Виҷдони раҳгум

Фарҳанг ва адаб 11.07.2008 20:02
Виҷдон, бегоҳӣ, вақти говгум, бо гардани дарункашидаю сари хам аз кор ба хона бармегашт, ки ногоҳ… 50 дирам ёфт. Дар рӯи роҳ. Асъори миллии худамон. Нав. Заб-зарди сурхчатоб. Тилло барин. Виҷдон хам шуда хост онро бардорад, вале… аз фикраш гузашт: " Худаш чӣ гап, аз ин мебарояд, ки ман пули шахси бегона, пули мардумро ба киса заданиям? Магар баъд аз ин ман худамро Виҷдон ҳисобида метавонам?"- Виҷдон рост шуд.

" Лекин, мумкин ин тангаро ягон каси дигар ёбад. Шояд, он одами тангаро ёфтагӣ, нокас махлуқе бошад. Он гоҳ бевиҷдонӣ тантана мекунад" Виҷдон боз хам шуд, вале, боз вале… "Агар ман ҳозир ин пули дар замин афтодаро бардорам, пас ба ҳамон бевиҷдони гуфтагиам, табдил меёбам… Не! Бигузор дар ҳамон ҷояш, дар замин мондан гирад". Виҷдон бо ғайрат рост шуд, лекин худи ҳамон замон ба хотираш расид: " Раваду ин тангаро ҳеҷ кас наёбад ва он дар байни чангу хок гум шавад, ё зиёда аз он таги пои ҳайвоноту одамон монад? Магар ин барои буҷаи давлати навбунёди соҳибистиқлоли мо кори нағз мешавад? Не, нағз намешавад. Бинобарин манфиати давлат талаб мекунад, ки ман ин тангаро бардошта ба киса андозам. Виҷдон ҳатто киссаҳояшро тафтиш карда боварӣ ҳосил кард, ки онҳо комилан холиянд ва танҳо пас аз ин боз барои бардоштани танга хам шуд: " Ростӣ, ман манфиати давлат гуфта худамро ором карданиям,- боз аз дил гузаронд ӯ,- эҳтимол соҳиби ин тангаи панҷоҳдирама саҳар барои кофтани пулаш биёяд ва онро наёбад, он гоҳ мани ин пулро ба киса зада кӣ ҳисоб мешавам? Албатта дузд!.. Не! Намегирам!" Виҷдон боз рост шуд. Бо тамоми баландии қомати якунимметра! Вале боз дар ким- куҷои майнаааш фикри аблаҳонае пайдо шуд: " «Хайр чӣ, ман метавонам эълон нависам: яъне, касе ки пул гум карда бошад, ба суроғаи зерин муроҷиат кунад ва ғайра… Соҳибаш пайдо шавад, медиҳам, пайдо нашавад, чӣ илоҷ худам…" Виҷдон хам шуд. " Агар 50 ё 100 нафар фиребгарон омада шикоят кунанд, ки ин маҳз пули онҳост? Ман сарҳисоби корамро чӣ тавр меёбам?" Виҷдон саросема рост шуд. " Бало зад! Соат аз яки шаб гузаштаасту ман … Лекин ин ҷо гап дар пул ҳам не, гап дар асос! Фарз кардем, агар шахсе чун ман аз роҳ ягон моли бесоҳиби афтодамондаро ёбад, пас ин моли вай ҳисоб мешавад? Албатта моли вай. Пас чаро ман каттагӣ мекунам? Охир 50 дирам ҳам пул. Асъори миллии худамон, натиҷаи заҳмати касе. Агар ҳозир ман хам шуда онро нагирам, пас ин ҳавобаландӣ ҳисоб мешавад" Виҷдон саросема хам шуд ва ҳатто дасташро ба сӯи танга дароз кард… ва ҳамин лаҳза (оё ин лозим буд?) хурӯсҳо ҷеғ заданд. " Ҳой, ман чӣ қадар бешармам! Мумкин ин пул аз киссаи касе афтода бошад, ки 10 кӯдак дорад. Шояд вай ҳозир тамоми киссаҳояшро чаппаю роста карда онро кофта истода бошад". Виҷдон қатъиян рост шуда ба сӯи хона давид. Ба хона даромад. Ба кӯдаконаш саросема " Салом!" гуфту чапасар ба сӯи корхона баргашт. Чунки аллакай субҳ дамида буд. Ба кор бояд рафт! Вагарна дер мемонад. Лекин бо сари баланд баргашт… ва бо димоғи чоқ! " Ба ҳар ҳол ман шахси матинирода ҳастам. Ҳатто гуфтан мумкин, ки ҳамчун коммунисти ашаддӣ. Ман акнун ҳатто ба чашми худам рост нигоҳ карда метавонам, зеро имшаб шояд ман ба худам ғолиб омада бошам.
Виҷдон ба он ҷое, ки танга афтода буд, расида… албатта бо сари баланд гузаштанӣ буд, вале чашмонаш… ғайричашмдошт ба сӯи танга дӯхта шуд ва дид, ки вай… даҳанаки зарди шишаи арақ будааст!..
- Ҷин занад!- вай сарашро дошта, ҳатто дар ҷояш нишаста монд,- чӣ қадар муборизаи ботиниро аз сар гузарондам!.. Лекин чӣ фоида?.. Эҳ, ин чашмон қариб буд маро номарду бевиҷдон мекарданд…
Виҷдон аз ҷой хеста бо ғазаб лагаде ба сари даҳанак зад,баъд, боз чун пештара гарданашро ба дарун кашид ва бо сари хам, ғамгинона ба сӯи корхона раҳсипор шуд.


Нуруллоҳи АБДДУЛЛО
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97