Сафарбеки Солеҳ
Душанбе,
Дарахтҳои баланд, ки ҳамсоли шаҳранд,
Хонаҳои қадим,
Пасту куҳна,
Яктабақа дутабақа…
Манзилҳои хотираву дард,
Шодиву набард,
Ки бо сад умед
Бобоёни мо бунёд кардаанд…
Ин ҷо бори аввал
Тоҷик давлат ёфт
Тоҷик миллат шуд.
Ҳанӯз ҳам ин ҷо
Овози Шириншоҳ, Махдуми Нусрат, Комили Ёрмат,
Нисори Муҳаммадро мешунавам.
Ки баҳри имрӯзи ин сарзамин ҷон додаанд,
Ва сад дареғ, ки як кафи хоке барои қабри худ
Аз ин Ватан наёфтаанд.
Хокистарашон дар диёри бегонаст.
Лек руҳашон ин ҷост…
Ин сарнавишти мост,
Он номҳои бас баланд
В-ин бомҳои паст,
К-имрӯз дигар валангор мешаванд,
Ва як саҳфаи дигари таърихи тоҷикон
Фаромуш мешавад.
Як кӯчаи кутоҳ аз чорроҳаи Ватан
То Сари Осиё,
Ё ҳади аққал то боғи Рӯдакӣ,
Ин хонаҳои паст,
Чун эҳтирому хотираи он сарсупурдаҳо
Ва номи баландашон,
Бояд бимонанд…
Фақат як кӯчаи кутоҳ,
Хотираву таърихи мо,
Вагарна беоянда мешавем.