«ЧАРОҒИ САБЗ»-и КРЕМЛ роҳро барои ТОҶИКӢ кушод

Фарҳанг ва адаб 25.07.2008 16:00
Яке аз роҳҳои асосии расидан ба коммунизм ва ё ояндаи дурахшонро бунёдгузорони коммунизми ҷаҳонӣ дар мавҷудияти забони ягонаи универсалӣ медиданд. Энгелс дар як мактуби худ ба Маркс ҳатто гуфта буд, ки дар миёни забонҳои зиндаи ҷаҳон ин нақшро метавонад забони форсӣ иҷро кунад. Аммо забонеро, ки бунёдгузорони коммунизм дар асри Х1Х орзу доштанд, то ҳол ба миён наомадааст. Забони эсперанто ҳам дар саросари ҷаҳон маҳбубият пайдо накард.

Тамоми забонҳои аврупоие, ки дар тӯли 400-500 соли охир забонҳои ҷаҳонӣ шудаанд, ё ба зӯрӣ ё ба зар нуфуз пайдо кардаанд. Аммо дар рақобати миёни абарқудратҳои ҷаҳонии вақт шояд аз ҳама бештар забони форсӣ зарар дида бошад. Империяҳои Англияву Русия дар асри Х1Х доираи нуфузи забони форсиро дар Ҳинду Покистон, Қафқозу Осиёи миёна ба нестӣ расонданд. Кор то ҷое расид, ки забони форсиро дар се кишвар се ном монданд; форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ. Чун роҷеъ ба ин масъала дар мақолаи худ "Тоҷикон, "Бозии бузург" ва низоми нави ҷаҳонӣ" (ҳафтаномаи "Нигоҳ", №42, 43, соли 2007) муфассал гуфта будам, ин ҷо таваққуф намекунам.

Азбаски масъалаи забон бо алифбо пайванди ногусастанӣ дорад, фикр мекунам ишораи чанд нукта доир ба он шояд аз манфиат холӣ набошад.

Аслан, масъалаи табдили алифбо дар кишварҳои ҷаҳони муосир ҳарфи нав нест. Дар аксари кишварҳо ба ин масъала аз нуқтаи назари илмӣ ва ё амалӣ нигариста, онро пӯшиши сиёсӣ надодаанд. Ин масъала шояд танҳо дар собиқ Русияи императории асри Х1Х ва Иттиҳоди шӯравии вақт хусусияти сиёсиро ба худ касб карда бошад.

Табдили алифбо ба назари ман, кӯшише буд барои русисозии халқҳои ғайрирус дар ин қаламрав. Ҳанӯз то зуҳури давлати шӯравӣ дар ин кишвар таҷрибаи таърихӣ вуҷуд дошт, Императорҳои Русия дар нимаи дуюми қарни Х1Х "ҷангҳои алифбоӣ"-ро бо сокинони Украинаву Полша, Литваву Белорусия шурӯъ карда буданд. Сабабе, ки дар ин замина пеш меоварданд, ин буд, ки мехоҳанд пеши роҳи ҷудоихоҳони поляку украин ва ғайраро бигиранд. Идеяи тағйири алифбои форсӣ низ маҳз дар ҳамин давра, яъне то таҷовуз ба Осиёи миёна аз ҷониби корманди идораи императории Русия дар Қафқоз Мирзо Фатҳалӣ Охундов пешниҳод гардида буд, ки ин таърихи дурудароз аст ва дар чорчӯби ин мақола намеғунҷад.

Яке аз ҷонибдорони сарсахти табдили алифбо ба хатти лотинӣ вазири маорифи Иттиҳоди шӯравӣ Анатолий Луначарский менависад, ки мардуми мусулмони кишвар, "китобхонаҳои бузург надоштанд, агар содда карда гӯем, адабиёте, ки онҳо бо забони арабӣ (шояд манзураш алифбои арабиасос бошад, на забони арабӣ.-Н.Д) доранд, аз ҳеч гуна арзиши амалӣ бархурдор нестанд. Биноан, ба ин халқҳо зарур меояд, ки чопхонаҳои навро инкишоф бидиҳанд. Ва ин танҳо барои он нест, ки бояд китобҳои зиёд ба нашр бирасонанд, балки барои он ҳам ҳаст, ки китобҳо бо мазмуни нав (яъне идеологияи шӯравӣ-Н.Д) таълиф бигарданд".

Таҷрибае, ки болшевикони рус дар қаламрави собиқ Иттиҳоди шӯравӣ гузаронданд, дар таърихи ҷаҳон назир надошт. Британияи кабир дар авҷи иқтидори худ 40 давлатро мустамлика карда буд, Франсия 25 давлатро, Испания, Голландия ва Португалия ҳам дар ихтиёри худ қаламрави бузургеро дар ихтиёр доштанд, аммо ин метрополияҳо мекӯшиданд забонҳои худро дар он марзу бумҳо тавсеа бахшанд.

Аммо болшевикони рус бо ислоҳоти алифбо дар Иттиҳоди шӯравӣ тӯли ду даҳа ду бор алифбои 21 забонро иваз намуданд ва се бор алифбои 12 забонро. Ҷонибдорони ин ислоҳот ҳатто алифбои баъзе минтақаҳои Русияро, ки чанд аср пеш мустамлика шудаву алифбои кириллиро ба сарашон таҳмил намуда буданд, иваз намуданд. Онҳо алифбои кириллиро ҳам "алифбои ба сохтмони сотсиализм бегона", " пасмондаи алифбои синфии феодалҳо-помешикҳо ва буржуазия" ном ниҳода буданд.

Луначарский ва ҷонибдорони ӯ, ки ислоҳоти имлои забони русиро ҳанӯз дар соли 1918 татбиқ карда буданд, мехостанд алифбои русҳоро низ ба алифбои лотинӣ иваз намоянд, зеро ба андешаи эшон алифбои кириллӣ тамоми овозҳои забони русиро ифода намекард. Баъди барканор кардани Луначарский аз вазифаи вазири маорифи Иттиҳоди шӯравӣ баррасии ин масъала дар Бюрои сиёсӣ бо ширкати Сталин доир гардид. Роҳбари давлати шӯравӣ 5 июли соли 1931 шахсан супориш дод, ки "ба ҳама гуна баҳсҳо" дар мавриди "ислоҳот"-и алифбои русӣ хотима дода шавад. Мутахсассисон сабаби аслии ин қарорро дар он мебинанд, ки бо шикасти Тротский ва бадарға гаштани ӯ аз Иттиҳоди шӯравӣ Сталин аз идеяи инқилоби ҷаҳонӣ даст кашида буд. Сарфи назар аз ин, даъвоҳо дар ин маврид то охири солҳои 30-юми қарни гузашта идома ёфтанд. Ҳамин тариқ, Сталин русҳоро аз тағйири алифбояшон наҷот дод.

Бо кӯтоҳ шудани дасти Луначарский ва ёронаш Сталин тасмим гирифт, ки ба ҷои алифбои лотинӣ ба сари як қатор халқҳои шӯравӣ алифбои русиро таҳмил кунад. Дар миёни ин халқҳо тоҷикон низ буданд.

Масъалаи табдили алифбо дар Чину Ҷопон ва ҳатто Ирон низ шурӯъ шуда буд. Дар ин кишварҳо низ бархе олимон иддао мекарданд, ки бояд ба алифбои лотинӣ гузаранд, зеро савод ёд гирифтан бо иероглифҳо ва ҳарфҳои арабӣ кори хеле мушкил аст, аммо ин кор ҳеч гоҳ сурат нагирифт. Дар Англия низ масъалаи ислоҳоти алифбо ихтилофи назарҳоро ба вуҷуд оварда буд. Дар алифбои англисӣ ҳамагӣ 26 ҳарф вуҷуд дорад, бинобар ин ҳама овозҳо ифода намешаванд. Дар тӯли сад соли охир дар ин маврид пешниҳодҳои хеле зиёд садо доданд. Бернард Шоу аз ҳисоби худаш маблағ ҷудо кард, то ки олимон алифбои нави англисиро тартиб диҳанд. Соли 1962 алифбои дорои 48 символ таҳия гардид, ки ба фонетикаи забони англисӣ мувофиқ аст. Вале он аз камбудӣ низ орӣ нест, зеро аз фонетикаи имрӯзаи ин забон ба куллӣ фарқ мекунад. Коршиносон ҳеч бовар надоранд, ки ин алифбои нав ягон вақт дар Англия ҷорӣ шавад.

Густариши забони русӣ дар замони Хрущёв ва Брежнев дар қаламрави Иттиҳоди шӯравӣ ва кишварҳои Аврупои шарқӣ, ки зери таъсири Маскав қарор доштанд, боиси норозигии зиёд дар ин минтақаҳо гашт. Ҳатто дар Тоҷикистоне, ки аксари роҳбаронаш ғуломони ҳалқабаргӯши Маскав буданд, мардум аз чунин сиёсат изҳори норозигӣ мекарданд. Гузашта аз ин, аксаран соҳибмансабони ҷумҳурӣ ё рус буданд ё тоҷикони русшуда. Бинобар ин, масъалаи забон хоҳ-нохоҳ ба масъалаи доғ мубаддал мегашт. Нахустин бор дар Тоҷикистони шӯравӣ нисбат ба ин сиёсат гурӯҳи калони равшанфикрони тоҷик дар солҳои 60-уми асри гузашта садои эътирози худро баланд намуданд. Онҳо ба назди Раиси Президиуми Шӯрои олӣ Маҳмадулло Холов рафта аз ӯ талаб карданд, ки бояд ба забони тоҷикӣ мавқеъ дода шавад. Холов ба онҳо ваъда дод, ки ин масъаларо ҳатман мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, вале баъди чанд рӯз ҳамаи эътирозгарон зери фишори шадид қарор гирифта, дар миллатгароӣ муттаҳам гардиданд.

Бори дуввум баъди чанд сол шоири машҳур ва ҷавонмарг Ғоиб Сафарзода ба пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ мақолае навишт, ки он тамоми роҳбарони асолатбохтаи тоҷикро, ки ғуломони ҳалқа баргӯши Маскав буданд, ба ларза даровард. Иван Ковал, чашму гӯши Маскав дар ҷумҳурии мо, ки роҳбари аслии Тоҷикистон ҳисоб меёфт, масъаларо кундаланг монд ва ин мақола аз ҷониби Комитети марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шадидан маҳкум гардид. Сардабири рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" Ашӯр Ҳалимов барои чопи ин мақола аз мансаб сабукдуш гардид.

Вақте ки соли 1977 Конститусияи брежневӣ ба муҳокимаи ҷомеаи шӯравӣ пешниҳод гардид, ҷумҳуриҳои Қафқоз-Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон тавонистанд ба забонҳои худ мақоми давлатӣ диҳанд. Дар Озарбойҷон ва Арманистон ин масъулиятро роҳбарони худи ҷумҳуриҳо ба дӯш гирифтанд. Аммо дар Гурҷистон парчами муборизаро мардум баланд кард. Онҳо талаб доштанд, ки агар забонашон давлатӣ эълон нашавад, гирдиҳамоии бузургеро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ мекунанд. Тасмими роҳбарон ва халқҳои Қафқоз КГБ-и СССР-ро ба ташвиш овард. Соли 1995, баъди чанд соли суқути империяи шӯравӣ яке аз роҳбарони баландпояи ин созмон Филипп Бобков дар китоби худ "КГБ и власть" менависад, ки ҳатто ин созмони пуриқтидор натавонист пеши роҳи миллатгароёни қафқозиро дар масъалаи забон бигирад.

Дар Тоҷикистон ба қавли Шарофиддин Рустамов дар байни равшанфикрон масъалаи мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ мавриди муҳокимаҳо қарор гирифт, вале пешниҳоди мушаххасро касе накард. Муҳаммадҷон Шукуров дар ибтидои соли 1989, яъне чанд моҳ пеш аз забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ба саволи он ки, оё ҳангоми қабули Конститутсияи брежневӣ имкон дошт забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирад, чунин посух гуфта буд: "Он замон замоне буд, ки дар масъалаҳои ҷиддии сиёсӣ бо истодагарӣ, бо овози баланд сухан кардан, сахт истодан мумкин набуд. Масъалагузории андак зуд пешгирӣ шуд ва дигар имконияти ҳамаҷониба муҳокима кардани ин масъала мавҷуд набуд". Агар ин гуфтаҳоро ба забони одии тоҷикӣ баргардонем, маънояш ин аст, тоҷикон мисли мардуми Қафқоз ҷасорат надоштанд.

Пурсарусадотарин даъвои равшанфикрони тоҷик то оғози бозсозии Горбачев соли 1982 сурат гирифт. Дар ин сол муаллифи нахустин китоби "Алифбо" зимни мусоҳибаи худ бо телевизиони Маскав эълон дошт, ки тоҷикон то пирӯзии инқилоби болшевикӣ бесавод буданд, бинобар ин, ҳамаро ба онҳо давлати шӯравӣ дод. Вокуниши як гурӯҳи калони олимони тоҷик дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" зери унвони "Таърих гувоҳ аст" ончунон шадид буд, ки ҳатто роҳбарони олирутбаи Комитети марказии Тоҷикистон ба таҳлука афтида буданд. Дар Маскав ҳам хуб фаҳмиданд, ки сиёсати манқурткунии тоҷикон бо кундӣ пеш меравад.

Сардабири рӯзномаи "Маориф ва маданият" зани боҷасорат Бӯриниссо Бердиева, ки дар даврони рукуди Брежнев парчами худшиносии миллати тоҷикро баланд бардошта буд, аз вазифа сабукдӯш гардид.

Сарфи назар аз ин вокунишҳо дар натиҷаи сиёсати русикунонӣ зери шиори интернатсионализм аз ҳама бештар забони мо зарар дид.

Сиёсати ҳисобшудаи Кремл дар масъалаи забонҳо бо мурури замон нақши забони тоҷикиро ҳатто дар ҷомеаи мо ба ҳоли табоҳ расонд.

Баҳсҳое, ки дар мавриди забон баъди чопи мақолаи "То ба кай об аз таги ях меравад"-и Мирбобо Мирраҳимов ба миён омаданд, нишон доданд, ки аксари "аллома"-ҳои давр ҷонибдори забони модарии худ нестанд. Инҳо баҳсеро дар расонаҳои Тоҷикистон шурӯъ карданд ва ҳамон андешаҳоеро, ки Маскав дар зеҳнашон дар тӯли мавҷудияти давлати шӯравӣ ҷой лода буд, ки форсиву дариву тоҷикӣ се забонанд, шурӯъ намуданд. Вазъият замоне тайир ёфт, ки Маскав барои мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ "чароғи сабз" нишон дод. Ва баъди ин мусобиқа барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар миёни уламо шурӯъ гардид. Дар Тоҷикистон ба таври васеъ омӯзиши алифбои ниёкон оғоз гардид. Ниҳоят 22-юми июли соли 1989 Қонун дар бораи забон қабул гардид ва дар он забони давлатӣ тоҷикӣ (форсӣ) эълон гардид.


Нуралӣ ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97