Ё эътиқоди Берунӣ ва Балъамӣ ба ислом аз домуллоҳои мо кам набуд
Миллатҳои мутамаддин арзишҳо ва сарватҳои моддиву маънавии худро тӯли ҳазорсолаҳо зина ба зина ва марҳила ба марҳила эҷоду сайқал дода, онҳоро ба наслҳои минбаъда мерос гузоштаанд. Ин сарватҳо аз унсурҳои гуногуни арзишӣ ба мисли ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маънавиёт, иҷтимоиёт, иқтисод, адабиёт, дин, зебоишиносӣ ва ғайраҳо ташаккул ёфта, фақат дар якҷоягӣ умумияти томро ба вуҷуд меоваранд ва барои миллат аҳамият пайдо мекунанд. Онҳо ифодагари рӯҳияи миллат буда, симо ва намоди онро дар саҳнаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳувияти ӯро ҳифз мекунанд. Аз ҳам ҷудо ва як унсури ин томиятро аз болои дигар арзишҳо чун унсури мутлақ ва ё меъёри таъйинкунанда қарор додан иштибоҳи ҷиддӣ буда, зинаи аввали тундравӣ ва ба таври умум вайронсозии томияти ин сарватҳо ва арзишҳо мебошад. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо имрӯз як раванди мутлақгар-донии дидгоҳи динӣ ва баҳодиҳии он ба ҳама сарватҳо ба назар мерасад, ки он аввал дар ҷудо сохтани арзишҳо ба милливу динӣ зоҳир мешавад. Дар ин самт дар воситаҳои ахбори умум ва рӯзномаву маҷаллаҳо перомуни таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ баҳсу мунозираҳои зиёде ҷараён мегиранд.
Ҳидоят ба роҳи ростӣ
Гарчӣ дар аксари онҳо таҳлил ва баррасиҳои мунсифона ҷой дошта, умуман аз ҳам ҷудо сохтани арзишҳои милливу аҷдодӣ бо муқаддасоти мазҳабии мардум қобили қабул эътироф ҳам нашаванд, вале дар иддае аз онҳо тундравиву ба ифрот рӯй овардан аён мешавад. Ҳам дар таҳқиқҳое, ки увлавият ба ҷанбаҳои миллӣ дода мешавад ва ҳам дар таҳқиқҳое, ки меъёрҳои диниро ба дараҷаи мутлақи умумифарогир мерасонанд, чунин шеваи муносибат бараъло ба чашм мерасад. Ин амал дар рафтору бардошти масъалаҳо ҳаргиз ба манфиати миллату ҷомеа набуда, балки ба таври умум фарҳанги моро хушунатзо ва осебпазир мегардонад. Ҳамзамон, ин шеваи мазкур мардум ва махсусан ҷавононро дар бардошти фарҳанг ва дину оинашон аввал ба шубҳа ва дар пайи он ба сӯи тундгароӣ раҳнамун месозад. Махсусан барои замони муосир, ки асри муколама ва ҳамзистии андешаву ғояҳои гуногун мебошад ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳалқаҳои осебзада ва ноустувори фарҳангҳои милливу диниро аз ҳам мебарад, чунин муносибати густохона нисбат ба арзишҳои худӣ пайомади нохуберо барои ҷомеаи мо ба бор хоҳад дошт.
Яке аз чунин масъалаҳое, ки дар доираҳои мазҳабӣ ба майдони баҳсу муҷодила кашида мешавад, ин масалаи ҷашни таърихии мардумамон- иди Наврӯз ва оинҳои он дар муносибат ба меъёрҳои исломӣ мебошад. Дар васоити ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ атрофи ин масъала баҳсҳои шаддид ва зидду нақизе сурат мегиранд, ки аз заъфи ҳам тафаккури динӣ ва ҳам тафаккури миллии мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар аксари онҳо мадраки муносибат ба ин суол мувофиқати он бо асоси шаръии исломи ибтидоӣ, яъне ҳаёти рӯзмарраи ҷомеаи сомӣ ва фарҳанги сомӣ меистад. Бубинед, барои як нафар намояндаи миллати дигар чун арманӣ, рус ва ё шаҳрванди Туркиё, агар ҳатто шахси рӯҳонӣ бошад, чунин масъалагузории суол дар таноқуз бо арзишҳои миллӣ ва мазҳабияш пеш аз ҳама ғайриқобили қабул ва хандаовар менамуд. Барои арманиҳо, ки епархияи григориании кеши насронӣ дини расмӣ мебошад, дар ин баробар он симои миллӣ дошта, ҳаргиз аз матни арзишҳо ва ниёзҳои ин миллат ҷудо набудааст. Гарчи арманиҳо ҳам миллати ғайрисомӣ мебошанд, ҳеҷ нафаре ҳам аз доираҳои мазҳабӣ ва ғайримазҳабӣ чунин масъалагузорӣ накардааст, ки ин ё он арзише то кадом дараҷа ба насронияти аввал ва ё "аҳли китоб" мансуб аст ва ё на, вақте ки он масъалаи сирф эътиқодӣ нест. Аз ҳамин ҷиҳат онҳо ба парешониҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳам ҳастии динӣ ва ҳам ҳастии миллии худро нигоҳ доштаанд ва имрӯз қавме пешрав мебошанд. Калисои православии рус низ дар шаклгирии тафаккури миллии русҳо ва арзишҳои миллии онҳо ҳамин нақшро бозидааст. Барои русҳо муқаддасоти православӣ ва арзишҳои мардумии рус айни як чизанд. Сарвати миллӣ барои онҳо сарвати динӣ ҳисоб мешавад, гузаштагони дурандеши онҳо ба тафаккури динияшон ҷилои миллӣ бахшидаанд, ки бо вуҷуди мушкилоташ ин оин барои миллаташ самараи хуб медиҳад. Калисои православии рус фақат ду соле пеш баъди гузаштани қариб ҳафтод сол аз марги қаҳрамондухтари ин миллат Зоя Космодемянская ба ӯ мартабаи баланди динӣ «шаҳиди муқаддас»-ро дод, зеро зери таъсири идеологияи давр дар вақташ ин корро натавониста буд анҷом бидиҳад. Вақте ин қаҳрамондухтар аъзои комсомол ва ба рисолати Исои Масеҳ шояд боварӣ ҳам надошт. Ин амалро калисои православӣ дар нисбати адмирал Ушаков ҳам анҷом дод. Хамин тариқ, ин мазоҳиб аз матни зиндагӣ ва талаботи миллаташон барканда нестанд. Онҳо дар баробари меҳри худованд ба пайравонашон муҳаббат ба Ватан, ба миллат ва кишварашонро парвариш медиҳанд.Чунин мисолҳоро дар ҳаёти диндории мардуми Туркия , ки ҳаммазҳаби моянд, низ мушоҳида кардан мумкин аст.. Яке аз омилҳои пешравии ин ҷомеаҳо имрӯз аз ҳамин нукта ғизо мегирад.
Масъалагузорие, ки дар доираҳои мазҳабии мо сурат мегирад, аз ин шеваҳо хеле фарқ дошта, дар худи доираи шаръи исломӣ низ мушкилиҳо дорад. Ба саволи аслӣ ҳанӯз ҷавоб нест, ки оё ислом суннатҳо ва одатҳои мардумиро, ки ба асли он зиддият надоранд, қабул дорад ва ё онҳоро рад месозад? Агар ҷавоб манфӣ аст, пас масъалаи урф, ки дар мазҳаби ҳанафӣ ҷойгоҳи муҳим дорад, чӣ мешавад? Пас дар ин баробар боз ҳазорон суннатҳо ва анъаноти дигари мардумӣ ҳастанд, ки бо онҳо чӣ бояд кард? Он гоҳ магар ислом монанди боди хазонрӯб ҳама хушку тарро мерӯбад ё хайр? Агар суннатҳои номбаршуда бар усули исломӣ зиддият дошта бошанд, пас ин зиддиятҳо зиддияти ҷавҳарӣ ва усулиянд ё ҷузъӣ ва чаро аз назари уламои гузашта дур мондаанд? Дар масъалаи табодули фарҳангӣ, ки асли масъала он аст низ равшанӣ бояд андохт.
Наврӯз бо хуни мусалмон омезиш ёфтааст
Дар мавриди Наврӯз ва суннатҳои он қайд кардан ба маврид аст, ки онҳо хеле барвақт ба ҳаёти динӣ ва таркиби тамаддуни исломӣ ворид шудаанд. Ба истиснои замони Уммавиён дигар дар ҳама замонҳо оину одатҳои наврӯзӣ дар хилофати исломӣ ҷашн ва қайд гирифта мешуданд.
Дар ин ҷо муҳимтар аз ҳама масъалаи муносибати ислом ҳамчун дини ҷаҳонӣ бо арзишҳои маданиву инсонии халқиятҳои ғайриараб ҳаст. Зеро агар ислом, ҳамаи онҳоро рад ва инкор мекард, худ ба як дини ҷаҳонӣ табдил намеёфт. Инчунин, аксари одатҳову суннатҳо фақат андешаи адёни пешина набуда, балки аз ҳаёти рӯзмарраи ҳомилони онҳо берун омадаанд. Ин расму анъанот дар доираи андешаи исломӣ ба худ шаклу мазмуни нав гирифтаанд, ки аз сари нав тафтишу поксозии онҳо пайомадҳои манфиеро ҳам барои ислом ва ҳам барои ин фарҳангҳо дорад. Чун аз нигоҳи ақидатӣ, ки дар мазҳаби ҳанафии аҳли суннат урф қобили қабул аст, пас идомати арзишҳо ва суннатҳои волои башарӣ чӣ гуна бояд сурат бигиранд, муҳимтар аз он аст, ки чӣ тавр онҳоро аз байн бояд бурд. Зеро ҳам барои ислом ва ҳам барои маънавиёти ориёии мо масъалаи идомат ва табодули фарҳангӣ масъалаи муҳим мебошад, ки он аз назари бисёр муаллифони ин андешаҳо дар канор мемонад. Дар ин бора мо поинтар таваққуф хоҳем кард.
Наврӯз мутааллиқ ба дину мазҳаб нест
Инчунин, мехоҳам қайд кунам, ки ҳадафи мо аз ин навиштаҳо ҳимояи асосҳо ва арзишҳои динҳои пешин нест ва эҳё кардани онҳоро низ дар назар надорем. Балки ҳадаф рӯшанӣ андохтан ба масъалаи асли диндории ҷомеаи мо ва муносибат ба арзишҳову офаридаҳои таърихии диниву миллии мардумамон, ки дар марҳилаи муайян бо меъёрҳои исломӣ омезиш ёфта, ба худ рангу бӯй ва ҷилои нав гирифтаанд, бояд дар маркази табодули назар бошад. Дар айни замон дар ин ҷо муносибати таърихии ислом ҳамчун дини ҷаҳонӣ бо одатҳо ва анъаноти фарҳангии мардумони ғайриараб, ки ин анъанот ба эътиқоди ваҳдатпарастии онҳо зиддият надорад, равшан мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин масъалаи нозук ва ҳассос, ки дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳо идома ёфтааст, ҳич гоҳ ба чунин тарзи сатҳӣ ва омиёна хулосабарорӣ нашудааст, ки чанде аз муаллифони ин андешаҳо онро масъалагузорӣ мекунанд.
Аввалан, нисбат додани ид ва ҷашни Наврӯз фақат ба оини мазҳабии оташпарастӣ ё зардуштӣ иштибоҳи ҷиддӣ аст. Ин чиз мусаллам аст, ки ҷашни Наврӯзӣ бо расму оину анъаноташ таърихи зиёда аз панҷ ҳазор сола дорад. Яъне он ҳанӯз пеш аз шаклгирии оташпарастӣ ҳамчун оини мазҳабӣ ва пайдоиши зардуштия чун дин арзи вуҷуд дошт. Наврӯз ин иде аз табиати инсонӣ буда, дар он пеш аз ҳама робитаи одам, табиат ва коинот ифода ёфтааст. Дар он на меъёрҳо ва муқаррароти динҳои пештара, балки арзишҳои волои инсонӣ гирдоварӣ шудаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ далолат бар он мекунанд, ки зардуштияи ибтидоӣ низ дар аввал бо оинҳои наврӯзӣ мухолифат меварзид, то ин ки ҷои онҳоро бигирад. Баъдтар расмиёту оинҳои худро ба он мутобиқ гардонид.
Дигар, ин ки ин афрод аз падидаҳо ва суннатҳои баланди умумиинсонии ин ид чашмпӯшӣ карда, чизҳо ва амалҳои ҷузъие аз қабили оташпарак ва гулханафрӯзиро ба мадди аввал оварда, фақат аз рӯи онҳо хулосабардорӣ мекунанд. Дар ин ҷо низ ин нуқтаи муҳим сарфи назар мешавад, ки адои ин амалҳо ҳаргиз ба шакли иҷроиши амалҳои диниву эътиқодӣ сурат намегиранд. Инчунин ин амалҳо дар манотиқи Тоҷикистони мо хусусияти васеъву густарда надоранд. Онҳо бештар дар дигар ҷомеаҳои мусулмоннишин ба назар мерасанд ва қайд қардан ба маврид аст, ки иҷроиши онҳо ба эътиқодҳои диниву исломии мардум халал ворид намесозад. Аз ин рӯ аз пашша фил сохтан эҳтиёҷ надорад ва кайкро баҳона сохта пӯстинро ба сӯхтан ҳукм кардан, кори савоб нест.
Наврӯз қабои исломӣ ба бар кард
Зеро дар ин замон низ, чун ҳамеша бо вуҷуди душвориву мамониатҳои зиёде Наврӯз оҳиста -оҳиста ба ҷомеа ва хилофати исломӣ роҳ ёфта, ҷузъи фарҳангии он гашта буд. Метавон гуфт, ки дар баъзе мавридҳо Наврӯз ба худ рангу симои исломӣ гирифт, ки ин ба моҳияти он бегона набуда, ба ислом низ муғойират надошт. Ирониён ва аз ҷумла тоҷикон аз ҷумлаи нодиртарин халқу қавмиятҳое мебошанд, ки бо исломи ибтидоӣ дар мубодилаи созандаи фарҳангӣ қарор доштаанд. Онҳо ба монанди дигар қавмияту халқиятҳо аз қабили ошуриҳо, мисриҳо, бобулиҳо, ассирийҳо ва дигарон баъди қабули ислом ҳувият ва асолати зотии худро аз даст надода, дар маҷоли исломӣ ба фазои наве дохил шуданд. Агар халқиятҳои номбаршуда, забон, урф, одат, муошарат ва ҳатто тарзи либоспӯшии худро аз даст дода бошанд, вале аҷдодони мо бо қабули дини нав ин ҳамаро нигоҳ дошта, ҳам тамаддуни исломӣ ва ҳам арзишҳои қавмии худро ғанӣ сохтаанд. Ин воқеияти таърихист, ки онро наметавон сарфи назар кард. Аҷдодони иронии мо аз аъроб эътиқоди исломии муҳаммадиро қабул карда, дар пайи қавонину мубодилаҳои маданӣ ва идомати фарҳангӣ ба тамаддуни исломӣ дар баробари арзишҳое аз қабили Наврӯз ва дигар аносири фарҳангӣ боз тарзи давлатдорӣ, умури иҷтимоию сиёсӣ, унсурҳои девондориву идорӣ ва ғайраро тақдим кардаанд.
Муҳаққиқон ёдовар мешаванд, ки аъроби давраи ҷоҳилия идҳои Наврӯзу Меҳргонро мешинохтаанд. Аз матолиби зиёди исломӣ низ маълум мешавад, ки на танҳо халифаҳои ислом, балки пайғамбари акрам низ аз ҷашни Наврӯзӣ огоҳӣ доштааст. Он ҳазрат аз ҳадяи Наврӯзӣ тановул карда фармудааст, ки ин рӯзест, ки дар он худованд Аскараро, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва ба марг расида буданд, зинда гардонид. Инчунин аз ривояте, ки дар сарчашмаҳо зикр гаштааст, бармеояд, ки бобои Абуҳанифа Нӯъмон ибни Марзбон дар рӯзи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ба имом Алӣ дар табақи заррин аз номи ирониён ширинии наврӯзӣ пешкаш кардааст. Алӣ ибни Абутолиб баъди чашидани он даст ба дуо бардошта: "Ҳар рӯзатон Наврӯз бошад" гуфта, дуо додааст. Матолиби номбаршуда гарчи манбаи мӯътамад ва асоси шаръӣ нестанд, аммо аз ихтилоф надоштани суннатҳои наврӯзӣ ба андешаи исломӣ сароҳатан шаҳодат медиҳанд. Сарчашмаҳои мӯътамад дар бораи гузаронидани ҷашни Наврӯз дар замони хилофати Аббосӣ ва баъди он дарак медиҳанд. Ба вуҷуди он ки баъзан Наврӯз ба мухолифати муташарреин ва мӯҳтасибон ба монанди имрӯза дучор мешуд, вале аз нимаи дуюми асри аввали ҳиҷрӣ сар карда, дар дарбор навиштани дуруду табрикоти наврӯзӣ ва додани инъому ҳадоёи идона байни вазирону дабирони хилофат ба ҳукми анъана даромада буд.
Дар робита ба Наврӯз дар аҳди аввали ислом таълиф ёфтани асарҳои зиёде ба мисли се асари Абурайҳони Берунӣ: "Китоб-ут-тафҳим", "Осор- - ул-боқия", "Қонуни Масъудӣ" ва инчунин "Нахбат-уд-даҳр "-и Димишқӣ, "Ал- маҳосин ва-л-аздод"- и Ҷоҳиз", "Наврӯзнома"-и Умари Хаём ва ғайраҳо аз ҷойгоҳу манзалати ин ҷашнвора дар ҷомеаи исломӣ бозгӯӣ мекунанд. Инчунин, доир ба оинҳои наврӯзӣ дар чунин сарчашмаҳои мӯътамади исломӣ ба мисли "Таърихи Бухоро"- и Наршахӣ, "Таърихи Байҳақӣ", "Таърихи Табарӣ", "Таърихи комил"- и Ибни Асир, "Таърихи Балъамӣ"-и Абулфазли Балъамӣ ва ғайраҳо маълумотҳои хушбинонаву мусбие ба мо расидаанд ва дар ҳич ҷой аз зиддият доштани он бо асосҳои исломӣ ёдоварӣ нашудааст. Гумон намекунем, ки ин донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ исломро баробари домуллоҳои мо арҷ намегузоштанд.
Сабаби шикасти ислом дар Аврупо зиддият ба арзишҳои миллӣ буд
Мо дар бораи пайомадҳои чунин шеваи масъалагузорӣ ва муносибат ба расму оинҳои мардумӣ ҳам барои фарҳанг ва ҳам барои ҳаёти динӣ гуфта гузаштем. Ин масъаларо муҳаққиқони зиёде қайд кардаанд. Аз он ҷумла исломшиноси маъруф Монтгомери Уотт яке аз сабабҳои инқирози ислом дар Андалусро маҳз дар мухолифати он бо суннатҳои мардумони бумӣ ва арзишҳои миллии онҳо медонад. Ӯ дар асараш "Таъсири ислом ба Аврупои асримиёнагӣ" зикр кардааст, ки ислом дар қолаби мазҳаби ҳанбалӣ натавонист пурра ба рӯзгор ва расму русуми ин мардум ворид шавад ва ҷузъи ҳаёти онҳо шавад. Бинобар ин баъди як пирӯзии ҳарбии аврупоиён дар як муддати барои таърих хеле кӯтоҳ дар Аврупои Ғарбӣ аз байн рафт. Аз ин рӯ ин масъала аз назари муҳаққиқони исломӣ ҳам набояд дур бошад.
Шӯравии абарқудрат натавонист Наврӯзро аз байн бубарад
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони Шӯравӣ низ чунин садду мамониатҳо нисбати Наврӯз рӯи кор омада буд. Дар аввал он ҳамчун иди мазҳабиву исломӣ муаррифӣ шуда, барои идеологияи давр хатарзо арзёбӣ шуда буд ва таҷлили онро манъ карда буданд. Вале он ҳамеша дар байни мардум ҳамчун иди баҳору иди кишту кор ва табиат бо шаклҳои дигар идома меёфт. Ногузир онро ҳамчун иди кишоварзиву марди деҳқон қабул карданд.
Сарамро сар- сарӣ матрош, эй устои салмонӣ…
Ҳамин тариқ бояд гуфт, ки суннатҳо, одатҳо ва боварҳои халқияту қавмиятҳои гуногун баъди қабул кардани ислом бо арзишҳои динии онҳо омезиш ёфта, ба худ рангу таҷаллии наве гирифтаанд. Дар айни замон онҳо бо асосҳои усулии ислом зиддият надоранд. Яъне ислом ба онҳо сару сомони нав ва шукӯҳу ҷалол бахшидааст ва худ ҳам аз онҳо рангу зиннат ва мазмуни фаррохтаре гирифтааст. Аз ин рӯ зид гузоштани ин суннатҳо бо эътиқодоти динӣ амали хайру савоб набуда, мардумро аз решаҳои таърихиву аслӣ ва динии худ дур месозад.
Сарамро сар- сарӣ матрош, эй устои салмонӣ,
Ки мо ҳам дар диёри худ саре дорему сомоне.
Ғаффор Мирзоев, мудири бахши диншиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИҶТ