ЛИТСЕЙҲОИ ТУРКӢ, ДИЙДОРИ АЛӢ БОБОҶОН ВА ТОҶИКОНИ КАМСАВОД

Иҷтимоъ 20.12.2008 15:59

КОМПЮТЕР ДАР МАКТАБ МӮЪҶИЗА НЕСТ!

Баъзе аз ҳампешаҳои мо дар мавриди литсейҳои туркии дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон таъсисёфта, навиштаҳое ба табъ мерасонанд, ки гӯё "агар ҳамин литсейҳои туркӣ набошанд, насли навраси мо бесаводу аз замона қафо мемонад…".

Ба наздикӣ дар ҳафтаномаи "Боргоҳи Сухан" (№24, (24) 4 декабри соли равон) мақола-хабаре бо унвони "Дидори Алӣ Бобоҷон аз литсейҳои муштарак"-ро мутолиа намудам. Хаёл кардам дар литсейҳои "муштарак" шояд ягон навигарии аҷибу беҳтаре шудааст, ки муаллиф сарлавҳаи мақоларо ба қавле "чашмрас" ва "жирный" додааст.

Ва ё шояд инро ба хотири ҳамном будани вазири корҳои хориҷаи Туркия бо шоири тоҷик Алӣ Бобоҷон кардааст? Аммо ин ҳам чандон аҳамият надорад, муҳимтар он аст, ки ин литсейҳо дар боло бурдани донишу маърифати хонандаи тоҷик чӣ таъсир доранд?! Муаллиф С. Суннатӣ аз ҷумла менигорад: "…Ҳоло дар Тоҷикистон 6-то чунин литсей амал мекунад. Таҳсил дар литсейҳо аз синфи 7 оғоз меёбад. Хонандагони беҳтарин баъди супурдани ду давраи имтиҳон ба ЛИМТТ дохил мешаванд. Соли равон 450 нафар аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул шуданд. Дар ЛИМТТ лабораторияҳои замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ барои забон¬омӯзӣ, китобхона, майдонча ва толори варзишӣ мавҷуданд…". Ва таърифу тавсифҳои дигаре.

Ба қавле "чӣ мехонӣ, порсола?". Шашто литсей гуфтан, ба назари шумо кам аст ва ё хоҳони он ҳастед, ки боз шумори литсейҳои туркӣ бештар шаванд? Модоме ки хонандагони беҳтаринро ба ин литсейҳо қабул мекардаанд, бадхононро ба таълимгоҳҳои тоҷикӣ бармегардонанд? Ва оё ин хонандагони беҳтарин бе маблағ дохил мешаванду бо ҷойи хобу хӯрок таъмин мегарданд? Яъне, гуфтаниед, ки "касе аълохон ҳаст, ба ин литсейҳо биёяд?!". Магар дар таълимгоҳҳои дигари пойтахт, лабораторияву синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, китобхона, майдонча ва толори варзишӣ нест?... Аҷаб навгоние, дар асри ХХI..."

ҶАЛБИ БАЧАҲОИ БОАҚЛ

БА ЛИТСЕЙҲОИ ТУРКӢ

Бо изҳори ин матлаб мехостем, ки модоме ин ҳама барои муаллиф пешравии муосири таълиму тарбия ҳаст, беҳбуд ва ё фарқи куллии онҳоро аз таълимгоҳҳои пойтахт мегуфт ё номбар мекард, беҳтар мебуд. Охир номбар кардани ҳуҷраву синфхонаҳои мазкур навигарӣ нестанд ва дар саҳифаи матбуот таъкид кардани ин нукта ва воҳима кардан чандон зарурат надорад. Ва боз, бародари гиромӣ, чаро ба хонанди синфи 7-и бехабар аз оламу одами мо, шароитҳои ба қавли ту "буду бош"-ро дар ин литсейҳо накушодед?..

Имрӯз бе литсейҳои туркӣ ҳам ҳар хонандаи хубхону хушзеҳни мо агар имкону маблағ дошта бошад, метавонад ба ҳар мактаби олии кишварҳои дуру наздик барои хондан биравад. Аз ҳамон хатмкардаҳои литсейҳои туркӣ ҳам хонандае, ки имконияти молӣ надорад, наметавонад, ки ҳатто дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил шавад, магар боз дар ИМА, Олмону Русия, Туркияву Британия, Кипру Қазоқистону Қирғизистони номбар кардаатон. Аз ин рӯ, ҷалбу даъвати хонандаи мо, ки аксарашон имкони молиявӣ низ надоранд, ба литсейҳои туркӣ, падидаи ватанхоҳӣ нест.

Мақоларо чуноне навиштаед, ки гӯё ин литсейҳо ҳеч мушкиле надоранду ҳама корашон ба дараҷаи олист ва шароити хонандагон беҳтар аз хонадонашон аст! Ва чаро нанавиштаед, ки хурду хӯрокашон, ҷойи хобашон чи гуна асту аз ҳисоби кӣ маблағҳо пардохт мегарданд? Мо намедонем, шояд муаллифи мақола инро донад, чунки аз литсейҳо дидан кардааст?!...

ВАТАН ВАЙРОНА АЗ ЁР АСТ Ё…?

Аз ин хабар-мақола эҳсос мегардад, ки дар ин литсейҳо ҳама шароит хуб будаасту дар таълимгоҳҳои ватанӣ ҳол хароб.

Мо гуфтанӣ нестем, ки ин литсейҳо набошанд, бигузор касе ки имкону хоҳиш ва талаби таҳсил дар чунин таълимгоҳҳоро дорад, ихтиёраш. Вале ба андешаи мо, солҳои нахусти пайдоиши ин литсейҳо, ки танҳо компютер ҳамонҳо доштанд, кори савоб карданд, ки иддае аз хоҳишмандони мо аз компутарҳои онҳо омӯхтанд. Имрӯз чи? Компутар дар дурдасттарин мактабҳои Тоҷикистон бо дастури Раиси ҷумҳур бурда шудааст, марказҳои забономӯзӣ, хусусан забонҳои англисиву русӣ, ки барои насли ояндасози мо донистани ин ду забон зарур аст, дар ҳар кунҷи пойтахт амал мекунад ва шояд дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам ба қадре бошанд. Фарқ танҳо дар ин аст, ки дар литсейҳои туркӣ дар баробари забони англисӣ аз худ намудани забони туркӣ низ зарур аст. Агар хабар надошта бошед, мо хабар дорем, ки иддае аз хатмкардаҳои ин литсейҳо ва донишгоҳҳои туркии Туркия дар ватанашон бекоранд ва касе ба додашон намерасад ва ба дигар касбу корҳои аз тахассусашон дур машғуланд. Хонандаи бехабар, пас аз мутолиаи ин навиштаи дилсӯзонаи Шумо гумон мекунад, ки танҳо баъди таҳсил дар ин литсейҳо соҳиби ҷойи кори хуб ва зиндагии шоҳона мегардад. Вале агар муҳассили хушзеҳни мо дар мактабҳои тоҷикӣ ҳам нағз хонаду дар донишгоҳҳои ватанӣ ҷиддӣ таҳсилашро идома бидиҳад ва соҳибкасб гардад, мақоми арзандаи худро дар зиндагӣ пайдо карда метавонад. Ба ҳамаи мо равшан аст, ки қариб ҳамаи соҳибвазифаҳо, олиму ашхоси шинохтаи мо дар мактабҳои шӯравӣ ва имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол хонда ва соҳиби таҳсилот гашта, обрӯву мартаба ёфтаанд. Танҳо як каме таваҷҷуҳ ба макотиби ватанӣ ва пардохти маоши муносиб ба омӯзгорон кифоят аст, ки ҳар фарди боҳуши ин диёр соҳибмаърифату соҳибмартаба шавад.

ҲУШДОР!

Дар анҷоми сухан мехоҳам ба ин нукта таъкид кунам, ки мо ҳар ҳарфе менависем, ҳама ҷониби онро бояд ба инобат бигирем, яъне чор тарафи масъаларо бояд ба хонанда возеҳу равшан баён намоем, ҳар беҳбудие, ки бо як калима ишора мекунем, доманашро васеътар бикушоем, то хонандаамонро ба раҳгумӣ наандозем. Ин аст, рисолати пешаи мо, ватанхоҳӣ ва миллатдӯстии ҳар тоҷик, ки онро Ватан-Модар ба ӯҳдаи мо вогузор кардааст!


Неъматуллоҳи НУРУЛЛО,
рӯзноманигор
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97