҷикони камсавод" ба табъ расид. Муаллиф баъди мутолиаи мақола - хабаре, ки дар ҳафтаномаи "Боргоҳи сухан" (№24) чоп шудааст, хулосаи худро рӯи коғаз овардааст. Ман нафаҳмидам, ки бародари гиромии мо Н.Нуруллоҳ аз як хабар чаро ин қадар ҳангома ҷӯстааст.
Банда мухтасар он маълумотеро, ки мудири кулли ЛИМТТ Масъуд Атто пешкаши хабарнигорон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия карда буд, рӯи коғаз овардам. Он маълумотеро, ки дар "Боргоҳи сухан" чоп шуд, аз тарафи хабарнигорони телевизионҳои "Сафина" ва СМТ мунъакис шуда, дар ҳафтаномаҳои "Азия - плюс", "Чархи гардун" ва "Омӯзгор" низ чоп шуда буд. Ҳеҷ кас моро нагуфтааст, ки ин литсейҳои муштаракро таъриф кунем. Мо он чизеро, ки дидему шунидем, ҳамонро мухтасар нашр кардем. Ин хулосаи Неъматуллоҳи Нуруллоҳ аст, ки "агар ҳамин литсейҳои туркӣ набошанд, насли навраси мо бесаводу аз замона қафо мемонад."
Ҳамчунин, Неъматуллоҳи Нуруллоҳ литсейҳоро "туркӣ" ном бурда, номбар кардани фарқи куллии онҳоро хостааст. Аввал ин ки ман ва дигар ҳамкасбон ин муассисаҳоро Литсей - интернатҳои муштараки тоҷикӣ - туркӣ навиштаем, на "туркӣ". Зеро барномаи таҳсили литсей бо Вазорати маорифи Тоҷикистон мувофиқа шуда, омӯзгорони тоҷик низ он ҷо дарс медиҳанд. Дигар ин ки дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби 95 медал шудан магар фарқи куллӣ нест? Танҳо дар соли таҳсили 2007-2008 шогирдони ЛИМТТ дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби 6 ҷои аввал, 4 ҷои дуюм ва 9 ҷои сеюм гаштаанд. Муҳассилини синфи 10 Азиз Иброҳим ва Наврӯз Самандаров дар озмуни биология, ки дар Хюстони ИМА баргузор гардид, миёни намояндагони чандин кишвар ғолиб омаданд. Искандар Ғаюров бошад, дар Тифлис (Гурҷистон) дар озмуни байналмилалӣ аз фанни химия ҷои аввалро гирифт. Ҳамаи ин ғолибон чун хонандаҳои Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд ва ба шарафи ғолибон парчами кишвари мо баланд мешавад. Магар ин бад аст? Муаллиф нигоштааст, ки гӯё ман (С.С) ба "хонандаи синфи 7-и бехабар аз оламу одам шароити будубош дар ин литсейҳоро накушодаам". Кадом хонандаи синфи 7 "Боргоҳи сухан" мехонад? Дар як хабар муфассал навиштани ҳамаи шароити литсейҳо шарт аст магар?
Неъматуллоҳи Нуруллоҳ навиштааст: "Дар литсейҳои туркӣ дар баробари забони англисӣ аз худ намудани забони туркӣ низ зарур аст". Таҳсил дар ЛИМТТ на бо ду забон, балки бо чор забон (англисӣ, русӣ, тоҷикӣ ва туркӣ) аст. муҳассилин фактҳои дақиқро бо забони англисӣ меомӯзанд. Муаллиф менигорад: "Ҷалбу даъвати хонандаи мо, ки аксарашон имкони молиявӣ низ надоранд, ба литсейҳои туркӣ падидаи ватанхоҳӣ нест". Худоё, аз бӯҳтон нигоҳ дор! Наход чопи як хабар даъвати таҳсил ба ин литсейҳо бошад? Падару модарон пеш аз он, ки фарзандонашонро ба мактабе барои таҳсил гузоранд, дар бораи он пешакӣ маълумот мегиранду дидан мекунанд ва неку бади шароити дабистонро худашон муайян месозанд. Хайрият, ки ҳоло соли 1937 набудааст, вагарна Неъматуллоҳ бо чопи ин хабар аз банда шояд хоини ватану миллат (Худо нигаҳ дорад!) метарошид?
"Иддае аз хатмкардагони ин литсейҳо ва донишгоҳҳои туркии Туркия дар ватанашон бекоранд ва касе ба додашон намерасад", - навиштааст Неъматуллоҳ. На танҳо донишгоҳҳои Туркия, балки донишгоҳҳои Русия, ИМА, Ирон, Покистон, Миср, Олмон ва ғайраро хатм карда, бекор мондаҳо низ ҳастанд. Бекормонии ҷавонон ба литсейҳо чӣ робита дорад?
"Танҳо як каме таваҷҷӯҳ ба макотиби ватанӣ ва пардохти маоши муносиб ба омӯзгорон кифоят аст, ки ҳар фарди боҳуши ин диёр соҳибмаърифату соҳибмартаба шавад", - менависад Неъматуллоҳ. Мо ҳам ба ӯ ҳамфикрем, вале ин "таваҷҷӯҳ"-ро бояд кӣ кунад? Компютер дар дуртарин мактаби кишвар бошаду аз бебарқӣ кор накунад, чӣ фоида?
Ҳамкасби азиз, дар Тоҷикистон ғайр аз ЛИМТТ инчунин гимназияи Русияву Тоҷикистон, литсейи иронӣ ва мактабу боғчаҳои ғайридавлатии зиёде фаъолият мекунанд. Ман дар бораи онҳо, ки ҳоло маълумоти кофӣ надорам, ба худ лоиқ намебинам, ки оиди фаъолияташон надида чизе нависам. Агар ба ин муассисаҳои таълимӣ равам ҳам, хуб ё бад будани онҳоро қазоват накарда, танҳо чизи дидагиамро хоҳам навишт. Рисолати хабарнигор ҳамин аст.