УФҲО

Фарҳанг ва адаб 24.07.2008 19:40
Уф-ф, мана, наконес,- тфу,- оқибат гуфтани будам,- мо ҳам ба қатори одам даромадем. Акнун моро ҳам УФ мегӯянд. Росташро гӯям, гап дар ҳамин дарунҳо будаасту мани гаранг роҳи Русияро охурча карда гаштаам. Қариб номамро фаромӯш карда будам. Дар Тоҷикистон - русиян, дар Русия - бомж, дар роҳи оҳани байни ҳардуяш - алкоголик. Яъне, бадмаст. Ана ёбу гиру кобу гард! Ҳозир бошад, тамоман гапи дигар. "Аз фалони УФ илтимос дорем, ки марҳамат карда, ба хонаи мо марҳамат намоянд, чунки бе маслиҳати фалониУФ кори мо пеш намеравад. Маъракаамонро гузаронида наметавонем".

Ҳамон фалониУФ, ин яъне ман. Чунки ман УФ! УФ-и оид ба танзим. (Гап байни худамон, ман маънои ҳамин танзимро ҳам чандон сарфаҳм намеравам). Лекин корам чӣ?

Маоши муайян надорад, лекин даромадаш нагз. Мағзу- чағзу як буз (бойтараш гӯсфанд) қариб ба расмият даромадааст.

Мо дар "танзимамон" одами маошхӯр ҳам дорем. Лекин вай дар ноҳия курсинишин аст. Раисамон.

Ҳамин ки раиси маошхӯрамон аз ноҳия ба мардаки тӯйдор Справка дод, ки "ваӣ, яъне тӯйдор, ҳақ дорад, дар ҳавлии худаш, бо пулу амволи бо арақи ҷабину обилаи даст ёфтаи худаш, бо шумораи меҳмонони аз тарафи давлат муайяншуда (Баъд мо УФ-ҳо он меҳмонҳоро чун гӯсфанд донаҳисоб мекунем) тӯй гузаронад" дар деҳа дарҳол мо УФ-ҳо ба кор шурӯъ мекунем. Даставвал справкаро дар зери микроскоп таҳқиқ карда хатогиҳои онро меҷӯем. (Ҳарчанд барои справкаи бо дасти раиси маошхӯри мо навишташуда, микроскоп ҳам лозим нест). Фалон нукта дар ҷояш наомадааст ва чаро калимаи тӯй дар нохунак гирифта нашудааст... Чаро нохунак? Чунки тӯйҳои ҳозира танҳо дар нохунак тӯйянд. Дар асл он чорабинии ҳукуматист, ки дар ҳавлии шахси алоҳида бо ёфтаю тофтаи ҳамон шахс мегузарад.

Итак, (яъне инак гуфтани будам), мо саҳву хатоҳоро ба назар гирифта ба тӯйдор мефармоем, ки ё ҳарчӣ зудтар ба ноҳия рафта (то ноҳия 40 км. роҳ. Нақлиёт: асп, хар ё ду пои тӯйдор), справкаи бехато гирифта меояд, ё-о… ва даст ба киссаҳ ҳоямон мебарем. Вай дарҳол "Ё"-и дуюмро иҷро мекунад. Мо пулро ба киса зада рӯзи маслиҳати хапакиро муайян мекунем: "бе овозаю дарвоза, як рӯз пеш аз тӯй"… Инак, ман, дина бомжи русиян, як алкогол… (тавба кардам), имрӯз дар сари чойники чойи алаказой, раҳматии буз ва мағзу чағз нишаста ба мӯйсафеде, ки даҳ духтару дувоздаҳ писарашро хонадор кардааст, так сказать, яъне… маслиҳат медиҳам. Маслиҳат медиҳам,ки вай бояд чанд чинӣ биринҷро ба дег андозад ва биринҷ ҷам бояд чинӣ (хитоӣ) бошад, зеро он аз биринҷи Регар арзонтар аст. Чанд шиша арр…равған харад ва меҳмононаш киҳо ва чанд нафар бошанд…

Мизбон ба зорӣ медарояд, ки фақат шумораи набераю абера ва қудоҳояш аз рақами номбаркардаи мо УФ-ҳо зиёдтаранду вай бошад дар вақташ зону зада нону намаки аҳли деҳаро хӯрдааст ва бояд акнун ҷавоби онро баргардонад. Дар ин ҷо фазаи дуюми даромад ба кор медарояд: мо шумораи пули додаи тӯйдор яраша қарор қабул мекунем, ки ба шумораи меҳмонон ва килои биринҷ як чашмамонро маҳкам кунем ё ҳардуяшро қоқ пӯшем…

Ана бародарон гапу кор ҳамин. Ман акнун дар ҳама ҷой бо ифтихор ва сари баланд гуфта метавонам, ки ҳукумати ноҳияамон як шаҳрвандашро аз Русия бозпас хонда, бо кор таъмин намудааст.

Ҷон хонаи мардум, ҳузури ҷон хонаи мардум,

На ғами об хӯрем, на гандуму на ҳезум.



Нурулло АБДУЛЛО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97