Овозхоне, ки моро ба Бухоро мехонад кист?!

Фарҳанг ва адаб 24.07.2008 19:00

Майлу хостаҳои зиёди зистан, ҷӯстан ва ковишҳои пайвастаи инсон дар ин олам аз кашиши ҷаҳоние, ки дар вуҷуди ҳар инсон ҷойгир аст, бармехезад. Ин кашиш монанди оҳанрабоест, ки ҳамеша инсонро ба андӯхтан ва афрӯхтан муроғиб месозад. Дақиқтараш ин кашиши дарунии мо аст, ки ба исми Ишқ ёд мешавад ва дар ашъори шоирони файласуф ба такрор омадааст.

Дар ҳақиқат, агар эҳсос ва ҷозибаи Ишқ намебуд, шояд дар рӯи Замин зиндагии олами набототу рустанӣ, ҳайвонот, дар канори он ҳайёти инсонӣ низ густариш пайдо намекард.

Инсон иртиботи худро ба мафҳуми Ишқ бо фаъолият ва аъмоли худ зоҳир месозад. Ҳайкалтароши бузуруги итолиёвӣ Микеланҷело асарҳои пуршаҳомати худро бо заҳмати зиёд ба анҷом мерасонид. Дидани ҳайкалҳои ӯ дар дили ҳар бинанда аз дарёфти шаҳомат ва зебоии онҳо ваҳм падид меояд. Микеланҷело ишқи худро ба ин тарз ба Олам ва Офаридгор изҳор намуда буд. Дарку эҳсоси Ишқ дар дили Инсон парвариши фазилатҳои наҷиб ва некиро мепарварад.

Агар ин фазилатҳои наҷиб дар партави оҳанги дилангез бо каломи воло ва садои хушадо намоён гардад, нур болои нур аст! Овозхони шинохтаи тоҷик, Артисти шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддини Кабир, яке аз он ҳунармандонест, ки дар дида ва қалби мухлисонаш ҳамчунин як эҳсоси наҷибе барангехта аст.

Амриддини Кабир зодаву парвардаи Тоҷикистон аст. Устоди аслии ӯ падараш - акаи Садриддин, як шахси донишманд ва огаҳ аз илми санъат ва маърифат буд. Устоди мактабиаш Назаралиев ва устод Муҳаммадхоҷаи Тура - ҳофизе, ки дар байни мардум соҳибэътибор буд, мебошанд.

Ин кӯдаки навниҳол, ки ба адабиёт, шеър ва тарона дилбастагӣ дошт, аз аввалин сабақ устодаш Муҳаммадхоҷаи Тураро ба шигифт овард. Чун дар як шабонарӯз чанд ғазал ва қасидаву рубоии шоирони классикро батамом ҳифз намуд. Ин аввалин вазифаи хонагие буд, ки устод ба шогирд вогузор карда буд, ки тадриҷан биомӯзад. Аммо ҳеҷ интизор надошт, ки Амриддини даҳсола аз уҳдаи иҷрои чунин кор ба ин зудӣ мебарояд. Ин истеъдоди Амриддини хурдсол масъулияти устод Муҳаммадхоҷаи Тураро афзун кард. Аз он замон устод шогирди худро бо итминони комил ба саҳнаи овозхонии маросимҳои мардумӣ иҷозат медод. Зуд-зуд дар сафар ба ноҳияҳои дур устод шогирди хурдсолро бо худ мегирифт. Ҳамин тариқ Амриддин аз хурдсолӣ дар таҳти кафкубиҳои мардум санъати овозхонӣ ва оҳангсозии худро рушд дод.

Ҳамчунин Амриддини Кабир дастпарвардаи Донишгоҳи Давлатии Ҳунарҳои Зебо, ба номи устод Мирзо Турсунзода мебошад. Солҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Бохтар раиси хонаи маданият буд. Ҳамеша ба офаридани суруду оҳангҳои нав мекӯшид.

Боди нооромиҳои сиёсии Тоҷикистон ӯро ногузир сокини ҷумҳурии Қирғизистон намуд. Дар ин солҳо эҷодиёти ӯ ҷанбаи фалсафӣ пайдо кард. Амриддини Кабир ба ашъори шоирони классики форсу тоҷик: Ҳофиз, Аттор, Саноӣ, Камоли Хуҷандӣ, ҳамчунин ба ашъори шоирони муосири тоҷик: Гулрухсор, Д. Мирзо, Р.Ваҳҳоб, С.Зардон, Сиёвуш, Каримӣ, Н.Қосим ва дигарон оҳангҳои дилошӯб баст. Хоса рӯ овардан ба ашъори Ҷалолиддини Румӣ боиси тавлиди таронаҳое гардид, ки ҳар шунавандаро ба ҷустуҷӯи дарки асрори олами мастур раҳнамун мекунад.

Қобили зикр аст, ки шунавандагони гуногунмиллати Қирғизистон тавассути сурудҳои ӯ ба ашъори адибони форсу тоҷик ошноии наздик пайдо намуданд. Мисраъҳои ин шуаро мухлисонро ба андеша водор мекунанд ва онҳо бо суолоти зиёд ба овозхон муроҷиат мекунанд. Амриддини Кабир худ инсони шеърфаҳм ва закибин аст. Ӯ сари масъалаи Инсон ва Ҳаёт ва охирати одам андешаҳои ҷолиб дорад. Ба масъалаҳои баҳсталаби фалсафӣ ҳаёти баъд аз марг, ки дар ашъори Ҷалолиддини Румӣ зиёд ифода ёфтааст, тавассути сурудҳои худ ҷавоби дақиқ медиҳад:

Фӯру шудан чу бидидӣ баромадан бингар,

Ғуруби шамсу қамарро чаро зиён бошад.

Кадом дона фӯру рафт дар замин, ки наруст,

Чаро ба донаи инсонат он гумон бошад.

Амриддини Кабир донандаи хуби ашъори Ҷалолиддини Румӣ аст. Аз рӯи посухҳояш ӯ ба мухлисони зиёдаш ба чунин хулоса меоем, ки вай мекӯшад бо сурудҳои худ дар дили инсон эҳсоси ҷовидонӣ, бақои олами илоҳиро бирасонад.

Эй басе сарҳои пок рехта дар пои хок,

Ту бидонӣ, ки сар он сари дигар ба ҷост.

Он сари аслӣ ниҳон, он сари фаррӣ аён,

З-он ки паси ин ҷаҳон олами бемунтаҳост.

Дар яке аз шабҳои шеъри Ҷалолиддини Румӣ дар шаҳри Бишкек, ки ба муносибати 800-солагии шоир доир гардида буд, Амриддини Кабир посухҳое дод, ки баъд аз он чандин нафари гуногунмиллат дар ҷустуҷӯи китобҳои Румӣ афтоданд. Ё ин ки бисёриҳо, ки исми шоир барояшон зиёд ошно набуд ё ин, ки бори нахуст мешуниданд, хоҳиши дарёфти иттилооти кофӣ ё китоби шеъри Мавлоноро мекарданд. Чунин шабҳои шеъру мусиқӣ, ки дар шаҳри Бишкек бо ташаббуси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ва бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд, ҳам сабаби намоиши ҳунар ва адабиёти ғании тоҷик гардидаанд.

Амриддини Кабир дар таблиғи санъати овоз, оҳанг ва шеъри волои адабиёти форсу тоҷик яке аз фаъолтарин фард ба шумор меравад. Ҳар як суруде, ки ӯ интихоб мекунад, на аз рӯи тахминҳои сар-сарӣ, балки бар асоси фаҳмиш ва қабули аслии ботинӣ ба он оҳанг мебандад. Пас аз ҳар сурудаш дар атрофи ин таронаҳои ӯ баҳсҳои доманадоре барпо мегардад. Вақте ӯ бар ашъори Ҷалолиддини Румӣ таваҷҷуҳи шунавандаро ба масъалаи иллати пайдоиши олам, офариниши инсон ва масъулияти ӯ назари хоси худро баён мекунад, хоҳ нохоҳ дар дили ҳар як шунаванда чуну чароҳои зиёд падид меоянд. Эҳсоси хештаншиносӣ ва дарки Оламу Офаридгор ба авҷ меоянд. Зеро ҳунарманд бо чунин мисраъҳо ба мухлисонаш суол мекунад:

Олами хок аз куҷо, гавҳари пок аз куҷо

Гарчи фуруд омадем, бор кунем ин чӣ ҷост.

Бахти ҷавон ёри мост, додани ҷон кори мост,

Қофиласолори мо, фахри ҷаҳон Мустафост.

Овозхони дилбохтаи олами маърифат ва нур - Амриддини Кабир ҳар як суоли худро ба мухлисони худ устокорона мегузорад ва дар мисраъҳои шеърии дигари Ҷалолиддини Румӣ ҷавоби суоли худро бо сурудаш анҷом медиҳад. Танҳо ҳар шунаванда бояд хеле зирак ва зарифбин бошад, ки дурдонаҳои маърифату маънавиёт дар эҷодиёти ин санъаткор бо тирозу нағмаҳои асрорангез ба ҷилва меоянд. Чун ӯ мехонад:

Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чапу рост,

Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?

Мо ба фалак будаем ёри малак будаем,

Боз ҳамон ҷо равем, хоса, ки он шаҳри мост.

Амриддини Кабир соли 1992 соҳиби унвони Артисти шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буд. То имрӯз пайваста мекӯшад, то битавонад ҷоми истеъдоди худро аз ноби майи ашъори шакарину пурнамакини шоирони вологӯй лабрез намояд. Самараи сурудҳои ӯ то имрӯз дар 8 албоми суруд ва ҷамъи адади беҳтарин сурудҳо ба 90 расидааст. Оре, ин овозхони пуркор новобаста ба душвориҳои ҳаёти иҷтимоиаш саъй ва кӯшиш мекунад, тавоноӣ, истеъдоди нодири худро сайқал бахшад, чун Ҷалолиддини Балхи мефармояд:

Гар набудӣ нолаи найро самар,

Най ҷаҳонро пур накардӣ аз шакар.

Суруде, ки Амриддини Кабир бар ғазали шоири файласуфи тоҷик Р.Ваҳҳоб месарояд, яке аз ҷавобҳои ӯ ба мухлисонаш аст, ки барои ноил шудан ба Ишқ, ба ишқе, ки дунёи созандагиҳоро дар дили ҳар бошанда ҳувайдо менамояд ин аст:

Эй кинаҳо, эй кинаҳо, бурун равед аз синаҳо,

Чун занг аз ойинаҳо, ойинаҳои босафо.

Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки ҳадафи инсон дар ин олам соф намудани оинаи қалб аз ранҷишҳо, кинаҳост. Ҳадафи мо инсонҳо суфта намудани иродат ва ороста намудани ботин бо фазилати наку бошад.

Амриддини Кабир имсол ба сини пурбаракати 50 расидааст. Ӯ дар ин сини нимасраи худ дар айни авҷи камолоти эҷодкорист, ҳар рӯз ӯ доираи мухлисонашро дар толорҳои консертии шаҳрҳои гуногуни ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон бо садои фораму гуворояш ҳусн мебахшад. Садои ӯ ба қавли шоир Шодӣ "Кашида най аз оби пурмавҷ сар", то фалакҳо мерасад. Ҳадафи ин овозхон расонидани андешаҳои инсондӯстӣ, ғамхорӣ ва дӯстдории Инсонҳост.

Амриддини Кабир дар суҳбати дӯстони Бишкек ба суоли иртиботи ӯ ба олами тасаввуф, ирфон ва маънавият чунин ҷавоби муносибе дод: "Ин олам, оламест, ки хушнудиву даркушоӣ ёфтан ҳангоми ба дил расидани ғаму андуҳ аст". Ва илова намуд, ки ин ҳамон хулули Ишқи ҳамарофарогиранда аст, ки то инсон битавонад аз фарқиятҳо, таассубот ва хурофот қалби худро орӣ бисозад, то битавонад Олами Ҳақ ва Олами инсонҳоро дар иртибот ва пайвастагиҳо бубинад.

Ҳар рӯзат муборак,

Эй булбули хушхонии мо!


Шоиста Равшанова Қодиршоҳи Мурувват Мирасрори Фарғонӣ Қирғизистон
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97