Салмони Форсӣ; аз оташпарастӣ то Ислом

Фарҳанг ва адаб 17.07.2008 15:09

"Агар илм дар Сурайё бошад ҳароина мардоне аз инҳо онро ба даст оваранд". Ин ҳадиси паёмбари Ислом Муҳаммади Мустафо (с) ҳаст ва онро дар ҳоле гуфт, ки дасташ болои шонаи САЛМОНИ ФОРСӢ буд.

Дурустии сухани Паёмбари Худоро дар хидмати Ислом камар бастани мардоне аз Форс дар мисоли Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Насоӣ, Имом Тирмизӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Ҷамолиддини Афғонӣ ва дигар ситораҳои дурахшону раҳнамои осмони маорифи исломӣ ба исбот расондаву ҳама муъминон бузургии ононро қоиланд. Ӯ тарроҳи аслии ҷанги Хандақ буд. Дар охири умри худ волии Мадоин шуд. Ба қавле Салмон дар соли 35-уми ҳиҷрӣ, дар авохири хилофати Усмон даргузашту ҳазрати Алӣ пайкарашро ғусл дод, кафан кард ва бар ӯ намоз гузорид. Ҳамроҳи эшон Ҷаъфар ибни Абутолиб ва Хизри набӣ бар пайкари Салмон намоз гузориданд. Салмонро баъзеҳо аввалин тарҷумони бархе сураҳои Қуръон медонанд. Аз тарҷумаи ӯ танҳо тарҷумаи сураи "Фотиҳа" боқӣ мондааст.
Дар бораи Салмони Форсӣ дар тӯли торихи Ислом зиёд навиштаанд. Зеро ӯ саҳобаи ҷалили паёмбари Худо буд. Ӯро ҳама мусулмонон дӯст медоштанду дӯст медоранд. Бо Ӯ на танҳо мардуми форсинажод, балки кулли мусулмонон мефахранд…
Ал - Хатиб, муаллифи китоби "Таърихи Бағдод" дар бораи Салмон менависад: "Салмони Форсӣ кунияи Абуабдуллоҳ дошт. Ӯ аз шаҳри Исфаҳон ва ба қавле аз Ромҳурмуз будааст. Дар соли аввали ҳиҷрат дини исломро пазируфта, шоҳиди ғазваи Хандақ (соли 5 - уми ҳиҷрӣ) ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) шудааст. Дар ғазваҳои қабл аз Хандақ ба хотири дар дасти яҳудие барда (ғулом) буданаш паёмбар ӯро нагзоштааст, ки ширкат кунад. Паёмбар (с) ӯро аз бардагӣ дар баробари сесад ниҳоли нахл ва 40 уқийя тилло (1 уқийя = 37,44 грамм), раҳо кард. То замони фатҳи Ироқ дар Мадина буд ва дар фатҳи Мадоин ҳузур дошту дар он ҷо бимонд то бимурд. Қабри ӯ дар назди айвони Кисро ҳоло пайдову маъруф аст…" Дар ҳоли ҳозир мазори Салмони Форсӣ панҷ фарсах дуртар аз Бағдод воқеъст. Илова бар ин муаррих ал - Хатиб маълумоти зиёд дар бораи Салмон овардааст.
Ибн ал - Асир дар "Усд ал - ғоба" (Шерони ҷангал) дар бораи Салмони Форсӣ навиштааст: "Салмони Форсӣ, Абуабдуллоҳ, ки бо номи Салмон ал - Хайр дониста мешавад, мавлои Расулуллоҳ (с) мебошад. Аз насабаш пурсида шудаву гуфтааст: Ман Салмон писари Ислом ҳастам… номи ӯ пеш аз Ислом Мобуҳ пури Бузахшон пури Мураслон пури Беҳвазон пури Фирӯз пури Саҳрак … будааст."
Дар идома Ибни Асир аз Анас ибни Молик (р) ҳадисеро нақл мекунад, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: Биҳишт муштоқ ба се нафар аст: Алӣ, Аммор ва Салмон.
Салмон аз саҳобаҳои беҳтарин, зоҳидтарин, фозилтарин ва наздик ба Расулуллоҳ буд. Оиша (р) гуфтааст: "Паёмбар (с) бо Салмон шабона замони нишаст дошт, қи ҳатто ғолиб аз (вақти) мо бо Расулуллоҳ буд."
Ибни Асир ҳамчунин мегӯяд: "Салмони Форсӣ вақте, ки аҳзоб омаданд, ба пайғамбар (с) кандани ХАНДАҚ- ро ишора кард. (Асли калимаи «хандақ»-и арабӣ «канда»-и форсӣ мебошад.) Чун паёмбар амр ба кандани хандақ кард, муҳоҷирон аз як тараф ва ансор аз дигар ҷониб "Салмон аз мост" гуфтанд. Аммо Расулуллоҳ (с) гуфт: Салмон аз мо аҳли байт ҳаст."
Аз худи Салмон ҳадисе ривоят шуда, ки дар бисёре аз китобҳои торихи исломӣ, ки зикри баъзе аз он дар боло рафт, ворид шудааст. Салмон мегӯяд: "Паёмбар (с) ба ман гуфт: Оё медонӣ, ки ҶУМЪА чӣ рӯзест? Гуфтам: Худову расули ӯ донотаранд. Гуфт: Ҷумъа рӯзест, ки Аллоҳ таоло дар он падари шумо Одам (а) - ро ҷамъ кард. Ҳар бандае, ки рӯзи ҷумъа худро пок месозаду сухан накарда ба намози ҷумъа меояд, имом намозашро тамом накарда, ки гуноҳҳояш то он кафора (пӯшида) мешаванд."
Донишманди мисрӣ Абдурраҳмон Раъфатпошо, муаллифи китоби "Аз ҳаёти асҳоб" қиссаи Салмони Форсӣ то ислом оварданашро аз забони худи ӯ бо истинод аз сарчашмаҳои муътамади исломӣ овардааст, ки ниҳоят ҷолибу дилчасп мебошад ва тарҷумаи онро барои шумо азизон пешкаш мекунам:
Ин қиссаи мо достони марде кӯшо дар ҷустуҷӯи ҳақиқат, қиссаи марде ҷӯёи Худост… Достони Салмони Форсист, ки Худо аз ӯ хушнуд шудаву ӯро хушнуд карда.
Риштаи суханро ба худи Салмон медиҳем то барои мо ҳодисоти қиссаашро ривоят кунад. Зеро эҳсосоти ӯ дар ин бора бештару ривояташ асливу дақиқтар аст.
Салмон мегӯяд: - Ман ҷавонмарде форснажод аз рустои Ҷайёни Исфаҳон будам. Падарам деҳқон, яъне сарвари деҳа буд ва аз ҳама аҳли деҳа молу сарвати бештару миёни онҳо мақоми воло дошт. Ҳанӯз аз даврони таваллудам дар миёни халқи Худой маро беш аз ҳама дӯст медошт. Бо мурури айём муҳаббати Ӯ нисбат ба ман беш аз пеш мегашту дӯстдориаш ба ҳадде расид, ки аз тарси дур шуданам монанди духтарон маро дар хона маҳбус медошт.

Салмон дар замони оташпарастӣ

Дар аҳди маҷусиён (офтобу оташпарастон) дар бобати фаҳми моҳияти парастиши оташ ҷаҳду талоши зиёд кардам. Маъмур ба зинда нигоҳ доштани оташ шудам, ки адр шабу рӯз ҳатто лаҳзае хомӯш нагардад. Падарам замини калоне дошт, ки дар он ғалладона мекошту мо аз он баҳравар мегаштем. Падарам дар он замин кор мекарду ҳосили фаровон мебардошт. Боре мебоист ба он киштзор равад, вале ӯро коре пеш омаду рафтан натавонист. Падарам ба ман гуфт: - Писаракам! Чунонки мебинӣ коре пеш омадаву ман сари замин рафта наметавонам. Имрӯз ту он ҷо бирав ва корҳоеро, ки ман мекардам, ту анҷом бидеҳ. Ман ба қасди киштзор берун шудам.

Таваҷҷуҳи Салмони Форсӣ ба насроният

Дар роҳ калисои (ибодатгоҳи) насрониҳоро дидам. Овози онҳо ба гӯшам расид, ки намоз мехонданд. Намозхонии онҳо таваҷҷӯҳи маро ба худ ҷалб кард. Ман ҳеч чизе аз аъмоли насрониҳо ва пайравони динҳои дигарро намедонистам. Зеро муддате тӯлонӣ падарам маро дар хона аз мардум пинҳон нигоҳ медошт. Ҳангоме, ки овози насрониҳо ба самъи ман расид, наздики онҳо рафтам, то бубинам, ки онҳо чӣ кор мекунанд.
Дар андешаи рафтори насрониҳо шудам. Намози онҳо ба ман писанд шуд. Ба дини онҳо рағбат зоҳир карда гуфтам; "савганд ба Худо, ки ин амал аз коре, ки мо анҷом медиҳем беҳтар аст." Ба Худо қасам то ғуруби офтоб ҳамроҳи онҳо будам. Машғул ба насоро сари замини падар нарафтам. Насрониҳоро пурсидам, асли ин дин аз куҷост? Дар посух гуфтанд, ки дар сарзамини Шом. Замоне, ки торик мешуд, ба хона баргаштам. Падарам аз чӣ карданам пурсон шуд. Ман гуфтам: Падарҷон! Аз наздики мардуме гузар кардам, ки дар ибодатгоҳашон намоз мехонданд. Он чи ки аз онҳо дидам бароям писанд омад. То ғуруби офтоб наздики онҳо бимондам. Падарам аз ин рафтори ман фарёд бароварду ба ман гуфт: Дар он дин ҳеч хайре нест. Дини туву обову аҷдоди ту аз он беҳтар аст. Гуфтам: Не - не. Савганд ба Худо дини онҳо аз оини мо беҳтар аст. Падарам хавф аз он дошт, ки мабодо фарзандаш аз дини аҷдодӣ берун шавад. Аз ҳамин сабаб маро дар хона маҳбус дошту бар пойҳоям пойбанде зад.

Фирор аз хонаи падар дар ҷустуҷӯи ҳақ

Боре бароям фурсат даст доду ба насрониҳо гуфтам: Агар корвоне наздикатон биёяду озими Шом бошад, маро огаҳ кунед. Муддате кам паси сар нашуда буд, ки корвоне ба оҳанги Шом аз наздики калисои насоро гузар дошт ва маро дарак доданд. Пойбанди худро бо ҳилае кушодаму пинҳон ба корвон пайвастам. Чун ба Шом даррасидем аз мардум пурсидам, ки фозилтарин пайрави ин дин кист? Гуфтанд: Усқуф - пешвои калисо. (Усқуф ё епископ дар дини насронӣ мартабаеро мегӯянд, ки болотар аз кашиш ва пасттар аз усқуфи аъзам ё архиепископ ҳаст.) Наздики усқуф рафтаму ба ӯ гуфтам: Ман ба насроният рағбат дорам. Мехоҳам ҳамроҳи шумо бимонам, дар хидмати шумо бошам ва аз ту омӯзиш ёбаму ҳамроҳат намоз бихонам. Усқуфи насронӣ гуфт: Дарун биё! Наздики ӯ шудаму ба хидмат камар бастам.

Усқуф ва се кӯзаи зар

Кам муддате паси сар нашуда буд, ки марди бад будани усқуфро донистам. Ӯ пайравони худро ба ҷамъ кардани садақа ва савоб доштани он тарғиб мекард. Чун чизе барои хайр кардан дар роҳи Худо ба ӯ мерасид, барои худ хазина карда, ба нодору нотавонҳо намедод. Ба ҳамин минвол ҳафт кӯзаи бузург пур аз тилло ҷамъ кард. Бино ба он чӣ медидам усқуф дар назарам бадтар мешуд. Муддате гузашту усқуф аз ҷаҳон рахти сафар барбаст. Насрониҳо барои дафни ӯ ҷамъ омаданд. Ба онҳо гуфтам: Дӯсти шумо марде бад буд! Шуморо ба додани садақа амру тарғиб мекарду садақаи овардаи шуморо барои худ хазина мекард. Чизе аз он ба мискинҳо намедод. Насрониҳо маро пурсиданд, ки ту инро аз куҷо донистӣ? Гуфтам: Ман ганҷи ӯро ба шумо нишон медиҳам. Онҳо оре, моро нишон деҳ, гуфтанд. Ман ҷои ганҷи усқуфро ба онҳо нишон додам. Насрониҳо аз он ҷо ҳафт кӯзаи пур аз тиллову нуқраро берун кашиданд. Вақте, ки насрониҳо кӯзаҳоро диданду яқин ҳосил карданд, гуфтанд: Қасам ба Худо, ки усқуфро гӯр намекунем! Сипас ҷасади ӯро чаҳормех зада, сангсор карданд.
Марде дигарро ба ҷойи ӯ оварданд ва дар хидмати ӯ камар бастам. Аз ӯ зоҳидтару борағбаттар ба охират ва муаддабтар дар ибодати шаборӯзӣ касеро надидаам. Ӯро бениҳоят дӯст доштам. Муддате дар хидмати ӯ будам. Дар ҳолати ҷонканӣ ба ӯ гуфтам: Ай усқуф! Маро ба кӣ васияту ба чӣ насиҳат мекунӣ, ки баъд аз ту бо он бимонам? Ӯ фармуд: Дар амале, ки доштам касеро ҷуз як марде дар Мавсил (шаҳрест дар Ироқ) намедонам. Ӯ фалонист, ки на таҳрифе кардаву не табдил. Наздики ӯ бирав.

Рӯ ба Мавсил

Чун дӯстам аз ҷаҳон рахт барбаст, наздики марди мавсилӣ рафтам. Қиссаи худро ба ӯ нақл карда гуфтам: Фалон усқуф дар ҳоли ҷонканӣ маро васият кард, ки ба наздики марди мавсилӣ бирав. Ӯ маро огаҳ кард, ки ту ба он амал, ки ӯ дошт мултазим ҳастӣ! Мавсилӣ ба ман гуфт: Наздики ман истиқомат бикун… Муддате бо ӯ будам ва ӯро аз беҳтаринҳо ёфтам. Он мард низ пас аз муддате омодаи сафари охират шуд. Пеш аз вафоташ ба ӯ гуфтам: Эй марди бузург, мебинӣ, ки амри ҳақ ба ту расида. Ту аз аҳволи ман дарак дорӣ. Маро ба чӣ васият мекунӣ?... Чӣ мефармоӣ, дигар бо кӣ бипайвандам?
Мавсилӣ фармуд: Писаракам! Дар амале, ки доштам касеро ҷуз як марде дар Насибин намедонам (Насибин шаҳрест дар Шом, ба дурии масофаи шаш рӯзи ҳаракати корвони шутурон аз Мавсил). Наздики ӯ бишав. Мавсилиро ба хок супурдаву озими Насибин шудам. Ӯро ёфтаму қиссаи худу дӯсти мавсилиашро нақл кардам. Ба ман гуфт: Наздики мо бош… Ӯро низ ҳаммонанди дӯсташ содиқу накӯ дарёфтам. Муддате нагузашту аҷалаш наздик шуд. Дар бистари ҷонканӣ ба он дӯст гуфтам: Аҳволи маро донистӣ, пас маро ба кӣ васият мекунӣ? Он дӯстам гуфт: Дар амале, ки доштам касеро ҷуз фалон дар Аммурия намедонам (Аммурия мавзеест дар Шом).

Пири Аммурия ва хабари паёмбари араб

Ба Аммурия рафтаму наздики ӯ шудам. Хабари худу марди Насибин ба ӯ гуфтам. Наздики ман бош, - гуфт ӯ… Сипас он ҷо истиқомат кардам ва ӯ бо ҳадияҳои асҳобаш буд, ҳангоми назди ӯ зиндагӣ кардан соҳиби якчанд гову гӯсфандҳо шудам. Чун марги ӯ низ монанди дӯстонаш фаро расид, барояш гуфтам: Аҳволи маро донистӣ, пас маро ба кӣ васият мекунӣ? Ва маро чӣ мефармоӣ? Гуфт: Писарам! Савганд ба Худо, ман дигар касе аз одамонро дар рӯйи Замин намедонам, ки монанди мо мултазим боқӣ монда бошад…
Вале замони аз сарзамини Араб баромадани паёмбаре, ки бо дини Иброҳим фиристода мешавад, наздик шудааст. Ӯ аз сарзамини худ ба як сарзамини нахлдормиёни ду мавзеи сиёҳсанги бодхӯрда ҳиҷрат мекунад. Ӯ нишонаҳое дорад, ки махфӣ нестанд… Ҳадияи қурбониро тановул мекунад, вале садақаро намехӯрад. Дар миёни китфҳои ӯ хотами паёмбарист. Ту агар битавонӣ, ба он кишвар бирав. Он бузургмарди Аммурия ҷон ба ҷонофарин супурду ман муддате он ҷо бимондам. Боре гурӯҳи бозаргонони араб аз қабилаи Калб аз Аммурия гузаре доштанд. Ба онҳо гуфтам: Агар маро то сарзамини араб бубаред, ҳамин гову гӯсфандҳоямро ба шумо медиҳам. Гуфтанд: Албатта туро мебарем. Гову гӯсфандҳоямро ба онҳо супурдам ва маро ҳамроҳи худ бурданд.

Салмонро яҳудие мехараду мефурӯшад

Чун ба "Водиюл - қуро" расидем, ба ман хиёнат карданду маро ба марде яҳудӣ фурӯхтанд. Дар хидмати он яҳудӣ шудам… Пас аз муддате кам писари амакаш аз бани Қурайза омаду маро харида ба Ясриб (Мадинаи имрӯзӣ) бурд. Дар он ҷо нахлеро дидам, ки дӯсти дар Аммурия будаам онро ёд карда буд. Он ҷоро ба сифате, ки гуфта буд, шинохтам. Дар он ҷо ҳамроҳи онҳо бимондам. Дар он ҳангом паёмбар (дуруду паёми Худо бар ӯ бод!) дар Макка қавми худро даъват ба роҳи ҳақ мекард. Аммо ман бинобар барда (ғулом) буданам, дар бораи ӯ чизе нашунида будам.
Паёмбар (с) пас аз чанд вақте ба Ясриб ҳиҷрат кард. Савганд ба Худо ман дар сари як дарахти нахл будаму кореро анҷом медодам. Хоҷаам дар зери дарахт буд ва писари амакаш наздики ӯ омаду ба ӯ гуфт: Худо бани Қайла (қабилаҳои Авсу Хазраҷ) - ро кушад! Ба Аллоҳ қасам онҳо дар Қубо гирди марде аз Макка омада ҷамъ омадаанд, ки худро паёмбар мегӯяд. Ҳамзамон бо шунидани ин сухан чизе ба монанди таб вуҷудамро фаро гирифт. Чунон дар изтироб шудам, ки наздик буд бар болои хоҷаам биафтам. Ба поён шудан аз дарахт талош кардаму ба он мард гуфтам: Чӣ мегӯӣ? Барои ман ин хабарро боз гӯй. Хоҷаам дар ғазаб шуду маро як шаппотии сахт зада гуфт: Туро бо ин суханҳо чӣ кор? Ба кори худ баргарду пайи иҷрои он бош!

Дидори Паёмбар ва ёфтани аломатҳои паёмбарӣ дар Ӯ

Бегоҳӣ аз хурмоҳое, ки ҷамъ карда будам, гирифта ба ҷое, ки Паёмбар (с) менишаст, равон шудам. Наздики ӯ шуда, гуфтам: Ба ман расида, ки ту марде накӯкор ҳастӣ ва ҳамроҳони ту ғарибу ниёзманданд. Ин чиз ки ҳаст барои садақа буд ва онро лоиқи шумо донистаму бароятон овардам. Паёмбар (с) ба асҳоби худ гуфт: Бихӯред… ва дасти худро кашиду нахӯрд.
Ба худ гуфтам: ин якум (аломат). Бозпас рафтаму қадре хурмо ҷамъ кардам. Ҳангоме, ки паёмбар (с) аз Қубо ба Мадина бармегашт ба наздики ӯ (с) рафтаму гуфтамаш: Туро дидам, ки аз садақа нахӯрдӣ, ва ин ҳадия ҳаст, ки ба ту икром мекунам. Паёмбар (с) аз он хӯрду дӯстонашро фармуд, ки бихӯранд. Онҳо ҳамроҳи расули Худо (с) хурмо хӯрданд. Ба худ гуфтам: Ин дуюм! (аломат). Бори дигар дар Бақеъул- ғарқад (мавзее дар Мадина, ки ҳоло гӯристон аст) дар ҷое, ки яке аз асҳобашро ба хок месупурд, назди паёмбар (с) рафтам. Ӯро нишаста дидам ва бар болояш ду шамла (пӯшоки дурушт) буд. Ба ӯ салом додаму ба гирдаш гаштам, то шояд хотими паёмбариро, дӯстам дар Аммурия гуфта буд, бубинам.

Хотими паёмбарӣ ва гиряи Салмон

Вақте ки Паёмбар (с) маро дид, ки ба пушташ нигоҳ мекунам, мақсадамро донист ва ридо (пӯшокаш) - ро аз пушташ партофт. Нигоҳ кардаму хотимро дидам. Донистам, ки хотими паёмбарист, худро ба он партофтаму онро бӯсида гиря кардам. Паёмбар (с) гуфт: Хабарат чист? Достонамро ба он ҷаноб (с) қисса кардам ва он писандаш омаду хурсандаш кард, ки асҳобаш онро аз ман мешунаванд. Қиссаамро ба асҳоби паёмбар (с) гуфтам ва онҳо сахт дар аҷаб шуданду бениҳоят хушҳол гаштанд. ДУРУД бар Салмони ФОРСӢ аз рӯзе, ки дар ҳар маконе дар ҷустуҷӯи Ҳақ шуд! ДУРУД бар Салмони ФОРСӢ аз рӯзе, ки Ҳақро шинохту бо камоли боварӣ ба он имон овард! Ва ДУРУД бар Салмони ФОРСӢ аз рӯзе, ки аз ҷаҳон бирафту рӯзе, ки зинда гардонда шавад!



Ҷамъоварӣ, тарҷума ва таҳияи Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97