СОҲИБНАЗАРОН МЕГӮЯНД:
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили парлумон:
-Ин овозаро метавон «миллатларза» номид, зеро тамоми миллатро ба ларза даровард ва чанд нуктаҳои заъфи моро ба намоиш гузошт. Якум, амнияти иттилоотии мо то ҳаде поён будааст, ки як шаби дароз овоза ба ҷои иттилооти расмӣ ҳукмрон буд ва мардумро дар панҷаи худ гирифта буд. Ошкор гашт, ки ҳанӯз ҳам мардум аз иттилооти расмӣ дида, ба овоза бештар боварӣ доранд.
Дуввум, изтироби дастаҷамъӣ (всеобщая паника) то ҳаде мардумро фаро гирифта буд, ки дигар истинод овардан ба маълумоти ниҳодҳои расмӣ низ фоида надошт. Эҷоди шабакаи ягонаи хабаррасонӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва эътимоди мардум ба он нуктаи дигарест, ки дар оянда сари он бояд фикр кард. Чун Тоҷикистон дар минтақае қарор дорад, ки эҳтимоли рух задани ҳолатҳои фавқ улодаи табиӣ ҳамавақт вуҷуд дорад. Саввум, такрори чунин ҳодисаҳо метавонад дар мардум ҳисси нобоварӣ ба ҳама бонги хатар пайдо намояд. Барои мисол, агар ду-се маротиба мардум фирефтаи чунин овозаҳо шаванд, дар сурати канда шудани кӯли Сарез, масалан, (Худо нишон надиҳад!), як идда метавонанд бонги хатарро овозаи навбатӣ пиндоранд, ки оқибаташ даҳшатнок хоҳад буд. Ахиран, ин ҳодиса бори дигар содда ва зудбовар будани ҷомеъаи моро исбот намуд ва аслан дигар истифодаи вожаи «ҷомеъа» дар чунин ҳолат баҳснок менамояд. Аз дасти зилзиласанҷон барои наҷоти чунин «ҷомеъа» коре намеояд, бояд ҷомеъашиносон ва сиёсатмадорон бештар андеша намоянд.
Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшинос ва журналист:
-Вазъияти номатлуби ба амал омада нишон дод, ки дар кишвар таъмини амнияту бехатарии фазои иттилоотӣ ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудааст. Бубинед дар Тоҷикистон Консепсияи амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ, ки ҳанӯз 7 ноябри соли 2003 бо фармони Раиси ҷумҳур тасдиқ шуда буд, амал мекунад. Дар ин санад системаи қабули қарорҳо оид ба амалиётҳои фаврӣ ва огоҳ намудани аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқуллода (экстремалӣ) муқаррар шудааст. Ғайр аз ин, субъектҳое (мақомоти давлатӣ) муайян шудаанд, ки бояд бо амалҳои худ амнияти иттилоотии мардум ва умуман ҷумҳуриро дар чунин вазъият таъмин созанд.
Вале дар ҳолати зарурӣ ин система корношоям буд. Чаро? Эҳтимол, ин ҳолат мавзӯъи гуфтугӯи ҷиддие дар Шӯрои Амнияти ҷумҳурӣ гардад. Ба ақидаи ман, сухан аз боби бемасъулиятӣ ва ноӯҳдабароии масъулини ин сохторҳо меравад. Охир, масалан як баромади шахси масъул тариқи телевизион ва радио метавонист худи проблемаро (овозаро) якбора нест кунад. Агар мансабдорон ҷуръат накунанд, ин вазифаро ба ӯҳдаи олимони зилзилашинос гузоштан мумкин буд. Вале, проблема эҳтимол дар он аст, ки ҳама масъулин мунтазири фармони шахси якум буданд ва ҷуръати мустақӣлона қабул кардани қарорро надоштанд. Ва чунин тарзи фаъолият, ки дар шароити маъмулӣ ва ҳаррӯза низ қобили қабул нест, метавонад дар вазъияти экстремалӣ боиси ташвишу бесаранҷомии ҷиддии аҳолӣ гардад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Мутаассифона.
Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ:
-Дар шаби овозаи "зилзилаомад" дар саросари Тоҷикистон тарк кардани мардум хонаю манзили худро ва қариб, ки дар як вақти муайян бесабаб нест. Барои ба вуҷуд овардани ин гуна вазъият заминаҳои устувор ва кору фаъолияти "нируи мушаххас", яъне ташкил ва сафарбар намудани мардум бо як ҳолати номаҳдуду ғайричашмдошт, ба назар мерасад. Ин ҷост, ки суоле матраҳ мешавад, ки он кадом "нируи мушаххас" аст? Албатта, ин савол аввалан ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тааллуқ мегирад ва посухашро ҳам бигузор онҳо барои мардум бигӯянд.
Банда танҳо таъкид мекунам, ки ин "нируи мушаххас" на мақомоти махсус, на ҳизби сиёсӣ, на ҷараёни салафия аст, балки ин дар асоси сабабҳои гуногун ташаккул ёфта ва амали тасодуфиро ихтиёр карда ва он рӯҳия ва ҳуввияти имрӯзаи мардуми тоҷик мебошад.
Барои мардуми тоҷик имрӯз бовар кардан ба таҳлили илмӣ на муҳим ва на хос мебошад. Мо мардуми ҷонибдори илму техника ё илми мушаххас нестем, дар рӯҳия ва ҳуввияти мо бештар боварӣ ва майл ба афсонаю "кашфиётҳои" динию шоирона зиёдтар аст. Ин рӯҳия ва ҳуввият дар 20 соли охир аллакай ба пирӯзӣ расид. Имрӯз, мардуми Тоҷикистон аз санъати фикрронии абстрактӣ рӯз ба рӯз дуртар ҳаракат менамояду ҳар ахбору иттилоъро агар ӯ аз нигоҳи эътиқод ба моҷарои тахминӣ ва ё вобаста ба қудрати Худованд бошад, бовариаш характери мутлақ мегирад. Дар шаби овозаи ларзиши Замин ин тезис пурра исбот гардид.
Албатта, барои ин қисме олимони тоҷик ҳам, ҳамчун Фаршед Каримов ва дигарон, ки пештар дар мавриди заминҷунбӣ изҳори назарҳо карда буданд ва дар он шаб мусоҳиба изҳороти ӯ дар бораи "заминҷунбӣ" - ҳо такроран дар телевизион пахш шуд, барои дар амал ба осмони беғубор парвоз кардани афсонаҳои кайҳонии заминҷунбӣ ҳамчун як детонатори таркиш шуда тавонист. Барои ин таркиш рӯҳия ва ҳуввияти мардуми тоҷик, дар доираи ҳодисаҳои дуру наздики монанд, мутобиқ омад. Аз ин рӯҳия ва ҳуввияти мардуми тоҷик имрӯз мо (ба такрор мегӯям, ки ҳатто дар ҳолати "тасодуфӣ" идорашаванда!), бо чи гуна натиҷаҳо расидан мумкин аст, аввалан мақомоти масъули давлати Тоҷикистон бояд фикру мулоҳиза намоянд.
МАРДУМ ЧӢ МЕГӮЯД:
Шаби 9-ум ба 10-уми январи соли равон, миёни мардум овозае паҳн шуд, ки гӯё заминларзаи шадид ба вуҷуд меомадааст. Ин овоза-хабар дар як они воҳид сар то сари кишварро фаро гирифт. Ҳарчанд ки аз паҳн шудани ин овоза 5 рӯз гузашта бошад, ҳам то ба ҳол маълум нест, ки манбаъи ин овоза-хабар кӣ ва чӣ буд. Дар натиҷаи як назархоҳие, ки ҳафтавори «Миллат» анҷом дод, аксари пурсидашудагон мегуфтанд, ки хешовандонашон ё ҳамсояашон онҳоро аз ин хабардор кардааст, ягон нафар макони баромади ин хабарро намедонист. Дар ҳоле, ки илми муосир ба чунин қудрат нарасидааст, ки зилзиларо пешгӯӣ намояд, аммо аксари мардуми зудбовари мо аз хавфи заминларза он шабро дар кӯча саҳар карда буданд.
Ғаффор Раҳмонов, ронандаи таксӣ:
-Тақрибан соати 2-и шаб буд, ки аз садои роҳгардии ҳамсояҳо дар даҳлез, бедор шудам ва чи гап бошад гуфта, аз айвон ба поин нигаристам. Мардуми зиёд дар поён ҷамъ шуда буд. Бо ҳисси кунҷкобӣ ман ҳам ба берун баромадам. Баъд мефаҳмам, ки бояд заминҷунбӣ мешудааст. Ним соат ҳамроҳи ҳамсояҳо истодам, оқибат ба хулосае омадам, ки ин овозаҳо дурӯғ аст, чунки ҳич нафар дақиқ намегуфт ин гапро аз кадом манбаъ шунидааст. Баъд зану фарзандҳоямро гирифтаму даромада хоб кардем.
Моҳира Сангова, кадбону:
-Нисфишабӣ буд, ки ҳамсояҳо ба хонаи мо омаданд, гуфтанд, ки заминҷунбӣ мешудааст, биё берун бароем. Ба шавҳарам, ки бо сафари хидматӣ ҳамон шабу рӯз ба Кӯлоб рафта буд, занг задам, гуфтам, ки ҳамин гуна овозаҳо аст, мо чӣ кор кунем? Ӯ гуфт, ки ин овозаҳо дурӯғ аст, бовар накунед, бо ҳузур хоб равед. Гапи шавҳарамро гирифтаму аз хона набаромадем, Худоро шукр ҳич гап нашуд. Вале ҳамсояҳо баромаданд, дар берун алов карданд, баъд саҳарӣ баъзеашон нақл карданд, ки то субҳ дар берун нишастаанд.
Зикриё Файзов, донишҷӯ:
-Ман дар хонаи иҷора хоб будам, аз ноҳияамон- Ҳисор рафиқонам занг заданд, ки соати 4-и субҳ заминҷунбии сахт мешудааст, бояд ба ягон ҷои бехавф бароям. Баъд аз айвон сар кашидам, ки пеши бино пури одам, ҳама ҳамсояҳо берун баромадаанд. Ростӣ, ман ҳам баромадам, чунки инсон ҳастаму эҳсоси тарс дорам. Ҳамсояҳои мошиндор бо аҳли хонаводаашон дар дохили мошин менишастанд, дигарон алов карда, гирди гулхан гарм мешуданд. Дар он хунукии шаб ҳамагӣ як соат тоқат карда тавонистаму халос, баъд ҳарчи бодо-бод гуфта, даромада хоб кардам. Саҳарӣ ҳамон рафиқонам боз занг заданду нақл кардан, ки чи гуна ҳамсояҳои деҳотиямон ашёҳои қимматбаҳояшонро ҳамроҳашон то субҳ дар берун нигоҳ медоштанд.
Дилафрӯз Ҳикматова, кадбону:
-Ман ин хабарро аз хоҳарам шунидам. Намедонам соат 12-у ним буд ё 1-и шаб, ки хоҳарам, аз маҳаллаи Испечак занг заду гуфт, ки соати 2 бояд заминҷунбӣ шавад, аз хонаат ба берун баро. Баъдтар модарам ҳам занг заду ҳамин хабарро расонид. Чи илоҷ? Бовар кардаму кӯдакҳоямро гирифта берун баромадам. То соати 2:20 дақиқа нишастам. Шукри Худо ҳич гап нашуд, хона даромадам. Лекин то субҳ хобам набурд.
Ҳоҷӣ Убайдулло, раиси шӯрои шаҳраки 191-и ноҳияи Шоҳмансур:
-Соат тақрибан 5-и субҳ буд, як бародар аз Хуҷанд занг заданду пурсиданд, ки: Ҳой, Ҳоҷӣ-ака Душанбе-ба чӣ гап? Ман гуфтам, ки Хуҷанд-ба чӣ гап? Гуфтанд, ки Хуҷанд-ба ҳама мардум берунанда, гуфсодиянд, ки замин меҷумбидаст… Баъд ман гуфтам, ки агар дар Хуҷанд гуфсода бошанд, дар Душанбе аз соати 12-и шаб инҷониб ҷумбисодай!
Ин албатта ҳазл буд, баъдан он бародарро ором кардам, ки илми ғайбро ғайр аз Худованд каси дигар намедонад, беҳуда ба ин овозаҳо бовар накунад. Пеш аз ин бародари хуҷандӣ, зиёда аз 20 нафар ҳамсояву хешу ақрабо занг мезаданду дурустиву нодурустии ин овозаро мепурсиданд. Аз ҳамаашон хоҳиш мекардам, ки ин гапҳо ғайри овоза чизи дигаре нест, вале бисёриҳо бовар намекарданд. Ҳамсояҳои ҳамдаҳлезу ҳамбиноямон бошанд то рӯз дар берун интизори заминларза нишастанд…
Ба фикрам, ба ҳар гуна овозаю суханҳои шӯрангез бовар кардани мардуми мо, сабаб дар ноогоҳию бехабарӣ аст. Агар сар то сар бо илму фарҳанг бошем, ман аминам, ки ин гуна овозаҳо камтар миёни мо мақом пайдо мекунад.
БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН:
Соати 4-и субҳи 10-уми январ Абдулқаюми Қаюмзод, хабарнигори радиои «Озодӣ» ба ҳамкораш Раҳматкарими Давлат, ки бехабар аз ин ҳама шавқу шӯр, дар хоби ноз будааст, занг мезанад ва садо мекунад: -О, меҷунбад ё намеҷунбад! Ҳамкори бехабар аз ин қиёмат бо ҳайрат мепурсад: -Нафаҳмидам, чӣ мегӯӣ? Аз он сӯйи гӯшӣ: -О. мурдам, ин адёл дар гарданам рафта омадестем, меҷунбад ё намеҷунбад? Чӣ хабар аст, рӯшантар гап зан?!-садо мекунад, Раҳматкарим. О, ту дар дарун хобӣ, ё дар берун? – бо асабоният мепурсад, хабарнигори овора. Дар хона хобам, чӣ гап аст?-мегӯяд Раҳматкарим. Абдулқаюм аз он сӯйи гӯшӣ:- О, мо аз соати 12 то ҳол дар берун ҳастем, гуфтанд, замин бояд биҷунбад, меҷунбад ё не?
Раҳматкаримро, ки хоб аз чашмаш парида буду сахт хандааш омада, гуфт: Охир, сухангӯйи Худои таъоло нестам, ки бидонам, замин меҷунбад ё не!...