БАРАҲНАГӢ ФАРҲАНГИ ФАҲШЗОСТ

Фарҳанг ва адаб 18.08.2008 17:47

Порки "Дӯстии халқҳо" имрӯз нахуст ҷои истироҳатиест, ки мардум пас аз кор ва рӯзҳои рухсатӣ метавонанд ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳ бо аҳли хонаводаашон гирифториҳои ҷисмӣ, озору азиятҳои ботинӣ ва равонии худро, ки таи як ҳафта ҳосил шудааст, аз худ дур кунанд. Зеро, инсон аз ҳар чӣ бештар ба истироҳат ниёз дорад. Ҳаяҷони зиёд, гирудорҳои рӯзгор метавонад инсонро ба бемориҳои равонӣ ва фарсудашавии организм мубтало созад.

Вақте ки шахс аввалин бор вориди порк мегардад, ба ростӣ фикри дуввумбора ба ин ҷо омаданро намекунад. Саҳнаҳои нафратовар, муошират ва бархурди инсонҳо, махсусан духтарону писарон аз одитарин ахлоқи инсонӣ дур аст. Фарҳанги бараҳнагӣ ва нимбараҳнагӣ комилан дар инҷо ҳукумрон аст. Отифият дар вуҷуди аксари аз духтарон маълум намегардад. Порк ба миъодгоҳе монанд аст, ки ҳар дарахташ соҳиби худро дорад ва тамоми рӯз то нисфи шаб ба макони васли "ошиқон" табдил ёфтааст. "Ошиқон", бидуни шарму ҳайё ва риояи одоби шарқӣ дар пеши чашми мардум даст ба фаҳштарин омол мезананд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо ба ҷуз худ дигареро намебинанд.

Бо дидани чунин манзараҳои ҳузнангез дар дохили порк табъи кас хира мегардад. Суоле ба миён меояд, ки чаро ҷавонони мо либоси шарму ҳаёро аз худ дур карда, суннатҳои миллӣ ва мазҳабии моро зери по мегузоранд? Иффат ҳамеша дар хилқати зан ҷойгоҳи азим ва баланде дорад, ки ҳам худи занон ва ҳам ҷомеа хоҳони онанд, ки занро бо ин махсусиёташ бубинанд. Вақте иффати ботиниву зоҳирии зан ҳамоҳанг набошад, бунёди хонавода заъиф мегардад ва ҷомеъа дучори фисқу фасод мешавад. Ҷомеае ки дар он ахлоқи фасод ҳукумат дорад, ба муҳит сироят карда, таъсири манфии худро мерасонад ва саранҷом кулияи мардумро ба кӯи бадахлоқӣ мекашонад.

Дуруст аст, ки ҷомеаи демократӣ ба инсон ҳуқуқҳои васеъе дода, озодии ботинӣ ва фикриашро таъмин менамояд. Инсон ба ҳар сурат, ки мехоҳад зиндагӣ мекунад ва дигарон ӯро аз ин ҳуқуқҳо маҳрум карда наметавонанд. Озодии инсон беҳтарин неъмате барояш маҳсуб меёбад ва тамоми умр барои ин мубориза мебарад, то худро як ҷузъи комили ҷомеа бидонад. Аммо, ин ҳама озодиҳо на ҳамеша инсонҳоро хушбахт мегардонанд. Дар аксари мавридҳо инсони "озод" дучори бадбахтиҳо ва фоҷиъаҳое мешавад, ки табобат ва ислоҳи он ғайриимкон мегардад.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва коршиносон таърихи пайдоиши демократияро ба ҳар навъ баён намудаанд. Гурӯҳе истилоҳи "озодӣ"-и инсонҳоро ба миён оварда, бадин васила кӯшидаанд низоми солимеро дар ҷомеа бишкананд ва "баробарии" ақшори ҷомеа, махсусан зану мардро таъмин намоянд. Дар ҳар ду маврид ҳадафи асосӣ пахши идеологияи ҷадид, ки боиси фасодшавии ҷомеа мегардад, будааст. Махсусан таваҷҷуҳи асосӣ ба кишварҳое, ки низоми салтанаташон исломӣ буда, дар онҷо бештар мусулмонон зиндагӣ мекунанд, мабзул гардидааст. Дар баробари дигар аҳдоф истеъмори фарҳанг ва дину ақоид ва одобу хусусиёти миллатҳоро мавриди ҳадаф қарор дода, ҷомеаро ба сӯи фарҳанги бараҳнагӣ ва нимбараҳнагӣ мекашонанд. Возеҳ аст, ки инсони бефарҳанг ва бадахлоқ барои даст задан ба ҳама омоли зишт қодир аст. Маишати чандлаҳзаинаи худро болотар аз ҳама муқаддасот, ақоиди фарҳангиву мазҳабиву ахлоқӣ медонанд. Аз сӯи дигар фарҳанги бадахлоқӣ, бараҳнагӣ ва нимбараҳнагии занон бештар таваҷҷуҳи мардҳоро ба сӯи худ мекашад ва ҳамчун муҳаррике барои мард хидмат менамояд. Табиати инсон хеле заиф аст ва бо дидани бадани бараҳнаи зан зуд таҳрик мегардад.

Ҷомеае, ки фарҳангаш аз ахлоқи зишт сарчашма гирифтааст, бештар дучори фоҷиа, таҷовуз ва худкушии аҳолиаш мегардад. Тибқи навиштаи маҷаллаи амрикоии "Нюсвик" ҳар сол даҳҳо ҳазор зан дар Урупо мавриди таҷовузҳои ҷинсӣ, худкушӣ ва сӯйистифодаҳои дигарон қарор мегиранд. Танҳо дар Туркия, ки 98 фисади мардуми он мусулмон ҳастанд, вале фарҳанги ғарб дар он густариш ёфта, дар саросари кишвар 605 маркази расмӣ ва 565 маркази ғайриқонунии фоҳишагӣ фаъолият дорад, ки бештар аз 13671 зани бадкора ва 200 духтар таҷовуз гардида, мавриди таъқиб қарор гирифтаанд. Тибқи оморгирӣ дар Инглистон 41 фисади занони аз 16 то 30 сола мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд.

Дар кишварҳое, ки фарҳанги бараҳнагӣ ва нимбараҳнагӣ ҳукумрон аст, бемориҳои рӯзафзуни равонӣ афзоиш меёбад, ки саранҷом ба худкушиҳо оварда мерасонад. Омори ваҳшатноки худкушиҳо дар ғарб низ собит месозад, ки бо аз даст додани фарҳанги инсонӣ мардум ба чӣ даҳшатҳое рӯ ба рӯ гардидааст. Бинобар навиштаи Делл Корнеги равоншиноси машҳури Амрикоӣ дар Олмон солона 10 ҳазор нафар худкушӣ кардаанд ва 13000 нафар мавриди таҷовуз қарор гирифтаанд ва билохира онҳо низ даст ба худкушӣ задаанд. Тибқи омори Юнеско дар ҳар дақиқа як нафар дар Амрико дар садади худкушӣ қарор дорад, ки ин падидаҳои манфӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Коршиносон ва равоншиносон бар ин ақидаанд, ки намоиш додани андом аз тарафи занҳо на танҳо як аломати бемории равонӣ маҳсуб мегардад, балки падидаи беморзо буда, амрози равониро дар дигарон эҷод менамояд. Ин ҳама намунае аз нишондиҳандаҳои масоили равонӣ ва фасод дар ҷомеаи ғарб аст, ки таъсири он тамоми ҷаҳонро гирифтори ин бемории шум гардонидааст.

Бемории СПИД, ки муҳликтарин бемории асри ҳозир мебошад, аз фасодии ахлоқ ва равобити ҷинсии носолим сарчашма мегирад. Тибқи маълумоти коршиносон ин беморӣ аз ду тариқ, хун ва робитаҳои ҷинсӣ ба дигаре интиқол меёбад. Дар асоси гузоришҳои Созмони беҳдоштии ҷаҳонӣ, танҳо дар Амрико 130 ҳазор нафар гирифтори ин беморӣ мебошанд. Дар саросари дунё се миллион кӯдак дар даҳаи ахири асри бист ҷони худро аз ин беморӣ аз даст додаанд. Умдатарин иллати марги занони аз 20 то 40 сола, ки муқими шаҳрҳои бузург дар Амрико, Урупои ғарбӣ ва биёбонҳои Африқо ҳастанд, бемории СПИД мебошад.

Тавре ки мебинем, фасодии ахлоқ, алоқаҳои ҷинсии марду зан дар "ҷомеаи озод" боиси бадбахтии миллатҳо дар курраи олам гардидааст ва мусабаби бемориҳои хатарнок дар ҷисми одамон мебошад.

Нуктаи ҷолиб ва ҳайратовар ин аст, ки дар мавриди фаҳшу фоҳишагарӣ ва танфурӯшӣ дар саросари ҷаҳон то ҳанӯз қонуне қабул нагардидааст. Қабул нагардидани чунин як қонун ҳадафҳои худро дорад. Занҳои фосиқ хуб медонанд, ки бо аъмоли танфурӯшии худ ба ҷиноят кашида намешаванд ва танҳо бо пардохти ҷарима худро аз ҷавобгарӣ халос менамоянд ва аъмоли зишти онҳо, ки ҷомеаро ба фасод мекашад, мавриди муҳокима қарор намегирад. Чӣ қадар, ки инсон пойбанди аъмоли зишт гардад ва ба фасод рӯ оварад, идораи он осонтар мегардад. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҳуқуқшиносони ҷаҳонӣ ин масъалаи доғро нодида мегиранд ва эътиборе ба он намедиҳанд.

Боиси нигаронист, ки на танҳо мардуми тоҷик, балки миллатҳои собиқи ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар тули 73 соли Ҳукумати Шуравӣ ба ҷуз аз фарҳанги ба худ бегона чизи дигареро касб накарданд. Сиёсати вақт пеш аз ҳама махлутсозии фарҳангҳо буд. Фарҳангу тамаддуни бегонаро, ки саропо иборат аз фисқу фисад буд, дар ин муддат тавонистанд сари миллатҳои хурд таҳмил намоянд. Ҳадаф аз баробарсозии ба истилоҳ ҳуқуқи зану мард пеш аз ҳама дар фасодсозии тамаддуну фарҳанги миллатҳо буруз мекард. Ҷои пӯшида нест, ки зан як узви босуботи ҷомеа аст ва бунёни мустаҳками хонавода ва ҷомеа шинохта шудааст. Бидуни ширкати зан ва саҳми фаъоли ӯ ҳеҷ як хонаводае ва ё ҷамъияте босубот буда наметавонад. Шарқиҳо аз қадим ҷойгоҳи занро дар зиндагӣ муайян намуда, нисбаташ эҳтиромоти зиёдро қоил буданд ва ин падида имрӯз ба мақомҳои болотаре расидааст.

Мутаассифона, сиёсатҳои бо ном озодихоҳонаи ғарб ва идеологҳои султаи шӯравӣ суннатҳои миллии моро поймол карда ва анқариб ба дасти нобудӣ супурда буданд. Фарҳанги бараҳнагӣ ва нимбараҳнагӣ, ки тавассути намоишномаҳо, филмҳову консертҳо намоиш дода мешуд, филмҳои фаҳш, ки пайваста дар синамоҳо ва телевизион пахш мегардид, ба афкори равонии миллатҳои хурд бетаъсир намонд. Дар тули ин давра мардум ба фарҳанги бегона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳар кас мехост бадин васила пешрафта будани худро намоиш диҳад ва собит созад, ки шахси фарҳангӣ ва мутамаддине гардидааст. Дар шаҳрҳо бо либоси миллӣ гаштугузор кардан ва ба ҷои кор бо ин либос ҳозир шудани иддае аз занони покдоман аз тарафи ғарбгароён ва фарангимаобон мавриди масхара қарор мегирифтанд. Домани кӯтоҳ пӯшидан муд шуда буд ва ҳамаро бо ин тарзи либоспӯшӣ таблиғу тарвиҷ менамуданд, ки ҳоло ҳам аз ин тарзи либоспӯшии "фарҳангиён" ҷавондухтарони мо худро "саодатманд" медонанд. Дар ҳоле, ки худи урупоиҳо кайҳо доманҳои кӯтоҳашонро ба пироҳанҳои дароз табдил кардаанд ва отифияти занонаи худро ҳифз менамоянд.

Ҷои шубҳа нест, ки нимбараҳнагии зан ҳамеша таваҷҷуҳи мардҳоро ба худ ҷалб менамояд. Марде, ки ахлоқи фосиқ дорад ва аз фасод пуштибонӣ менамояд, мехоҳад занро бо ин ҳолат бубинад, то лаззати шаҳвонӣ бибарад. Зан ҳам дар навбати худ мекӯшад, то ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи мард қарор дошта бошад ва ба ин васила, ки аз дасисаҳову валвалаҳои шайтонист, аҳдофи худро пиёда созад ва бо як "хиромидан" мардро мутеъ ва фармонбардори худ гардонад.

Шеъру ғазал, достону ривоятҳо, ки васфи зани шарқиро сурудааст, ҳамеша отифӣ будани занро дар мадди аввал гузошта, ӯро олиҳаи ҳусн, гавҳари гаронбаҳои ҳастӣ хондааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ, Лайлӣ ва Маҷнун, Хусраву Ширин ва садҳо достонҳои дигар покдоманӣ, қаҳрамонӣ ва садоқати занро васф намуда, ӯро бунёнгузори ҷомеаи солим номидааст. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат занро мӯъҷизаи илоҳӣ муаррифӣ намуда, дар симои ӯ меҳр ва шафқати модарро ба намоиш гузоштааст. Дар фалсафаи мардуми машриқзамин, зан ҳамеша зебоӣ ва отифияти хешро танҳо барои шавҳараш намоиш медиҳад на ба каси дигаре. Бузургии зан аз садоқате, ки ӯ нисбат ба шавҳараш дорад, пайдо мегардад.

Суоли матраҳ ин аст, ки миллати тоҷик бо ҳама хусусиёташ аз дигар миллатҳо фарқ мекунад, чӣ аз нигоҳи рафтор, чӣ аз нигоҳи либоспӯшӣ ва чӣ аз нигоҳи тафаккур ва фарҳанг. Ба он соне, ки имрӯз зиндагӣ дорем, ба гумон аст, ки баъди даҳсолае аз фарҳангу тамаддуни худ чизе боқӣ бимонад. Масъалаи муҳим, ки имрӯз боиси нигаронӣ гардидааст, касеро дар канор гузошта наметавонад, эҳё ва зинда гардондани суннатҳои миллӣ мебошад. Оид ба либоси миллӣ зиёд ҳарф мезананд, баҳсҳои доманадоре таъсис медиҳанд, аммо боз ҳам натиҷаи дилхоҳе ба даст намеояд. Зани тоҷик воқеан дар саргумие қарор гирифтааст, намедонад чӣ либосе бипӯшад ва чӣ гуна симои миллии худро намоиш бидиҳад. Ба истилоҳ моделерҳои мо чизе ба бонувони тоҷик пешниҳод намекунанд, ба ҷуз чанд намунае аз либосҳои фарҳанги урупоиён. Амалӣ сохтан ва ба сурати миллӣ баргардонидани либоси миллии зани тоҷик бояд дар сатҳи боло ҳаллу фасл гардад. Вазорати фарҳанг дар ин масъала аз худ ҷиддияти бештаре зоҳир намояд. Тавре ки туркманҳо либоси миллии худро муайян кардаанд ва имрӯз дар тани ҳар туркманзане онро мебинем. Гӯяндагон ва аҳли ҳунари мардуми туркман симои воқеии худро ба риояи суннатҳои миллии хеш аз пардаҳои телевизион намоиш медиҳанд ва бинанда бидуни муааррифии касе ба хубӣ дарк мекунад, ки ин ҳамон туркманзан аст на каси дигаре. Баракси ҳол дар барномаҳои телевизионҳои мо гӯяндагон ва барномасозон ҳар тавре, ки пеш ояд, ба он сон либос мепӯшанд, ки аксаран боз ҳам ба ҳамон фарҳанги нимбараҳнагӣ тақлид мекунанд.

Риоя ва пос доштани суннатҳои миллӣ яке аз вазоифи аввалиндараҷа ва ҷонии ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Вазифаи муҳими мо ин аст, ки ба тарбияи ахлоқии ҷавонон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намоем. Муқаддасоти миллӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии худро ҳифз кунем ва пойбандӣ ба фарҳангу суннатҳои бегонаро фаромӯш намоем.


Ибодулло Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97